Тоҷиддин Ҷӯразода ва Абдулло Шаҳид дар Ню-Йорк вазъ ва дурнамои рушди сайёҳии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода ва Президенти иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шаҳид, ки дирӯз дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, мулоқот дар доираи Мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд, ки зери унвони «Дар маркази таваҷҷуҳ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсозии фарогир» дар Ню-Йорк доир шуд.

Мусоҳибон аҳамияти ин чорабиниро барои баррасии мушкилоти соҳаи сайёҳӣ дар пасманзари ҳамагирии КОВИД-19 ва дигар чолишҳои ҷаҳони имрӯза таъкид карда, барқарорсозии зудтари соҳаи сайёҳиро барои инкишофи кишварҳои дар ҳоли рушд амри зарурӣ хонданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Тоҷидин Ҷӯразода инчунин оид ба коркарди барномаҳои миллӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар ин самт маълумоти муфассал пешниҳод намуд.