Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои чорошёнаи иловагии раёсати ВКД дар вилояти Суғдро ба истифода доданд

. 15 ноябр дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.

Дар бинои нав тамоми инфрасохтори зарурӣ барои кормандони мақомоти милитсия фароҳам оварда шудааст.

Иншоот дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар таҳхона бойгонӣ ва фаъолияти комиссияи тестӣ барои муайян намудани лаёқатмандии ҳайати шахсӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар иншоот кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилиро ба иҷрои намунавии уҳдадориҳои хизматӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ва содиқона бар нафъи давлату миллат хизмат кардан вазифадор намуданд.

Қаблан норасоии ҳуҷра ва шароит барои фаъолият яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Акнун кормандони шуъбаи тафтишот, таҳқиқ ва маркази иттилоотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд метавонанд дар шароити замонавӣ фаъолияти худро пеш баранд.

Бинои иловагии нав аз 36 ҳуҷраи корӣ, ошхона барои 100 ҷой, меҳмонхона ва толори варзишӣ иборат мебошад. Шароити фароҳамшуда ҳавасмандии ҳайати шахсиро барои иҷрои уҳдадориҳои касбӣ дучанд гардонидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳон ёдовар шуда, зиракии баланди кормандони Мақомоти корҳои дохилиро ҷиҳати таъмини оромии комил ва сулҳу субот тақозо карданд.

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.