Семинар машварати техникӣ дар шаҳри Роғун

 

 

Аламзода И.Б. – муовини якуми сардори Хадамот семинар машваратро оғоз намудан

Ассалому алейкум муњтарам иштирокчиёни семинар – машварати техникӣ оид ба  бехатарии саноатӣ,

Ҳозирини гиромӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти соҳаи саноат бо дарназардошти аҳамияти саноат дар њалли масъалањои иќтисодиву иљтимої ва таъсиси љойњои корї дар Пайёми худ «Дар бораи самтњои сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон, ки санаи 26 декабри соли 2018 баргузор гардид, соли саноатикунонии босуръати кишвар њамчун њадафи чоруми миллї эълон намуда нисбати пешравии соња ва иљрои наќшањои солона дастуру супоришњо доданд.

Чї тавре, ки ба њамагон маълум аст, санаи 14 октябри соли 2020

Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зимни сафари кории худ  дар НБО «Роѓун» суханронї намуда, иброз доштанд, ки барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии миллї, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ

бояд таъминоти кафолатноки нерӯи барқ таъмин карда шавад.

Маҳз бо ҳамин мақсад, яъне таъмин намудани пешрафти босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии аҳолї, рушди соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикї ҳадафи стратегии миллӣ эълон карда шудааст.

Њамзамон дар баромади худашон Пешвои муаззами миллат Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомали Рањмо

н таъкид намуданд, ки  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Љумњурии Тољикистон барои таъмин кардани босифат ва бехатарии корњо дар љараёни сохтмони иншооти НБО  “Роғун” чорабиниҳои иловагиро

роҳандозӣ намояд ва назоратро дар ин самт тақвият бахшад. Инчунин Кормандони назорати техникии Фармоишгар бояд якҷо бо мутахассисони Хадамоти давлатии назорати меъморӣ ва сохтмони назди Кумита

и меъморӣ ва сохтмон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ масъалаи мазкурро бо реҷаи шабонарӯзӣ таҳти

назорат қарор дода шавад.

Бо ин маќсад Хадамот, тибќи наќшаи корї, семинар-машварати техникиро дар асоси чорабинињо оид ба гузаронидани корњои фањмондадињї-профилактикї, бо маќсади батанзимдарории санадњои меъёрии њуќуќї, риояи талаботњои бехатарии саноатї, пешгирии садамањои истењсолї ва њодисањои нохуш дар соњаи саноати кимиё ва металлургї, иншооти борбардор, зарфњои зери фишор коркунанда ва аттраксионњо, муомил

оти маводњои таркандаи таъиноти саноатї, инчунин Риояи талаботњои бехатарии саноатї, њангоми истихрољ ва коркарди конњои канданињои фоиданоки маъмул ва маъдан, њамчунин тайёр намудани кадрњои тахассусии соњавї бо корхонањои зериназоратии Хадамот дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон баргузор намуда истодааст, аз рўи наќша-чорабинии тасдиќшудаи сардори Хадамот имрўз санаи 23 октябри соли 2020 дар иншооти НБО «Роѓун» баргузор намудани семинар-машварати техникї оид ба

бехатарии саноатї ба наќша гирифтааст.

Дар машварати имруза иштирок доранд:

Аламзода И.Б. – муовини якуми сардори Хадамот,

Ќосимзода Хайриддини Шарифљон  –  Прок

урори шањри Роѓун, мушовири адлияи да

раљаи 1,

Рањмонов Анвар Мирзоевич – директор оид ба масъалањои истењсолии ЉСК НБО Роѓун,

 

Олимї З., – мудири бахши илмию техникии Хадамот,

Назарова Н. А.,- сардори нозирти давлатии назорати иншооти итењсолии хатарнок,

Назриев Х. Х. -сардори нозироти давлатии назорати саноатї кимиё ва металлургї,

Саидамири Ф. -и.в. сардори нозироти давлатии муомилоти маводи тарканда,

Маљидов Т. Ш. – мутахассиси пешбари бахши кадрњо ва корњои махсус.