Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

15 июн дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ, омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор намудани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти корҳои омодагӣ барои баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи зироат, гузаронидани кишти такрорӣ, захираи кофии маводи озуқа ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода шунида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, омодабошӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас доданд.

  1. Дастурҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани таътили тобистона ва таъмини амнияту бехатарии кӯдакон дода шуд.