Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро ифтитоҳ намуданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди санги Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат эълон кардани солҳои 2022-2026 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шудааст.

Корхонаи коркарди санг давоми як сол дар заминаи бинои кӯҳна дар масоҳати зиёда аз як гектар бунёд гардида, бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз карда шудааст. Роҳбарияти корхона ҷиҳати босифат коркард намудани санг ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ омода намудани сангҳои ороишӣ ба шакл ва андозаи муайян технологияро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид намудаанд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки корхона иқтидори калони коркардро доро буда, дар он сангҳои хоро, мармар, оҳаксанг ва ғайра бо сифати баланд коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.

Ашёи хом асосан аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хорокони шаҳри Хуҷанд, Агаҷоли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Такелии Ғарбии ноҳияи Мастчоҳ, Тиллогул ва Падораи шаҳри Панҷакент ворид карда мешаванд.  Корхона иқтидор дорад дар як сол то 30-35 ҳазор метри мураббаъ сангро коркард намояд.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи коркарди санги «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии Суғд 30 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Сангҳои ороишии дар корхона коркардшуда асосан дар соҳаи сохтмон ва ороиши биноҳои маъмурию баландошёна васеъ истифода гардида, акнун воридоти он аз хориҷӣ кишвар коҳиш меёбад. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи мавҷуд будани ашёи хоми маҳаллӣ  васеъ ба роҳ мондани коркард ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли чунин сангҳои ороишӣ мавҷуд аст.

Баъди шинос шудан бо раванди истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи сангҳои ороишии корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғдро тамошо карданд.  Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди сангҳои ороишӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ муаррифӣ карда шуд.