Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Сарвазири Покистон
14 декабр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт.
Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хоса омода гардидааст.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.
Баъди садо додани сурудҳои миллии ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо ҳайатҳои расмии дуҷониб шинос шуданд.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон нахуст бо мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф оғоз гардид.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва меҳмоннавозию истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Покистон изҳор доштанд.