Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои дар мақомоти судӣ таъйиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои раиси суди вилояти Суғд, раиси суди шаҳри Кӯлоб, раисони судҳои ҳарбӣ дар гарнизонҳои Душанбею Хуҷанд, раисон ва муовинҳои раиси суд ва судяҳо дар якчанд шаҳру ноҳияҳо кадрҳои ҷавону варзида ва болаёқат таъйин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои судӣ, дониши васеи қонунҳои миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва бахусус ба забондонии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки донистани забони давлатӣ дар сатҳи баланд ва ба ҳамин сатҳ аз худ намудани ду забони хориҷӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар хизматчии давлатӣ аст. Супориш дода шуд, ки барои омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ба кормандони мақомоти судӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ як сол муҳлат дода шавад ва дар сурати иҷро нашудани ин талабот нисбаташон чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин, доир ба баррасии саривақтии парвандаҳои ҷиноятӣ, диққати ҷиддӣ додан ба арзу шикоятҳои мардум, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун супоришҳои қатъӣ дода шуд.

“Поквиҷдону поктинат бошед, хушмуомила бошед, зеро иззату эҳтироми кас дар ҷомеа танҳо аз роҳи хизмати беғаразона ба мардум ба даст меояд”, — таъкид доштанд дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.