Сафирони Тоҷикистон ва Гватемала рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд
18 апрел вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Сафири Ҷумҳурии Гватемала дар Туркия Ҷейро Д. Эстрада Б (Jairo D. Estrada B) баргузор гардид.
Зимни вохурӣ масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо зикр карданд, ки ҳамкории ду кишвар барои рушди мутақобила дурнамои хуб дорад. Гватемала ба шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бисёр бахшҳо, бахусус дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сайёҳӣ умедвор аст.
Ёдовар мешавем, ки Изҳороти муштарак дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Гватемала 22 августи соли 2006 ба имзо расида буд. Гватемала дар байни Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҷойгир буда, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва геологӣ ба қитъаи Амрикои Шимолӣ тааллуқ дорад, аммо аксар вақт онро як минтақаи алоҳида — Амрикои Марказӣ меноманд. Ин сеюмин кишвари калонтарин дар Амрикои Марказӣ аз рӯи ҳудуд аст.