ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ОЛИМПИАДАИ ЗИМИСТОНАИ ПЕКИН ИШТИРОК МЕНАМОЯНД. Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин аз мулоқот бо сарони 20 кишвари ҷаҳон хабар дод

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот менамояд.

«Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин аз 4 то 6 феврал дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ширкат варзида, барои сарони кишварҳои хориҷӣ, раисони ҳукуматҳо, аъзои оилаи шоҳон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ зиёфат меорояд», — омадааст дар иттилоия.

Ба ғайр аз Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Олимпиада ҳамчунин Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, инчунин роҳбарони Қирғизистон, Сингапур, Миср, Лаҳистон, Сербия, Аргентина ва Эквадор иштирок мекунанд. Иштироки аъзои ҳукуматҳои мамлакатҳои гуногун низ дар назар аст.