Чорабинии идона бахшида ба 31-солагии қабули Парчами давлатии ҶТ
Дар Хадамоти наорати давлатии бехатарии корњо дар саноат ва соҳаи кўњкории назди ҲҶТ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Ҷаласаро муовини якуми Сардори Хадамот Мирзозода Ардашер Абдуғафор њусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст.
Ёдоварӣ шуд, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин ҷумҳурии мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид. Дар ин замина, соли 2007 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва қабул гардид, барои ҳифз ва муаррифӣ ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид. Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 2022 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муддати 193 рӯз дар кайҳон қарор дошт, аз ҷониби кайҳоннавард Солеҳҷон Шарифов расман ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид.
Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби Раиси иттифоқи касабаи Хадамот Асрорзода Раҳматтуло Пирназар ва Абдулхайрова Сайёҳат- сармутахассиси бахши муҳосибот дар мавзӯи “Парчам муқаддасоти Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Иброз дотшанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият соҳиби Парчами давлатӣ гардид, ки он яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ арзёбӣ мегардад. Парчам барои шаҳрвандони ҳар давлати соҳибистиқлол мояи ифтихору сарфарозӣ буда, ифодагари ҳимояи марзу бум, забону фарҳанг, Ватану миллат ва нангу номуси фарзандони асили он низ мебошад. Аз ин рӯ, соҳиби парчами миллӣ ва ё давлатӣ будан- ин худ рамзи мустақилияту соҳибихтиёрии давлат буда, парафшонии он дар ҳар гӯшаву канори олам аз мавҷудияти ҳамон давлату миллат башорат медиҳад. Барафроштани парчами миллӣ таҷассуми симои сиёсии ҳар давлати соҳибистиқлол дар миқёси ҷаҳон мебошад.