Завқӣ Завқизода дар Намоишгоҳи байналмилалии воридоти Чин ва Форуми байналмилалии иқтисодии Хунтсяо иштирок намуд

Дирӯз дар Чин чорумин Намоишгоҳи байналмилалии воридоти Чин ва Форуми  байналмилалии иқтисодии Хунтсяо оғоз гардид. Дар маросими  расмии ифтитоҳи ин чорабинии сатҳи баланд  дар радифи ҳайатҳои баландпояи кишварҳои ҷаҳон, намояндагони дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бонуфуз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар шакли видеоконфронс иштирок намуд.

Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии иқтисодии Хунтсяоро ифтитоҳ намуд ва  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин дар он сухан гуфт. Зикр шуд, ки чорумин Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Чин ба дарёфти имконияти ҳавасмандгардонӣ ва хизматрасонии ширкату корхонаҳо,  барои рушди бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ҷустуҷӯи имконоти нав дар шароити кунунии ҷаҳон, инчунин ба афзоиши мубодилаи мол дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабиниҳои сатҳи баланд дар Чин Сарони давлатҳои Аргентина, Қазоқистон, Замбия, сарвазирони Италия,  Тайланд ва Директори Генералии Созмони ҷаҳонии савдо иштирок ва сухан намуданд.