Маданияти бехатарӣ, чист ва чаро муҳим аст.
Маданияти бехатарӣ, чист ва чаро муҳим аст.
Маданияти бехатарӣ як қисми фарҳанги умумии ташкилот мебошад. Ин аст, ки корҳо дар созмон дар робита ба бехатарии саноатӣ анҷом дода мешаванд. Мафҳуми дигар: фарҳанг маҳсули арзишҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ, меъёрҳо, эътиқодҳо, даркҳо ва намунаҳои рафтори марбут ба бехатарии саноатӣ мебошад, ки аксарияти аъзои созмон ба онҳо тааллуқ доранд ва ин созмонро аз дигарон фарқ мекунанд.
Омилҳои фарҳангӣ ба рафтор дар ҳама вақт, дар ҳама ҷо таъсир мерасонанд. Маданияти ташкилот бо рафтори кормандони алоҳида, ки ба принсипҳои он шариканд, маҳдуд намешавад, маданият ба навкорон низ мегузарад ва ба рафтори одамон, хатто дар вақти танҳо будан ва аз назари танқидии роњбарону њамкорон озод буданаш ҳам таъсири намоён мерасонад. Ин хислати фарогири фарҳангӣ як фишанги пурқувватест, ки роҳбарон ва менеҷерон метавонанд барои таъсир расонидан ба ҳавасмандӣ ва рафтори кормандон истифода баранд.
Фарҳанги бехатарӣ маҷмӯи меъёрҳо, эътиқодҳо, арзишҳо, муносибатҳо ва тахминҳоест, ки қисми ҷудонашавандаи фаъолияти ҳамарўзаи ташкилотҳо буда, дар амали тамоми шӯъбаҳо ва кормандони ин ташкилотҳо бояд инъикос ёбанд.
Маданияти мењнати бехавф асоси истењсолоти хозиразамон мебошад. Дар шароити хозира, ки саломатӣ ва хаёти хар як шахс арзиши олӣ дониста мешавад, талабот ба ташкили истеҳсолот торафт сангинтар мегардад. Дар ҳама гуна корхона, мақомоти назорати берунӣ ва дохилӣ бехатарии технология, таҷҳизот, мавод, микроиқлимро назорат мекунанд. Ҳоло ин як мафҳуми том аст, ки ба бисёр ҷанбаҳо ва омилҳо таъсир мерасонад. Маданияти он аз он иборат аст, ки шароити қобили меҳнат, инчунин ба вуҷуд овардан ва риоя кардани коидахои бехатарӣ риоя карда шаванд. Маданияти кори бехатар системаи мураккабест, ки донишу малакаи махсусро талаб мекунад. Ба вуљуд овардани заминаи самарабахши он кори зуд ва осон нест. Агар назария ҳоло ҳам дар китобҳои коғазӣ ва ҳам дар нашрияҳои электронӣ кофӣ бошад, пас дар амалия ин хеле мушкилтар аст.
Ҳамасола садамаҳои истеҳсолӣ тақрибан 2,3 миллион нафарро аз байн мебаранд. Аз ин шумора ҳудуди 350 ҳазор нафар қурбони садамаҳои истеҳсолӣ буда, беш аз 2 миллион нафар аз бемориҳои касбӣ мефавтанд. Ҳар сол боз 313 миллион нафар одамон дар натиҷаи захмдор шудан дар кор маъюб мешаванд. Инҳо омори ҷаҳонӣ мебошанд, ки аз ҷониби муовини директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) Сандра Поласки зимни суханронӣ садо дода буд.
Ин дар як рӯз тақрибан 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аммо, сарфи назар аз бузургии омор, мутаасифона аксарият риояи талаботњои бехатариро хеле дер ёд мекунанд.
Тибқи Қонунҳои амалкунанда, ҳар як корхонаву ташкилотҳо дар ҳайати худ бояд шўъбаи ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат таъсис диҳад, агар шумораи кормандонаш 50 нафар ё бештар аз он бошад. Агар теъдоди кормандонаш аз 50 нафар кам бошанд як мутахассис кифоя аст. Аммо як нафар аз ҷиҳати ҷисмонӣ қодир нест, ки 49, 40, 30, 20 ё ҳатто панҷ кормандро пайгирӣ кунад, зеро онҳо метавонанд дар ҷойҳои гуногун бошанд. Чӣ кор кардан даркор? Ҷавоб ин аст, ки фарҳанги бехатариро инкишоф диҳем.
Мо дарк намуда истодаем, ки дарназардошти миқёси соњаи истифодаи оќилона ва њифзи ќаъри замин, соҳаи кўҳию техникӣ, омўзиши геологии ќаъри замин, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, бехатарии корњо дар саноати кимиё ва металлургӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ, дар маҷмӯъ, бехатарии иншооти саноатӣ бояд як авлавият гардад ва муҳимтар аз ҳама, масъалаҳои амният дар ҳама сатҳҳои корхонањое, ки дар ин соҳа иштирок доранд, фарњанги техникаи бехатарӣ ба дастгирии ҷиддӣ ниёз дорад.
Фарҳанги бехатарӣ маънои онро дорад, ки ҳамаи коргар ва кормандон талаботу қоидаҳои бехатариро дарк ва риоя намуда, инчунин аз дигарон низ ҳамин тавр рафтор намуданро талаб намуда, нисбат ба худ, њамкорон ва хатто ба бегонагон низ бепарвоӣ зоњир накунанд.
Дар давраи технологияҳои нав ва системаҳои мураккаби истеҳсолӣ, ки дар он тамоюлоти иқтисодии ҷаҳонӣ, талаботи истеъмолкунандагон ва шартномаҳои меҳнатӣ ба муносибатҳои дохилиташкилӣ таъсир мерасонанд, корхонаҳои дар соҳаҳои гуногун фаъолияткунанда дар фароҳам овардан ва нигоҳ доштани шароити солим ва бехатари меҳнат бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ мешаванд.
Бехатарии мењнат – системаи ҳифзи њаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни мењнат буда, тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, ҳуқуқӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию профилактикӣ, офиятбахшӣ ва дигар тадбирњоро дар бар мегирад.
Маданияти муҳофизати меҳнат – ин дараҷаи баланди инкишофи системаи мухофизати хаёт ва саломатии кормандон дар рафти мехнат мебошад. Бинобар ин ҷорй намудани системаи идоракунии бехатарии меҳнат бояд дар таваҷҷуҳи рохбарияти хар як корхона бошад. Бо вуҷуди ин, имрӯз бисёре аз коршиносон ба худ савол медиҳанд, ки оё фарҳанги бехатарӣ танҳо як ибораи навест, ки мафҳумҳои кӯҳнаро ифода мекунад ё маънои наве дорад, ки фаҳмиши то чӣ андоза раванди рушди ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ дар корхонаҳоро беҳтар мекунад.
Инчунин дар рафти омӯзиши фарҳанги бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аксар вақт ба миён меояд ва масъалаи дигар робитаи фарҳанги бехатарӣ бо самаранокии фаъолияти ин системаҳо мебошад. Фактхое ба таври васеъ маълуманд, ки ду корхонаи якхела, ки категорияи хавфи онхо кариб якхела аст, аз хамдигар бо самаранокии системаи бехатарии мехнат фарк мекунанд.
Аз ин рӯ, оё фарҳанги бехатарии меҳнат метавонад омиле бошад, ки самаранокии ҳифзи меҳнатро таъмин кунад ва агар ин тавр бошад, кадом фарҳанг барои ҳарчи зудтар ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ бештар муваффақ хоҳад шуд?
Нишондиҳандаҳои иқлими амниятӣ, ки дар зер баррасӣ мешаванд, метавонанд барои муайян ва арзёбии минтақаҳои эҳтимолии мушкилот истифода шаванд. Ҳар як нишондиҳандаи иқлим як падидаи бисёрҷанбаест, ки табиати чӣ гуна дарк кардани таҷрибаи шахсии коргаронро дар доираи ташкили кор тавсиф мекунад ва ҳамчун маҷмӯи ғояҳое ҳисобида мешавад, ки коргарон дар бораи муҳити кории худ доранд.
Биёед ба ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолии дар се соли охир, яъне солҳои 2020-2022, ки корхонаҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда рў меорем, ки дар натиҷа 57 нафар ба њалокат ва 124 нафар љароњатњои љисмонии гуногун бардоштаанд. Аз рӯи он аксарияти кулли њодиса ва садамаҳо (тақрибан 85%) натиҷаи рафтори беэҳтиётонаи одамон дар ҷои кор мебошанд. Фақат 15 фоиз дар натиљаи корношоямии таљњизот рух додааст, вале њатто ин 15 фоиз ҳам «ному насаб доранд», яъне шахсони масъул ҷиҳати ҳолати техникӣ ва кории ин механизму таҷҳизотҳо ё дар сатҳи зарурӣ мустаҳкам накардани сақви нақбҳо е нишебиҳои кўҳҳо айбдоранд.
Ҳоло ба диққати Шумо як чанд ҳодисаҳое, ки аз тарафи кормандони ташкилотҳои зериназоратии Хадамот бо сабаби риоя нагардидани оддитарин талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ ба ҳалокат расидаанд ёдовар месозем.
Ҳодисаи нохуши истеҳсолии ҷароҳатбардории гурўҳӣ, ки санаи 07 октябри соли 2020 соати 17 – 32 даќиќа ҳангоми тоза намудани девори толори мошинҳои НБО «Роѓун» ПК 0+59 тарозаи 980,0 метр ногаҳон шикасти ҳалќаи сабади оҳанини ба амал омадааст, ки дар натиҷаи коргарони ҶДММ «Нурсоз» Саидов Исмоил Нуралиевич, соли таваллудан 1998 ба њалокат расида, Назарзода Мавлонназар Соҳибназар ва Бобиев Сироҷиддин Нуралиевич, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сабабҳои ҳодисаи нохуш:
-дар баландӣ ва дар дохили сабад фаъолият намудани коргарони ЉДММ «Нурсоз» бе бастани камарбанди њимоявӣ;
-дар якљоягӣ бардоштани одамон ва зарфи оњанини бордор дар сабад ва амалӣ намудани он бе тартиб додани чорабинињои иловагии таъминкунандаи бехатарии одамон.
-таҷҳизонида нашудани сабади болобардор бо ҳалкаҳои оҳанини пайвасткунии карабини камарбандхои химоявии коргарон ва ҷойхои махсуси нигохдории олотхо;
-аз тарафи мошинисти крани тамѓаи КМ 550/125+10 Назаров Ф., пеш аз оѓози кор гузаронида нашудани азназаргузаронии механизмҳо, конструксияҳои оҳанин ва олотҳои бехатарии сабад;
-ҳангоми иҷроиши корҳо истифода намудани сабади оҳанини ба талаботи техникӣ ҷавобгў набуда.
-аз тарафи масъулини ҶДММ «Нурсоз» таҳия карда нашудани чорабиниҳои бехатарона иҷро намудани фаровардани зарфи оҳанин бордор ва мувофиќа нашудани он.
Агар бо таваҷҷухи хосса ба сабабҳои ҳодисаи нохуш нигарем, ки дар натиҳаи он як нафар ба ҳалокат расида ва 2 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст, ин аввалан беахамиятии худи фавтида ва ҷабрдидагон бошад, аз тарафи дигар бемасъулиятии шахсони масъули корфармо ва пудратчӣ мебошад, ки ҳангоми иҷроиши корҳои хавфнок ҷиҳати таъмини бехатарии иҷрои корҳо чораҳои заруриро наандешидаанд.
Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 17 декабри соли 2021 бо таъмиргари бригадаи №3-и Филиали ҶДММ «Гурўҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рух додааст.
Маълумот оиди гузаронидани дастурдиҳиҳо оиди риояи техникаи бехатарӣ ба ҷабрдида:
-гузаронидани дастурдињии муќаддимавӣ – гузаронида нашудааст;
-гузаштан аз дастурдиҳии такрорӣ – гузаронида нашудааст;
Њолати рух додани ҳодисаи нохуш.
Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи ки санаи 17 декабри соли 2021 таќрибан соати 13 50 даќиќа ҳангоми кушодани ќисми эҳтиёти аз автомашинаи боркаши дар ҳолати корношоям ќарордоштаи тамѓаи «GBS» дар нимќабати 987 метри уфуќи 11-и кони Зарнисори Шимолӣ, ногаҳон ба болои таъмиргари бригадаи №3-и Филиали ЉДММ «Гурўҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Чжо Чи Бо., шаҳрванди Ҷумҳурии Халќии Хитой, соли таваллудаш 1985, автомашинаи боркаши мазкур афтидааст, ки дар натиља ҷароҳатҳои вазнин бардошта ба ҳалокат расидааст.
Тибқи шаҳодатномаи тиббии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббӣ – судӣ»-и вилояти Суѓд-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабаби марги таъмиргари Филиали ҶДММ «Гурўҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Чжо Чи Бо., ин хунравии шадиди дохила ва беруна, осеби муштарак шикасти пўшидаи ќабурѓаҳои 10, 11, 12 аз рост 10, 11, 12 аз чап бо кафидани ќисми диафрагмавии њиссаи рости ҷигар, шикасти пўшидаи беҷошудаи сеяки поёнии соќи пойи чап, харошаҳо ва хуномосњои гардидааст.
Сабаби асосии рух додани ҳодисаи мазкур, ин ҳангоми гузаронидани корҳои таъмирӣ риоя нагардидани талаботҳои техникаи бехатарӣ аз тарафи Чжо Чи Бо, буда бар хилофи талаботњои амалкунанда иљро намудани истифодаи машинаи боркунанда ва дастрасткунанда ба ҷойи домкрат мебошад.
Яъне чи тавре дар боло қайд намудем марҳум љињати риояи техникаи бехатарӣ, њатто аз дастурдиҳии муќаддимавӣ ва дастурдиҳии такрорӣ нагузашта, ҳангоми риояи гузаронидани корҳои таъмирӣ аз ҷониби ў талаботҳои оддитарини техникаи бехатарӣ риоя нагардидааст, ки дар натиља ин њодисаи мудњиши ҳолати маговар ба миён омад.
Ҳодисаи дигаре мудҳиштарини гурўҳииҳолати марговар, ки ҷони 6 нафар шаҳрвандони синну солашон аз 26 то 52 соларо аз байн буда, 15 нафар ноболиѓонро бе падар гузоштааст, дар ҳолати зерин рух додааст. .
Санаи 03 январи соли 2022 таќрибан соати 20 50 даќиќа сокинони ноњияи Шоњмансур, кўчаи Гулистон Абдурањмонов Муњаммадсоњиб Муњаммадюсуфович, Зайнидинов Муродалӣ Фатҳидинович соли таваллудашон 1995, Миров Нурулло Неъматуллоевич соли таваллудаш 1986, Авѓонов Алиҷон Абдусамадович соли тавалудаш 1996, Каримов Рустам Убайдуллоевич соли таваллудаш 1970 ва Ѓафуров Бахтовар Наҷмиддинович соли таваллудаш 1990, тавассути автомашинаи тамѓаи Мерседес Спринтер ба њамоми сохтмонаш нотамоми Осоишгоҳи «Оби шифобахш», мансуб ба шањрванд Дустов Атобулло Исматович, воќеъ дар дењаи Чилламазори љамоати дењоти А. Абдулвосиеви шањри Ваҳдат бо маќсади ќабули об (оббозӣ) њозир шудаанд. Онҳоро шаҳрванд Дустов Атобулло Исматович ќабул намуда ба њуљраи њавздор ҷойгир менамояд. Таќрибан 30 даќиќа пас, яъне соати 21 20 даќиќа яке аз мизоҷон бо маќсади кашидани сигор оташфишонро (зажигалка) оташ додааст, ки дар ин њолат бинобар дар ҳавои дохили ҳуҷра ниҳоят зиёд будани газҳои углеводородӣ ногаҳон таркиш ба амал омадааст, ки дар натиҷа ҳамаи онҳо ҷароҳатҳои гуногуни сўхтаи вазнин бардошта, баъдан дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Сабабҳои ҳодисаи нохуш.
Аз тарафи шаҳрванд Дустов Атобулло Исматович дар ҳолати ба талабот љавобгў набудаи ҳавотозакунии ҳуҷраи бинои сохтмонаш нотамоми Осоишгоҳи «Оби шифобахш», ќабул намудани мизоҷон.
Риоя нагардидани талаботҳои бехатарӣ аз тарафи яке аз мизоҷон, яъне дар ҷойи ҳодиса бидуни овезон будани овезаи «Кашидани сигор ќатъиян манъ аст», дар ҷойи хавфнок оташ додани оташфишон (зажигалка).
Биёед ин њодисаи мазкурро низ мушоҳида намоем, ки сабаби ҷони 6 нафар шаҳњрвандони синну солашон дар айни камолот буд, дар чист?.
Ҷавоб танҳо – дур будан аз фарҳанги техникаи бехатарӣ. Ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти бехатар ҳамаи мо дорои фарҳанг ва маданияти техникаи бехатарӣ боешм.
Сардори раёсати илмию техникӣ
Олимӣ З.