Иштирок дар ҷаласаи дувоздаҳуми Конфронси тарафҳои Комиссияи иктисодии СММ оид ба Аврупо

Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии Вазорати
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Хадамот – Мирзозода
Ардашери Абдуғаффор – муовини Сардори Хадамот ва Шарипов Фирдавс
Субҳиевич – мутахассиси пешбари Хадамот ҷиҳати дар чаласаи
дувоздахуми Конфронси тарафхои Комиссияи иктисодии СММ оид ба Аврупо
(UNECE) дар бораи таъсири фаромарзии садамаҳои саноати, ки аз санаи
29 ноябр то 1 декабри соли 2022 ба шањри Женеваи Швейтсария баргузор
гардид, иштирок намуданд.

Дар конфрони тарафхои Конвенсияи таъсири фаромарзии садамахои
саноатии Комиссияи иќтисодии СММ оид ба Аврупо (UNECE) тарафхои
Конвенсия (42 давлат) ва намояндагони давлатхое, ки дар доираи
лоихахои марбут ба фаъолияти Конвенсия хамкори менамоянд, иштирок
намуданд.

Дар кори чаласаи конфронс 20 мавзўъ, аз он чумла, тачлили 30-солагииКонвенсия, харитаи рох барои амалиёт оид ба баланд бардоштани  бехатарии партовгоххои саноати кўхи дар минтакаи Комиссияи иктисодии СММ оид ба Аврупо ва берун аз он, пешгирии ифлосшавии обхо, хавфхои нав, семинар оиди идоракунии хавфхои технологии садамахо, ки дар натичаи офатхои табии ба амал меоянд, мавриди барраси ќарор дода шуданд. Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамахои саноати 17 марти соли 1992 дар шахри Хелсинки ба имзо расонида шуда, соли чори дар Конфронси тарафхо 30-солагии он тачлил гирифта шуд. Дар рафти конфронс аз чониби тарафхои Конвенсия аз рўи навбат баромад намуда, вобаста ба пешравихои
соха маърузахо намуданд.
Вобаста ба банди 8 рўзномаи Конфронс – “Кўмак ба давлатхои Аврупои
шарки ва чанубу шарки, Кавкоз ва Осиёи Маркази” аз чониби Мирзозода А.А. – муовини сардори Хадамот дар мавзўи “Ҳамкорихои Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо таҳти Конвенсияи таъсири фаромарзии садамахои саноати” бо забони англиси баромад намуда, доир ба захирахои бузурги энергетии, оби ва канданихои фоиданок,
хамкорихои Точикистон бо Комиссияи иктисодии СММ оид ба Аврупо,
семинар ва тренингхои гузаронидашуда, таъсиси расмии гурўхи кории
байниидорави оид ба бехатарии полоишгоххо ва пешгирии ифлосшавии
садамавии обхо, чорахои Хадамот барои пешгирии садамахо ва омодагии
Хадамот барои хамкорихои оянда маъруза намуд.

Баъди баромади МирзозодаА.А., аз чониби раисикунандаи Конфронс барои иштироки фаъолонаиТочикистон дар лоихахои Комиссияи иќтисодии СММ оид ба Аврупо, таъсисигурухи кории байниидорави дар Точикистон баҳои баланд доданд.