Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро ифтитоҳ намуданд
“Созҳои нафасӣ ва зарбӣ”, “Созҳои оркестри халқӣ”, “Сурудхонӣ (академӣ)”, “Сурудхонӣ (анъанавӣ)”, “Режиссура (ороиши овоз)”, “Санъати эстрада (мусиқии созӣ)” ва “Санъати эстрада (сурудхонӣ)” фаъолият менамояд. Ҳоло дар Коллеҷ зиёда аз 300 нафар донишҷӯ дар шакли рӯзона ва ғоибона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳсил менамоянд.
Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дорои хобгоҳи хуби замонавӣ буда, барои истиқомати 80 нафар донишҷӯ ҳама шароити зарурӣ муҳайё гардонида шудааст.
Қобили зикри хос аст, ки ҳар ду муассисаи фарҳангӣ, ки нақшашон дар тарбия ва омодасозии кадрҳои соҳибкасб хеле назаррас аст, то ин дам дар биноҳое фаъолият доштанд, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд. Дар баробари ин, одитарин тамрини рақс ва ё сохтани як оҳангу суруд барояшон мушкилӣ пеш меовард. Ҳамакунун бо фаъол гардидани бинои муҳташами замонавӣ ва ин ҳам дар арафаи истиқбол аз рӯзи дониш ба ин ҳама мушкилиҳо нуқта гузошта шуд. Коллективи бисёрнафараи Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз ин туҳфаи Роҳбари давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд фаъолиятро дар ин самт беҳтару хубтар мекунанд ва дар рушди фарҳанг ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати кишвар нақши арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҳунару тарбиятгирандагони муассисаҳои мазкур барои дастгирии сиёсати давлат ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, дастур доданд, ки минбаъд низ фаъолиятро дар низоми мазкур хуб ба роҳ монда, дар омодасозии наврасону ҷавонони ояндадор барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохтани фарҳанги миллӣ нақши назаррас гузоранд. Зеро фарҳанг ҳастии миллат буда, рушди он аз устувории давлати соҳибихтиёр шаҳодат медиҳад.