Имрӯз дар Санкт-Петербург вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
Президенти Россия Владимир Путин рӯзи ҷумъа, дар 70-солагии зодрӯзи худ дар зодгоҳаш Санкт-Петербург кор мекунад ва дар ин ҷо бо сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ мулоқот менамояд, хабар дод ба рӯзноманигорон рӯзи панҷшанбе, 6 октябр котиби матбуотии Сарвари давлати Россия Дмитрий Песков.
«Имрӯз президент дар Санкт-Петербург кор мекунад. Зангҳову гуфтугӯҳои байналмилалӣ [дар нақша аст] доир мегарданд, ки мо шуморо аз ҷараёни он огоҳ хоҳем кард. Ҳамчунин дар нимаи рӯз вохӯрии ғайрирасмии президент бо сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ дар назар аст»,-гуфт намояндаи Кремл.
Чорабинӣ дар Қасри Константиновский баргузор мешавад ва ба гуфтаи Песков, он қадами муҳим дар омодагӣ ба нишасти ИДМ хоҳад буд, ки ҳафтаи оянда дар Остона баргузор мешавад.
Зикр гардид, ки ҳамин гуна чорабинӣ соли 2021 дар Петербург гузаронида шуда буд. Он замон Путин ҳамтоёнашро ба пойтахти шимолии Россия қабл аз Соли нав- 28 декабр даъват намуда буд.
Аз котиби матбуотӣ суол карда шуд, ки оё мулоқоти фардо «фазои идона» дорад? Оё дар протокол, масалан, табрикоти раҳбарони хориҷӣ дарҷ шудаанд? «Чун қоида протокол инро ҳеҷ гоҳ пешбинӣ намекунад ва аксар вақт туҳфаҳо низ тавассути протоколҳо расонида мешаванд. Аммо, албатта, ба ҳар ҳол, ҳама якдигарро на як сол ё ҳатто на як даҳсола мешиносанд, аз ин рӯ эҳтимол онҳо ӯро бо зодрӯзаш сирф ба таври инсонӣ табрик хоҳанд кард»,- шарҳ дод намояндаи Кремл.
Дар бораи он ки оё Путин ҷашни мавлуди худро бо аҳли оилааш таҷлил хоҳад кард ва оё дар ин рӯз бо дӯстон мулоқот мекунад ё не, Песков чизе нагуфт. «Пагоҳ президент серкор хоҳад буд. Ба ҳар сурат роҳбарон ва намояндагони давлатҳои зиёде меҳмон мешаванд. Ва он чӣ ки ба масъалаи хонаводагӣ дахл дорад — алоҳида аст. Шумо медонед, ки мо одатан дар ин бора суҳбат карданро дӯст намедорем»,-зикр намуд ӯ.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.