Нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди саноат ва бунёди корхонаҳои хурду бузурги аҳамияти стратегидошта ва ба коркарду истифодаи сарватҳои табии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад ва дар ин самт натиҷаҳои самаранок баръало ба чашм мерасад. Дар ин самти ҳаётан муҳим, ки яке аз воситаҳои асосии баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат аст, фаъолияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимро доро аст.
Яке аз муҳимтарин вазифаҳои Хадамот аз он иборат аст, ки дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ бехатари пурра таҳти назорат қарор дода шавад. Дар Хадамот 2 ҳазору 376 корхона ва 10 ҳазору 518 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Бадахшон дар корҳона ва иншоотҳои бақайдгирифташуда 220 назорати техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 191 назорати нақшавӣ, 26 назорати ғайринақшавӣ ва 3 назорати иловагӣ мебошад.
Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ нозирони Хадамот 1432 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 220 санад-нишондод ва 21 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид. Масъулин сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохушро пеш аз ҳама дар бемасъулиятии муҳандисони теҳникии корхонаҳо, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ маънидод менамоянд.
Мутахассисони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоливу хизматрасонӣ ва корхонаҳои кӯҳкорӣ пайваста вохӯриву машваратҳоро ба таври доимӣ баргузор менамоянд.
Маҳз ҳамин гуна машваратҳо ва гузаронидани семинару омӯзишҳо ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҳаёти одамон дар корхонаҳои саноатӣ мусоидат мекунанду камбудиҳои техникӣ низ саривақт бартараф карда мешаванд.