Вохӯрии сардори Хадамот – Раҳим Санъат Асо бо сафири Ҷуҳурии Туркия дар Ҷумурии Тоҷикистон – Умут Аҷар
Санаи 6 декабри соли 2023 дар Хадамот вохӯрии сардори Хадамот – Раҳим Санъат Асо бо сафири Ҷуҳурии Туркия дар Ҷумурии Тоҷикистон – Умут Аҷар баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Мустафа Ишик–сармушовири тиҷоратии сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизов Низом – котиби мушовири тиҷоратӣ, тарҷумон, ҳамчунин масъули давлати Туркия – Ѓафурзода Баҳодур – котиби дуюми раёсати Ховари миёна ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар оѓози вохӯрӣ Умут Аҷар – сафири Ҷумҳурии Туркия вобаста ба самти фаъолияти Хадамот пурсон шуд. Раҳим Санъат Асо оид ба фаъолияти Хадамот, самтҳои зериназоратӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ маълумоти муфассал дод. Сардори Хадамот қайд намуд, ки соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ баргузор мегардад ва пешниҳод намуд, ки мақомоти дахлдори Туркия дар самти бехатарии саноатӣ дар ҷаласаи мазкур иштирок намояд. Хадамот тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон дар корҳои хатарнок, баланд бардоштани савияи касбии кормандон ва табодули таҷриба бо Ҷумҳурии Туркия ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад.
Умут Аҷар пешниҳодҳои сардори Хадамотро пазируфта, қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Туркия масъули назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ – Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия ба ҳисоб меравад ва масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориро ҳатман пайгирӣ хоҳад кард. Аз ҷониби сафир пешниҳод карда шуд, ки мактуб ба унвонии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия омода карда шуда, тавассути сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад ва сафорат ҳатман мактубро ба мақоми дахлдори давлатӣ ирсол мекунад.
Дар охир, сардори Хадамот сафири Ҷумҳурии Туркияро хайрамақдам гуфта, барои пешравии корҳояш бурдбориҳоро таманно намуда, хостори густариши ҳамкориҳои Хадамот бо ҷониби Ҷумҳурии Туркия иброз намуд.