РЕЗААХБОР

ПРЕСС-РЕЛИЗ
Дар Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 3588 корхона ва 15782 объектҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатии марказӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар корхона ва объектҳои бақайдгирифташуда 270 назоратҳои техникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 236 назорати нақшавӣ ва 34 назорати ғайринақшавӣ мебошад.
Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 3500 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд. Барои бартараф кардани қоидавайронкуниҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 270 санад-нишондод ва 11 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 340 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 1613536 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Дар доираи ваколатҳо ба корхонаву ташкилот ва объектҳои бақайдгирифташуда тибқи тартиби муқарраргардида 185 иҷозатномаи намудҳои фаъолият дода шудааст.
Дар корхонаву объектҳои зериназоратии Хадамот дар соли 2024 48 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 30 нафар ҳалок ва 26 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо нисбати 7 шахси ҳуқуқӣ, 27 шахси мансабдор ва 5 шахси воқеи аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиқгардида 182080,0 сомониро ташкил додааст.
Ба 56 нафар зарардидагон (аз ҷумла 30 нафар фавтидагон) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеӣ дар асоси Кодекси мезнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии яквақтаина, инчунин кумакҳои пулӣ ва молӣ ба маблағи 8862156,0 сомонӣ расонида шуд.
МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
www. nazorat.tj, e-mail: info@nazorat.tj