НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Одамони сайёра ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд.
Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо арзишҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагию ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. Чунин гуфта шуд зимни таҷлили ҷашни Наврӯз дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкории назди Хукумати ЧТ.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ мояи ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».
Таъкид карда шуд, ки 13 сол қабл, 18 феврали соли 2010 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Тоҷикистон ватани азизи мост. Зарур аст, ки ҳар кадоми мо барои ободию шукуфоии он саҳм гузорем, ҷойи зист ва кори худро ҳамеша поку зебо нигоҳ дорем, то макони кору зистамон дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад.