Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ таҷлил карда шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкории назди ХЧТ бо иштироки рохбарият ва кулли кормандон чорабинии тантанави тачлил карда шуд.
Гуфта шуд, ки Артиши миллии мо сӣ сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки ҷумҳуриро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд, аз сифр таъсис дода шуд.
Дар тӯли 30 соли мавҷудият сохторҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат ҳамаи мушкилиҳоро бартараф намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Рушди Қувваҳои Мусаллаҳ пояи асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ба ривоҷу равнақи Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла аз лиҳози таъминнокӣ бо техника ва лавозимоти ҷангӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси аз технологияҳои муосир огоҳ, шароити хуби иҷтимоии сарбозону афсарон ва дигар ҷанбаҳои муҳим равона гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар ҷавони бонангу номус мебошад. Бояд ҷавонони мо хуб дарк намоянд, ки ватандӯстӣ- ин арзи садоқат ба Ватан – Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ мебошад.