Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ
02.12.2023, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ
Ҳозирини гиромӣ,
Вобаста ба саволи Шумо нуктаҳои зеринро мехостам таъкид намоям.
Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад.
Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои мо мебошад.
Бинобар тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳамасола селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳанд.
Бар асари онҳо ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд ворид мешавад.
Дар баъзе ҳолатҳо онҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.
Ба мақсади рушди тавлиди “энергияи сабз” ва кам кардани партовҳои карбонӣ мо тасмим гирифтаем, ки иқтидори нерӯгоҳҳои барқи обии худро то соли 2050 ду баробар зиёд намоем.
Айни ҳол мо 98 фоизи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол менамоем.
Мутаносибан ҳаҷми обанборҳои кишвар низ то соли 2050 ду баробар зиёд мешаванд.
Қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
Аз ин нигоҳ, обанборҳои мо барои таъмини мунтазами кишварҳои минтақа бо оби корезӣ низ хизмат хоҳанд кард.
Моҳи марти соли равон Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Нидерланд Конфронси таърихии оби Созмони Милалро мизбонӣ кард.
Дар ин ҳамоиш Рӯзномаи амал қабул гардид.
Он зиёда аз 800 амалу уҳдадориҳоро дар соҳаи об дарбар мегирад.
Шумораи зиёди онҳо бо иқлим низ алоқамандии зич доранд.
Мусаллам аст, ки хатару таҳдидҳои обу иқлим талошу амалҳои ҷиддитарро талаб мекунанд.
Дар ин робита, мехоҳам се нуктаи муҳимро зикр намоям.
Якум, дарки амиқи масъала ва пешбурди самараноки он пеш аз ҳама иродаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи муштараки сарони давлатҳову ҳукуматҳоро талаб менамояд.
Ҳамкории Тоҷикистону Нидерланд ҳамчун кишварҳои болообу поёноб гувоҳи возеҳи ҳамкориҳои созанда дар ин самт мебошанд.
Дуюм, имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастаҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем.
Сипоси хешро ба онҳо барои саҳми муассирашон дар ин ҷода иброз менамоем.
Ҳамзамон, зарур мешуморем, ки дигар ҷонибҳо низ талошҳои худро дар ин самт фаъол намоянд.
Сеюм, мо бояд таҳия ва татбиқи механизмҳои муштараки расонидани кумакҳоро ба кишварҳои осебпазир таъмин намоем.
Зеро онҳо барои расидан ба ҳадафҳои марбут ба об имкониятҳои маҳдуд доранд.
Бо истифода аз фурсат, омодагии кишвари худро ҷиҳати минбаъд ҳам пеш бурдани масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд иброз медорам.
Итминон дорам, ки талошҳои дастаҷамъонаи мо дар ин раванд самараи дилхоҳ хоҳанд дод.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!