Рустами Эмомалӣ бо Фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуданд
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фармондеҳи навтаъйини Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Е.Г. Ковилинро ба муносибати Фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш самимона табрик гуфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо бештар ба мавзўоти такмили робитаҳо дар доираи муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дахл карданд.
Таъкид гардид, ки тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳамкорӣ сатҳу уфуқҳои нав касб намуд.
Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектҳои Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок дошт.
Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои якдигарфаҳмии комил сурат гирифт.