Пешгирии коррупсия таҳкими сулҳу субботи ҷомеа.
Яке аз мушкилотҳои имрўзае, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро фаро гирфтааст, ин проблемаи коррупсия мебошад. Вобаста ба ин ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа Ҳукумати мамлакат сол то сол чораҳои гуногуни қатъӣ меандешад. Махсусан, қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва ратификатсия намудани санадҳои байналхалқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия далели ин гуфтаҳост. Зимни як ҳамоиш ин нуқтаро роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳуии Тоҷикистон таъкид доштанд. Мавсуф зикр намуданд, ки ҳар як фарди ватадўст ва худогоҳ бояд аз ин зуҳуроти номатлуб худорӣ намояд. Боиси тазаккур аст, ки коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самаранокии ниҳодҳои бозаргонӣ мебошад.
Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида оқибатҳои нохушро бабор меоварад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида баҳри амали намудани он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.
Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.