Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кормандони тамоми ташкилоту муассисањои кишвар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат муњтарам Э Рахмонро мустаъқиман тамошо намуданд. Кулли кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соњаи куҳкории назди ҲҶТ низ дар якҷоягӣ Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Э Рахмонро  дидан  намуданд. Масъалаҳои дар Паём дарҷшуда дастуру роҳнамои кормандони ин нињод буда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равона карда мешавад

 

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад». Таваҷҷуҳи кулли мардуми мамлакат ба Паёми Пешвои миллат нишони дастгирии сокинон ба тасмимҳои шоиставу саривақтии роҳбарияти олии давлат аст. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолиятҳои бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.

Воқеан, чун солҳои пеш Паёми имсола низ инъикоскунандаи ҳамаи соҳаҳои кишвар, ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буда, дар он вазъи имрӯз ва дурнамову нақшаҳои оянда ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи кишвар, амалӣ гардидани барномаҳои мухталифи тарҳрезишуда, фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, қудратӣ, ҷамъиятӣ ва ҳамчунин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд. Кулли соҳаҳо таҳлил шудаву нақшаҳои минбаъда бозгӯ гардиданд. Масъулин ва кормандони ин ниҳоди пурмасъули ҷомеа ҳар як нуктаҳои Паёми Пешвои имллат муҳтарам Э Раҳмонро сармашқи кори ояндаи хеш қарор доданд.