Нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022

 

Дар Хадамот 2592 корхона ва 11408 иншоотҳои зериназоратӣ ба кайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ  аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатии марказӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 130 назоратҳои техникӣ гузаронида шудааст, ки аз инхо 96 назорати наќшавӣ ва 34 назорати ғайринакшавиро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхонаву ташкилотҳо нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, муҳлати муайян барои бартараф намудани ќоидавайронкуниҳо дода шудааст.

 

Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 1252 бандҳои риоя нагардидани санадҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудихо ва конунвайронкуниҳо 130 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.

Аз ҷониби кормандони Хадамот, нисбати шахсони масъули корхонаҳо барои риоя накардани ќоидаҳои бехатарии саноатӣ 297 нафар шахсони ҳукукӣ, мансабдор ва воќеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1212632 сомонӣ  ҷаримабандӣ карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои зериназоратӣ аз тарафи нозиротҳои давлатии марказӣ ва комплексии вилоятҳо ҷаласа ва маърузаҳо оид ба талаботи бехатарии  саноатӣ ва фаҳмонидани моҳияти  Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» гузаронида шудааст.

Дар соли 2022 аз тарафи нозиротҳои Хадамот 40 ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ба ќайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтишоти техникӣ гузаронида шудааст.

Дар доираи ваколатҳо бо тартиби муќарраргардида ба  корхонаву ташкилот  ва иншоотҳои баќайдгирифташуда 124 иҷозатномаи намуди фаъолият дода шудааст.