Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик”
10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик” иштирок ва суханронӣ карданд.
Баъди иҷрои суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиёни паради низомӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик карданд. Таъкид гардид, ки мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар 30 соли даврони истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ба як сохтори муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, имрӯз қодиранд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҳама гуна амалҳои ҷинояткорона, яъне унсурҳое, ки ба амнияту суботи дохилии давлату ҷомеа ва умуман зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, мубориза баранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати кормандони мақомоти корҳои дохилиро, хусусан, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои хиёнатпешаву ҷинояткор ва дар кишвар таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бисёр арзишманду барҷаста маънидод карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷонфидоии садҳо нафар кормандони мақомот ёдовар шуда, таъкид доштанд , ки Ҳукумат ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон фидокориву ҷоннисорӣ ва хотираи неки онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои зина ба зина беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии кормандон, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти милитсия тадбирҳои муассир меандешад. Танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд карда шуд.
Дар ин муддат беш аз 750 нафар корманд ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 3000 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд. Аз ҷумла, имрӯз дар рӯзи иди касбӣ боз 40 нафар корманди милитсия дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд. Ҳоло дар пойтахти мамлакат сохтмони боз як бинои истиқоматии бисёрошёна барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ идома дорад.
Бо фармонҳои Президенти мамлакат дар даврони истиқлол 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 670 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Ҳамчунин, бо дастгириву маблағгузории давлатӣ танҳо дар зарфи даҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар 1053 иншооту биноҳои нави сохтору шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, минтақаҳои маъмурӣ ва нуқтаҳои такягоҳи милитсия бунёду азнавсозӣ гардида, бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат тавассути бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоту шароити муосир тавсеа бахшидан ба раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси миллӣ мебошад. Яке аз сохторҳои муҳимми Вазорати корҳои дохилӣ, самараи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон – Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ҷузъи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар таъмини амнияти давлат ва суботи ҷомеа нақши назаррас дорад.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ва амниятиву ҷамъиятӣ дар минтақа ва ҷаҳон, андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки чунин шароит ҳар як корманди мақомотро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, алалхусус, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ равона созанд.
Таъкид гардид, ки мардуми Тоҷикистон дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳомиёни зиндагии орому осудаи худ, муҳофизони шараф ва манфиатҳои шаҳрвандон, низому тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияту суботро мебинанд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони далеру шуҷоъ манфиатҳои давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, ба савганди ёдкарда дар оянда низ содиқ мемонанд ва риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми хизматиро дар сафҳои мақомот боз ҳам тақвият мебахшанд.
Дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи милитсияи тоҷик” бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 корманди мақомот барои хизматҳои шоиста рутбаҳои хизматӣ супорида шуд.
Сипас, бо амри фармондеҳи парад ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбӣ оғоз гардид.
Дар паради ҳарбӣ кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қушунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд. Мавриди зикр аст, ки дар баробари мардон, инчунин занону бонувони тамоми шохаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар паради низомӣ фаъолона иштирок карда, бо марши тантанавӣ қадам заданд.
Дар майдони сафороӣ дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпуши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи автомашинаҳои ҷангию хизматӣ, гузошта шуда буд.