Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад. Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мебошад.

Таъкид гардид, ки бинобар тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳамасола селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳанд. Бар асари онҳо ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд ворид мешавад.  Дар баъзе ҳолатҳо онҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ба мақсади рушди тавлиди “энергияи сабз” ва кам кардани партовҳои карбонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқтидори нерӯгоҳҳои барқи обии худро то соли 2050 ду баробар зиёд намояд.

Моҳи марти соли равон Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Нидерланд Конфронси таърихии оби Созмони Милалро мизбонӣ намуд. Дар ин ҳамоиш Рӯзномаи амал қабул гардид. Он зиёда аз 800 амалу уҳдадориҳоро дар соҳаи об дар бар мегирад. Шумораи зиёди онҳо бо иқлим низ алоқамандии зич доранд.

Мусаллам аст, ки хатару таҳдидҳои обу иқлим талошу амалҳои ҷиддитарро талаб менамоянд.

Дар ин робита, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни мизи мудаварро ба масъалаҳои муҳим, аз қабили дарки амиқи масъала ва пешбурди самараноки он аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, рушди тадбирҳо ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим ва таъмини татбиқи механизмҳои муштараки расонидани кумакҳо ба кишварҳои осебпазир, ҷалб намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати минбаъд ҳам пеш бурдани масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд иброз доштанд.