Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳо суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиён суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи корҳои кишоварзӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими сармо дар вилоятҳо ва ноҳияҳои мазкур шуниданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири мамлакат, вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани зимистони солҳои 2023-2024, пеш аз ҳама, омодагии ҳамҷонибаи аҳолӣ ва иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ба мавсими сармо, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Пешвои миллат инчунин масъалаи дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироати кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид намуданд.