Табрикоти Роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо вобаста ба таҷлили ҷашни Наврӯз
Ҳамдиёрони азиз!
Мо аз сарчашмаҳои таърихӣ ва наврӯзномаҳои сершумори ниёгонамон хуб медонем, ки гузаштагонамон ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд, ки он мувофиқи илми ситорашиносӣ ба нахустрӯзи офаринишу баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд. Яъне, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав буда, ҷашни баробарии шабу рӯз, дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонҳо дар рӯи замин ба шумор меравад.
Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мӯҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем. Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои бисёрсолаи Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯзи Аҷам ҳаргиз тасодуфӣ нест. Ин иқдоми муҳим на фақат дар рушди тамаддуни муосир фоли нек аст, балки гувоҳи он мебошад, ки имрӯз ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба арзишҳои олии маънавию ахлоқии фарҳанги наврӯзӣ ниёз дорад.
Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврӯзи Аҷам, дар он аст, ки дар тӯли асрҳо дар баробари ин, ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст.
Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.
Ҳақиқат ин аст, ки ҷашни Наврӯз умри дубора ёфт ва имрӯз дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати бемисл таҷлил мегардад.
Бо омад-омади Наврӯз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад, хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накӯкорӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва бунёдкорию созандагиро бедор мекунад. Бузургони илму адаби мо ҳамин дӯстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд.
Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзро таҷлил менамоем. Бахусус, Наврӯзи имсола барои мардуми сарбаланди вилояти Хатлон шукуҳи хоса дорад, зеро шаҳри Норак базмгоҳи марказии наврӯзӣ дар кишвар буда, қудуми неки Сарвари давлат ба он баракат ва нусрати тоза ато менамояд.
Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшад, инчунин дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон ва то ин санаи таърихӣ ба анҷом расонидани бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар нақшаҳои неки қабулгардида саҳми ватандӯстона гузорад.
Фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи вилоят ва Тоҷикистони азиз табрик гуфта, бигзор бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадони тоҷикистонӣ арзонӣ дорад, сулҳу субот ва ваҳдати миллии моро ҷовидонӣ гардонад.
Сарбаланду хонаобод бошед!