Боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Баҳри шиносоӣ пайдо намудан бо таърих ва фарҳанги миллат роҳбарият ва кулли кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Зимни боздид аз Осорхонаи миллӣ диққати роҳбарият ва кормандони ин ниҳодро бозёфтҳои қадима аз «Тахти сангин», «Саразм» ва «Ҳулбук»-у дигар маконҳои таърихии халқи тоҷик, ки зимни кашфиётҳои бостоншиносӣ пайдо гардида, аз таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳанд, ба худ ҷалб намуд.