Ҷаласа бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рузи президент

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   

16.11.2020                                                                  ш. Душанбе

 

Иштирок намуданд:

Раҳим С.А.                        – сардори Хадамот

Аламзода И.Б                  – муовини якуми  сардори Хадамот

Мирзозода А.А.               – муовини сардори Хадамот

Мудирони бахшҳо, сардорони

нозиротҳо ва мутахассисон

(ҷамъ 29 нафар)

 

Ҷаласаро Раҳим С.А.- сардори Хадамот оғоз намуда, рўзномаи ҷаласаро ба кормандони Хадамот шинос намуд.  дар доираи чорабинии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ таҳти унвони “Президенти мардумӣ ва Иҷлосияи тақдирсоз” баргузор мегардад.

Сардори Хадамот ќайд намуд, ки 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди  Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд  Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.

Баъдан Ќосумбеков А.- мутахассиси пешбари нозироти давлатии назорати муомилоти маводи тарканда дар мавзўи “Президенти мардумӣ ва Иҷлосияи тақдирсоз” суханронї намуд. 6 ноябри  соли 1994 нахустин бор дар таърихи кишварамон  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва худи ҳамон сол интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо касби аксари овозҳо ғолиб баромаданд ва маҳз 16 ноябри ҳамон сол чун Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд.

Ба таври расмӣ Рӯзи Президент бо қарори Маҷлиси Олии мамлакат 15 апрели соли 2016 таъсис дода шуд. Инак, соли панҷум аст Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз таъсис ва таҷлили Рӯзи Президент – арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Тоҷикистон ва мардуми он аст.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида ба ҳисоб меравад.

Бешубҳа Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани ин рӯз бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар давлатдории навини тоҷикон, бо як шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Ман фикр мекунам, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан арҷгузорӣ ба миллат аст. Зеро миллат  метавонад роҳбарашро қадр кунад, аҷр гузорад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтааш саҳмгузор бошад. Таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат дар бисту нуҳ соли Истиқлолияти давлатӣ қудрати президентӣ низоми давлатдории навинамонро аз бисёр хатарҳои дохилию хориҷӣ ҳифз намуда, кишварро ба шоҳроҳи рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамун сохт.

Боиси қаноатмандӣ ва масъулиятшиносии баланд аст, ки дар масири кӯтоҳи давлатдории навинамон аз баракати сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаю ояндабини Пешвои миллат, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон  бо таҳкиму тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ, таъмини ваҳдату субот, ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву волоияти қонун, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам гардида, ормонҳои миллӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд.

Ин шахсияти нодир бо тарзи давлатдорӣ, туфайли сиёсати башардустона, адолатпарастӣ ва густариши фарҳанги муосири миллӣ бори дигар собит намуданд, ки тоҷикон дар ҳамаи давру замон соҳиби анъанаҳои бузурги сиёсиву давлатдорӣ буда, дар таърихи тамаддун ҳамчун кишвари сулҳдуст, босубот ва таҳаммулпазир шинохта шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми мушкилоту зиддиятҳо ва душвориҳои марзу буми тоҷик ва халқи азияткашидаро ба души худ гирифтанд. Нагузоштанд, ки хоки муқаддаси тоҷикон ба вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ фуру равад.  Дар роҳи эҷоди ваҳдат ва бунёди сулҳу субот тамоми мардуми кишвар, ҳатто бадхоҳону душманони миллатро ба сулҳу салоҳ ва сари мизи таҳаммул ва андешаву орият даъват намуданд. Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, сарвари оқил ва хирадпешаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои хешро туфайли заҳматҳои бемислу монанди хеш дар роҳи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, таъмини саодати мардум ва кишвари биҳиштосо роҳандозӣ ва татбиқи амал намуданд.

Пешвои мамлакат решаи ваҳдати миллиро дар амонӣ ва хайрхоҳии кулли афроди миллат дарёфтанд. Онро дар пойгоҳи худшиносии миллӣ ва пос нигоҳ доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллат, гузаштагони баору номус таҳким додан. Таъкид ба амал оварданд, ки ҳар як фарди миллати накӯном ҳамон вақт ба миллаташ ҳусни таваҷҷӯҳ пайдо мекунад, ки бо таърихи тамаддуни хеш шинос бошад ва бо он фахр кунад. Бозёфт, феномени пешвои миллат низ дар ҳамин аст, ки барҳақ аз қудрати баланди эъҷозкорӣ ва тавонмандии эшон дарак медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон собит намудаанд, ки халқи тоҷик ва тоҷикон аз азал мардуми сулҳдуст ва башардӯст буда, некӣ ва арзишҳои инсониро ба арши олии муқаддасот ва густариши муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистон бо кулли давлатҳову кишварҳои дунё мегузорад. Ҷаноби Олӣ мубашшири арзишҳову ҳикматҳои зиндагӣ, мунодии баргузидаи афкори хирадпеша ва андарзи насиҳатомези гузаштагони бузурги мо гардиаанд.

Дар охири љаласа Рањим С.А.- сардори Хадамот ба тамоми кормандон ин Рӯзи фархундаро бо ҳиссиёти баланди ватандустӣ ва эҳтироми бепоён таҳнияту муборакбод гуфт. Бори дигар ҳамагонро ба ҷашни мазкур табрик намуда, ба ҳар яки онҳо сарбаландию саодатмандӣ орзу намуд.