Сафири нави Чин дар Тоҷикистон ба Душанбе омад
19 март Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин супорид.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тавсеаи васеи ҳамкории мутақобилан судманди шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо нақшаҳои муштараки татбиқи амалии мувофиқаҳоеро, ки дар натиҷаи вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Чин Си Ҷинпин зимни мулоқоти онҳо дар Пекин 5 феврали солӣ ҷорӣ ба даст омадаанд, баррасӣ намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сафири навтаъйини Чин дар Тоҷикистон Тзи Шуминро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.