Паёми шодбошии Роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҲҶТ Раҳим Санъат Асо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми рамзҳои миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои ифтихор аз давлати соҳибистиқлол, арҷгузорӣ ба гузаштаи халқи бостониамон ва заҳмати содиқона ба хотири фардои ободи Ватани маҳбубамонро дорад.
Њар фарди ватандўст бояд Ватани худро сидқан дӯст дорад, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расад ва ҳамеша шукронаи истиқлолу озодӣ, сулҳу амнияти сарзамин ва ваҳдати миллиро намояд. Мову шумо бояд меҳнати созандаву бунёдкоронаро мақсаду мароми асосии зиндагӣ қарор дода, тамоми имконияту неруи худро ба хотири ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созем».
«Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем», — тазаккур доданд Роњбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҲҚҶ РАҲИМ САНЪАТ АСО.