Сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон
Шоми 28 марти соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-солагии таъсисёбии созмони мазкур доир мегардад, бо сафари корӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд.
Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони як қатор кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони расмии Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон самимона истиқбол гирифтанд.