Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 5 ноябри соли 2021 №470
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи
кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Назарзода Р.Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назарзода Ризо Шодӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 5 ноябри соли 2021 №471
ш. Душанбе
Дар бораи директори Муассисаи давлатии
«Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»
таъин намудани Саторӣ Д.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саторӣ Далер Абдумансур директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон