Ҳайати Саридораи геологияи Тоҷикистон дар Анҷуман ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» дар Тошканд иштирок дорад

Имрӯз дар шаҳри Тошканд  Анҷуман ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» ба кор оғоз намуд. Тоҷикистонро дар ҳамоиш ҳайати Саридораи геологияи назди Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сардори идораи мазкур Илҳомҷон Оймуҳаммадзода намояндагӣ дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Саридораи геология Мавҷуда Анварӣ иттилоъ дод.

Ҳадафи баргузории анҷумани мазкур ба рушди саноати кӯҳии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон  Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон равона гардида, дар доираи он татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, табодули таҷрибаи амалӣ дар соҳаи сохтмон ва муосиргардонии корхонаҳои саноати кӯҳӣ, инчунин тамоюл ва самтҳои афзалиятноки омӯзиши захираҳои табиӣ баррасӣ мегардад.

Дар

анҷуман иштироки роҳбарони аввали зиёда аз 200 ширкати истихроҷи маъдани ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Осиёи Марказӣ, сармоягузорони байналмилалӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоти корхонаҳои истихроҷи маъдан, ҳамчунин пешниҳоди 25 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмони корхонаҳои саноати кӯҳӣ, рушд ва тақвияти азхудкунии конҳои нави захираҳои табиӣ дар назар дошта шудааст.

Сардори Саридора дар ҷаласаи пленарии анҷумани мазкур дар  мавзӯи «Қонунгузории истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва рушди комплекси кӯҳӣ-геологии Тоҷикистон маърӯза менамояд.  Анҷумани мазкур барои Саридораи геология аз ҷиҳати шиносоӣ ва табодули таҷрибаи муосир дар соҳаи геология муҳим арзёбӣ мегардад, зеро он тамоми самтҳои геология ва ҷанбаҳои тадқиқотӣ, масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи геология ва саноати кӯҳиро дар бар мегирад.

Анҷумани мазкур ду рӯз идома ёфта, дар доираи он мулоқоти дуҷонибаи намояндагони кишварҳои иштирокчӣ дар назар аст.