МИЛИТСИЯИ ТОҶИК — ҶАСУР, ФИДОКОР, ҶОННИСОР! Президенти Тоҷикистон зимни Паёми шодбошӣ кормандони ин ниҳодро ҳомиёни шараф ва обрӯи халқу давлат номиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи милитсия таҷлил мегардад. Бахшида ба ин санаи муҳим 9 ноябр дар шаҳри Душанбе Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзур гардид.
Пешвои миллат ҳамаи кормандон, хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик намуда, иброз намуданд, ки “ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, яъне Рӯзи милитсия имсол ба рӯзҳое баробар омад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунсози тоҷик санаи сарнавиштсози таърихӣ – сисолагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро ботантана ва бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ таҷлил намуда, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири рушду тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон содиқона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд”.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани ин ҷашни муқаддас натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Пешвои миллат тазаккур доданд, ки “вақте ки ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад. Зеро онҳо дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд”.
Воқеан, кормандони ин ниҳод ба таври шабонарӯзӣ дар хизмати сокинони мамлакат қарор доранд. Натиҷаи хизмати содиқонаи онҳост, ки имрӯз шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони таъмини амнияти давлату миллати худ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромии ҷомеаро мебинанд ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Ҳангоми иҷрои вазифа ба хотири таъмин намудани зиндагии орому осудаи сокинон ва ҳимояи қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ дар сӣ соли сипаришуда садҳо нафар кормандони милитсия ҷони худро қурбон кардаанд, ки Ҳукумати мамлакат ва мардуми кишвар корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таъминоти моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди вазифаҳои хизматӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти милитсия ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки имрӯз мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар раванди ислоҳоти худ қарор дорад. Ҳадаф аз ислоҳот он аст, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар ҳарчӣ бештар ба ҳамгироию ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ шавад.