MADE IN BELARUS». Дар Душанбе намоиши молу маҳсулоти ин кишвар доир мешавад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Беларус баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд.
Дар ҳошияи ҳамоиш ҳамчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Made in Belarus» баргузор мегардад.
Дар ҳамоиш доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларус масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ менамоянд.
Соҳибкорони тоҷик метавонанд бо ҳамкасбони беларусиашон дар сиғаи B2B /соҳибкор бо соҳибкор/ мулоқот намоянд.