Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунанд
9-10 июни соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти шиори “Вакилони ҷавон – назар ба ояндаи Иттиҳод” Форуми байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.
Форум якбора ба ду санаи муҳим бахшида мешавад: солгарди таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки 27 марти соли 2022 30-сола шуд ва 10-солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонон, ки дар доираи он фаъолият мекунад.
Дар форум аъзои ҳайатҳои ҷавони парлумонии АБПҶ ИДМ, вакилони ҷавони зинаҳои гуногуни ҳукумат, намояндагони парлумонҳои ҷавонон ва роҳбарони сохторҳои ҷамъиятии ҷавонон иштирок мекунанд. Онҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории байналмилалии ҷавонон, чолишҳои кунунӣ ва нақши дипломатияи ҷамъиятии ҷавонон, масъалаҳои ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо барои ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамои рушди ҷавонон ва сохторҳои парламентии ҷавонон дар ИДМ-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Барномаи тиҷоратии форум барои ду рӯз тарҳрезӣ шуда, ҷаласаи пленарӣ, кор дар бахшҳо, ҷаласаи ҷамъбастӣ ва чорабинии махсусро бахшида ба 30-солагии АБП ИДМ дар бар мегирад. Баргузории мизҳои мудаввар, машваратҳо, панелҳои мубоҳисавӣ ва дарсҳои омӯзишӣ дар назар аст. Ба сифати коршинос ходимони намоёни сиёсию чамъиятӣ, намояндагони мақомоти иҷроия ва ҳокимияти қонунгузор даъват карда шудаанд.
Дар ҳошияи форум инчунин ҷаласаи 18-уми АБПҶ ИДМ бахшида ба Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ низ баргузор мешавад.
Дар давраи баргузории форум иштирокчиёни он бо ҷойҳои ҷолиби диққати Санкт-Петербург шинос шуда, аз театрҳои пешқадам ва мавзеъҳои фарҳангию таърихии шаҳр дидан мекунанд. Дар шароити Соли эҷодиёти халқ ва мероси мадании ИДМ барои онҳо экскурсияҳои мавзӯӣ ташкил карда, дар Касри Таврический намоишгоҳи махсус ташкил карда мешавад.
Форум аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар якҷоягӣ бо Агентии федеролии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) дар доираи татбиқи Барномаи сафарҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии намояндагони ҷавони доираҳои сиёсӣ, чамъиятӣ, илмӣ ва тичоратии давлатхои хориҷии «Насли нав» (Барномаҳои «Насли нав») ба Федератсияи Русия баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 дар ҷаласаи XVII Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд.
Як гурӯҳ вакилони ҷавон дар муколама тавассути видеоконференсия, вале бештари иштирокчиён тавонистанд дар маркази парлумонӣ ҳузурӣ ширкат кунанд. Миёни онҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода ва Зоир Раҳмонзода низ ҳузур доштанд.