Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тасмим гирифтаанд маркази логистикӣ таъсис диҳанд

Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмим гирифтаанд, ки  маркази логистикӣ таъсис диҳанд. Ин масъала зимни мулоқоти  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири саноат ва захираҳои маъдани Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Бандар Алхораиф,  ки ба таври маҷозӣ сурат гирифт, баррасӣ шуд,  иттилоъ  медиҳад маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави  мамлакат.

Зикр гардид, ки маркази логистикӣ савдои байни кишварҳоро афзоиш дода, молу маҳсулотро нисбат ба масирҳои анъанавии логистикӣ зудтар интиқол медиҳад ва молҳоро маблағгузорӣ  мекунад.

Шералӣ Кабир афзуд, ки Тоҷикистон барои рушди саноат ва фановариҳои нав дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пахта ва дорусозӣ имконоти кофӣ дорад. Пойгоҳи логистикӣ- ин Маркази  бузурги логистикӣ мебошад, ки дар он тамоми маҷмӯи амалиёти коркарди бор анҷом дода мешавад.

Сохтмони маҷмааҳои бузурги логистикӣ тамоюлест, ки дар бисьёр кишварҳои ҷаҳон маъмул гардидааст. Парки логистикӣ ҷараёни борро муттаҳид мекунад — молҳо нигоҳ дошта мешаванд, коркард ва ба дигар анбор тақсим карда мешаванд. Хусусияти фарқкунандаи он- қобилияти бор карда фиристодани маҳсулот тавассути намудҳои гуногуни нақлиёт ва пурра кардани мол мебошад.