Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Замимаи 1
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2021, №222
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
- Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
- Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.
- Баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» (минбаъд – Конвенсияи СММ зидди коррупсия), яъне шурӯъ аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд.
- Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд.
- Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
- Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои номбурда ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуд.
- Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.
- Муҳлати амали «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, ба итмом расид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозӣ Стратегияи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
- Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Стратегия) ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
- Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷиноятӣорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.
БОБИ 2. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ
ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ
- Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
- Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои болозикр бояд чунин тадбирҳо роҳандозӣ карда шаванд:
- муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия;
- бо дарназардошти пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ мунтазам такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионӣ;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия;
- пешбинӣ кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлати он;
- муайян намудани тартиби назорати иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ;
- тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия;
- муайян кардани шаклҳои баҳодиҳии вазъи коррупсия дар ҷумҳурӣ;
- баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт;
- ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои коррупсия;
- муайян, ошкор ва кофтукови даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва мусодираи он, тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт;
- такмили низоми қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ;
- татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Принсипҳои асосии Стратегия аз инҳо иборат мебошанд:
- қонуният;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;
- ба назар гирифтани афкори ҷомеа;
- эътироф намудани коррупсия ҳамчун хатари асосӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифодаи маҷмӯи чораҳо дар муқовимат ба коррупсия.
БОБИ 3. САМТҲОИ АСОСИИ СТРАТЕГИЯ
- 1. Мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
- Соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврк ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (минбаъд – СҲИР) пешниҳод менамояд ва то инҷониб коршиносони СҲИР чор маротиба мониторинги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузарониданд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст. Конвенсияи СММ зидди коррупсия тартиби ҳамаҷонибаи таҳия ва татбиқи чораҳои зиддикоррупсиониро пешбинӣ менамояд.
- Дар заминаи меъёрҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки ба паст кардани хавфҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ равона карда шудаанд, тавсияҳое, ки аз ҷониби СҲИР дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои Шабакаи мубориза зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дода шудааст, тавсияҳои дигари созмонҳои байналмилалие, ки дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, мувофиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии қаблӣ то ба имрӯз дар сатҳи миллӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардидааст.
- Бо мақсади ташкили муборизаи самаранок бар зидди коррупсия ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар, инчунин андешидани чораҳои зарурии ҳуқуқии зерин тақозо карда мешавад:
- омӯзиш ва таҳлили татбиқи талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия;
- гузаронидани тадқиқоти даврии маҷмӯии ҳолати коррупсия ва самаранокии тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вобаста ба соҳаҳои гуногун;
- таъмини иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия ва татбиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ;
- таҳияи Методологияи тартиби гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии амалигардонии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ;
- ба самъи аҳолӣ расонидани маълумот оид ба таъмини иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ;
- таъмини фаъолияти самарабахши комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- ба аъзогии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил намудани намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия фаъоланд;
- баҳодиҳии таъсирбахш ва самаранокии чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, таблиғотию ташвиқотӣ ва иттилоотонии ҷомеа;
- муайян намудани гурӯҳҳои бештар ба хавфҳои коррупсионӣ гирифтор ва барои онҳо гузаронидани чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва иттилоотонии зиддикоррупсионӣ;
- ҷалби мутахассисони салоҳиятнок, ботаҷриба ва соҳибтахассус ба раванди гузаронидани чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотии зиддикоррупсионӣ, инчунин мунтазам баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо;
- таҳияи чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотии зиддикоррупсионӣ дар якҷоягк бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
- таъсис додани Котиботи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини шаффофият дар фаъолияти Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри ҳатмии қарорҳои қабулнамудаи он аз ҷониби Котиботи Шӯро;
- омӯзиш ва баррасии масъалаҳои таъмини тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ дар доираи шартномаҳои амалӣунанда.
- 2. Таҳлили вазъи содиршавии ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз он ки аз ҷониби субъектони бевоситаи муқовимат ба коррупсия ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишию назоратӣ, таъқиботи ҷиноятӣ ва чораҳои дигари пешгирикунанда андешида мешаванд, мутаассифона ҳанӯз ҳам аз ҷониби бархе аз масъулини вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ роҳ дода мешаванд.
- Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, дар солҳои 2013 – 2019 танҳо аз тарафи мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12488 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 9083 адади онро ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ташкил медиҳанд.
- Ошкоршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд сол аз сол тамоюли зиёдшавиро дошта, дар тӯли 7 сол (2013-2019) бақайдгирии чунин ҷиноятҳо 261 адад зиёд гаштааст (ҷадвали 1).
Ҷадвали 1
1500
1000
500
0 | соли 2013 | соли 2014 | соли 2015 | соли 2016 | соли 2017 | соли 2018 | соли 2019 |
ҷиноятҳои коррупсионӣ ва и.х.к | 1101 | 1179 | 1306 | 1326 | 1445 | 1364 | 1362 |
дигар ҷиноятҳо | 224 | 292 | 372 | 507 | 535 | 683 | 792 |
- Агар дар соли 2013 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта 1101 ададро ташкил диҳад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2014 ба 1179 ҷиноят, соли 2015 – 1306 ҷиноят, соли 2016 – 1326 ҷиноят, соли 2017 – 1445 ҷиноят, соли 2018 – 1364 ҷиноят ва соли 2019 ба 1362 ҷиноят расидааст, ки ин нишондиҳандаҳо нигаронкунанда мебошанд.
- Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 1673 адад ба кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ тааллуқ дошта, ҳамзамон дар ин давра нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – 1421 ҷиноят, ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф ва илм – 702, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 597, Вазорати корҳои дохилӣ – 387, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ – 339, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – 226, Кумитаи андоз – 167, вазоратҳои нақлиёт – 154, кишоварзӣ – 146, адлия – 137, мудофиа – 127, энергетика ва захираҳои об – 117, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 67, Вазорати саноат ва технологияҳои нав – 63, Хадамоти гумрук – 61, ҳокимияти судӣ – 59, корхонаҳои дигари давлатӣ – 2093, субъектони хоҷагидори ғайридавлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 3962 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
- Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 2584 адад ё 20,7%-ро ҷиноятҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ (моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ташкил медиҳанд, ки дар соли 2019 нисбат ба соли 2013 19 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст (ҷадвали 2).
Ҷадвали 2
450
400
350
300
250
200
150
100
50
0 | соли 2013 | соли 2014 | соли 2015 | соли 2016 | соли 2017 | соли 2018 | соли 2019 |
ҷиноят | 336 | 298 | 363 | 438 | 441 | 353 | 355 |
- Дар солҳои 2013-2019 ҳангоми гузаронидани як қатор корҳои санҷишию назоратӣ аз тарафи Агентӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 1300 ҷиноят вобаста ба тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва ғайриқонунӣ гирифтану додани кредит ошкор карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз нокифоя будани низоми назорати дохилибонкӣ шаҳодат медиҳад. Таҳлили сабабу шароитҳои ба афзоиши содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва дар ин замина ба вазъи ногувори молиявӣ гирифтор кардани як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ғолибан агар ба риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби додани қарз аз ҷониби масъулини ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобастагӣ дошта бошад, аз тарафи дигар, мавҷудияти хавфҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳа, ки онҳо ба амалисозии равандҳои фаъолият ва ҳадафҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ таъсири зиёд мерасонанд, боис шуда метавонанд.
- Тазаккур бояд дод, ки аксари ҷиноятҳои коррупсионии дар соҳаи бонкӣ содиршуда аз давраи аввал ба таври дахлдор иҷро накардани вазифа ва уҳдадориҳои масъулини шуъбаҳои қарзк сарчашма гирифтааст. Омӯзиш нишон медиҳад, ки айни замон содиршавии ҷиноятҳо дар соҳаи мазкур рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
- Агар дар соли 2013 ошкори ҷиноят вобаста ба тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда (моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 13 ададро ташкил диҳад, пас дар соли 2018 ба 138 ҷиноят, солҳои 2017 ва 2019 мутаносибан ба 88 ва 95 ҷиноят расидааст (ҷадвали 3).
Ҷадвали 3
150
100
50
0 | соли 2013 | соли 2014 | соли 2015 | соли 2016 | соли 2017 | соли 2018 | соли 2019 |
м.246 | 13 | 37 | 72 | 43 | 88 | 138 | 95 |
- Соли 2019 ошкори ҷиноятҳо вобаста ба ғайриқонунӣ гирифтан ва додани кредит (моддаҳои 264 ва 265 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) низ нисбат ба соли 2013 109 адад зиёд гардидааст (ҷадвали 4).
Ҷадвали 4
|
120
- Дар ин давра 553 ҷиноят вобаста ба гирифтану додани пора (моддаҳои 319 ва 320 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), аз инҳо 92 ҷиноят нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, 75 – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои зертобеи он, 48 – масъулони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф ва илм, 48 – тандурустӣ, 43 – Кумитаи андоз, 20 – Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва 20 адад нисбати масъулини ҳокимияти судӣ ба қайд гирифта шудааст, аз рӯи нишондиҳандаҳо теъдоди содиршавии ин қабил ҷиноятҳо давра ба давра кам гардида истодаанд (ҷадвали 5).
Ҷадвали 5
- Ошкори ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба ришвадиҳии тиҷоратӣ – 98 ҷиноят (моддаи 279 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ (моддаи 324 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) – 181 ҷиноят ва додани мукофот ба хизматчии давлатӣ (моддаи 325 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) – 6 ҷиноят, ҷамъ 428 ҷиноят ё 2,6% шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршудаи хусусияти коррупсионидоштаро ташкил медиҳад (ҷадвали 6).
Ҷадвали 6
|
40
- Шумораи ҷиноятҳои ошкоргардида вобаста ба саркашӣ аз супоридани андозу пардохтҳои гумрукӣ (моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 210 ададро ташкил дода, ба 1,7% ҷиноятҳои ошкоргардида баробар мебошад (ҷадвали 7)
Ҷадвали 7
соли 2013 | соли 2014 | соли 2015 | соли 2016 | соли 2017 | соли 2018 | соли 2019 | |
м.291 | 0 | 1 | 1 | 0 | 1 | 0 | 0 |
м.292 | 26 | 38 | 40 | 31 | 21 | 20 | 16 |
м.293 | 11 | 3 | 1 | 0 | 0 | 0 | 0 |
- Тайи 7 соли охир дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва ба онҳо додани имтиёзҳои гуногуни андозсупорӣ як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, бо ин сабаб бақайдгирии ҷиноятҳои дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида коҳиш ёфта, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои рӯйпӯшкунии андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба пуррагӣ бартараф нашудаанд.
- Аз нишондиҳандаҳои омории сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар солҳои 2013-2019 айнан ба ҳамин монанд аз тарафи мақомоти Прокуратура 6907 ҷиноят, Вазорати корҳои дохилӣ – 1297, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 598, Хадамоти гумрук – 209, Агентии назорати маводи нашъаовар – 80 ҷиноят, Вазорати адлия – 3 ва судҳо 3 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд. Омӯзиши сабабу шароитҳои ба содиршавӣ ва афзоиши онҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки он дар номукаммалии қонунгузории соҳавӣ, ба таври зарурӣ татбиқ накардани чорабиниҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, таъмин нагардидани назорати дурусту саривақтӣ, дарки нокифояи талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, ба таври холисона баҳогузорӣ накардани фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо ва ғайраҳо ифода меёбанд.
- Коркарди роҳу усули муосири баланд бардоштани масъулияти шахсии роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои дигар ва дар маҷмӯъ, ҳамаи субъектҳои муқовимат ба коррупсия роҳандозӣ гардида, барои коҳиш додани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ тамоми чораҳои пешгирикунанда андешида шавад.
- 3. Тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маорифу тандурустӣ, андозу гумрук, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва соҳаҳои дигаре, ки фаъолияташон аз нигоҳи коррупсия осебпазир маҳсуб меёбанд
- Мутобиқи Конвенсияи СММ зидди коррупсия яке аз вазифаҳои давлат ва мақомоти давлатӣ мусоидат, қабул ва таҳкими чораҳои пешгирии судманд бар зидди коррупсия мебошад.
- Конвенсияи СММ зидди коррупсия як қатор чораҳои зиддикоррупсиониро муайян мекунад, аз ҷумла:
- ташаккули низоми қабул ба кор, интихоб, болоравӣ дар хизмат, адои хизмат ё рухсат кардани хизматчиёни давлатӣ, шахсони дигари ба вазифаҳои давлатӣ таъин ё интихобшаванда, ки ба принсипҳои самаранокӣ, шаффофият ва фаъолияти бенуқсон, адолатнокӣ ва қобилият асос меёбад;
- коркарди расмиёти зарурии интихоб ва омода намудани кадрҳои ба ишғоли мансабҳои давлатӣ, ки махсусан аз нигоҳи коррупсия осебпазир мебошанд ва дар ҳолати мавҷудияти асосҳо анҷом додани ҷойивазкунии онҳо;
- мусоидат ба татбиқи барномаҳои маърифатӣ ва таълимӣ, ки ба кодексҳо ё меъёрҳои рафтор асос меёбанд;
- таъмини иҷрои дуруст ва муносиби вазифаҳои хизматӣ ва амиқ дарк кардани хавфҳои вобаста ба коррупсия, ки ба фаъолияти онҳо дахл доранд.
- Дар тавсияҳои СҲИР барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ низ оид ба таъмини сиёсати зиддикоррупсионӣ чораҳои мухталиф пешбинӣ карда шудааст.
- Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои суиистифодаи ваколатҳои хизматӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» барои хизматчиёни давлатӣ як қатор чораҳои зиддикоррупсионӣ муқаррар гардидаанд.
- Баҳри тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия амалисозии чорабиниҳои зерин мувофиқи мақсад дониста мешавад:
- Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муқовимат ба коррупсия ва таъмини самаранокии иҷрои онҳо;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ;
- таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия;
- таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ;
- ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия;
- бартараф намудани бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ;
- такмили фаъолияти воҳидҳои хадамоти кадрӣ ва ҷорӣ намудани масъулият ва маҳаки нишондиҳандаҳои натиҷаҳои фаъолияти хизматии онҳо оид ба пешгирии коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;
- татбиқи босамар ва мақсадноки маҳдудиятҳо, мамониату уҳдадориҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайяншуда бо мақсади пешгирии коррупсия нисбати шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд;
- баланд бардоштани сифати омодагии касбии мутахассисон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;
- ташкил ва таъмини механизми озмун барои қабул ба хизмати давлатӣ дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дар ин ҷараён таъмин намудани принсипҳои воқеъбинк ва беғаразӣ;
- такмили низоми эъломиякунонии расмии даромадҳои хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо;
- татбиқи талаботи нақшаи чорабиниҳои мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
- такмили механизми гузаронидани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ бо мақсади пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ;
– идомаи ислоҳоти музди меҳнат дар низоми хизмати давлатӣ.
- Солҳои охир дар муқоиса бо соҳаҳои фаъолияти вазорату идораҳои дигар ва мувофиқи таҳлилҳои оморӣ зиёдшавии сатҳи коррупсия дар соҳаи маориф бештар ба мушоҳида мерасад.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаи маориф ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз ҷумла додану гирифтани пора, қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва ғайра тамоюли зиёдшавӣ доранд.
- Ин ҳолатҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки то ҳол дар соҳаи маориф камбудию норасоиҳо дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб сол аз сол афзуда истода, андешидани чораҳои қатъиро дар ин соҳа талаб мекунад.
- Баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро Ҳукумати кишвар ҳамчун самти муҳимми фаъолияти худ дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ таваҷҷуҳи зиёд медиҳад.
- Дар соҳаи тандурустӣ дар баробари соҳаи маориф, ки соҳаҳои мазкур фарогири аксари шумораи аҳолӣ мебошанд, мавҷудияти хавфҳои муҳимми коррупсионӣ афзалият доранд, ки онҳоро нишондиҳандаҳои расмии дар боло зикргардида ва тадқиқотҳои сотсиологӣ тасдиқ мекунанд.
- Таҳлили вазъият дар ҷараёни корк ва фаъолияти муассисаҳои табобатӣ нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти онҳо камбудию норасоиҳои зиёди бавуҷудоварандаи омилҳои коррупсионӣ ҷой доранд.
- Ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва бо ин васила бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ татбиқи тадбирҳои мушаххас ба мақсад мувофиқ аст.
- Дар даҳ соли охир ҳаҷми воридоти андоз ва пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 4,7 баробар зиёд гардида, ҳиссаи воридоти андозҳои дохилӣ нисбат ба андозҳои берунӣ дар ҳаҷми умумии қисми даромади буҷет тамоюли афзоиш дорад.
- Ҳарчанд ки дар натиҷаи васеъ гардидани сарчашмаҳои андози дохилӣ қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ таъмин гардидааст, вале солҳои охир иҷрои нақшаи воридоти андозҳо аз ҳисоби андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо) таъмин нашуда истодаанд.
- Аз ин ҳисобҳо ба буҷет 860 миллион сомонӣ ворид нагардида, ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо дар миқёси кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2019 маблағи 726 миллион сомониро ташкил додааст. Сабаби асосии чунин ҳолат, аз ҷумла номукаммал будани низоми ояндабинӣ ва банақшагирӣ дар ин соҳа мебошад.
- Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Кумитаи андоз танҳо соли 2018 нисбат ба андозсупорандагони қарздор 6700 қарор дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои солҳои қаблӣ қабулгардида ба буҷет 644 миллион сомонӣ қарзи андоз рӯёнида шудааст, ки нисбат ба соли 2009 шумораи қарорҳо 5,2 баробар ва маблағҳои рӯёнидашуда 7,1 баробар зиёд мебошад.
- Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳаҷми қарздорӣ аз ҳисоби андоз ва ҳодисаҳои пинҳон ё саркашӣ намудан аз пардохти онҳо сол ба сол зиёд шудааст, ки нишонаи ҳамкории сусти мақомоти андоз бо субъектҳои хоҷагидор мебошад.
- Ба мақсад мувофиқ аст, ки дар самти такмил додани раванди таҳлили имкониятҳои мавҷудаи минтақаҳо ва корхонаҳои фаъолияткунанда, ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз, пешгирӣ кардани афзоиши бақияи қарзи андозҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ба ин васила кам кардани таъсири омили инсонӣ, корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон ба таври доимӣ ва бештару беҳтар ба роҳ монда шаванд.
- Дар солҳои охир тартиби арзжбии фаъолияти мақомоти андоз такмил дода шуда, ин арзёбӣ танҳо аз рӯи иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ба роҳ монда шудааст.
- Масъулини мақомоти андоз бо мақсади иҷрои нақшаи пешбинигардидаи андоз, шаклҳои гуногуни назоратро нисбат ба субъектҳои хоҷагидор амалӣ мекунад, ки хислати санҷиш ва ҳатто дахолатро доранд. Дар натиҷаи чунин амалҳо ҳаҷми истеҳсол, гардиши тиҷоратии корхонаҳо ва мутаносибан ҳаҷми пардохти андози онҳо коҳиш меёбад.
- Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз баъзе санҷишгарон даромаду хароҷоти воқеӣ, ҳуҷҷатҳои ибтидоии андозсупорандагонро ба инобат нагирифта, маблағҳои бар илова ҳисобшавандаро зиёд нишон медиҳанд, ки ин боиси шикояти андозсупорандагон мегардад. Сабаби чунин камбудӣ, аз як тараф нокифоя будани дониши касбии санҷишгарон, аз ҷониби дигар, дидаву дониста зиёд нишон додани андозҳои ҳисобшаванда ҷиҳати ба таври сунъӣ беҳтар нишон додани натиҷаҳои кор ва бо ҳар роҳу восита иҷро кардани нақша мебошад.
- Дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби кормандони андоз назорати камералӣ низ бо вайронкунии талаботи қонун, бидуни таҳлили хавфҳо ва имтиёзҳои пешниҳодгардида гузаронида шуда, ба зиммаи андозсупорандагон уҳдадориҳои беасоси пардохтҳои зиёдатӣ вогузор карда мешаванд.
- Дар зарфи даҳ соли охир мақомоти прокуратура нисбат ба 300 нафар кормандони мақомоти андоз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва бо қарору пешниҳоди прокурорҳо 2181 нафар кормандон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, нисбати 25 корманди мақомоти андоз барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ, қаллобӣ, гирифтани пора ва ҷиноятҳои дигар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
- Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар 10 соли охир аз 758 миллион сомонӣ маблағи камҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ 106 миллион сомонӣ ба Кумитаи андоз ва сохторҳои зертобеи он рост меояд.
- Доир ба пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд аз ҷониби кормандони мақомоти андоз, риояи муқаррароти қонунгузории кишвар дар бораи мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорк дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи андозбандӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
- Нақши мақомоти гумрук дар ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодӣ, ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи муҳити зист ва арзишҳои фарҳангии кишвар, инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад. Аммо ҳанӯз интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи гузаргоҳҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда нашудааст, ки чунин вазъият ба сифати иҷрои вазифаҳои мақомоти гумрук монеа эҷод менамояд.
- Ҷараёни мукаммалгардонии қонунгузории соҳа ба осон гардидани расмиёти гумрукӣ мусоидат намуд ва шумораи ҳуҷҷатҳои зарурати ба эъломиякунонии мол пешниҳодшаванда аз 10 то 5 номгӯй кам карда шуданд, барои ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонидани он ба анҷом расонидани корҳои зиёд лозим мешавад.
- Мақомоти гумрукро зарур аст, ки имкониятҳои худро дар ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, пешгирӣ намудани қочоқи мол ва қонунвайронкуниҳои дигар тақвият бахшад.
- Дар солҳои 2009-2018 аз ҷониби мақомоти гумрук 50 000 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ошкор ва ба қайд гирифта, ба маблағи 51 миллион сомонӣ ҷарима ва 453 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шудаанд.
- Тибқи маълумоти мавҷуда ҳодисаҳои нодуруст ба расмиёт даровардани молу воситаҳои нақлиёт ва нодуруст истифода бурдани усули муайян намудани арзиши гумрукии мол ҳангоми интиқоли он аз сарҳади гумрукӣ ҳанӯз зиёданд.
- Як қатор кормандони мақомоти гумрук зимни амалигардонии фаъолияти хизматии худ ба кирдорҳои коррупсионӣ даст мезананд, ки чунин амали онҳо боиси ба буҷет ворид нашудани маблағҳои калон мегардад.
- Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ соли 2015 826 ҳолати нодуруст ҳисоб кардан ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумрук ошкор карда шуда, аз инҳо 15 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ ошкор ва 14,7 миллион сомонии он ба буҷети давлатӣ барқарор карда шудааст.
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар давраи солҳои 2009-2019 дар Хадамоти гумрук ва сохторҳои зертобеи он 49 тафтишу санҷиши молиявӣ анҷом дода, зарари молиявиро ба маблағи 61,9 миллион сомонӣ муайян намудааст, ки аз он 54,9 миллион сомонӣ маблағи камҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ мебошанд. Барои роҳ додан ба камбудиҳои молиявӣ нисбати 27 нафар шахсони масъул ҷазоҳои интизомк татбиқ гардида, 10 нафар аз вазифаи ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.
- Баъзе кормандони мақомоти гумрук дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ба ҳолатҳои суиистифода аз мансаб, бемасъулиятк ва беамалӣ роҳ медиҳанд. Дар ин давра 54 нафар кормандони Хадамоти гумрук ва сохторҳои зертобеи он 103 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир кардаанд.
- Мақомоти гумрукро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд аз ҷониби кормандони мақомот, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аз ҳисоби мутахассисони кордону поквиҷдони соҳа ва ҷойивазкунии доимии онҳо мунтазам чораҷӯӣ намояд.
- Тазаккур бояд дод, ки дар ин раванд барои ҳимоя ва муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ, амният, манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини риояи қонугузорӣ дар бораи сарҳади давлатӣ, иҷрои уҳдадориҳое, ки аз санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон доир ба масъалаҳои низоми сарҳади давлатӣ бармеоянд, мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, бойгарии табиӣ ва муҳити зист дар баробари хатти сарҳадӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳама гуна қонунвайронкуниҳои низоми сарҳади давлатӣ, аз ҷумла қочоқ, воридоти ғайриқонунии ҳама намуд маҳсулоти ғайристандартӣ, ғайрисанитарӣ, муҳлати истифодаашон гузашта ва ғайра қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси намуди махсуси қӯшунҳо нақши босазо дорад.
- Масъулини ниҳоди мазкур дар ҷараёни фаъолияти худ метавонанд ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидоштаро дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ, аз қабили: истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ӣ ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад, ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯйнабуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта, соҳибкории ғайриқонунӣ, истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ, қочоқ, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардонидани сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ, саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ ва ғайра ошкор намуда, бо таъмини иҷрои уҳдадориҳои худ содиршавии дигар ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ҷиноятҳо сарчашма мегиранд, пешгирӣ намоянд.
- Баъзе кормандони ин ниҳод дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳолатҳои суиистифода аз мансаб, бемасъулиятӣ, беамалӣ ва ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дигари коррупсионӣ роҳ медиҳанд, ки кирдори онҳо садди роҳи пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар хатти сарҳади давлатӣ мегардад.
- Дар давраи солҳои 2016-2020 танҳо аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ҷиноят нисбати 20 нафар кормандони сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, аз ҷумла 1 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ (моддаи 245 КҶ ҶТ), 5 ҷинояти қаллобӣ (моддаи 247 КҶ ҶТ), 11 ҷинояти гирифтани пора (моддаи 319 КҶ ҶТ) ва 12 ҷинояти дигари коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Дар раванди гузаронидани тафтиши молиявӣ дар фаъолияти ниҳоди мазкур 3,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст, ки 282,5 ҳазор сомонии онро изофанависии корҳои таъмиру сохтмонӣ ташкил дода, ҳамчун ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасниф мегарданд.
- Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси намуди махсуси қӯшун дар ҳимоя ва муҳофизати cарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ, амният ва манфиатҳои иқтисодии давлат зарур аст, ки ҷиҳати рафъи ҳама гуна камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандон мунтазам чораҳои муассирро роҳандозӣ намояд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди инфрасохтори кишвар қарзу грантҳоро тавассути лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб менамояд. Истифодаи самаранокии онҳо дар рушди мутавозин ва босуботи иқтисодиёти кишвар нақши муҳим дорад. Таҳлили интихобии харидҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ нишон доданд, ки дар мавриди хариди техникаю таҷҳизоти гаронарзиш ҳадафҳои аввалиндараҷа, яъне истифодаи сарфакоронаи захираҳои молиявӣ, таъмини сифати мол ва истифодаи дарозмуддати он, татбиқи механизмҳои кафолат ва назорати иҷрои уҳдадориҳои шартномавии молрасонон сарфи назар гардиданд. Бо дар назар доштани муҳиммияти истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои ҷалбшуда, тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозии низоми пешқадами хариди электронӣ дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ пешбиникардашуда ба мақсад мувофиқ аст, ки иҷрои талаботи мазкур дар портали электронӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи шарикони рушд ҷавобгӯ буда, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пеш бурда мешавад, ба роҳ монда шавад. Бо татбиқи ин иқдом омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, аз ҷумла дахолати беасос ва барзиёди инсонӣ ба ҷараёни озмунҳои дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ баргузоршаванда бартараф хоҳад гардид.
- Низоми муосири хариди электронӣ, ки дар асоси стандартҳои байналмилалӣ шурӯъ аз соли 2019 роҳандозӣ гардидааст, бо ҳамгироӣ бо низомҳои иттилоотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба пешгирии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва содагардонии расмиёт тавассути онлайн-бақайдгирии молрасонҳо ва пудратчиён бо услуби «як равзана», тасдиқи электронии мавҷуд набудани қарзи андоз, ирсоли электронии дархост барои баргузории озмунҳо ва пардохти ҳаққи иштирок дар озмунҳо мусоидат намуд. Бо дар назар доштани таҷрибаи кишварҳои пешқадам, ки тадриҷан технологияҳои иттилоотии зуд-зуд ихтироъшавандаро татбиқ менамоянд, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми хариди электронӣ бо расидан ба сатҳи нави ҳамгироӣ бо низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва бонкҳо тадбирҳо андешад.
- Мутобиқ гардонидани қонунгузории соҳаи хариди давлатӣ ба амалияи беҳтарин ва стандартҳои байналмилалӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хариди давлатӣ нақши калидӣ дошта, бо дар назар доштани ба марҳилаҳои аввалини амалисозии Стратегия рост омадани оғози фаъолият дар асоси қонунгузории нави соҳа, вазифаи асосии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин самт ва марҳилаи мазкур аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзонидани ташкилотҳои харидор ва таҳвилгарон барои фаъолият дар муҳити нав иборат мебошад. Тавре таҷрибаи андӯхташуда гувоҳӣ медиҳад, аксари масъулини ташкилотҳои харидор ба таври бояду шояд меъёру усулҳои бо қонунгузорӣ пешбинишударо амиқ дарк накарда, ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, ташкилоти харидор ва таҳвилгаронро худсарона маънидод мекунанд.
- Масъалаи дигари мубрами рӯз ин иҷро гардидани вазифаи мутахассиси харид дар муассисаю ташкилотҳо аз ҷониби шахсоне, ки дар як вақт мансаби дигарро ишғол менамоянд, мебошад. Ин ҳолат бинобар сарбории иловагӣ ба иҷрои самараноки вазифаҳои марбут ба харид таъсири манфӣ расонида, чунин шахсон ба гирифтани даромад ё ба ибораи дигар «ҷуброни моддӣ» манфиатдоранд. Пешбурди расмиёти хариди давлатӣ худ як ҷараёни дарозмуддат, мураккаб ва пурмасъул буда, манфиатҳои давлат, пеш аз ҳама, иҷро намудани вазифаҳои мутахассиси харидро дар шакли мансаби алоҳидаи касбӣ тақозо дорад. Касбикунонии хариди давлатӣ яке аз шартҳои муҳимми стратегияи дарозмуддати рушд маҳсуб ёфта, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ лозим меояд, ки якҷо бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати молия, инчунин дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати таҳияи барномаи дахлдори давлатӣ оид ба касбикунонии хариди давлатӣ чораҷӯӣ намояд.
- Мақсадҳои асосии низоми хариди давлатӣ таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, таъмини шаффофият ва рушди рақобат миёни таҳвилгарон муайян гардида, аз натиҷаи тадбирҳои дар доираи ислоҳот андешидашуда сарфаи маблағҳои давлатӣ сол ба сол афзуда, аз 40,9 миллион сомонӣ дар соли 2015 то ба 156,1 миллион сомонӣ дар соли 2019 расид. То замони ба роҳ мондани фаъолият дар портали хариди давлатӣ меъёри фоизии сарфаи ташкилотҳои харидори «соҳибихтисос» дар озмунҳои анъанавӣ, ки худашон мустақилона баргузор менамуданд, ба маротиб камтар буда (1,96 %), баъди ҷалб шудан ба Портал аз нимсолаи дуюми соли 2016 то инҷониб меъёри миёнаи фоизии сарфа (7,5-8,0 %) тамоюли афзоиш дорад. Шумораи молрасонҳо ва пудратчиён дар портали хариди давлатӣ 16 маротиба афзуда, шумораи миёнаи иштирокчиён дар озмунҳо низ зиёд гардидаст. Сарфи назар аз ин, теъдоди иштирокчиён на дар ҳама озмунҳо қаноатбахш буда, давлат дар симои ташкилотҳои харидор аз тамоми имкониятҳое, ки рақобати солим фароҳам меорад, баҳраманд нест.
- Барои рушди рақобат дар баробари роҳандозии низоми муосири хариди электронӣ, баланд бардоштани эътимоднокии таҳвилгарони эҳтимолӣ ба амалу қарорҳои ташкилоти харидор метавонад мусоидат карда, ба муносибати одилона нисбати риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии таҳвилгарон саҳм гузорад. Аз ин лиҳоз, таъсиси ниҳоди мустақил дар шакли комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии арзу шикоятҳо ҳавасмандии таҳвилгаронро ҷиҳати иштирок дар озмунҳо тақвият хоҳад бахшид.
- Ҷорӣ намудани усулҳои нави хариди давлатӣ, ки метавонанд дар рушди рақобат, ҳаддалимкон коҳиш додани эҳтимолияти сар задани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ саҳмгузор бошанд, бояд дар мадди аввал бошад. Аз ҷумла, усули «ауксиони бебозгашти электронӣ» дар асоси рақобати бо қадамҳои ауксионии пайдарпай амалишаванда ва «созишномаҳои қолабӣ» бинобар истисно намудани дахолати доираи шахсони «манфиатдор» имкон медиҳад, ки давлат дар самти муқовимат ба коррупсия ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
- Нақш ва вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ниҳоят афзуда, дар заминаи гузариши пурра ба низоми хариди электронӣ ва татбиқи аксари чорабиниҳои Стратегия тавассути он, иқтидори мақоми мазкур бояд ба талаботи замон мувофиқ бошад. Бо дар назар доштани тамоюли зиёдшавии назарраси теъдоди истифодбарандагони портали ягонаи хариди электронӣ, ки ташкилкунандагони озмун, ташкилотҳои харидор ва таҳвилгаронро дарбар мегирад, афзудани амалиётҳо, васеъ гардидани хизматрасониҳо ва ба роҳ мондани ҳамгироӣ бо низомҳои иттилоотии мақомоти дигари давлатӣ, таъсиси корхонаи давлатӣ ҷиҳати идоракунии маъмурӣ ва пешбурди портали ягонаи хариди давлатӣ дар назди мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқи мақсад мебошад. Таҷрибаи давлатҳои дигар дар ин самт аз бартариятҳои чунин муносибат гувоҳӣ дода, коршиносони байналмилалӣ низ бар он ақидаанд, ки тақсимоти ваколатҳои танзимӣ ва амалиётии мақомоти ваколатдор барои пешбурд, нигоҳдорӣ ва рушди самараноки портали хариди электронӣ зарур мебошад.
- Дар давраи истиқлолият бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат беш аз 100 ҳазор гектар замин ба зиёда аз як миллион оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ тақсим карда шудааст. Яъне беш аз 7 миллион сокини кишвар соҳиби қитъаи замин шуданд.
- Таҳлили вазъи риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи замин нишон дод, ки дар натиҷаи аз ҷониби баъзе сохтору мақомот дурусту одилона ба роҳ намондани тақсимоти замин ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин соҳа зиёд шуда истодаанд.
- Дар давраи солҳои 2015-2019 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои хариду фурӯши ғайриқонунии замин 1339 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст. Ин нишондиҳанда дар солҳои 2015 – 227, 2016 – 163, 2017 – 296, 2018 – 270 ва дар соли 2019 374 ададро ташкил медиҳад.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин категорияи ҷиноятҳо асосан бо мусоидату ҳамиштирокии роҳбарон ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, кумитаҳои заминсозӣ ва ашхоси дигари миёнарав содир карда шудаанд.
- Тақвият додани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти пешгирӣ кардани ишғоли худсаронаи қитъаҳои замин, ҳифзи заминҳои корам, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, алалхусус ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд ба мақсад мувофиқ мебошад.
- Баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои назоратии шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои зиёд вайрон намудани қонунгузории замин мушоҳида мешаванд, таҷдиди иловагиро талаб мекунад.
- Маълумоти оморӣ, муроҷиатҳои хаттиву шифоҳии шаҳрвандон, пурсиши афкори ҷомеа, таҳлил ва сарчашмаҳои дигари зарурӣ нишон медиҳанд, ки ба ғайр аз соҳаҳои дар боло овардашуда, мавҷудияти хавф, омил ва ҳолатҳои коррупсионӣ асосан дар мақомоти тафтишотию судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомоти корҳои дохилӣ (бозрасии давлатии автомобилӣ, хадамоти шиносномадиҳӣ, хадамоти оташнишонӣ), мақомоти иҷозатномадиҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, соҳаи барқ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва соҳаҳои дигаре, ки ба шаҳрвандон хизматрасонии гуногунро мерасонанд, афзалият доранд.
- Мақомоти дахлдорро зарур аст, ки пеш аз ҳама сарчашма ва сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсиониро дар соҳаҳои мазкур муайян намуда, ҷиҳати коҳиш ва бартараф кардани онҳо чораҳои зарурии пешгирикунандаи хавфу омилҳои коррупсиониро роҳандозӣ намоянд.
- Таҷриба нишон медиҳад, ки вобаста ба пешрафти босуръати ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза рӯз аз рӯз тарзу усулҳои нави содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ зуҳур карда истодаанд. Ин ҳолат водор месозад, ки роҳҳои нави муқовимат алайҳи ин падида дарёфт карда шуда, аз натиҷаи таҳлилҳои амиқи амалисозии Стратегия муқовимати илман асоснок тақвият бахшида шавад.
- Барои амалӣ намудани ин ҳадаф бояд як маркази тахассусии таҳлилию омӯзишӣ, ки ҳолатҳои коррупсиониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таҳлил ва арзёбӣ намуда, роҳҳои нави муқовиматро зидди амалҳои коррупсионӣ ошкор ва дар баробари ин, донишу таҷриба ва малакаи субъектҳои ба коррупсия бевосита муқовиматкунандаро такмил диҳад, таъсис дода шавад.
- Таҳлили амиқ, таҳқиқу натиҷабардорӣ ва банақшагирии муқовимати асосноки илмӣ, албатта, ки натиҷаовар хоҳад буд ва инро таҷрибаи соҳаҳое, ки дар доираи ташкилот барои пешрафти фаъолияти худ марказҳои омӯзишии такмили ихтисос доранд, собит сохтаанд.
- Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии мақомоти Агентӣ ин татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия маҳсуб ёфта, мақомоти мазкур ба ҳайси мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҷиҳати ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар муваззаф гардонида шудааст.
- Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба коррупсия дар баробари Агентӣ мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ низ субъектҳои ба коррупсия бевосита муқовиматкунанда дониста мешаванд ва ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия онҳо бояд мунтазам ба омӯзиш фаро гирифта шуда, донишу малакаашон такмил дода шавад.
- Дар назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани маркази таълимии такмили ихтисос барои субъектҳои ба коррупсия бевосита муқовиматкунанда, ки метавонад самараи дилхоҳ диҳад, ба мақсад мувофиқ аст.
- Дар маркази зикршуда ҳолатҳои коррупсионӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ пурра таҳлил ва арзёбӣ гардида, аз натиҷаи таҳлилҳо роҳҳои нави муқовимат ба коррупсия, ки илман асоснок карда мешаванд, дарёфт мегардад. Дар баробари ин, субъектҳои ба коррупсия бевосита муқовиматкунанда метавонанд, ки дар асоси донишҳои дар ин марказ такмилдодаашон барои пешгирӣ кардани хавфҳои коррупсионии тамоюли афзоишдошта чораандешӣ намуда, бо ин васила коррупсия дар ҷомеа тадриҷан коҳиш дода мешавад.
- 4. Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар
раванди муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи
маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ
- Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд ба паст кардани шиддати он мусоидат намоянд.
- То имрӯз дар кишвар як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда, аз қабили тарғиботу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дар самти омӯзиш ва баҳогузории масоили коррупсия дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми худро гузошта истодаанд ва дар ин самт тақозо карда мешавад, ки ҳар чӣ бештар иштироки онҳо дар раванди қабули барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ таъмин карда шавад.
- Воситаҳои ахбори омма дар самти тарғиботу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ нақши хеле муҳим доранд ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин самт ба паст кардани шиддати коррупсия дар миқёси кишвар мусоидат карда метавонад.
- Ҳамаи шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои миқёси ҷумҳуриро зарур аст, ки дар таҳия ва пешкаши аҳолӣ гардонидани маводи зарурӣ вобаста ба оқибатҳои вазнини ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ фаъолона ширкат намоянд ва бо ташкили барномаҳои махсус ва наворҳои видеоии кӯтоҳ аз оқибатҳои содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба аҳолӣ иттилоъ диҳанд.
- Дар замони рушди босуръати илму технология шабакаи интернет яке аз воситаҳои асосии паҳнкунандаи иттилоот буда, шумораи зиёди истифодабаранда дорад. Аз ин рӯ, ҳамаи субъектони муқовимат ба коррупсияро зарур аст, ки бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро тариқи сомонаҳои расмӣ пурзӯр намоянд.
- Нашри мақолаҳои тарбиявиву омӯзишӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия дар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷониби олимону муҳаққиқон мунтазам ба роҳ монда шавад.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои коррупсионии бақайдгирифташудаи солҳои охир, ки дар онҳо яке аз тарафҳо шаҳрвандон мебошанд, аз надонистани қонунгузории зиддикорррупсионӣ дар кишвар содир карда шудаанд.
- Ба мақсад мувофиқ аст, ки тавассути чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, огоҳсозӣ аз оқибатҳои коррупсия ва роҳҳои дигари самарабахш сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ баланд бардошта шуда, ҳамкории мутақобилаи судманд байни мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҷамоати шаҳраку деҳот ва қишрҳои дигари ҷомеа ба роҳ монда шавад.
- Боиси қайд аст, ки Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қарори Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2014, №4 тасдиқ гардида, комиссияҳои мазкурро зарур аст, ки фаъолияти худро дар муқовимат ба коррупсия ҷоннок намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
- 5. Мукаммалгардонӣ ва ислоҳоти низоми идоракунии назорати
давлатии молиявӣ
- Тавре таҷриба ва маълумоти омории ҳарсола нишон медиҳад, дар раванди идоракунии маблағҳои буҷети давлатӣ хавфҳои содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштае ҷой доранд, ки метавонанд ба татбиқи нақшаҳои пешбининамудаи давлат, рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсири манфии худро расонанд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз даврони истиқлоли давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба идоракунии маблағҳои буҷети давлатӣ халалворидкунанда мунтазам чораандешӣ менамояд.
- Мукаммалгардонии қонунҳо дар самти идоракунии молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ ва амалисозии муомилоти ғайринақдии пардохтҳои иҷтимоӣ, коммуналӣ ва хариди давлатӣ, амалӣ намудани як қатор чорабиниҳои назоратӣ вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ, санҷишҳо оид ба истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳо ва молу мулки давлатӣ, инчунин татбиқи ҷазоҳои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ нисбати шахсони масъул ва ғайра аз ҷумлаи чораҳое мебошанд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани хавфҳои содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар ин соҳа мунтазам андешида мешаванд.
- Айни замон истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ мустақиман аз ҷониби мақомоти марказии хазинадорӣ бо роҳи қабули ҳуҷҷатҳои асосноккунандаи хароҷоти маблағҳо ва ҷорӣ намудани низоми ғайринақдии хароҷоти маблағҳои давлатӣ, ки суратҳисоби ҳамаи ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ба он муттаҳид карда шудааст, аудитҳои дохилӣ, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои дигари санҷишии махсуси вазорату идораҳои давлатӣ назорат бурда мешаванд.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди гузаронидани санҷишҳои паиҳам аз ҷониби мақомоти дар ин соҳа назоратбаранда ва андешидани чораҳои дигари зарурӣ ҳуқуқвайронкуниҳо ва камбудиҳои зиёди коррупсионӣ, аз ҷумла азонихудкунии воситаҳои пулию молии давлатӣ, рӯйпӯшкунӣ ва саркашӣ аз супоридани андозҳою пардохтҳои ҳатмӣ, хусусигардонии ғайриқонунӣ ва шаклу усулҳои дигари расонидани зарари моддӣ ба давлат коҳиш наёфта истодаанд.
- Ҳарчанд дар соҳаҳои мақомоти андозу гумрук вобаста ба дурустии ҳисобу ҷамъоварии андозҳо, пардохтҳои гумрукӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ воҳидҳои санҷишии махсус фаъолият мекунанд ва бо вуҷуди он ки оид ба назорати истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ аудитҳои дохилӣ фаъолият доранд, вале ҳанӯз ҳам идома ёфтани содиркунии амалҳои коррупсионӣ, аз қабили рӯйпӯш намудани пардохтҳои андозию гумрукӣ, ба миқдори махсусан калон тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ, пулу моли ба тариқи кредит додашуда, ғариқонунӣ гирифтан ва додани кредит, сӯиистифодаи мансаб ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари ба коррупсия алоқаманд, ки тибқи таҳлилҳо рӯ ба афзоиш ниҳондаанд, сифатнокии санҷишҳои гузаронидаи ин мақомотро вобаста ба ҳимояи манфиатҳои давлатӣ зери шубҳа мегузорад.
- Сабабҳои асосии натиҷаҳои дилхоҳ надодани фаъолияти чунин воҳидҳо дар он аст, ки онҳо тобеи ҳамон вазорату идораҳо маҳсуб ёфта, табиист, ки дар чунин ҳолат мустақилияти онҳо ба таври зарурӣ таъмин карда намешавад ва бархӯрди манфиатҳои идоравӣ бошад, барои сари вақт пешгирӣ, ошкор ва чораҷӯӣ кардани ҳолатҳои коррупсионии ошкоркардашуда монеа шуда метавонад. Гузашта аз ин, ваколатҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ин воҳидҳо додашуда дар қиёс бо ваколатҳои ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, ки мақомоти олии назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ё бо ваколатҳои ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, ки мақомоти асосии назорати давлатии молиявӣ маҳсуб меёбад, маҳдуд аст.
- Дар таҷриба зиёданд ҳолатҳое, ки баъди санҷишҳои анҷомдодаи онҳо аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва Палатаи ҳисоб ҳолатҳои тасарруфи маблағҳои давлатӣ, расонидани зарарҳои зиёди молиявӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари коррупсионӣ ошкор карда мешаванд.
- Барои ислоҳоти низоми идоракунии назорати давлатии молиявӣ ҷиҳати пешгирии такроршавии функсияҳои назорати давлатии молиявӣ, санҷишҳои пайдарҳам, ки метавонанд норозигии субъектҳои тафтишшавандаро ба миён оваранд ва роҳ надодан ба пешниҳоди нишондиҳандаҳои сунъии оморӣ, ки ба раванди идоракунии маблағҳои буҷети давлатӣ халал ворид мекунанд, амалӣ намудани чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошанд:
– таҷдиди назар кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти идораи молияи давлатӣ бо мақсади дарёфти роҳҳои ба манфиати давлат ва ҷамъият таҳти низоми ягонаи назорати давлатӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдор вогузор намудани маҷмӯи функсияҳои назоратию санҷишии воҳидҳои аудитӣ;
– бо ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами мақомоти назорати давлатии молиявии давлатҳои муваффақ марҳила ба марҳила мукаммал гардонидани шаклу усулҳои гузаронидани чорабиниҳои назорати давлатии молиявӣ;
– андешидани чораҳои муассир ҷиҳати пешгирӣ намудани тасарруф ва ҳолатҳои дигари коррупсионӣ ҳангоми истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ бо мақсади таъмини шаффофият дар раванди иҷрои он;
– тавассути воситаҳои ахбори омма ба нашр расонидани натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ;
– бо мақсади аз байн бурдани муколамаи идоравӣ, омилҳои инсонӣ дар содиршавии амалҳои коррупсионӣ ва шаффофияти истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию хизматрасонии муосир.
- 6. Ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои инсонӣ
- Дар тасаввури умум иҷрои талаботи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон як низоми коргузории электронист, ки танҳо ба хизматрасониҳои давлатӣ маҳдуд мешавад. Вале дар асл он дар маҷмӯъ барои сохтани ҷомеаи иттилоотӣ ва низоми муайяни иттилоотӣ дар кишвар равона карда шуда, барои чунин шакл гирифтани муносибатҳои ҷамъиятӣ замина мегузорад ва бештар аз ҳама иштироки инсонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ҳамчун омили инсонӣ дар зуҳури амалҳои коррупсионӣ шароит ба вуҷуд меоварад, коҳиш ва бартараф менамояд.
- Афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, дар умум як коргузории муосирро ба миён меорад ва Ҳукумати кишвар гузаштан ба ин навъи муосири хизматрасониро пеш гирифтааст.
- Дар марҳилаи имрӯза бо истифода аз усулҳои ҳукумати электронӣ ҳарчк васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
- Ҳукумати электронӣ низоме мебошад, ки ҳамаи мақомоти давлатиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меоварад ва бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравиро таъмин месозад, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод мекунад ва ё арзу шикоятҳои онҳоро сари вақт баррасӣ менамояд.
- Дар меҳвари Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон иттилоот қарор дошта, самтбахши тариқи иттилоъ яке аз ҳадафҳои марказии он ба ҳисоб меравад ва ба таъмини маълумоту иттилооти электронию виртуалӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ин Консепсия як ҷузъи муҳимми иттилоърасониро ба миён оварда, метавонад дар пешрафти муносибатҳои нави иттилоотӣ саҳм бигирад. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумоту иттилооти расмк асосан тариқи интернет ва воситаҳои дигари телекоммуникатсионӣ сурат мегирад.
- Тадриҷан кам намудани муносибати бевоситаи шаҳрвандон бо шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ буда, ин раванд метавонад ба кам шудани омилҳои коррупсионӣ, поймол нашудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ба сарфа гардидани маблағҳои буҷетӣ ва худи шаҳрвандон, суръат гирифтани иҷрои корҳо, сари вақт гирифтани маълумоту иттилооти зарурӣ ва омилҳои дигари мусбӣ мусоидат намояд.
- Ташкил ва ба роҳ мондани ҳукумати электронӣ яке аз роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия эътироф карда шуда, тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст.
- 7. Муқовимат ба коррупсия тавассути татбиқи чораҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъат бахшидани муқовимат бо коррупсия тавассути татбиқи чораҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ заминаи ҳуқуқии муайян ҷой дошта, он мутаносибан дар маҷмӯи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ, маъмурӣ, меҳнат ва оинномаҳои интизомии соҳавӣ дарҷ гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қонунгузории зиддикоррупсионӣ то ба ҳол ба тақозои замони муосир ҷавобгӯ набуда, он барои паст намудани шиддат ва сатҳи коррупсия ба таври дилхоҳ мусоидат намекунад.
- Барои пешгирӣ ва коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мунтазам чораҳои зарурӣ андешида шуда, вобаста аз натиҷаҳои бадастомада ҷиҳати самаранокии муқовимат дар ин соҳа роҳҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 марти соли 2016, №1274 дар як қатор санксияи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ пешбинӣ намудаанд, ҷазои ҷарима дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҳамчун ҷазои алтернативӣ ворид карда шуд. Дар иртибот ба амалия ҷиҳати тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия ҷазои ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои номбурда, ки бо истифодаи мақоми хизматӣ (мансабӣ) содир мешаванд, пурзӯр гардида, аз баъзе қисмҳои таркибии моддаҳои дахлдори ин Кодекс ҷазои ҷарима хориҷ карда шуд.
- Таҷрибаи давлатҳои дар самти муқовимат ба коррупсия муваффақ нишон медиҳад, ки ҷиҳати паст намудани сатҳи коррупсия сараввал бояд муқовимат дар зинаҳои поёнии маъмурӣ ҷоннок карда шавад.
- Бо ин мақсад лозим дониста мешавад, ки барои гирифтани пораи камаҳамият ҷавобгарии маъмурӣ ва барои гирифтани пораи хурд, гирифтани пора (умумӣ), аз ҷумла пора ба миқдори калон ҷавобгарии ҷиноятӣ бо нишон додани ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии он пешбинӣ карда шавад. Барои ҷинояти пораи хурд (миқдори кам) ҳамчун ҷинояти алоҳидаи категорияи начандон вазнин шарти тафтиши пешакии ҳатминабуда муқаррар шуда, ҷинояти гирифтани пора (умумӣ) ҳамчун ҷинояти алоҳидаи категорияаш начандон вазнин, миёна ва вазнин (вобаста ба андозаи предмети пора) пешбинӣ карда шавад.
- Ҷиҳати тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия зарурати омӯзиши масъалаи пурзӯр намудани ҷазои ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои бо истифода аз мавқеи хизматӣ содиргардида ҷой дорад. Дар ин раванд ба мақсад мувофиқ мебошад, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ба фасл ё боби алоҳида ҷудо карда шуда, санксияҳои онҳо такмил дода шаванд. Аз ҷумла, ҷавобгарӣ барои ҷинояти тасарруфи молу мулки ғайр новобаста аз шакл ва тарзи содиркунии он, ки хусусияти коррупсионӣ дорад, бояд дар як моддаи Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, масъалаи бекор кардани ҷазои алтернативӣ дар намуди ҷарима барои такроран тасарруф намудани молу мулк баррасӣ карда шавад.
- Таҳлили маълумоти оморӣ собит менамояд, ки на ҳамаи ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо, ки ба феҳрасти ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ мансуб мебошанд ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуда истодаанд. Сабаби нисбатан кам ва ё тамоман ошкор нагардидани баъзе аз ҷиноятҳои коррупсиониро чунин шарҳ додан мумкин аст, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар дараҷаи муайян қарор надошта, аз ин ҳисоб субъектони ҷиноят ҳоло ба марҳилаи тарҳрезӣ ва содир намудани ин гуна ҷиноятҳо нарасидаанд. Ё худ тартиби ошкор ва тафтиш намудани бархе аз ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар марҳилаҳои гуногуни содиршавии онҳо коркард ва дар амал қарор нагирифтааст.
- Тибқи натиҷаи «Баҳодиҳии миллии хавфҳо», ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 гузаронида шудааст, дар қатори муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир, коррупсия ва ҷиноятҳои марбут ба андоз низ ҳамчун хавфи қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда арзёбӣ шудаанд. Аммо фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти ошкор ва тафтиши пешакии ҷиноятҳо марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда нокифоя буда, беҳбудиро талаб мекунад.
- Дар аснои омӯзиши таҷрибаи пешқадам таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ оид ба тарз, усул, хусусиятҳои хос ва механизмҳои муосири ошкор ва тафтиши пешакии бархе аз ҷиноятҳои коррупсионӣ, бахусус ҷиноятҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ба мақсад мувофиқ мебошад.
- Дар як маврид, бо дар назар доштани рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва аҳамиятнокии худро гум кардан декриминализатсияи баъзе ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ё мавриди таҷдиди назар қарор додани онҳо лозим мебошад.
- Дар таҷриба аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти назоратӣ пайваста ҳолатҳои рӯйпӯш намудани зарари молиявӣ ё зарари дигари моддии воқеан ҷойдошта, пинҳонкунии андозҳо, пардохтҳои гумрукӣ ё пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет ҳангоми гузаронидани санҷиш ё тафтиш ҷой дошта бошад ҳам, аммо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани чунин кирдори барои ҷамъият хавфнок ҷавобгарӣ пешбинӣ нагардидааст. Аз ин рӯ, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳои марбута зарур мебошад.
- Дар марҳилаи аввали дар таҳрири нав қабул шудани Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тафтиши парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ танҳо ба салоҳияти мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия вогузор шуда буд. Вале бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин меъёри қонун, ба ғайр аз муфаттишони мақомоти махсусгардонидаи мубориза бо коррупсия, инчунин прокурор, муфаттишони мақомоти прокуратура ва мақомоти дигари тафтишотӣ ваколати тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии коррупсиониро доро гардиданд.
- Ҳолатҳои аз ҷониби якчанд мақомот гузаронидани тафтиши пешакии парвандаҳои ҷинояти коррупсионӣ мушоҳида мешавад, ҳол он ки яке аз сабабҳои асосии таъсис додани мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ мебошад.
- Бо мақсади бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасии масъалаи тобеияти тафтишоти парвандаҳои ҷинояти коррупсионӣ ба миён меояд.
- Бо роҳи омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри ба тақозои замони муосир ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қонунҳои дахлдор таҳия ва қабул карда шаванд.
- Самти дигари афзалиятноки муқовимат ба коррупсия ин муайянсозӣ ва ба танзим даровардани низоми эъломиякунонӣ ва интишори маълумот оид ба даромадҳо, уҳдадориҳо ва молу мулки шахсони мансабдор, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва хешовандони наздики онҳо буда, барои вусъат бахшидани ин раванд бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
- Бо қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор тамоми молу мулк ва дороиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус шахсони мансабдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда қонунӣ гардонида шуда, номбурдагон сарчашмаи пайдоиши шубҳаноки ин молу мулкро ошкор намоянд ва минбаъд аз ҳама гуна ҷавобгарӣ барои бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани он эмин гарданд.
- Қонун дар бораи эъломиякунонӣ ва интишори маълумот оид ба даромадҳо, уҳдадориҳо ва молу мулки шахсони мансабдор, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва хешовандони наздики онҳо қабул гардида, тавассути он тартиб ва уҳдадории шахсони болозикр оид ба пешниҳоди саривақтии эъломия ба мақомоти андоз, санҷиши дурустии маълумоти пешниҳодшуда аз тарафи мақомоти ваколатдор ва ҳангоми дар эъломия ҷой доштани маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ масъалаи коркарди механизми татбиқи ҷавобгарӣ мувофиқи мақсад аст.
- Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе аз меъёрҳои алоҳидаи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки механизми татбиқи амалии онҳо ба қоида ва тартибҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба кодексҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриву ҷиноятӣ ҳавола карда мешаванд, бинобар то ин муддат таҳия ва пешбинӣ карда нашудани чунин санадҳо ва меъёрҳо амалӣ намегарданд.
- Ҳолатҳои мазкур яке аз намудҳои фаъолияти осебпазир маҳсуб ёфта, дар интиҳо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд дар ҳар шакле, ки набошад, шароит ба вуҷуд меоваранд.
- Дар моддаи 2 иловаи 2 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри хариду фурӯши ҳуқуқи истифодаи замин пешбинӣ карда шудааст, вале оид ба механизми амалишавии он ягон қоида ва ё тартиби муайян вуҷуд надорад, ки оқибати ҳолати мазкур барои афзоиши содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти хариду фурӯши ғайриқонунии замин боис гардидааст.
- Ба ҳамин монанд тибқи муқаррароти Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мақоми ваколатдори баррасикунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 649 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбиникардашуда суд муайян карда шудааст. Вале тобеияти ошкори он пешбинӣ нагардидааст. Ошкори ҳолатҳои мазкур дар фаъолияти мақомоти Агентӣ, Палатаи ҳисоб ва воҳидҳои аудити дохилии вазорату идораҳо ҷой дошта, вале аз ҷониби мақомоти дигари ваколатдор бинобар берун аз салоҳият будан ошкор карда намешаванд ва ҳолатҳои ошкоргардида аз ҷониби ягон мақомот, бинобар дар Кодекси мурофиаи маъмурӣ нишон дода нашудани тобеият, ошкор карда намешаванд. Аз ин рӯ, масъалаи тобеияти ошкор ва тафтишоти маъмурии моддаи 649 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон то баррасии судӣ бояд ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта таҷдиди назар карда шавад, то ки меъёри мазкур дар таҷриба татбиқ гардад.
- Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 279 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ додани пул, қоғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар ба шахсе, ки дар корхонаи тиҷоратӣ ё корхонаи дигар вазифаи идоракуниро ба ҷо меорад ва аз тарафи ҳамин шахс ғайриқонунӣ гирифтани ин предметҳо, дар моддаҳои 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора, 320 барои додани пора, 321 барои иғвои порадиҳӣ, 324 барои гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ва 325 барои додани мукофот ба хизматчӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Дар баробари ин дар моддаи 656 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ гирифтани подош, яъне барои аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои муайянро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба тариқи пул, хизматрасонӣ ва роҳҳои дигар гирифтани ҳар навъ подоши иловагӣ, ба шарте ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд ва дар моддаи 671 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошад, барои ба шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои давлатиро иҷро мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоида ҷиҳати моил кардани онҳо ба кирдори (амал ё беамалии) муайян ба манфиати пешниҳодкунандаи ин неъмату хизматрасониҳо, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ҷавобгарии маъмурӣ муайян гардидааст. Вале дар қонунгузориҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ меъёри мушаххас вуҷуд надорад, ки он кирдорҳои дар боло овардашударо дақиқ муайян намояд, ки онҳо дар кадом маврид бояд ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баҳо дода шаванд. Моддаи 671 Кодекси мазкур бошад, ҷавобгарии маъмуриро барои ба шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои давлатиро иҷро мекунанд (ва ба шахсони ба онҳо баробаркардашуда) пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддиро дар сурате муқаррар кардааст, ки агар дар кирдори содиршуда аломатҳои ҷиноят ҷой надошта бошад. Вале барои муайян намудани он ки дар кадом ҳолат дар гирифтану пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ ба шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аломати ҷиноят ҷой надорад, меъёри мушаххас вуҷуд надорад.
- Дар таҷриба дар аснои татбиқи ин кирдорҳо мушкилиҳои зиёд пеши рӯ меоянд ва моддаҳои 656 ва 671 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ки татбиқ намегарданд.
- Ягона меъёре, ки байни кирдори ҷиноятӣ ва маъмурӣ дар гирифтану додани пул, қоғазҳои қиматнок, молу мулки дигар ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, подош, неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоида тафовут ба вуҷуд оварда, кирдорро мушаххас мегардонад, ин андоза ва арзиши предмети ришва, пора, мукофот ва подош мебошад.
- Ҳолатҳои дар банди 148 овардашуда пурра омилҳои коррупсионӣ маҳсуб ёфта, сабабу шароитҳое мебошанд, ки онҳо барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҳаматарафа мусоидат менамоянд.
- Зарурати таҳия ва қабули маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи механизми татбиқи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, қонунҳои нави соҳавӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории амалкунанда ҷой дорад.
- 8. Экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо
- Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ пурра ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш меояд.
- Васеъ будани амалия аз назария ва вазъи тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешрафти ҷаҳони муосир имкон намедиҳад, ки қонунгузор ҳамаи нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятиро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мукаммал, бидуни ихтилофҳои меъёрӣ, расмиёти маъмурӣ ва намудҳои дигари осебпазир пешбинӣ намояд.
- Яке аз сабабҳои пайдо шудани омилҳои коррупсионӣ ин аз номукаммал будани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии босифат ва асоснок тақозои замон мебошад. Зеро муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, ҳаматарафа ва мушаххас намудан, шаффоф будан, сода ва фаҳмо ифода ёфтани меъёрҳои он кафолати таъмини қонуният буда, низоми давлатдориро мустаҳкам мегардонад.
- Шаҳодати яке аз чораҳои самараноки пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ маҳсуб ёфтани ин раванд дар он ифода меёбад, ки тибқи таҳлилҳо дар соли 2019 аз ҷониби мақомоти Агентӣ 1247 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, дар 111 лоиҳаи он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуда, ҷиҳати ислоҳ ва такмил додани онҳо ба 255 лоиҳа таклифҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ пешниҳод карда шудаанд.
- Гарчанде солҳои охир аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунанда фаъолият дар ин раванд тақвият ёфта бошад ҳам, вале ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар, поймол ва ё маҳдуд намудани ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷамъият ва шаҳрвандон, ба эътибор нагирифтани манфиатҳои давлатӣ ва идоравӣ, кӯшиши ба худ гирифтани ваколату салоҳияти дигар сохтору идораҳои давлатӣ, беасос қабул намудани санадҳо, талаботи барзиёд пешбинӣ намудан ба шаҳрвандон ва ғайра ҷой доранд, ки ҳолатҳои мазкур низ ҳамчун омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дониста мешаванд.
- Новобаста аз он ки дар ҷараёни қонунгузорӣ заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия фароҳам оварда шудаанд, ҳанӯз дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, яъне сода ва фаҳмо ифода намудани мафҳумҳо, риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои дигар, ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон, роҳ надодан ба такрор намудани вазифа ва функсияҳои сохторҳои дигари давлатӣ, роҳ надодан ба манфиатҷӯӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун ба субъектони алоҳида норасоиву ихтилофоти меъёрӣ ҷой дошта, онҳо бояд танҳо бо роҳи гузаронидани экспертизаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартараф карда шаванд.
- Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муайян намуд, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалӣунанда низ омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия мавҷуд буда, дар ин асно зарур аст, ки экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур ва лоиҳаҳои онҳо бояд тақвият бахшида шавад.
- 9. Тақвият бахшидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ
- Дар қатори чорабиниҳои дигаре, ки дар маҷмӯъ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия пешбинӣ карда шудаанд, нақши аз ҳама асосӣ ва муҳимро чораҳое дар бар мегиранд, ки онҳо бо мақсади пешгирӣ кардани коррупсия ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда равона карда мешаванд.
- Барои пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама, сарчашмаи пайдоиши он бояд муайян ва ошкор карда шавад. Зеро бидуни ошкор кардани сабабҳои зуҳури ҳолатҳои коррупсионӣ муқовимат алайҳи ин падидаи номатлуб мушкил мегардад. Воқеан муайян намудани сарчашма имкон медиҳад, ки паҳн ва реша давонидани ҳама гуна ҳолатҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шаванд.
- Яке аз роҳҳои самарабахши ошкору муайян намудани сарчашма ва сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ ин дар тамоми вазорату кумитаҳо, мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектони хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи сармояи оинномавии онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд (минбаъд – ташкилотҳо), бо мақсади ошкор, бартараф ва ё коҳиш додани хавфу омилҳои институтсионалӣ (ниҳодӣ) мунтазам гузаронидани таҳлили фаъолият мебошад.
- Ин раванд яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия маҳсуб ёфта, бояд давра ба давра тақвият дода шавад. Зеро мавҷудияти ҳар як хавф ва ё хавфи эҳтимолии дар минбаъда падидоянда вобаста ба таъсирнокии худ метавонад ба пешрафти фаъолияти ташкилот таъсири манфии худро расонида, минбаъд барои боз ҳам бартарӣ гирифтани хавфҳои ҷойдошта, зуҳур кардани хавфҳои эҳтимолӣ ва пайдо шудани хавфҳои дигари коррупсионӣ дар ҳар шаклу усул мусоидат намояд.
- Маҳз, тариқи гузаронидани чунин таҳлил дар фаъолияти ҳар як ташкилот хавфҳои коррупсионӣ, аз қабили мавҷуд набудан ва ё нопурра будани меъёрҳои батанзимдароранда, номукаммалии муқаррарот, огоҳӣ надоштани кормандон аз мавҷудияти меъёрҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои коррупсионӣ, амалан татбиқ нагардидани меъёрҳои мавҷуда ва ғайра хавфҳо, ки онҳо вобаста ба омилҳои худ метавонанд гуногун бошанд, ошкор карда мешаванд.
- Тақвияти амалигардонии таҳлили хавфҳои коррупсионӣ бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардад. Зеро дар асоси талаботи методологияи мазкур таҳлили фаъолият бояд мунтазам, зина ба зина, вобаста ба хавфҳои дар ҷараёни амалигардонии нақшаи амал ошкоркардашуда гузаронида шавад.
- Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ошкори хавфу омилҳои институтсионалӣ ва бартарафу коҳиш додани онҳоро дар се давра, яъне давраи таҳлили шароити пешакӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта, баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои ошкоргардида пешбинӣ мекунад.
- Давраи якум давраи омӯзиш аст ва дар раванди он бояд бо мақсади муайян намудани намудҳои осебпазири фаъолият қонунҳои соҳавӣ, низомнома, ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бевосита фаъолияти дохилию берунии ташкилотро ба танзим медароранд, пурра таҳлил карда шаванд.
- Дар давраи мазкур ҷиҳати муайян намудани сатҳи мутобиқати вазифаҳо, салоҳиятнокӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои дигари ташкилоти таҳлилшаванда бояд сохторҳои ташкилии ин ташкилот мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирад.
- Омӯзиши қоидаҳои одоби дар ташкилот мавҷудбуда, яъне рафтор, вазифашиносӣ, муомилот, этика ва маҷмӯи дигари принсипҳои ахлоқӣ ва арзишҳое, ки кормандон дар аснои амалӣ намудани фаъолияти дохилӣ ва берунии ташкилот бояд дар худ таҷассум намоянд, пешбинӣ карда мешавад.
- Таҳлили шароити пешакӣ имкон медиҳад, ки тавассути омӯзиш дар фаъолияти ташкилот хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта ва эҳтимолӣ ошкор карда шуда, ҷиҳати бартарафу коҳиш додани онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро хавфҳои дар қонунҳои соҳавӣ, низомнома, санадҳои меъёрк ва меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи фаъолияти дохилию берунии ташкилот, дар сохторҳои ташкилӣ ва қоидаҳои одоби ташкилот мавҷудбуда ҳатман ки то бартараф ва коҳиш дода шуданашон давомнок маҳсуб ёфта, ҷиҳати зуҳури хавфҳои падид омаданашон эҳтимолӣ дар ҳар шакл мусоидат мекунанд ва бинобар ин сабаб онҳо ба гурӯҳи хавфҳои авлавиятдошта маҳсуб дониста мешаванд. Ҷиҳати дар навбати аввал бартараф кардани хавфҳои афзалиятдошта, ки онҳо аз рӯи таъсирнокиашон давомнок ва сабабгори воқеии падид омадани хавфҳои дигари эҳтимолк мегарданд, чораҳои муассир андешида шаванд.
- Давраи дуюмро давраи ҷамъоварии маълумот дар бораи хавфҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ низ донистан мумкин аст. Дар ин давра маълумот дар бораи хавф ва омилҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама, аз натиҷаи таҳлили муқовимати худи ташкилот ба хавфҳои коррупсионӣ, ки тибқи замимаи 1-и Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) аз рӯи 26 ҷанба ҷамъоварӣ мегарданд, гирифта мешавад.
- Барои санҷиши дурустии маълумоти бадастомада аз рӯи замимаи 2 пурсиши кормандон гузаронида шуда, барои ошкори хавфҳои ҷойдошта ва эҳтимолӣ ҷавоби кормандон бо замимаи 3-и Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) қиёс мегарданд.
- Дар баробари гузаронидани амалҳои мазкур, ҳамчунин маълумот дар бораи хавфҳои коррупсионӣ аз рӯи муносибати мутақобилаи ташкилот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне тарзу тартиби баррасии муроҷиатҳо, сатҳи шаффофияти фаъолияти ташкилот, сомонаи интернетии он, муносибати ташкилот бо васоити ахбори омма ва ғайра, аз ҳисоби маълумот дар бораи амалҳои мушаххаси коррупсионии дар ташкилот содиршуда, маълумоти оморӣ оид ба вазъи коррупсия дар ташкилот, аз рӯи бозназарии иттилооти бунёдӣ, натиҷаи таҳқиқоти иҷтимоӣ ва аз натиҷаи маълумоти гурӯҳҳои мақсаднок ҷамъоваркӣ карда мешаванд.
- Сарчашмаҳои иттилоотии давраи дуюми таҳлил имкон медиҳанд, ки дар хусуси мавҷудияти хавфҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ, дараҷаи таъсирнокӣ ва эҳтимолияти воқеӣ доштани пайдоиши онҳо дар алоҳидагӣ, ҳамзамон дар умум низ маълумоти кофӣ ба даст оварда шавад.
- Дар давраи сеюм бояд хавфу омилҳои воқеӣ ва эҳтимолии дар давраҳои омӯзишу маълумотгирӣ ошкоркардашуда аз рӯи авлавияташон гурӯҳбандӣ карда шуда, барои бартарафу паст кардани шиддати онҳо нақшаи мукаммал тартиб дода мешавад. Яъне, барои рафъ ва коҳиш додани онҳо, пеш аз ҳама, бартараф намудани хавфҳои воқеии муҳим, эҳтимолии аз андоза зиёд, минбаъд хавфҳои муътадилу ҷузъии воқеӣ ва ҳадди миёнаю ҷузъии эҳтимолӣ ба нақша гирифта мешаванд, ки муҳлати татбиқи нақша наметавонад аз ду сол зиёд бошад.
- Қайд кардан ба маврид аст, ки бо тартиб додани нақша танҳо таҳлили фаъолияти ташкилот ба охир мерасад, вале дар минбаъда бо мақсади муайян намудани самарабахшии натиҷаҳои татбиқи тавсияҳо таъмини иҷрои татбиқи нақша бояд аз нав таҳлил ва баҳо дода шавад.
- Аз рӯи натиҷаҳои таҳлил ва баҳодиҳии такрорӣ нақша тартиб дода шуда, бо мақсади бартараф кардани хавфҳои мавҷуда ва эҳтимолӣ, ки дар рафти азнавтаҳлилкунӣ ва баҳодиҳӣ ошкор карда мешаванд, тавсияҳо дода шуда, ба ҳамин тартиб хавфу омилҳои воқеӣ ва эҳтимолии дар ташкилоти таҳлилшаванда мавҷудбуда бо роҳи таҳия ва такмили мунтазами меъёрҳои танзимкунандаи намудҳои осебпазири фаъолият, гузоштани меъёрҳои таҳримк, ки ҷиҳати татбиқи амалии талаботи санадҳо равона карда мешаванд, аз байн бурдани минтақаи ноаён, бурдани назорат ҷиҳати пешгирии амалҳои инфиродӣ ва ғайраҳо батадриҷ, давра ба давра бояд бартараф ва коҳиш дода шаванд.
- 10. Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ
дар раванди пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия
- Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки коррупсия ба зуҳуроти фаромиллӣ мубаддал гашта, ба ҷомеа ва иқтисодиёти ҳамаи давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад ва дар пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия муҳим аст, ки ҳамкориҳои зичи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.
- Ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳангоми якҷо амал кардани ҳукуматҳои миллӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва коршиносон ҳамчун усули муассири самарабахши муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб меравад.
- Муқовимат ба коррупсия дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бо роҳи рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, афзоиши нуфузи сиёсии шабакаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани фаъолнокӣ ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад самарабахш бошад.
- Барои таъмини самаранокии кӯшишҳо дар муқовимат ба коррупсия ба роҳ мондани чораҳои зерин зарур аст:
- гузаронидани мониторинги татбиқ ва амалигардонии санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зиддикоррупсионии эътирофнамудаи Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, инчунин тасдиқ намудани онҳо;
- бастани созишнома, шартномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба оид ба ҳамкории бевосита байни мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳо;
- таҳким бахшидани робита байни мақомоти ваколатдор ҷиҳати таъмини босуръату боэътимоди мубодилаи иттилоот оид ба тамоми ҷабҳаҳои ҷинояткории коррупсионӣ ва гузаронидани тафтишот;
- омӯзиш ва мубодилаи таҷриба байни мақомоти муборизабаранда бо коррупсияи давлатҳо, инчунин бо ҷалби коршиносон;
- гузаронидани чорабиниҳои зиддикоррупсионии байналмилалию минтақавк, аз қабили конфронс, семинарҳо, барномаҳои омӯзишӣ ва мизҳои мудаввар дар сатҳи ҷумҳурӣ.
БОБИ 4. МЕХАНИЗМИ АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯ
- Амалигардонии Стратегия тавассути фаъолияти якҷояи мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ дар ҳамоҳангсозӣ бо Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
- Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ба инобат гирифтани пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва бо мақсади татбиқи пурраи ҳадафҳои дар барнома пешбинишуда ба ду марҳила тақсимбандӣ карда шуда, дар он вазифа, натиҷаҳои маъмулӣ, муҳлати иҷро ва иҷрокунандагони чорабиниҳо пешбинӣ карда шудааст.
- Барои амалисозии самараноки мақсад ва вазифаҳои дар Стратегия пешбинигардида аз ҷониби ҳамаи иҷрокунандагон вобаста ба соҳаҳо бояд сараввал дар заминаи барномаи Стратегия барномаи идоравии (соҳавии) зиддикоррупсионӣ таҳия карда шавад, ки он тамоми давраи амалисозии Стратегияро дарбар гирад.
- Барои давра ба давра амалисозии Стратегия сараввал дар сохтор ва дар асоси он дар зерсохторҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо нақшаҳои дигари амалисозӣ ва иҷрои барномаи идоравии (соҳавии) зиддикоррупсионӣ барои ҳар ду сол таҳия ва тасдиқ карда шавад.
- Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ, ки барои ду сол таҳия мегардад, бояд ба нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия мутобиқ бошад ва чорабиниҳоеро дарбар гирад, ки вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар дар таъмини иҷрои он аз рӯи самти фаъолият ба ҳайси иҷрокунандаи асосӣ ва ё ҳамиҷрокунанда масъул бошанд.
- Барнома ва нақшаҳои дохилиидоравӣ бояд аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар тасдиқ карда шуда, назорати таъмини иҷрои саривақтии бандҳои он ба зиммаи роҳбарони аввал вогузор карда шавад.
- Дар сурати иҷро нашудани бандҳои дар нақшаи қаблӣ пешбинишуда, иҷрои онҳо бояд аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар дар солҳои минбаъда таъмин карда шавад.
- Иҷрокунандагон уҳдадоранд дар заминаи нақшаи мукаммали таҳиягардида аз тамоми имкониятҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, истифода намуда, бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории иловагӣ таъмини воқеии чорабиниҳои пешбинигардидаро амалӣ намоянд.
- Тартиби амалишавии Стратегия дар фароҳам овардани муносибати маҷмӯӣ ба ташаккули низоми чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳамбастагӣ баррасӣ намудани онҳо, пайдарпай амалӣ намудани чорабиниҳо, ошкорбаёнӣ ва ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ифода меёбад.
БОБИ 5. МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ СТРАТЕГИЯ
- Натиҷаҳои асосии амалисозии Стратегия аз беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, сари вақт ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, инчунин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ, мубориза ва коҳиш додани тамоюли афзоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.
- Барои таъмини иҷрои муваффақонаи Стратегия, пеш аз ҳама, таҳти назорати қатъӣ қарор додани рафти таъмини иҷрои он, инчунин ташкил ва амалинамоии мониторинги Стратегия нақши муҳимро иҷро менамояд. Мониторинги Стратегия ин маҷмӯи чораҳои назоратӣ, санҷишӣ, таҳлилӣ, маълумотӣ ва арзёбии тадбирҳо бо мақсади амалисозии шаффофи Стратегия ва нақшаи чорабиниҳои он вобаста ба вазъияти воқеӣ инчунин пешравиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии ҷомеа ва давлатро дарбар мегирад.
- Ҳангоми таҳияи ҳисобот оид ба пешрафти амалисозии чорабиниҳои дахлдори Стратегия ба инобат гирифтани афкори ҷомеа, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бахши соҳибкорӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва провайдерҳои хизматрасонӣ ба мақсад мувофиқ аст.
- Баҳодиҳӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои зерини амалисозии Стратегия амалӣ карда мешавад:
- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешгирии коррупсия;
- таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бахши соҳибкорӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия;
- ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бо мақсади таъмини эҳтиром ва риояи талаботи конунгузории амалӣунанда дар самти муқовимат ба коррупсия;
- сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта.
- Яке аз роҳҳои асосии баҳодиҳии сатҳи коррупсия ин баргузор намудани тадқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ арзёбӣ мегардад. Зеро муайян намудани ҳолати воқеии мавҷудияти коррупсия дар ин ва ё он соҳа имконият медиҳад, ки роҳҳои нав ва самарабахши муқовимат ба коррупсия коркард ва роҳандозӣ карда шавад. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки ҳадди ақал дар панҷ сол ду маротиба тадқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ баргузор карда шавад.
- Натиҷаҳои маъмулии ҳисоботи амалисозии Стратегия дар воситаҳои ахбори омма ҷойгир карда шавад.
- Мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол гузаронида ва аз натиҷааш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол мегардад.
- Давра ба давра амалисозии муқаррароти Стратегия ба воситаи нақшаи чорабиниҳо, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, таъмин мегардад.