Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон озод намудани Файзов Ё.Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Файзов Ёдгор Доёрович аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 ноябри соли 2021
№262

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Мирзонабот А.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Мирзонабот Алишер Худоберди бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 ноябри соли 2021
№263

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Мирзонабот А.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Мирзонабот Алишер Худоберди иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 ноябри соли 2021
№264

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Назарзода Р.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Назарзода Ризо Шодӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 ноябри соли 2021
№265

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шаҳритуси
вилояти Хатлон озод намудани Зуҳуриён Х.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зуҳуриён Холмурод Абдулло бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 ноябри соли 2021
№266