Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраи то соли 2030.

Замимаи 1

ба фармоиши Хадамоти назорати

давлатии бехатарии корхо дар

саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___» _____________   соли 2021

 

Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии «Стратегияи

давлатии муқовимат ба коррупсия дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраи то соли 2030.

 

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
  2. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
  3. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандози намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.
  4. Баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» (минбаъд – Конвенсияи СММ зидди коррупсия), яъне шурӯъ аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд.
  5. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд.
  6. Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
  7. Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои номбурда ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуд.
  8. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.
  9. Муҳлати амали «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, ба итмом расид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозӣ Стратегияи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
  10. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Стратегия) ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
  11. Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.

МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ

  1. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
  2. Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои болозикр чунин тадбирҳо роҳандозӣ карда шудаанд:

– муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;

– баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия;

– бо дарназардошти пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ мунтазам такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионӣ;

– муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия

– пешбинӣ кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлати он;

– муайян намудани тартиби назорати иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ;

– тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия;

– муайян кардани шаклҳои баҳодиҳии вазъи коррупсия дар ҷумҳурӣ;

– баланд бардоштани самаранокии тарѓибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт;

– ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои коррупсия;

– муайян, ошкор ва кофтукови даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва мусодираи он, тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт;

– такмили низоми қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ;

– татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Принсипҳои асосии Стратегия аз инҳо иборат мебошанд:

– қонуният;

– афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– ошкорбаёнӣ ва шаффофият; – ба назар гирифтани афкори ҷомеа; – эътироф намудани коррупсия ҳамчун хатари асосӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– истифодаи маҷмӯи чораҳо дар муқовимат ба коррупсия.

САМТҲОИ АСОСИИ СТРАТЕГИЯ

Мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ

  1. Соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (минбаъд – СҲИР) пешниҳод менамояд ва то инҷониб коршиносони СҲИР чор маротиба мониторинги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузарониданд.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст. Конвенсияи СММ зидди коррупсия тартиби ҳамаҷонибаи таҳия ва татбиқи чораҳои зиддикоррупсиониро пешбинӣ менамояд.
  3. Дар заминаи меъёрҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки ба паст кардани хавфҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ равона карда шудаанд, тавсияҳое, ки аз ҷониби СҲИР дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои Шабакаи мубориза зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дода шудааст, тавсияҳои дигари созмонҳои байналмилалие, ки дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, мувофиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии қаблӣ то ба имрӯз дар сатҳи миллӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардидааст.
  4. Бо мақсади ташкили муборизаи самаранок бар зидди коррупсия ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ва ё ворид намудани тагйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар, инчунин андешидани чораҳои зарурии ҳуқуқии зерин тақозо карда мешавад:

– омӯзиш ва таҳлили татбиқи талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия;

– гузаронидани тадқиқоти даврии маҷмӯии ҳолати коррупсия ва самаранокии тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вобаста ба соҳаҳои гуногун;

– таъмини иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия ва татбиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ;

– таҳияи Методологияи тартиби гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии амалигардонии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ;

– ба самъи аҳолӣ расонидани маълумот оид ба таъмини иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ;

– таъмини фаъолияти самарабахши комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

– ба аъзогии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил намудани намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия фаъоланд;

– баҳодиҳии таъсирбахш ва самаранокии чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, таблиѓотию ташвиқотӣ ва иттилоотонии ҷомеа; – муайян намудани гурӯҳҳои бештар ба хавфҳои коррупсионӣ гирифтор ва барои онҳо гузаронидани чорабиниҳои таблиѓотию ташвиқотӣ ва иттилоотонии зиддикоррупсионӣ;

– ҷалби мутахассисони салоҳиятнок, ботаҷриба ва соҳибтахассус ба раванди гузаронидани чорабиниҳои таблиѓотию ташвиқотии зиддикоррупсионӣ, инчунин мунтазам баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо;

– таҳияи чорабиниҳои таблиѓотию ташвиқотии зиддикоррупсионӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ;

– таъсис додани Котиботи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таъмини шаффофият дар фаъолияти Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри ҳатмии қарорҳои қабулнамудаи он аз ҷониби Котиботи Шӯро;

– омӯзиш ва баррасии масъалаҳои таъмини тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ дар доираи шартномаҳои амалкунанда.

  1. Конвенсияи СММ зидди коррупсия як қатор чораҳои зиддикоррупсиониро муайян мекунад, аз ҷумла: – ташаккули низоми қабул ба кор, интихоб, болоравӣ дар хизмат, адои хизмат ё рухсат кардани хизматчиёни давлатӣ, шахсони дигари ба вазифаҳои давлатӣ таъин ё интихобшаванда, ки ба принсипҳои самаранокӣ, шаффофият ва фаъолияти бенуқсон, адолатнокӣ ва қобилият асос меёбад; – коркарди расмиёти зарурии интихоб ва омода намудани кадрҳои ба ишѓоли мансабҳои давлатӣ, ки махсусан аз нигоҳи коррупсия осебпазир мебошанд ва дар ҳолати мавҷудияти асосҳо анҷом додани ҷойивазкунии онҳо; – мусоидат ба татбиқи барномаҳои маърифатӣ ва таълимӣ, ки ба кодексҳо ё меъёрҳои рафтор асос меёбанд; – таъмини иҷрои дуруст ва муносиби вазифаҳои хизматӣ ва амиқ дарк кардани хавфҳои вобаста ба коррупсия, ки ба фаъолияти онҳо дахл доранд.
  2.  Дар тавсияҳои СҲИР барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ низ оид ба таъмини сиёсати зиддикоррупсионӣ чораҳои мухталиф пешбинӣ карда шудааст.
  3.  Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои суиистифодаи ваколатҳои хизматӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» барои хизматчиёни давлатӣ як қатор чораҳои зиддикоррупсионӣ муқаррар гардидаанд.
  4. Баҳри тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия амалисозии чорабиниҳои зерин мувофиқи мақсад дониста мешавад:

– такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ва таъмини самаранокии иҷрои онҳо;

– баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ;

– таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия;

– таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ; – ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

– таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия;

– бартараф намудани бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ;

– такмили фаъолияти воҳидҳои хадамоти кадрӣ ва ҷорӣ намудани масъулият ва маҳаки нишондиҳандаҳои натиҷаҳои фаъолияти хизматии онҳо оид ба пешгирии коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;

– татбиқи босамар ва мақсадноки маҳдудиятҳо, мамониату уҳдадориҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайяншуда бо мақсади пешгирии коррупсия нисбати шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишѓол менамоянд;

– баланд бардоштани сифати омодагии касбии мутахассисон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;

– ташкил ва таъмини механизми озмун барои қабул ба хизмати давлатӣ дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дар ин ҷараён таъмин намудани принсипҳои воқеъбинӣ ва беѓаразӣ;

– такмили низоми эъломиякунонии расмии даромадҳои хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо;

– татбиқи талаботи нақшаи чорабиниҳои мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;

– такмили механизми гузаронидани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ бо мақсади пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ;

– идомаи ислоҳоти музди меҳнат дар низоми хизмати давлатӣ.

Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар

раванди муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ

  1.  Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, мақомоти

давлатӣ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд ба паст кардани шиддати он мусоидат намоянд.

  1. То имрӯз дар кишвар як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати

амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда, аз қабили тарѓиботу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дар самти омӯзиш ва баҳогузории масоили коррупсия дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми худро гузошта истодаанд ва дар ин самт тақозо карда мешавад, ки ҳар чӣ бештар иштироки онҳо дар раванди қабули барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ таъмин карда шавад.

  1.  Воситаҳои ахбори омма дар самти тарѓиботу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ нақши хеле муҳим доранд ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин самт ба паст кардани шиддати коррупсия дар миқёси кишвар мусоидат карда метавонад.
  2. . Ҳамаи шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои миқёси ҷумҳуриро зарур аст, ки дар таҳия ва пешкаши аҳолӣ гардонидани маводи зарурӣ вобаста ба оқибатҳои вазнини ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ фаъолона ширкат намоянд ва бо ташкили барномаҳои махсус ва наворҳои видеоии кӯтоҳ аз оқибатҳои содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба аҳолӣ иттилоъ диҳанд.
  3.  Дар замони рушди босуръати илму технология шабакаи интернет яке аз воситаҳои асосии паҳнкунандаи иттилоот буда, шумораи зиёди истифодабаранда дорад. Аз ин рӯ, ҳамаи субъектони муқовимат ба

коррупсияро зарур аст, ки бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои

коррупсионӣ тарѓибу ташвиқи зиддикоррупсиониро тариқи сомонаҳои

расмӣ пурзӯр намоянд.

  1. Нашри мақолаҳои тарбиявиву омӯзишӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия дар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷониби олимону муҳаққиқон

мунтазам ба роҳ монда шавад.

  1. 29. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои коррупсионии

бақайдгирифташудаи солҳои охир, ки дар онҳо яке аз тарафҳо шаҳрвандон мебошанд, аз надонистани қонунгузории зиддикорррупсионӣ дар кишвар содир карда шудаанд.

  1. 30. Боиси қайд аст, ки Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қарори Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2014, №4 тасдиқ гардидааст, зарур мешуморем, ки фаъолияти худро дар муқовимат ба коррупсия ҷоннок намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.

 

Ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ҷиҳати бартараф намудани

омилҳои инсонӣ

  1. Дар тасаввури умум иҷрои талаботи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон як низоми коргузории электронист, ки танҳо ба хизматрасониҳои давлатӣ маҳдуд мешавад. Вале дар асл он дар маҷмӯъ барои сохтани ҷомеаи иттилоотӣ ва низоми муайяни иттилоотӣ дар кишвар равона карда шуда, барои чунин шакл гирифтани муносибатҳои ҷамъиятӣ замина мегузорад ва бештар аз ҳама иштироки инсонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ҳамчун омили инсонӣ дар зуҳури амалҳои коррупсионӣ шароит ба вуҷуд меоварад, коҳиш ва бартараф менамояд.
  2. Афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, дар умум як коргузории муосирро ба миён меорад ва Ҳукумати кишвар гузаштан ба ин навъи муосири хизматрасониро пеш гирифтааст.
  3. Дар марҳилаи имрӯза бо истифода аз усулҳои ҳукумати электронӣ ҳарчӣ васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои

муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

  1. Ҳукумати электронӣ низоме мебошад, ки ҳамаи мақомоти давлатиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меоварад ва бо

истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравиро таъмин месозад, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод мекунад ва ё арзу шикоятҳои онҳоро

сари вақт баррасӣ менамояд.

  1. Дар меҳвари Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар

Тоҷикистон иттилоот қарор дошта, самтбахши тариқи иттилоъ яке аз

ҳадафҳои марказии он ба ҳисоб меравад ва ба таъмини маълумоту иттилооти электронию виртуалӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ин Консепсия як ҷузъи муҳими иттилоърасониро ба миён оварда, метавонад, дар пешрафти муносибатҳои нави иттилоотӣ саҳм бигирад. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумоту иттилооти расмӣ асосан тариқи интернет ва воситаҳои дигари телекоммуникатсионӣ сурат мегирад.

  1. Тадриҷан кам намудани муносибати бевоситаи шаҳрвандон бо шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ буда, ин раванд метавонад ба кам шудани омилҳои коррупсионӣ, поймол нашудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ба сарфа гардидани маблаѓҳои буҷетӣ ва худи шаҳрвандон, суръат гирифтани иҷрои корҳо, сари вақт гирифтани маълумоту иттилооти зарурӣ ва омилҳои дигари мусбӣ мусоидат намояд.
  2. Ташкил ва ба роҳ мондани ҳукумати электронӣ яке аз роҳҳои

муосири муқовимат ба коррупсия эътироф карда шуда, тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст.

Тақвият бахшидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ

 

  1.  Дар қатори чорабиниҳои дигаре, ки дар маҷмӯъ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия пешбинӣ карда шудаанд, нақши аз ҳама асосӣ ва муҳимро чораҳое дар бар мегиранд, ки онҳо бо мақсади пешгирӣ кардани коррупсия ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия

мусоидаткунанда равона карда мешаванд.

  1. Барои пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама,

сарчашмаи пайдоиши он бояд муайян ва ошкор карда шавад. Зеро бидуни

ошкор кардани сабабҳои зуҳури ҳолатҳои коррупсионӣ муқовимат алайҳи ин падидаи номатлуб мушкил мегардад. Воқеан муайян намудани сарчашма имкон медиҳад, ки паҳн ва реша давонидани ҳама гуна ҳолатҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шаванд.

  1. Яке аз роҳҳои самарабахши ошкору муайян намудани сарчашма

ва сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ ин дар тамоми вазорату

кумитаҳо, мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти

худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектони хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи сармояи оинномавии онҳоро

ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ, аз

ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд

(минбаъд – ташкилотҳо), бо мақсади ошкор, бартараф ва ё коҳиш додани

хавфу омилҳои институтсионалӣ (ниҳодӣ) мунтазам гузаронидани таҳлили фаъолият мебошад.

  1. Ин раванд яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат

ба коррупсия маҳсуб ёфта, бояд давра ба давра тақвият дода шавад. Зеро

мавҷудияти ҳар як хавф ва ё хавфи эҳтимолии дар минбаъда падидоянда

вобаста ба таъсирнокии худ метавонад ба пешрафти фаъолияти ташкилот

таъсири манфии худро расонида, минбаъд барои боз ҳам бартарӣ гирифтани хавфҳои ҷойдошта, зуҳур кардани хавфҳои эҳтимолӣ ва пайдо

шудани хавфҳои дигари коррупсионӣ дар ҳар шаклу усул мусоидат намояд.

  1. Маҳз, тариқи гузаронидани чунин таҳлил дар фаъолияти ҳар як

ташкилот хавфҳои коррупсионӣ, аз қабили мавҷуд набудан ва ё нопурра

будани меъёрҳои батанзимдароранда, номукаммалии муқаррарот, огоҳӣ

надоштани кормандон аз мавҷудияти меъёрҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ, амалан татбиқ нагардидани меъёрҳои мавҷуда ва

ѓайра хавфҳо, ки онҳо вобаста ба омилҳои худ метавонанд гуногун бошанд, ошкор карда мешаванд.

  1. Тақвияти амалигардонии таҳлили хавфҳои коррупсионӣ бояд

тибқи тартиби муқаррарнамудаи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 тасдиқ

шудааст, роҳандозӣ гардад. Зеро дар асоси талаботи методологияи мазкур таҳлили фаъолият бояд мунтазам, зина ба зина, вобаста ба хавфҳои дар ҷараёни амалигардонии нақшаи амал ошкоркардашуда гузаронида шавад.

  1. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ошкори хавфу омилҳои институтсионалӣ ва бартарафу коҳиш додани онҳоро дар се давра, яъне давраи таҳлили шароити пешакӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта, баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои ошкоргардида пешбинӣ мекунад.
  2. . Давраи якум давраи омӯзиш аст ва дар раванди он бояд бо мақсади муайян намудани намудҳои осебпазири фаъолият қонунҳои соҳавӣ, низомнома, ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бевосита фаъолияти дохилию берунии ташкилотро ба танзим медароранд, пурра таҳлил карда мешаванд.
  3. Дар давраи мазкур ҷиҳати муайян намудани сатҳи мутобиқати вазифаҳо, салоҳиятнокӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои дигари ташкилоти таҳлилшаванда бояд сохторҳои ташкилии ин ташкилот мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад.
  4.  Омӯзиши қоидаҳои одоби дар ташкилот мавҷудбуда, яъне рафтор, вазифашиносӣ, муомилот, этика ва маҷмӯи дигари принсипҳои ахлоқӣ ва арзишҳое, ки кормандон дар аснои амалӣ намудани фаъолияти дохилӣ ва берунии ташкилот бояд дар худ таҷассум намоянд, пешбинӣ карда мешавад.
  5.  Таҳлили шароити пешакӣ имкон медиҳад, ки тавассути омӯзиш

дар фаъолияти ташкилот хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта ва

эҳтимолӣ ошкор карда шуда, ҷиҳати бартарафу коҳиш додани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Зеро хавфҳои дар қонунҳои соҳавӣ,

низомнома, санадҳои меъёрӣ ва меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи

фаъолияти дохилию берунии ташкилот, дар сохторҳои ташкилӣ ва қоидаҳои одоби ташкилот мавҷудбуда ҳатман, ки то бартараф ва коҳиш

дода шуданашон давомнок маҳсуб ёфта, ҷиҳати зуҳури хавфҳои падид омаданашон эҳтимолӣ дар ҳар шакл мусоидат мекунанд ва бинобар ин

сабаб онҳо ба гурӯҳи хавфҳои авлавиятдошта маҳсуб дониста мешаванд.

Ҷиҳати дар навбати аввал бартараф кардани хавфҳои афзалиятдошта, ки онҳо аз рӯи таъсирнокиашон давомнок ва сабабгори воқеии падид омадани хавфҳои дигари эҳтимолӣ мегарданд, чораҳои муассир андешида мешаванд.