БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ № 022-2 Таҳлили ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи дуюми соли 2022 бақайдгирифташуда

Хадамоти

назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

№ 022-2

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи дуюми соли 2022 бақайдгирифташуда

Душанбе  –  2023

Ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармо тибқи тартиб ва шартҳое, ки дар қонунгузорӣ ва шартномаи коллективӣ (созишнома) пешбинӣ гардидаанд, ба суғуртаи ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар сабабҳои носолимии вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд.

Боби 2 моддаи 19 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1329

Зери роҳбарии:

Раҳим Санъат Асо – сардори Хадамот.

Таҳияи:

Аламзода И. Б. – муовини якуми сардори Хадамот. Мирзозода А. А. – муовини сардори Хадамот.

Олимӣ З. – садори раёсати илмию техникии Хадамот.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои зериназоратӣ ва корбарии кормандони мақомотҳои зерсохтории Хадамот пешниҳод мегардад.

Дар бюллетени ахборотии мазкур ҳодисаҳои нохуши рухдода дар корхонаҳо таҳлил карда шудаанд, ки иншооти истеҳсолии хатарнокро истифода мебаранд.

Дар таҳияи бюллетен маълумотҳои бахшҳо ва нозиротҳои Хадамот, инчунин маводҳои комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохуш истифода шудааст.

ИСТИЛОҲОТ

Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣназорати давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ мақоми ваколатдор мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ доранд:

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок дароянд;

-бо ҳуҷҷатҳое, ки барои тафтиши аз тарафи ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок иҷро намудани талаботи бехатарии саноатӣ заруранд, шинос шаванд;

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ҷиҳати рафъи вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи бехатарии саноатӣ нишондодҳо диҳанд;

-дар доираи ваколатҳои худ оид ба бехатарии саноатӣ, аз ҷумла нисбати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии биноҳо ва иншооти воқеъ дар объектҳои хатарнок нишондодҳо диҳанд;

-шахсони дар вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ гунаҳкорро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, инчунин барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони зикршуда ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристанд.

Бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок

(ё худ бехатарии саноатӣ) – ҳолати ҳимоявии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз садамаҳои хатарноки иншооти истеҳсолӣ ва оқибатҳои садамаҳои номбаршуда;

Садама – вайроншавии иншоотҳо ва (ё) таҷҳизоти техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда ва (ё) ба ҳаво хориҷ шудани моддаҳои хатарнок, инчунин вайронкунии ҷараёни технологӣ, расонидани зарар ба механизму таҷҳизотҳо ва иншооте, ки боиси ҳалокати одамон, зарар ба саломатии онҳо, муҳити зист ва хароб кардани объектҳои хоҷагидорӣ, зарари калони моддӣ, вайрон шудани шароити фаъолияти зиндагии одамон гардидаанд, ё боиси он гардида метавонанд.

Ҳодиса – аз кор баромадан ё вайрон шудани таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, баромадан аз тартиби ҷараёни технологӣ, вайрон намудани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии муайянкунандаи қоидаҳои пешбурди кор дар иншооти истеҳсолии хатарнок.

Иншооти истеҳсолии хатарнок – корхона, сех, қитъа, майдончаҳои онҳо, инчунин дигар иншоотҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки дар онҳо моддаҳои хатарнок (даргиранда, оксидшаванда, сӯзанда, тарканда, заҳрнок, заҳрнокиашон баланд ва моддаҳои барои муҳити зист хатарнок) истеҳсол менамоянд, истифода мебаранд, аз нав коркард мекунанд, ба вуҷуд меоранд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, нобуд месозанд. Инчунин механизмҳо, таҷҳизотҳо ва ҷараёни истеҳсолии технологии зерин мансуб аст:

-таҷҳизоте истифода бурда мешуд, ки таҳти фишори зиёда аз 0,07 мегапаскал ё ҳангоми зиёда аз 115 дараҷа селсий гарм шудани об кор мекунад;

-механизмҳои сайёр ва доимӣ васлшудаи борбардор, экскаваторҳо, лифтҳо, роҳҳои танобӣ, фуникулёрҳо истифода мешаванд;

-гудохтаҳои металлҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳое, ки дар асоси ин гудохтаҳо истеҳсол мешаванд.

-корҳои куҳӣ маъдантозакунӣ, инчунин корҳои зеризаминӣ гузаронида мешаванд;

-иншооти гидротехникӣ. *

Бехатарии меҳнат – маҷмӯи чорабиниҳо, ки барои таъмини ҳифзи кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равона шуда, таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолиро истисно мекунанд.

Ҳифзи меҳнат – низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иштимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирӣ ва барқароркунӣ, ки мутобиқи кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кори инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунад;***

Шароити бехатарии меҳнат – шароити меҳнате, ки дар он таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истисно карда шудааст ё дараҷаи таъсири онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд набошад.***

*   Моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»;

** Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»;

** Моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»;

*** Моддаи 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҳлили

ҳодисаҳои нохуши истеҳсолии рухдода дар корхонаҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022.

Дар Хадамот 23 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши рухдода 11 нафар ба ҳалокат расида, 21 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ки аз онҳо 7 нафар шахсони ба ҳалокат расида шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Аз шахсони ҷароҳатбардошта бошад 14 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 1 нафар шаҳрвани Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд.

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи дуюми соли 2022 рухдода вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ (вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) чунин аст:

р/т Ҳодисаҳои нохуши рухдода Ҳамагӣ ВМКБ Вилояти

Суғд

вилояти

Хатлон

НТҶ Шаҳри

Душанбе

1. Миқдори умумӣ 23 1 14 2 5 1
2. Дар онҳо зарар диданд: (нафар) 32 1 21 2 5 3
аз ҷумла:
2.1 Ҳалок гардиданд: 11 1 6 2 1 1
2.2 Ҷароҳат бардоштанд: 21 0 15 0 4 2

 

Вилояти МКБ:

 1 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расидааст.

Вилояти Суғд:

 14 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 21 нафар зарар дидаанд, ки аз онҳо 6 нафар ба ҳалокат расида ва 15 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Вилояти Хатлон:

2 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 2 нафар ба ҳалокат расидааст.

Шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ:

 5 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 1 нафар ба ҳалокат расида ва 4 нафар ҷароҳат бардоштааст.

 

Шаҳри Душанбе:

1 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида ва 2 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдода вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ  ба ҳисоби фоиз чунин аст:

Аз 100 фоизи умумӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,3%, Вилояти Суғд 60,9 %, Вилояти Хатлон 8,7%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 21,8 % ва ба шаҳри Душанбе 4,3 % рост меояд. (ниг. ба расми 1). Аз ин рӯ масъулини назоратӣ ва ташкилоту корхонаҳои дахлдор барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш бояд тамоми чораҳои заруриро андешанд.

расми 1.

 

Тавсифи

мухтасари ҳодисаҳои нохуш дар нимсолаи дуюми соли 2022 вобаста ба санаи рух додан чунин аст:

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 29 июни соли 2022 соати 11-00 дақиқа дар кони Зарнисори Шимолӣ, орти 20, уфуқи 13 (сатҳи 870) дар бригадаи исихроҷи маъдани №6, штреки транспортии уфуқи 13 бо нақбкани ҶДММ «Ҷей Эл. Тоҷикистон» Чжоу Чуншенг, соли таваллудаш 1969, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, рух додааст.
  2. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 10 июли соли 2022, тахминан соати 17-00 дақиқа бо челонгари фабрикаи маъданшӯии ҶДММ ТА КМ «Анзоб» Абдуллоев Зайниддин Саноатович., соли таваллудаш 1962, рух додааст.
  3. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 21 июли соли 2022 тахминан соати 11-40 дақиқа дар кони Зарнисори Шимолӣ, нимқабати 1030 метр, уфуқи 10, блоки истихроҷии 1202 бо нақбкани бригадаи №2 Филиали ҶДММ «Гуруҳи илмӣ-техникии Хуайеи Хитой дар Тоҷикистон» Ю Сиен Ҷун., соли таваллудаш 1975, рух додааст.
  4. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 25 июли соли 2022 тахминан соати 01-30 дақиқа дар ковишгоҳи минтақаи кӯҳии №1-и пошхурдаи «Бомавло»-и кони тиллои пошхурдаи Ёхсуи КМКДҶ «Тиллои Тоҷик» бо Хуҷаев Дилшод Сафархуҷаевич – ронандаи автомошинаи ҶДММ «Дастрас-2011», ки дар асоси шартномаи иҷораи автомобилҳо дар КМҚДҶ «Тиллои Тоҷик» фаъолият мекард, рух додааст.
  5. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 8 августи соли 2022 тахминан соати 16-00 дақиқа дар кони нуқраи минтақаи Якҷилваи ноҳияи Мурғоб бо нақбкани ФШДММ «С.А Минералз» Луо Сянчжоу., соли таваллудаш 1968, рух додааст.
  6. Ҳодисаи нохуши гурӯҳии ҳолати марговар ва ҷароҳатбардори, ки санаи 15 августи соли 2022 тақрибан соати 21-30 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Соро Компания», воқеъ дар ноҳияи И. Сомонӣ, ҷамоати деҳоти Чорбед, деҳаи Даҳана рух додааст, ки дар натиҷа танзимгари НФСГ Каримов Комилчон Сафаралиевич., соли таваллудаш 1996 ба ҳалокат расида, танзимгари НФСГ Низомов Садриддин Сайфиддинович., соли таваллудаш 1980 ва ронанда Нуралиев Начмиддин Шамсиддинович., соли таваллудаш 1996 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
  7. Ҳодисаи нохуши гуруҳии ҳолати марговар ва ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 16 августи соли 2022 тақрибан соатҳои 16-17 дақиқа ҳангоми тозакунии қубури зеризаминии ташноби кӯчаи Ҷӯра Зарифови шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод рух додааст, ки дар натиҷа челонгарони Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Зафаробод Ахмедов Ҷӯрақул ва Худойқулов Усмон., дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Рустамов Тоҳир заҳролуд гардидааст.
  8. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 1 сентябри соли 2022 соати 09 30 дақиқа дар ПК 0,5+10 – 0,5+15-и нақби Т-39-и НБО «Роғун» бо саркори ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Олимов Умедҷон Ҳасаналиевич, соли таваллудаш 1999 рух додааст.
  9. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 19 августи соли 2022 тақрибан соати 22-40 дақиқа бо коргари минтақаи анбори нигоҳдории консентрати миси ҶДММ КМ «Зарафшон» Назаров Далер Дусталиевич., соли таваллудаш 1993 рух додааст.
  10. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 22 августи соли 2022 соати 04-00 дақиқа бо васлгари дараҷаи 2-и ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Маҳамадуллоев Ҳусейн Насимҷонович., соли таваллудаш 1980, рух додааст.
  11. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 08 сентябри соли 2022 тақрибан соати 10-00 дақиқа дар нимқабати 945 метри уфуқи 12-и кони Зарнисори Шимолӣ бо идоракунандаи мошини боркунаки боркашонии бригадаи №1-и истихроҷи маъдани ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон» Чжан Хонлинг., шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, соли таваллудаш 1980, рух додааст.
  12. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардории гурӯҳӣ, ки санаи 09 октябри соли 2022 тахминан соати 14-00 дақиқа дар уфуқи 1715 метр, қитъаи зеризаминии № 7-и минтақаи Равоти ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» рух додааст, ки дар натиҷа ҷонишини сардори қитъа Азизи Алихон., соли таваллудаш 1984, нақбканон Яқуби Бахтиёр., соли таваллудаш 1997., Алӣ Аҳмадӣ соли таваллудаш 1993, Аҳмади Ризо., соли таваллудаш 1999, Муҳаммади Азиз., соли таваллудаш 1998 ва Зоҳир Ҳасанӣ., соли таваллудаш 1982 (шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
  13. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 13 октябри соли 2022 тақрибан соати 18-00 дақиқа дар минтақаи Вурсакои кони тиллои пошхӯрдаи Бандисариоби ҶДММ КМ «Таком Голд», воқеъ дар ноҳияи Сангвор бо мошинисти боркунак – Гадоев Давлат Негматович, санаи таваллудаш 1988 рух додааст

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 5 ноябри соли 2022 тахминан соати 17-25 дақиқа дар сехи коркарди регу шағали ҶДММ «Самрати Нурулло» бо корманд Бегматов Камолиддин Умбарович, соли таваллудаш 1988, рух додааст.
  2. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 6 ноябри соли 2022 тахминан соати 12 10 дақиқа бо Шодиев Икром Нодирович., соли таваллудаш 1960, нақбкани шӯъбаи назорати чангу ҳавои кони маъдани ҶДММ ТА КМ «Анзоб», рух додааст.
  3. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 19 ноябри соли 2022 соати 19-10 дақиқа дар ПК 11+79 то 11+81 нақби Т-39 -и иншооти НБО «Роғун» бо саркори қитъаи иншоотҳои сохтмони зеризаминии Раёсати минтақаи сохтмони НБО «Роғун»-и ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Шарипов Сайфулобек Файзуллоевич., соли таваллудаш 1988, рух додааст.
  4. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 20 ноябри соли 2022 соати 00 30 дақиқа дар нақби Т-18 «F»-и иншооти НБО «Роғун» бо идоракунандаи экскаватори ФҶСП «Хокруд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Пираҳмад Сафарович., рух додааст.
  5. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 21 ноябри соли 2022, тахминан соати 9-30 дақиқа бо кафшергари барқии сехи аркасозии устохонаи таъмири электромеханикии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой» Холов Наимҷон Ҳусейнович., соли таваллудаш 1987, рух додааст.
  6. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 08 ноябри соли 2022, тахминан соати 09-00 дақиқа бо пармагари бригадаи иктишофӣ ва пармагарии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой» Ван Ченг Чи., соли таваллудаш 1985, рух додааст.
  7. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 04 декабри соли 2022 тахминан соати 10-03 дақиқа бо кафшергари фабрикаи ғанигардонии ҶСП «Талко Голд» Раҳимов Алиназар Азимҷонович., дар минтақаи Канчочи ноҳияи Айнӣ., рух додааст.
  8. Ҳодисаи нохуши ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 28 ноябри соли 2022 тақрибан соати 02-30 дақиқа бо Бобоёров Офарин Оқилович – ёвари пармагарӣ кони кушоди Тарори ҶДММ КМ «Зарафшон» соли таваллудаш 2000 рух додааст.
  9. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 29 ноябри соли 2022 соати 23 00 дақиқа дар тарозаи 1258 метри шахтаи дарвозаи обқабулкунаки доимии №2-и иншооти НБО «Роғун» бо коргари иншоотҳои кӯҳӣ ва зеризаминии ҶСП «Заводи таҷрибавӣ механикӣ»-и шаҳри Норак Саидов Қурбонбек Раҷабович, соли таваллудаш 1987, рух додааст
  10. Ҳодисаи нохуши ҳoлати марговар, ки санаи 10 декабри соли 2022 тақрибан соати 12-36 дақиқа бо механики кони кушоди Ҷилави ҶДММ КМ «Зарафшон» Ҷалилов Олимҷон Муродович., соли таваллудаш 1978, рух додааст.

          Дар нимсолаи дуюми соли 2022 дар корхона ва ҷамъиятиҳои зерин, ҳодисаҳои нохуш рух додааст:

 

1 Сохтмони иншооти НБО «Роғун» -4 ҳодиса
2 ҶММ ТА КМ «Анзоб» -2 ҳодиса
3 Филиали ҶДММ «Гуруҳи илмӣ-техникии Хуайеи Хитой дар Тоҷикистон», (пудратчии ҶДММ «ШКСТХ») -1 ҳодиса
4. ҶДММ «Дастрас» КМҚДҶ «Тиллои Тоҷик» -1ҳодиса
5. ФШДММ «С.А. Минералз» -1 ҳодиса
6. ҶДММ «Соро Компания» -1 ҳодиса
7. КВД «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Зафаробод» -1 ҳодиса
8. ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (НБО Қароққум) -1 ҳодиса
9. ҶДММ КМ «Зарафшон» -3 ҳодиса
10. ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон», (пудратчии ҶДММ «ШКСТХ») -2 ҳодиса
11. ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» -1 ҳодиса
12. ҶДММ КМ «Таком Голд» -1 ҳодиса
13. ҶДММ «Сармати Нурулло» -1 ҳодиса
14. ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой» -2 ҳодиса
15. ҶДММ «Талко Голд» -1 ҳодиса

          Яъне 23 ҳодисаи нохуш дар нимсолаи дуюми соли 2022, дар 15 корхона ва ҷамъиятҳо рух додааст.

          Дар ҶСК «НБО-и Роғун» дар давоми нимсолаи дуюми соли 2022 ҳамагӣ 4 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 4 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдодаи нимсолаи дуюми соли 2022 вобаста ба корхонаҳои зертобеъ ва зериназоратии Вазорату идораҳо ва дигар иншоотҳо чунин аст:

1 Сохтмони иншооти НБО «Роғун» -4 ҳодиса

 

Вазорати саноат ва технологияҳои

нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 ҶММ ТА КМ «Анзоб» -2 ҳодиса
2 Филиали ҶДММ «Гуруҳи илмӣ-техникии Хуайеи Хитой дар Тоҷикистон», (пудратчии ҶДММ «ШКСТХ») -1 ҳодиса
3. ҶДММ «Дастрас» КМҚДҶ «Тиллои Тоҷик» -1ҳодиса
4. ФШДММ «С.А. Минералз» -1 ҳодиса
5. ҶДММ КМ «Зарафшон» -3 ҳодиса
6. ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон», (пудратчии ҶДММ «ШКСТХ») -2 ҳодиса
7. ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» -1 ҳодиса
8. ҶДММ КМ «Таком Голд» -1 ҳодиса
9. ҶДММ «Сармати Нурулло» -1 ҳодиса
10. ҶДММ «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой» -2 ҳодиса
11. ҶДММ «Талко Голд» -1 ҳодиса

         Яъне дар нимсолаи дуюми соли 2022 дар 11 корхонаю ҷамъиятҳои дар боло зикргардидаи зертобеи Вазорат, 16 ҳодисаи нохуш рух додааст, ки дар натиҷа 21 нафар зарар дидаанд, аз онҳо 8 нафар ҳалок гардида ва 13 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Маълумот оид ба ному насаби зарардидагон, номи корхонаҳо, синну соли онҳо, маҳалли зисти онҳо, вазъи оилавӣ ва шумораи шахсон ва ноболиғони дар таъминоти онҳо буда.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 29 июни соли 2022 соати 11-00 дақиқа дар кони Зарнисори Шимолӣ, орти 20, уфуқи 13 (сатҳи 870) дар бригадаи исихроҷи маъдани №6, штреки транспортии уфуқи 13 бо нақбкани ҶДММ «Ҷей Эл. Тоҷикистон» Чжоу Чуншенг, соли таваллудаш 1969, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Чжоу Чуншенг – санаи таваллудаш 10.09.1969 – нақбкан;

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 2 моҳу 5 рӯз;

-аз рӯйи касб – 24 солу 7 рӯз;

-дастури муқаддимавӣ: 06.08.2018;

-дастури навбатӣ: 27.05.2022.

Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 1 фарзанд;

-ҳамсараш – Ен Чай Ҷжн., соли таваллудаш 1972;

-духтараш – Ҷу Лин., соли таваллудаш 1992.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 29 июни соли 2022 соати 6-00 дақиқа дар маҷлисгоҳи корхона кормандони масъули бригадаи истихроҷӣ оид ба фаъолияти кории кормандон ва раванди корҳо ба директори бригада гузориш медиҳанд. Ҳамчунин аз тарафи роҳбарияти бригада ба кормандон вазифаҳо гузошта шуда, баъдан онҳо ба ҷойҳои кории худ фиристода мешаванд. Нақбканон Сю Юн Гуй ва Чжоу Чуншенг супориши корӣ оиди бурдани корҳои  пармагарӣ дар кони Зарнисори Шимолӣ, уфуқи 13, орти 12-52, аз устои баст Ҷан Ли Бин мегиранд ва дар китоби супориши корӣ дастхат мегузоранд. Лекин соати 10-30 дақиқа онҳо аз таҷҳизоти одамкашӣ (клет) дар уфуқи 5 буда истифода бурда ба уфуқи 13 фаромада масофаи 500 м-ро тай намуда, ба орти 20 рафта дар болои санг менишинанд.

Аз баёнот ва протоколи пурсиши Ашурзода Бунёд Мирзо-ронандаи нақлиёти боркаши 6-11 мансуб ба ҶДММ «Ҷей Эл. Тоҷикистон» ва Бобоев Бобо Шарифович – қосиди маводҳои таркандаи бригадаи №2 ҶДММ «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» маълум мешавад, ки онҳо санаи 29.06.2022 супориши кориро аз роҳбари корҳои таркишии ҶДММ «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Суҳробов Рустам гирифта барои иҷро намудани вазифаҳояшон соати 8-30 дақиқа аз таҷҳизоти одамкаш (клет) истифода бурда ба уфуқи 13, ба назди анбори хурди маводи тарканда мераванд. Ашурзода Бунёд Мирзо ҳолати мошини боркаши рақами 6-11-ро аз назар мегузаронад. Баъдан бо ҳамроҳии Бобоев Бобо – қосиди маводи тарканда ба мошини боркаши мазкур савор шуда, ба сӯӣ анбори калони маводи тарканда, ки дар уфуқи 10 қарор дошт равона мешаванд. Тақрибан 1 км аз анбори хурд дур шудан дар роҳ мошини боркаши 6-11 аз сабаби вайрон будани роҳ (лой будан) баландиро набаромада ба қафо меравад. Дар ин вақт Ашурзода Бунёд тормозро пахш мекунад ва мошини боркаш дар ҷояш меистад ва системаи тормози мошин (самоторможение) мечаспад ва дигар сар намедиҳад. Ашурзода Бунёд аз мошини боркаш фаромада аз сабаби надоштани асбобҳои таъмирӣ ба Бобоев Бобо мегӯяд, ки дар назди мошин истад ва худ ба таъмиргоҳи зеризаминӣ, ки дар уфуқи 12 буд, меравад. Ашурзода Бунёд ба таъмиргоҳи зеризаминӣ рафта ҳолати вайрон будани мошинро ба челонгарон ва кафшергарҳо мефаҳмонад ва ҳамроҳи челонгари таъмиргоҳи зеризаминӣ Гоу Хун Ҷоу ба назди мошин меоянд. Баъд Гоу Хун Ҷоу мошини боркашро дида, аз Бобоев Бобо хоҳиш мекунад, ки бо фонуси дастӣ равшанӣ намояд ва бо калид болти силиндри тормози чапи балони пеши мошинро суст мекунад. Ба Ашурзода Бунёд бо ишора мегӯяд, ки тормози мошинро пахш намуда сар диҳад. Автомошинаи боркаш аз часпиш (самоторможение) мебарояд. Ин ҳолатро Ашурзода Бунёд дида ба Гоу Хун Ҷоу мегӯяд, ки болти цилиндри тормози мошинро сахт намояд. Лекин Гоу Хун Ҷоу ба ӯ мегуяд, ки соз аст рафта маводи таркандаро аз анбори калон гирифта оварда ба анбори хурд холӣ карда баъд мошинро ба назди ӯ ба таъмиргоҳи зеризаминии уфуқи 12 биёрад, таъмир менамояд. Ашурзода Бунёд бо ҳамроҳии Бобоев Бобо ба мошин савор шуда, ба сӯйи анбори хурд равон мешаванд. Дар роҳ бо мошини боркаши бригадаи дигаре, ки бо ҳамроҳии Муминзода Меҳровар таркишгари бригадаи №2, ки маводҳои таркандаи бригадаи №2-ро оварда истода будааст вомехӯранд. Онҳо 38 халта маводро аз мошини боркаши бригадаи №2, ба мошини боркаши Ашурзода Бунёд, ки ҳар як халта бо вазни 24 кг буд бор мекунанд. Бобоев Бобо ва Муминзода Меҳровар баъд аз бор кардани маводи тарканда ба мошини Ашурзода Бунёд, ба тарафи анбори хурд мераванд. Ҳангоми ба назди анбори хурд омадан Ашурзода Бунёд мехоҳад, ки мошинро ба дохили орти 20 гардонад. Мебинад, ки ду нафар корманди Хитойи Сю Юн Гуй ва Чжоу Чуншенг нишаста буданд. Ашурзода Бунёд бо мақсади гардонидани мошин тормозро пахш мекунад, ки тормоз кор намекунад. Ӯ бо ҳамроҳии Бобоев Бобо ба онҳо баланд мегӯяд, ки аз ҷои гаштани мошин дур шаванд. Сю Юн Гуй аз ҷояш хеста дур мешавад, лекин Чжоу Чуншенг бошад дур намешавад. Ашурзода Бунёд чанбараки мошинро ба тарафи чап тоб медиҳад, ки мошин ба ӯ нарасад. Вале аз сабаби аҳамият надодан, мошин ӯро дар девори орти 20 пахш мекунад. Ашурзода Бунёд мошинро дарҳол ба қафо гирифта бо ҳамроҳии  Сю Юн Гуй, Бобоев Бобо ва Муминзода Меҳровар, Чжоу Чуншенгро гирифта ба мошини боркаши мазкур савор намуда, ба назди таҷҳизоти одамкаш мебаранд. Баъд ба воситаи таҷҳизоти одамкаш, ӯро ба берун мебароранд. Ашурзода Бунёд ҷабрдидаро то беморхонаи марказии вилоятӣ ҳамроҳӣ мекунад. Баъди ташхиси тиббӣ дар беморхонаи марказии вилоятӣ ҷабрдида Чжоу Чуншенг аз ҷароҳатҳои бардоштааш мефавтад.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

  1. Корношоям будани системаи тормоздиҳӣ.
  2. Сари вақт нагузаронидани таъмири нақшавии мошини боркаши тамғаи CNJ.
  3. Аз экспертизаи бехатарии саноатӣ нагузаронидани мошини боркаш баъди иваз намудани конструксияи он.
  4. Ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ набудани мошини боркаш барои интиқоли маводи тарканда.
  5. Беаҳамиятӣ зоҳир намудан аз тарафи челонгари таъмиргоҳи зеризаминӣ нисбати таъмири нақлиёти боркаш.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 10 июли соли 2022, тахминан соати 17-00 дақиқа бо челонгари фабрикаи маъданшӯии ҶДММ ТА КМ «Анзоб» Абдуллоев Зайниддин Саноатович., соли таваллудаш 1962, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Абдуллоев Зайниддин Саноатович – санаи таваллудаш 25.05.1962, челонгари фабрикаи маъданшӯии ҶДММ ТА КМ «Анзоб»,

– собиқаи умумии корӣ – аз санаи 28.07.1984;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур -3 солу 1 моҳ;

– дастурдиҳии муқаддимавӣ: 14.06.2019;

– дастурдиҳии аввалия: 14.06.2019;

– дастурдиҳӣ дар ҷойи корӣ: 05.07.2022;

– аз санҷиши дониш: 07.12.2021.

Вазъи оилавӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд;

-ҳамсараш –  Абдуллоева Зафармоҳ, соли таваллудаш 1966;

-писараш – Абдуллоев Биллолиддин, соли таваллудаш 1998.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 10 июли соли 2022 тахминан соати 06-00 дақиқа устои таъмирии фабрикаи маъданшӯӣ Абдуллоев Фируз Шайдуллоевич., ба челонгарони фабрикаи маъданшӯӣ Абдуллоев Зайниддин Саноатович ва Сулаймонов Самъиддин барои таъмир намудани блокҳои фабрика супориши корӣ медиҳад. Онҳо то вақти хӯроки нисфирӯзӣ машғули иҷрои супориши корӣ мешаванд ва барои мустаҳкам намудани ду адад гайкаву болтҳои дар қисми болои Осиёби даврзанандаро бо калиди андозааш 100 мм медиҳад. Соати 16-30 дақиқа Осиёби №1- и фабрикаи маъданшӯӣ, барои таъмир намудан боздошт карда мешавад. Абдуллоев З., ва Сулаймонов С., барои мустаҳкам намудани гайкаву болт ба танаи қисми таҷҳизоти Осиёб (вкладыш) зинапоя монда ба болояш мебароянд. Сулаймонов С., калиди андозаш 100 милиметраро ба гайка андохта мустаҳкам менамояд ва барои мустаҳкам намудани болту гайкаи дуюм ӯ калидро ба Абдуллоев З., медиҳад. Абдуллоев З., калидро гирифта ба гайка андохта мустаҳкам кардани мешавад, ки дар ҳамин ҳолат калид аз гайка ҷудо шуда, Абдуллоев З., аз болои таҷҳизоти Осиёб, ки баландиаш 1,6 метрро ташкил медиҳад ба фарш меафтад. Абдуллоев Ф., ва Сулаймонов С., ки дар ҳамонҷо қарор доштанд, ин ҳолатро дида дарҳол ба назди Абдуллоев З., омада ӯро бардошта ба дигар тарафи Осиёб ба ҷои кушоди бехатар бурда мегузоранд. Баъд дигар кормандони корхонаро оиди ҳодисаи нохуши рухдода хабардор мекунанд. Баъди якчанд дақиқа духтури навбатдори корхона ба ҷои ҳодисаи нохуш омада ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ мерасонад. Баъд кормандон ҷабрдидаро ба нақлиёти сабукрави тамғаи ХУНДАЙ СТАРЕКС бо рақами қайди давлатиаш 5185 ДО 01, ки ба Абдуллоев Ф., тааллуқ дошт, савор намуда бо ҳамроҳии технологи фабрикаи маъданшӯии корхона Қароев П., ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон-1 мебаранд. Тибқи ташхиси Маркази саломатии ноҳиявии №1-и шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ, ҷабрдида бо ташхиси шикасти пӯшидаи буҷулаки дохили соқи чап дар беморхона бистарӣ.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Истифода набурдани камарбанди муҳофизатӣ ҳангоми кор дар баландии зиёда аз 1,3 метр.
  2. Истифода бурдани асбобҳои худсози корношоям (калид) барои корҳои таъмирӣ.
  3. Истифода набурдани чуббанди мустаҳкам (подмостей) барои корҳои таъмирӣ дар баландӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 21 июли соли 2022 тахминан соати 11-40 дақиқа дар кони Зарнисори Шимолӣ, нимқабати 1030 метр, уфуқи 10, блоки истихроҷии 1202 бо нақбкани бригадаи №2 Филиали ҶДММ «Гуруҳи илмӣтехникии Хуайеи Хитой дар Тоҷикистон» Ю Сиен Ҷун., соли таваллудаш 1975, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Ю Сиен Ҷун санаи таваллудаш 16.01 соли 1975, нақбкан;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур: аз 28.03 соли 2021;

– дастури муқаддимавӣ:  16.04 соли 2021;

– дастур дар ҷои корӣ:  24.04 соли 2022;

Вазъи оилавӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд;

-ҳамсараш – Йэн Сиен Суй;

-духтараш – Ю Мей Лин., соли таваллудаш 2001.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Санаи 21 июли соли 2022 тахминан соати 5-30 дақиқа пармагарон Фэнг Би Синг бо ҳамроҳии Ю Сиен Ҷун баъди хӯрдани хӯроки пагоҳирӯзӣ, аз устои басти кӯҳӣ Ли Фа Синг., оиди парма намудани нақб дар уфуқи 10 нимқабати 1030, блоки истихроҷии 1202 супориши корӣ гирифта, ба китоби даромаду баромади нақб имзо гузошта ба нақб медароянд. Тахминан соати 7-00 дақиқа ба ҷои корӣ расида ба кор шурӯъ менамоянд ва онҳо якҷоя бо ҳамроҳии устои кӯҳӣ Ли Фа Синг., чароғи рӯшноидиҳандаро ба барқ пайваст намуда, ба ҷои кории синакор (забой) насб мекунанд. Устои кӯҳӣ Ли Фа Синг., бо ҳамроҳи пармагарон Фэнг Би Синг ва Ю Сиен Ҷун барои тоза намудани санговезаҳо аз шифти нақб бо воситаи мисрон (лом) ба кор шурӯъ намуда, тақрибан 2-3 соат онҳо ба тоза намудани санговезаҳо аз шифти нақб машғул шудаанд, баъдан пармагарон ба кошондани қубурҳои ҳаводиҳандаи таҷҳизоти пармагарӣ ва овардани таҷҳизотҳои пармагарӣ аз майдони нақб ба синакор (забой) машғул мешаванд ва онҳоро насб намуда ба корҳои пармагарӣ шурӯъ менамоянд. Устои кӯҳӣ аз ҷои кории синакор (забой) баромада барои иваз намудаи лампаҳои сухтаи дигар роҳҳои асосии нақб меравад. Пармагарон ак адади пармачоҳи бо дарозии 2,5 метри қутраш 32 мм-ро парма намуда, ба пармачоҳи дуюм шурӯъ менамоянд. Дар ҳамин ҳолат тахминан соати 11-00 дақиқа пармагар Ю Сиен Ҷун., ки дар тарафи рости синакор машғули кор буд, ногаҳон аз тарафи рости синакор ҷинсҳои кӯҳии калонҳаҷм ба миқдори 2300 кг канда шуда ба болои Ю Сиен Ҷун., меафтанд. Ин ҳолатро пармагар Фэнг Би Синг дида таҷҳизоти пармагариро хомӯш намуда, номашро гирифта фарёд мезанад. Ӯ дарҳол аз синакор баромада ба сӯроғи устои кӯҳӣ меравад. Дар ин ҳолат Ли Фа Синг тақрибан дар масофаи 200 метр аз онҳо дуртар қарор доштааст. Фенг Би Синг., ба ӯ оиди ҳодиса хабар дода якҷоя ба ҷои ҳодиса омада мебинанд, ки Ю Сиен Ҷун., дар зери сангҳо мондааст ва ба ӯ илоҷи расонидани кӯмак карданро надоштаанд. Онҳо ба беруни нақб баромада ба директори биригадаи №2 Сие Мао Ёнг., бо тариқи телефон занг зада оиди ҳодиса хабар намудаанд. Баъдан онҳо бозгашта ба ҷои ҳодиса омада то омадани дигар кормандон мунтазир мешаванд. Баъдан кормандони Взводи 4-уми алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ соати 12-30 дақиқа ба ҷои ҳодиса омада, барои кофтукоб машғул шуда, марҳумро тахминан соати 18-00 дақиқа аз зери ҷинсҳои кӯҳии калонҳаҷм дарёфт намуда ба нақлиёти боркаш бор намуда ба беруни нақб мебароранд, сипас ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ бор намуда ба сардхонаи шаҳри Хуҷанд мебаранд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Риоя нагардидани системаи коркарди кон аз рӯӣ лоиҳаи коркарди кон.
  2. Пеш аз оғози кор ба пуррагӣ тоза накардани санговезаҳои калонҳаҷм.
  3. Назорати сусти кормандони муҳандисиву техникӣ вобаста ба ҳолати бехатарии блоки истихроҷии 1202.
  4. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 25 июли соли 2022 тахминан соати 01-30 дақиқа дар ковишгоҳи минтақаи кӯҳии 1-и пошхурдаи «Бомавло»-и кони тиллои пошхурдаи Ёхсуи КМКДҶ «Тиллои Тоҷик» бо Хуҷаев Дилшод Сафархуҷаевич – ронандаи автомошинаи ҶДММ «Дастрас-2011», ки дар асоси шартномаи иҷораи автомобилҳо дар КМҚДҶ «Тиллои Тоҷик» фаъолият мекард, рух додааст.

 

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Хуҷаев Дилшод Сафархуҷаевич., санаи таваллудаш 02.04 соли 1980, ронанда.

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур: аз 16.10.2021;

-дастури муқаддимавӣ: 17.10 соли 2021;

-дастур дар ҷои корӣ: 17.10 соли 2021;

Вазъи оилавӣ, – оиладор, соҳиби 5 фарзанд;

-ҳамсараш – Ҳафизова Гулдона;

-духтараш-Бибисамирони Дилшод., соли таваллудаш 2006;

-духтараш – Саидаи Дилшод., соли таваллудаш 2008;

-духтараш Идимои Дилшод., соли таваллудаш 2010;

-писараш Хуҷаев Саидшо., соли таваллудаш 2012;

-духтараш Гадоева Сумая., соли таваллудаш 2015.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Санаи 24 июли соли 2022 бегоҳ соати 18-00 ронандаи автомошинаи боркаш Хуҷаев Дилшод аз тарафи устои кӯҳӣ Сайвалиев Қодир., супориши корӣ барои кашонидани қумҳои зардор гирифта ба кор шуруъ мекунад. Баъди хӯроки шом соати (00:00 то 01:00) ба кор шурӯъ менамояд. Аз баёноти Зарифов Раҳмоналӣ бармеояд, ки ӯ ҳамон рӯз дар басти шабони баъди хӯрок соати 01-00 корҳоро оғоз намуда, пас аз чанд муддат барои азназаргузаронӣ аз кабинаи экскаватор фаромадааст. Дар ҳамин ҳолат ногаҳон ӯ овози ҷонгудозе шунида ва ба сӯи он овоз давида рафта дидааст, ки Хуҷаев Дилшод дар замин афтидааст. Хуҷаев Дилшод фарёд зада мегуфтааст, ки ҳамин санг аз болояш гузаштааст. Баъди ин ҳодиса ӯ устои кӯҳӣ Сайдалиев Қодирро хабардор мекунад. Сайдалиев Қодир дарҳол ба ҷойи ҳодиса расида омада Хуҷаев Д.,-ро ба мошин бор карда ба беморхонаи Сияҳфарк интиқол доданд. Духтур Хуҷаев Д.,-ро аз назар мегузаронад ва тавсия медиҳад, ки беморро фавран ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб баранд. Баъдан ҷабрдидаро ба беморхонаи шаҳрии шаҳри Кӯлоб мебаранд ва санаи 30 июли соли 2022 соати 22-10 дақиқа ҷабрдида Хуҷаев Д., дар беморхонаи мазкур вафот мекунад.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Афтидани санги калон аз синакор бинобар сабаби зиёд будани обҳои зеризаминӣ, ки ба устовории зинаҳои корӣ таъсир мерасонад.
  2. Ҷабрдида Хуҷаев Дилшод аз мошини боркаш фаромада ва бо сабабҳои номаълум ба тарафи синакор рафтааст, ки хилофи талаботи банди 42 «Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод» мебошад.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 8 августи соли 2022 тахминан соати 16-00 дақиқа дар кони нуқраи минтақаи Якҷилваи ноҳияи Мурғоб бо нақбкани ФШДММ «С.А Минералз» Луо Сянчжоу., соли таваллудаш 1968, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Луо Сянчжоу  санаи таваллудаш 25.08.1968 – нақбкан;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур -2 моҳ;

– аз рӯӣ касб дар корхонаи мазкур – 2 моҳ;

– дастури муқаддимавӣ: гузаштааст;

– дастурдиҳӣ дар ҷойи кор: 08.08.2022.

Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби ду фарзанд;

-завҷааш – Чжоу Юан Ю, санаи таваллудаш: 30.03.1972;

-писараш – Луо Баушан, санаи таваллудаш 03.09.1993

-духтараш – Луо Син Жуй, санаи таваллудаш 19.12.2007.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти нақбканон ва пармагарони ФШДММ «С.А Минералз» Қодиров И., Амиргулов З., Чжоу П., ва Чжоу Юн., бар меояд, ки онҳо бо марҳум Луо Сянчжу субҳи санаи 8 августи соли 2022 бо муҳандиси техникаи бехатарӣ Муқбилшоев М., ва устои кӯҳӣ Шайдоев Ҷ., вохӯрӣ намуда, дар китобҳои дастурдиҳӣ ва супориши корӣ имзо гузоштанд. Баъди хӯроки нисфирӯзӣ якҷоя тақрибан соати 14-00 дақиқа ба кор баромаданд ва соати 14-30 дақиқа ба ҷойи кор расиданд. Пармагарон бояд дар набқи №6 дар набқи одамфаро ва уфуқи 4555, ки аз даромади нақб дар масофаи 490 метр ҷойгир буд, корҳои безараргардонӣ ва омодагӣ барои корҳои пармакуниро ба анҷом мерасонидаанд. Нақбканон ҳамакаса ба ғайр аз Луо Сянчжу ба нақби одамфаро баромаданд ва корҳои омодагиро барои бурдани корҳои пармакунии минбаъда ба анҷом расониданд. Луо Сянчжу., бошад ба уфуқи 4555 баромадааст ва ба безараргардонӣ, яъне тоза кардани санговезаҳо дар синакор машғул шудааст. Тақрибан соати 16-00 дақиқа нақбкан Чжоу Пенлин овози Луо Сянчжуро шунидааст, ки аз инҳо ёрӣ даъват кардааст. Чжоу Пенлин., якҷоя бо Чжоу Юн.,  ба поён ба назди Луо Сянчжу фурома дидаанд, ки ҷинсҳои кӯҳӣ пойҳои Луо Сянчжуро зер кардааст. Луо Сянчжу., дар ҳамин ҳолат ба ҳуш будааст ва ба нақбканоне, ки барои ёрӣ омада будаанд, муроҷиат карда гуфтааст, ки пойҳояш шикастаанд. Нақбканон Қодиров И., ва Амиргулов З.,-ро низ фарёд карда сангҳоро аз болои пойҳои ҷабридида бардошта ӯро ба ҷойи бехатар бурдаанд. Сипас коргарони дигарро даъват карда, ҷабридидаро ба нақб фароварданд ва ба мототсикл савор карда, ба берун бароварданд ва роҳбариятро аз ҳодисаи нохуш хабардор кардаанд. Онҳо ҷабридидаро ба лагери болоии минтақаи корӣ бурдаанд. Дар онҷо ба ӯ аз тарафи ҳамшираи тиббии ширкат ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст.

Аз баёноти ҳамшираи тиббии ширкат Саидбекова Зебо бармеояд, ки ҷабридида дар ҳолати вазнин қарор дошта ва ҳар ду пояш шикаста будааст. Онҳо пойҳои ҷабридидаро бо тахтачаҳо баста, ӯро барои интиқол додан ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ омода намудаанд. Тақрибан соати 18-55 дақиқа ҷабридидаро бо ҳамроии ҳамшираи тиббӣ ва ҳамкораш Чжоу Пенлин ба автомобили тамғаи Мисубиши Паҷеро бо рақами қайди давлатӣ TJ3907AA04 савор намуда ба тарафи шаҳри Хоруғ ҳаракат кардаанд. Дар роҳ ҷабридида аз дарди сахти шикам шикоят мекардааст ва ҳамшираи тиббӣ ӯро як сӯзандоруии бедардкунанда гузаронида, фишори хунашро санҷидааст. Фишори хунаш паст, набзаш кам ва нафаскашиаш  вазнин будааст. Тақрибан соати 19-25 дақиқа дар масофаи 20 километр дуртар аз мантақаи корӣ ҷабридида Луо Сянчжу., аз олам дар гузаштааст. Онҳо ҷасади марҳумро ба беморхонаи деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб бурдаанд ва дар онҷо духтури беморхона Сироҷидин Қолукиев., ҷасади марҳумро бори дигар аз назар гузаронида фавти ӯро тасдиқ намудааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Ба роҳ мондани коркарди блоки истихроҷии 6-9 бе лоиҳаи коркарди блок.
  2. Интихоби усули коркард дар блоки истихроҷии 6-9 бар хилофи нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ дар соли 2022.
  3. Ба роҳ мондани корҳои пармагариву таркишӣ бе лоиҳа (ё шиносномаи) корҳои пармагариву таркишӣ.
  4. Барои интиқол додани ҷабрдида таъмин накардани мошини махсуси санитарӣ, ҳамчунин санаи ҳодисаи нохуш дар ҷойи корӣ таъмин нагардидани минтақаи корӣ бо духтури ширкат барои ба таври дахлдор расонидани ёрии аввалини тиббӣ.
  5. Назорати сусти кормандони муҳандисию техникӣ (сардори минтақа, устои кӯҳӣ) вобаста ба ҳолати бехатарии накбҳои зеризаминӣ.
  6. Бо рӯшноӣ таъмин нагардидани блоки истихроҷии 6-9.
  7. Ба кор ҷалб намудани нақбкан Луо Сянчжу., ва дигар нақбканон бе шаҳодатномаи тахассусӣ ва ба вазифаи сардори минтақа (Ли Джан Дун) таъин гардидани шахси бе маълумоти касбии кӯҳӣ-техникӣ.
  8. Ба танҳоӣ тоза кардани санговезаҳо аз ҷониби ҷабрдида.
  9. Дар блоки истихроҷии 6-9 тарқишҳои кундаланги субвертикалӣ қабатҳои зерсохтори ҷинсҳои кварс ва гранитӣ хеле майда (дробленный) шудаанд, ки ба устувории ҷинсҳои кӯҳӣ таъсир мерасонанд.

 

  1. Ҳодисаи нохуши гурӯҳии ҳолати марговар ва ҷароҳатбардор, ки санаи 15 августи соли 2022 тақрибан соати 21-30 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Соро Компания», воқеъ дар ноҳияи И. Сомонӣ, ҷамоати деҳоти Чорбед, деҳаи Даҳана рух додааст, ки дар натиҷа танзимгари НФСГ Каримов Комилчон Сафаралиевич., соли таваллудаш 1996 ба ҳалокат расида, танзимгари НФСГ Низомов Садриддин Сайфиддинович., соли таваллудаш 1980 ва ронанда Нуралиев Начмиддин Шамсиддинович., соли таваллудаш 1996 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.

 

  1. Маълумот дар бораи фавтида:

Шаҳрванд Каримов Комилҷон Сафаралиевич., санаи таваллуд 8 октябри соли 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ кӯчаи Заҳматобод №77, оиладор соҳиби як фарзанд, маълумоташ миёна мебошад. Шаҳрванд Каримов К. С., тибқи шартномаи меҳнатӣ аз 1 январи соли 2021 ба ҳайси танзимгари НФСГ дар ҶДММ «Соро Компания» ба кор қабул карда шудааст. Ҳангоми ба кор қабул гардидан аз ҷониби муҳандиси техникаи бехатари Кабутов Ҳ, дастури муқаддимавӣ оид ба техникаи бехатарӣ аз 1 январи соли 2021 дода шудааст. Инчунин аз ҷониби роҳбари НФСГ дастури аввалия ва такрорӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ санаи 1 июли соли 2022 гузаронида шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби муҳандиси техникаи бехатарии ҷамъият бо либоси махсуси корӣ (пойафзол, даспӯшак ниқоби махсуси муҳофизатӣ аз газ) таъмин карда шудааст.

         1.1. Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Шаҳрванд Низомов Садриддин Сайфиддинович., санаи таваллудаш 29. 07 соли 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти  С. Айнӣ, деҳаи Харангони миёна, оиладор, соҳиби се фарзанд, маълумоташ миёна мебошад. Шаҳрванд Низомов С. С., тибқи шартномаи меҳнатӣ аз 1 июли соли 2021 ба ҳайси танзимгари НФСГ дар ҶДММ «Соро Компания» ба кор қабул карда шудааст. Ҳангоми ба кор қабул кардан аз ҷониби муҳандиси техникаи бехатарӣ дастурӣ муқаддимавӣ оид ба техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз 1 июли соли 2021 гузаронида шудааст. Инчунин аз ҷониби роҳбарияти ҷамъият дастури аввалия ва такрорӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатари 1 июли соли 2022 гузаронида шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби муҳандиси техникаи бехатарии  ҷамъият бо либоси махсуси  кори (пойафзол, даспӯшак ниқоби махсуси муҳофизатӣ аз газ) таъмин карда шудааст. Тибқи хулосаи Муассисиаи давлатии «Маркази ташхиси тибби судӣ», ҷароҳатҳои бардоштаи ӯ ба ҷароҳати сӯхта бо оташ масоҳти 92 %, дараҷаи I-III-и осеби термоингалятсони садамаи дараҷаи ниҳоят вазнин ба саломатӣ дониста шудааст.

1.2. Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Нуралиев Наҷмиддин Шамсиддинович., санаи таваллудаш 8 марти соли 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И. Сомони, кӯчаи Заҳматобод №682, оиладор соҳиби се фарзанд, маълумоташ миёнаи техникӣ мебошад. Нуралиев Н. Ш., тибқи шартномаи боркаши (граждани) аз 1 марти соли 2022 оид ба хизматрасони боркашонӣ бо автомашинаи мансуб   ба ҶДММ «Соро Компания» барои кашонидани борҳои маҳсулоти сузишвории нафтӣ шартнома бастааст. Тибқи хулосаи Тибқи хулосаи Муассисиаи давлатии «Маркази ташхиси тибби суди», ҷароҳатҳои бардоштаи шаҳрванд Нуралиев Н. Ҷ., ҷароҳати сӯхта бо оташ масоҳти 44 %-ро ташкил додааст, ки ба зарари вазнин ба саломатӣ дониста шудааст.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуши гурӯҳӣ:

Аз баёноти Саъдуллоев Хуршед Гулмуродович., бармеояд, ки санаи 15 августи соли 2022 тахминан соати 21-30 дақиқа дар лаби дарёи Варзоб нишаста будааст, ки нохост садои баланди таркишро шунавидааст. Баъди шунидани овози таркиш ба ҳамон тараф ҳаракат карда мебинад, ки дар нуқтаи фурӯши гази моеъ мошини бензин оташ гирифта истода будааст. Дар ҳамин лаҳза ду нафар яке ронанда ва дигараш корманди ҶДММ «Соро Компания», ки либосҳояшон сӯхта истода буданд, давида ба роҳи калон баромаданд. Ӯ либосҳои сухтаистодаи яке аз онҳоро кашидааст, дигараш бошад либосаҳояшро худ кашидааст. Саъдуллоев ба тарафи хонааш давида рафта мебинад, ки фарзандонаш ва аҳли оилааш сиҳату саломат будаанд. Дар ин ҳолат автомашинаи тамғаи «Ниссан», ки дар ҷойи ҳодиса қарор доштааст сӯхта аз кор мебарояд. Аз сабабе, ки дар лаҳзаи таркиш шамол варзида истода будааст, ошхона ва хонаи истиқоматиаш бо пуррагӣ месӯзад. Баъдтар ӯ фаҳмидааст, ки корманди ҶДММ «Соро Компания» Каримов Комилҷон Сафаралиевич., аз таркиши автомашина сӯхта ба ҳалокат расидааст.

Дар баёноти худ сардори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Низомов М. Ш., чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 15 августи соли 2022 тахминан соати 20-00 аз хонааш ба ҷои кораш рафта истода будааст, ки Хуршед ном шахс ба ӯ занг зада, ҳолати воқеаро фаҳмонидааст. Ӯ ба ҷои кор омада мебинад, ки дар ҳақиқат пешайвони НФС ва як қисмати ошхона ва хонаи истиқоматии ба шаҳрванд Хуршед ном шахс тааллуқдошта ба коми оташ фурӯ рафтааст ва автомашини бензинкаш сӯхта баъд таркиш ба амал омадааст, ки дар натиҷа Каримов К. С., дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Гайр аз ӯ корманди НФС Низомов С. С., ва ронандаи автомашина Нуралиев Н., сӯхта дар беморхонаи клиникии шаҳрии №3 бистарӣ гардидаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Риоя накардани талаботи бандҳои 13 РД 153-39.2-080-01 «Қоидаҳои истифодабарии техникӣ дар НФС» ва банди 2 зербанди 9 дастурамали корӣ «Оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатарии сӯхтор барои ронандаҳои мошинҳои газкашонӣ ва мошинҳои бензинкашонӣ».

 

  1. Ҳодисаи нохуши гуруҳии ҳолати марговар ва ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 16 августи соли 2022 тақрибан соатҳои 16-17 дақиқа ҳангоми тозакунии қубури зеризаминии ташноби кӯчаи Ҷӯра Зарифови шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод рух додааст, ки дар натиҷа челонгарони Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Зафаробод Ахмедов Ҷӯрақул ва Худойқулов Усмон., дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Рустамов Тоҳир заҳролуд гардидааст.
  2. Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Ахмедов Ҷӯрақул Тӯрақулович, миллаташ тоҷик,  санаи таваллудаш 18. 08. 1984, маълумоташ миёна, вазифааш челонгар;

-собиқаи кори умумӣ, аз рӯӣ варақаи шахсӣ 10 сол,  аз рӯӣ касб дар КДФОК н. Зафаробод аз 19. 01 соли 2018, 4 солу 8моҳ;

-гузаронидани дастурдиҳӣ:

-дастури муқаддимавӣ санаи 26.10 соли 2021;

-дастур дар ҷои корӣ санаи 26.10 соли 2021;

-дастури такрорӣ  санаи 08. 08 соли .2022.

Дар асоси аризаи худ аз санаи 19. 01соли 2018 дар КДФОК н. Зафаробод бо фармоши № 4 аз 19. 01 соли 2018 ба ҳайси челонгар қабул гардидааст.

-вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби чор фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳраки Зафаробод, ҷамъоати ба номи Зарипов,  кӯчаи Зарипов, хонаи №13/2;

-ҳамсараш Мазмунова Ойнура – соли таваллудаш 16.05.1965;

-духтараш Ахмедова Дилнура – санаи таваллудаш 14. 11 соли 2008;

-духтараш Ахмедова Зайнура – санаи таваллудаш 29. 05 соли 2010;

-писараш Ахмедов Бенёамин – санаи таваллудаш 28. 07 соли 2012;

-духтараш Ахмедова Озода – санаи таваллудаш 15.08. 2014.

 

 

1.1. Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Худойқулов Усмонқул Мустафоқулович, – миллаташ узбек, санаи таваллудаш  10. 02 соли 1975, маълумоташ  миёна, вазифааш ронанда;

-собиқаи кори умумӣ;

-аз рӯӣ касб дар КДФОК н. Зафаробод – аз 15. 02 соли 2006 сол; (16 солу 6 моҳ);

-гузаронидани дастурдиҳӣ:

-дастури муқадимавӣ – 26. 10 соли 2021;

-дастур дар ҷои корӣ – 26.10 соли 2021;

-дастури такрорӣ 11. 05 соли 2022.

Дар асоси аризаи худ аз 15. 02 соли 2006 ба КДФОК н. Зафаробод, бо фармоши № 7/2 аз 15. 02 соли 2006 ба ҳайси ронанда қабул гардида, тибқи фармоиши №11 аз 01. 04 соли 2014 ба миқдори 0,5 басти вазифаи челонгар илова карда шудааст.

– вазъи оилавӣ, оиладор, соҳиби ду фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳраки Зафаробод, кӯчаи Айнӣ №1, маҳаллаи №6 Бӯстон;

-ҳамсараш Тошпулотова Гулмира – санаи таваллудаш 13. 02 соли 1986;

-духтараш Худойқулова Кумушой – санаи таваллудаш 11. 11 соли 2011;

-духтараш Худойқулзода Муниса – санаи таваллудаш 10. 10 соли 2017.

1.2. Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Рустамов Тоҳир Захриддинович, миллаташ тоҷик, санаи таваллудаш 08. 02 соли 1978, маълумоташ миёна, вазифааш челонгар;

-собиқаи кори умумӣ, аз рӯӣ касб дар КДФОК н. Зафаробод аз 19. 01 соли 2018, яъне 5 сол;

-гузаронидани дастурдиҳӣ:

-дастури муқаддимавӣ санаи 26. 10 соли 2021;

-дастур дар ҷоӣ кор санаи 26. 10 соли 2021;

-дастури такрорӣ санаи 08. 08 соли 2022.

Дар асоси аризаи худ аз 19. 06 соли 2016 дар КДФОК н. Зафаробод, бо фармоши №20 аз моҳи июни соли 2016 ба ҳайси челонгар ба кор қабул гардиааст.

-вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби ду фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳраки Зафаробод, кӯчаи С. Айнӣ хонаи №1/1, маҳаллаи №18-и ба номи Б. Ғафуров.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти сармуҳандиси КДФОК ноҳияи Зафаробод Одинаев О., бармеояд, ки санаи 16. 08 соли 2022 сардори қитъа Ибрагимов Н., аз сабаби вафот кардани ҷиянаш аз кор ҷавоб гирифта, ба деҳаи Мирзообод (Зафар) ба маросими дафн рафтааст. Ӯ соати 08-30 дақиқа кормандон Ахмедов Ҷ., Худойқулов У., ва Рустамов Тоҳирро ба кӯчаи С. Шерозӣ бурда вазифа гузоштааст, ки аз қудуқи кӯча ба масофаи 30 метр бо воситаи эксковатори корхона заминро кофта хати об гузаронанд. Экскватори корхона тахминан 1 соату 30 дақиқа кор карда аз сабаби замин сахт буданаш, рӯдаи гидравликиаш кафида корношоям шуда, барои таъмир намудан рафтааст. Сармуҳандис ба коргарон гуфтааст, ки то дарёфти экскватори дигар, ҷойҳои кафидаи садамавии қубурҳои обгузарро то қадри имкон дуруст намоянд. Кори ҳамин рӯза фақат хати оби нӯшокиро таъмин намудан гуфтааст. Баъди ба кор баромадани сардори қитъа боқимондаи корҳоро ба анҷом мерасонед гуфта, ба Худойқулов У., супориш додааст, ки то баромадани сардори қитъа, ӯ шахси масъул мебошад, эҳтиёт шаветон ва худ ба идора рафта, бо корҳои идоравӣ машғул шудааст. Соати 18-00 дақиқа ба сармуҳандис шахси номаълуме тариқи телефон хабар додааст, ки коргаронатон ба қудуқи ташноб даромада, набаромада истодаанд зуд биёяд. Ӯ дарҳол ба ҷои ҳодиса омадааст. Дар ин муддат кормандони оташнишонии ноҳияи Зафаробод ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, онҳоро аз дохили қудуқи ташноб бароварда, бо воситаи автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод бурдаанд. Баъди ба беморхона бурдан маълум гардидааст, ки Худойқулов У., ва Ахмедов Ҷ., алакай фавтидаанд, Рустамов Тоҳир бошад дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

 

Cабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш

-заҳролудшавӣ аз таъсири газҳои сулфид Н2S, метан (СН4 ) ва карбон (С);

-пеш аз оғози кор бод надодани қудуқи ташноб;

-нагузаронидани дастурамали иловагӣ оиди иҷрои корҳои хавфнокиашон баланд;

-бе супориш иҷозат (наряд – допуск) оғоз намудани корҳои хавфнокиашон баланд;

-иҷрои корҳои хатарнок бе либоси махсуси корӣ, миёнбанди муҳофизатӣ ва ниқоби зидди газӣ;

-бе иштироки шахси масъул гузаронидани корҳои хавфнокиашон баланд.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 1 сентябри соли 2022 соати 09 30 дақиқа дар ПК 0,5+10 – 0,5+15-и нақби Т-39-и НБО «Роғун» бо саркори ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Олимов Умедҷон Ҳасаналиевич, соли таваллудаш 1999 рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Олимов Умедҷон Ҳасаналиевич., соли таваллудаш 1999;

-собиқаи кории умумӣ  – аз 06. 08 соли 2022;

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – як моҳ;

-дастури мукаддимавӣ: 06. 08 соли 2022

-дастури навбатӣ: 16. 08 соли 2022;

Вазъи оилавӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

 

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 01 сентябри соли 2022, ҳангоми бартараф кардани касриҳо (недобор) дар нақби  Т-39-и сохтмони иншооти НБО «Роғун», дар ПК-05+10 ва ПК 05+15 тахминан соати 09-30 дақиқа, ногаҳон қубури обпартои қутраш 219 мм аз баландии тахминан 2 метр ба замин афтидааст, ки дар натиҷа саркори ҶСК «ТГЭМ» Олимов У. Ҳ., ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Оиди ҳодисаи нохуши мазкур кафшергари ҶСК «ТГЭМ» Самариддини М., чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 01. 09 соли 2022 ӯ ба минтақаи корӣ ба нақби Т-39 рафтааст. Тахминан соати 6-40 дақиқа устои баст Қабулзода Н., ба онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риояи қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро фаҳмонидааст ва дар китоби супоришҳои ҳаррӯза имзоҳо гузоштаанд. Баъдан ҳама ба ҷойи корӣ рафта ба корҳои тозакунии ҷойи қолабгузорӣ машғул будаанд, ки ногаҳон лӯлаи обгузар аз баландӣ афтидааст ба дар натиҷа Олимов У., ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ӯ ба тарафи ҷабрдида рафта ӯро дар ҳолати беҳушӣ дидааст. Баъдан бо ҳамроҳии устои баст Қабулзода Н., ҷабрдидаро ба мошин савор намуда, ба беморхонаи марказии шаҳри Роғун интиқол додаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

 

-ҳангоми иҷрои корҳо беаҳамиятӣ зоҳир намудани ҷабрдида;

-тибқи талаботи лоиҳаи иҷрои корҳо васл карда нашудани қубури обпарто;

-тибқи талаботи лоиҳаи иҷрои корҳо иҷро карда нашудани чуқурии пармакунии шпурҳо;

-тибқи талаботи лоиҳаи иҷрои корҳо васл карда нашудани қутри қубури обпарто.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 19 августи соли 2022 тақрибан соати 22-40 дақиқа бо коргари минтақаи анбори нигоҳдории консентрати миси ҶДММ КМ «Зарафшон» Назаров Далер Дусталиевич., соли таваллудаш 1993 рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Назаров Далер., санаи таваллудаш 19 майи соли 1993, корманди ҶДММ КМ «Зарафшон».

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 8 моҳу 14 рӯз;

-дастури муқаддимавӣ-гузаштааст;

-дастурдиҳӣ дар ҷойи кор-гузаштааст.

-вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

 

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти ҷабрдида Назаров Д. Д., бармеояд, ки санаи 18. 08 соли 2022 тақрибан соати 19-10 дақиқа ба ҷои кор рафта, ба китоби супоришҳо имзо гузошта, сару либоси кориро пӯшида, ба минтақаи анбори нигоҳдории консентрати мис бо ҳамроҳии панҷ нафар кормандон рафта, ҷои кориро аз назар гузаронида, корҳоро дар дастгоҳи майдакунии (дробилка) №3 оғоз намудааст.  Устои баст Раҷабов А., шароити кории онҳоро аз назар гузаронида, оид ба техникаи бехатарӣ дастур додааст. Ба Назаров Д., ва Ҳамроев Р., ба бор кардани хокаи кансентрат, ба Каримов Т., назорат намудани дасгоҳи майдакуниро аз боло ва ба Ортиқов Х., бошад дар назди шити идоракунии дасгоҳи майдакунӣ қарор доштан супориши корӣ додааст. Онҳо то соати 22-40 дақиқа бо иҷрои супориши корӣ машғул будаанд, ки ногаҳон лентаи дастгоҳи майдакунӣ аз кор мондааст. Назаров Д., ба Ортиқов Х., гуфтааст, ки дастгоҳро хомуш кунад. Пас Назаров Д., зери лента ва барабани конвейр бо ҳамроҳии Каримов Т., даромада аз хокаи консентрате, ки сабаби аз кор мондани лента гардидааст, бо бел тоза кардаанд. Ортиқов Х., бошад дар назди қутии (шит) идоракунии дасгоҳ истодааст. Баъди тоза намудани дастгоҳ ба Ортиқов Х., гуфтааст, ки дастгоҳро ба кор андозанд. Баъди ба кор даромадани лентаи дасгоҳ Назаров Д., хостааст бо бел хокаи часпидаи байни барабан ва лентаро тоза кунад, ки ногаҳон бел ба барабан часпида якҷоя давр задааст ва бел дар атрофи барабан тоб хурда дасти чапи Назаров Д.,-ро зада шикастааст. Ҷабрдида аз ҷароҳати бардошта фарёд задааст. Ортиқов Х., фарёдро шунида дастгоҳро хомӯш намудааст. Каримов Т., ки дар онҷо қарор доштааст, баъди исти дастгоҳ Назаров Д.,-ро аз ҷои ҳодиса ба ҷои бехатар баровардааст ва ӯро ба нуқтаи тиббии корхона бурда, баъди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ бо воситаи автомошинаи ёрии таъҷилии корхона ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бурда бистарӣ мекунанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-худсарона ба роҳ мондани корҳои тозакунии хатти технологӣ дар вақти кор кардани дастгоҳ;

-назорати суст оид ба риояи техникаи бехатарӣ аз тарафи кормандони муҳандисони техникӣ;

-таъмин накардани ҷойҳои корӣ бо равшаннокии кофӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 22 августи соли 2022 соати 04-00 дақиқа бо васлгари дараҷаи 2-и ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Маҳамадуллоев Ҳусейн Насимҷонович., соли таваллудаш 1980, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Муҳаммадуллоев Ҳусейн Насимҷонович., санаи таваллудаш 01. 11 соли 1980, васлгари дараҷаи 2 дар татбиқи лоиҳаи барқарорсозии НБО «Қайроққум».

-собиқаи умумии корӣ – 11 моҳ;

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 11 моҳ;

-дастурдиҳии муқаддимавӣ санаи 06. 10 соли 2021;

-дастурдиҳии аввалия санаи  06. 10 соли 2021;

-дастурдиҳӣ дар ҷойи кор ва такрорӣ санаи 11. 07 соли 2022;

-оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

          Аз баёнот ва протоколи пурсиши ҷабрдида Маҳамадуллоев Ҳ., устои қитъа Мавлонзода Ф., ва васлгар Аҳроров М., бармеояд, ки дастаи корӣ мувофиқи супориш-иҷозати таҳти №569 аз 20. 08. соли 2022 барои насби насоси гидравликии маҷмааи дарвозаи турбинаи «ГА-5» кор мекарданд. Коргарон тибқи ин супоршинома корҳоро соати 19-00 дақиқаи санаи 21. 08 соли 2021 оғоз намуда, то вақти хӯроки шабона аз долони «ГА-1» то ҳуҷраи васлу насби «ГА-5», ки дар ошёнаи 6-и бинои неругоҳ воқеъ мебошад, ба кашонидани насоси гидравликӣ, ки аз се қисм иборат мебошад шурӯъ мекунанд. Аз соати 01-00 дақиқаи санаи 22. 08 соли 2022 дар ошёнаи 6-ум ҷобаҷогузории қисмҳои насоси гидравликиро идома медиҳанд. Барои иҷрои ин амалиёт аробачаи боркашонии навъи «Рохля»- ро истифода мебаранд. Тибқи лоиҳаи корӣ ду адади таҷҳизотро насб карда, ҳангоми ҷобаҷогузории қисми 3-и таҷҳизот, дар вақти гардиши аробачаи «Рохля» лағжиши таҷҳизот рух додааст, ки дар натиҷа таҷҳизот ба паҳлӯи дасти чап майли чаппа шуданро пайдо кардааст. Васлгар Муҳамадуллоев Ҳ., ки аз ҳамон тараф меистодааст, мехоҳад борро дорад, ки зарар набинад. Мавлонзода Ф., ба Муҳаммадуллоев Ҳ., дод задааст, ки гурезад. Аз сабабе, ки роҳрав танг будааст, Муҳамадуллоев Ҳ., аз зери таҷҳизот озод шуда натавонистааст. Дар натиҷа таҷҳизоте, ки вазни 700 кг дорад лағжида бо як кунҷи болои ба девори бетонии бино бархурда ва бо кунҷи поёнӣ ба болои пойҳои васлгар Муҳаммадуллоев Ҳ., афтидааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

          -истодан аз пеш ва пушти аробача ҳангоми рафтан, бардоштан ва фаровардани бор;

          -аробачаро бо боре, ки мувозинат нашудааст истифода бурдан.

          -дар таги бори бардошта, роҳ рафтан ва истодан, ҳамчунин дар минтақаи фаровардани он истодани ҷабрдида, ҳангоми иҷрои корҳо.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 08 сентябри соли 2022 тақрибан соати 10-00 дақиқа дар нимқабати 945 метри уфуқи 12-и кони Зарнисори Шимолӣ бо идоракунандаи мошини боркунаки боркашонии бригадаи №1-и истихроҷи маъдани ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон» Чжан Хонлинг., шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, соли таваллудаш 1980, рух додааст.

Маълумот дар бораи шахси фавтида:

Чжан Хонлинг, санаи таваллудаш 12 апрели соли 1980, шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Хитой, истиқоматкунандаи Вилояти Ҷе Ҷиянг, шаҳри Хуей Ҷо, ноҳияи Ҷу Юей, миллаташ хитоӣ.

Тибқи фармони ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон» №01 аз 01. 07 соли 2022 – Чжан Хонлинг., ба ҳайси идоракунандаи механизми боркунак ба кор қабул гардидааст.

Собиқаи умумии корӣ – маълумот мавҷуд нест.

Дар ташкилоти мазкур 2 (ду) моҳу 7 (ҳафт) рӯз.

Вазъи оилавӣ – муҷаррад.

Маълумот оиди гузаронидани дастурдиҳиҳо оиди риояи техникаи бехатарӣ ба ҷабрдида:

-гузаронидани дастурдиҳии муқаддимавӣ – 08.05 соли 2021;

-гузаштан аз дастурдиҳии такрорӣ – гузаронида нашудааст;

-гузаштан аз дастурдиҳии дар ҷои корӣ – 21. 05 соли 2021.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 08 сентябри соли 2022 тақрибан соати 10 00 дақиқа дар нимқабати 945 метри уфуқи 12-и кони Зарнисори Шимолӣ ҳангоми иҷроиши корҳо аз қисмати тарафи чапи шифти нақб резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба қисмати болоии мошини боркунаки боркашонӣ ба дар ҳаҷми 7,0 м3 амал омадааст, ки дар натиҷаи он идоракунандаи мошини боркунаки боркашонии бригадаи №1-и истихроҷи маъдани ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон» Чжан Хонлинг ҷароҳатҳои вазнин бардошта ба ҳалокат расидааст.

Дар баёноти хатии худ муҳандиси техникаи бехатарии бригадаи №1-и ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон» Ху Кун., чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 08. 09 соли 2022 соати 06 30 дақиқа ӯ ба қитъаи кории нимқабати 945 метри Зарнисори Шимолӣ ҳозир шуда, ҳар як синакорро аз назар гузаронида баъдан бо корҳои ҳаррӯзаи худ машғул шудааст. Тақрибан соати 10-00 дақиқа ба назди ӯ ронандаи автомашинаи тамғаи Краз Бей Хуа Ҷие омада ба ӯ гуфтааст, ки дар нимқабати 945 метри уфуқи 12-и кони Зарнисори Шимолӣ ба болои машинаи боркунанда ва дастраскунандаи ҷамъият Чжан Хонлинг резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омадааст. Баъдан ӯ зуд бо ҳамроҳии ронанда Бей Хуа Ҷие тақрибан дар муддати 10 дақиқа ба ҷои ҳодиса рафта расидаанд. Хангоми ҳозир шудани онҳо дар ҷои ҳодиса директори бригада Ли Ҷиен Вей ва устои баст Ванг Ши Чен қарор дошта бо корҳои гирифтани сангпораҳо аз болои ҷабрдида машғул будаанд. Тақрибан соати 10 30 дақиқа ба ҷои ҳодиса намояндаи ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой» ва директори ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон» Се Личжи ҳозир шуданд. Тақрибан соати 10 50 дақиқа якҷоя бо шахсони дар ҷои ҳодиса ҳузурдошта аз дохили машинаи боркунанда ва дастраскунанда ҷабрдида Чжан Хонлингро кашида гирифта, ба автомашинаи сабукрави тамғаи Муссо бор намуда ба беруни нақб баровардаанд. Аз даромадгоҳи нақб бошад ҷабрдидаро ба автомашинаи тамғаи Прадо бо рақами қайди давлатӣ TJ 900 ZH 02 таҳти идораи ронанда Назаров Субҳиддин бор намуда ба беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Инчунин ӯ дар баёноташ қайд менамояд, ки ҳангоми баровардани ҷабрдида аз дохили мошини боркунанди боркашонӣ тақрибан 4 нафар намояндагони қисми ҳарбикунонидашудаи ноҷотдиҳии куҳӣ дар шаҳраки Зарнисор ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, барои баровардани ҷабрдида кӯмак расонида натавонистаан.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

  1. Пеш аз оғози корҳо дар қитъаи мазкур қисмати шифт ва деворҳои нақб тибқи талабот аз санговезаҳо тоза карда нашудааст.
  2. Қитъаи кории зеризаминӣ бо ҳавои тозаи кофӣ таъмин карда нашудааст, яне масофаи байни синакор ва рӯдаи ҳаводиҳӣ 60 метрро ташкил медиҳад.
  3. Тибқи талабот иҷро нагардидани мустаҳкамкунии муваққати шифт ва деворҳои нақб, яъне мустаҳкамкунии муваққатии девор ва шифти нақб бо бетони ғафсии аз 0,5 то 1,0 сантиметр иҷро карда шудааст.
  4. Шиносномаи мустаҳкамкунӣ тибқи талабот таҳия карда нашуда, аз тарафи шахсони масъул тасдиқ карда нашудааст.
  5. Аз ҷониби роҳбарияти ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон» ба ҳайси масъули корҳои кӯҳӣ-техникӣ дар сохтмони иншооти зеризаминӣ таъин намудани шахсоне, ки маълумоти тахассусии соҳавӣ надоранд:
  6. Беэҳтиётии идоракунандаи мошини боркунаки боркашонии бригадаи №1-и истихроҷи маъдани ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон» Чжан Хонлинг ҳангоми иҷроиши корҳо.
  7. Қитъаҳои кории дохили нақбҳо бо равшаннокии кофӣ таъмин карда нашудааст.
  8. Аз тарафи геологи ҶДММ «Ҷей. Эл. Тоҷикистон» Лю Хей дода нашудани дастуру нишондодҳо оиди мустаҳкамкунӣ ва ҷорӣ накардани китоби сабти дастуру нишондодҳои геологӣ ва маркшейдерӣ.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардории гурӯҳӣ, ки санаи 09 октябри соли 2022 тахминан соати 14-00 дақиқа дар уфуқи 1715 метр, қитъаи зеризаминии 7-и минтақаи Равоти ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» рух додааст, ки дар натиҷа ҷонишини сардори қитъа Азизи Алихон., нақбканон Яқуби Бахтиёр., Алӣ Аҳмадӣ., Аҳмади Ризо., Муҳаммади Азиз., ва Зоҳир Ҳасанӣ., (шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломи Афғонистон) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Маълумот дар бораи ҷабрдидагон:

Азизи Алихон., санаи таваллудаш 01. 09 соли 1984 – ҷонишини сардори қитъа.

-собиқаи кор дар корхонаи мазкур аз 1.07 соли 2022;

-дастури навбатӣ – санаи 1. 07 соли 2022;

– дастур дар ҷои кор – санаи 1.06 соли 2022.

Яқуби Бахтиёр., санаи таваллудаш 18. 08 соли 1997 – нақбкан.

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – аз 04. 01 соли 2022;

-дастури навбатӣ – санаи 1.07 соли 2022;

-дастур дар ҷои кор – санаи 1. 06 соли 2022.

Алӣ Аҳмадӣ., санаи таваллудаш 1993 – нақбкан.

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 04.01 соли 2022;

-дастури навбатӣ – санаи 1.07 соли 2022;

-дастур дар ҷои кор – санаи 1. 06 соли 2022.

Аҳмади Ризо., санаи таваллудаш 05. 07 соли 1999 – нақбкан.

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 01. 07 соли 2022;

-дастури навбатӣ – санаи 1. 07 соли 2022;

– дастур дар ҷои кор – санаи 1. 06 соли 2022.

Муҳаммади Азиз., санаи таваллудаш 06. 11 соли 1998 – нақбкан.

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 04. 01 соли 2022;

-дастури навбатӣ 1.07 соли 2022;

-дастур дар ҷои кор – санаи 1. 06 соли 2022.

Зоҳир Ҳасанӣ., санаи таваллудаш 15. 12 соли 1982 – нақбкан.

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур: аз 1.07 соли 2022

– дастури навбатӣ:  1.07. соли  2022

– дастур дар ҷои кор: 1.06.2022.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёнот, протоколи пурсиш ва посухи устои кӯҳӣ Пирназаров М., бар меояд, ки санаи 09. 10 соли 2022, ӯ аз сардори қитъа Шарипов У., супориши кориро қабул намуда, соати 06-00 дақиқа ба кормандони кони зеризаминии қитъаи №7, уфуқи 1715м, оид ба корҳои нақбканӣ ва сохтани девори муҳофизатӣ супориши корӣ додааст. Кормандони кони зеризаминии №7, тахминан соати 6-10 дақиқа барои иҷрои кор ба нақби зеризаминии №7 даромадаанд. Тахминан соати 7-00 дақиқа ба ҷои корӣ расида корро шурӯъ намуда, масолеҳи сохмонӣ (қум, хишти сементӣ, семент) дастрас намуда, ба ҷои лозима меоранд. Бо роҳбарии ҷонишини сардори қитъа Алихон Азизӣ., бо ҳамроҳии нақбканон Азизи Алихон, Яқуби Бахтиёр, Али Аҳмадӣ, Аҳмади Ризо, Муҳаммад Азизӣ., ва Зоҳир Ҳасанӣ., барои сохтани деворҳои муҳофизатӣ дар нақби зеризаминии байнӣ шурӯъ менамоянд. Онҳо то соати 12-00 дақиқӯа дар масофаи 173 метр, нақби зеризаминӣ байнӣ девори муҳофизатиро сохта ба анҷом мерасонанд, баъдан барои хурдани хӯроки нисфирузӣ аз дохили нақб ба беруни нақб баромада ба ошхонаи ҷамъит мераванд. Баъди хурдани хӯроки нисфирӯзӣ соати 13-30 дақиқа барои сохтани девори дуюм, ҷонишини сардори қитъа Алихон Азизӣ, нақбканон Азизӣ Алихон, Яқуби Бахтиёр, Али Аҳмадӣ, Аҳмади Ризо, Муҳаммад Азизӣ ва Зоҳир Ҳасанӣ ба нақб медароянд. Дар қабати нақби зеризаминии ҳавокаш барои сохтани девори муҳофизатӣ корро шурӯъ менамоянд. Аз нақби байни масолеҳи сохтмониро ба нақби ҳавокаш мекашонанд, ҳангоми кашонидани масолеҳи сохтмонӣ тахминан соати 14-00 дақиқа ногаҳон резиши хокистари сӯхташудаи ангишт ба амал меояд, ки коргарон аз ин ҷароҳатҳои сӯхта мебардоранд, онҳо баъди гирифтани ҷароҳат ба беруни нақб баромада ба назди хобгоҳ меоянд ва дигар кормандони корхона аз ин ҳолат огоҳ шуда, ҷабрдидаҳоро дарҳол бо тариқи нақлиётҳои мусофикаш ба беморхонаи МД МТШ №3- ш. Душанбе, шӯъбаи бемориҳои сӯхта равон намудаанд ва онҳоро дар беморхонаи мазкур бистарӣ намудаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Ногаҳон афтидани хокистарҳои ангишти сӯхташуда аз шифти нақби миёна бо ҳарораташ баланд.
  2. Аз ҳарорати гармии баланд истифода набурдани либосҳои махсуси корӣ дар минтақаи сӯхташудаистода аз тарафи ҷабрдидаҳо.
  3. Назорати суст дар минтақаи корӣ аз тарафи шахси масъул.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 13 октябри соли 2022 тақрибан соати 18-00 дақиқа дар минтақаи Вурсакои кони тиллои пошхӯрдаи Бандисариоби ҶДММ КМ «Таком Голд», воқеъ дар ноҳияи Сангвор бо мошинисти боркунакГадоев Давлат Негматович, санаи таваллудаш 1988 рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Гадоев Давлат Негматович, санаи таваллудаш 19. 05 соли 1988 – машинисти боркунак;

-собиқаи корӣ дар минтақаи мазкур аз рӯӣ касб –  8 рӯз;

-дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ – санаи 05. 10 соли 2022 гузаштааст.

Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 2 фарзанд;

-ҳамсараш Назриева Маълумби Забиҳовна, санаи таваллудаш 07. 11 соли 1986;

-писараш Неъматзода Абубакр Давлат, санаи таваллудаш 22. 10 соли 2020;

-духтараш Неъматзода Бибиоиша, санаи таваллудаш 16. 09 соли 2022.

Ҳамчунин ду фарзанди дигар аз ақди никоҳи қаблӣ бо Расулова Дилафруз Киромидиновна, ки расман бекор карда шудааст:

-духтар Гадоева Ҳалима Давлатовна, санаи таваллудаш 23. 02 соли 2015;

-писар Гадоев Абдулло Давлатович, санаи таваллудаш 19. 01 соли 2017.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти сардори минтақаи Вурсако Каримов Ғ., бармеояд, ки санаи 13 октябри соли 2022 машинисти боркунаки тамғаи VOLVO SDLG LG953 Гадоев Д., дар китоби супориши корӣ барои ҳамвор кардани партовгоҳ ва риоя кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ имзо гузоштааст. Инчунин аз баёноти шоҳидон Шарипов М., Каримов Р., Кузмин Д., Каримов Ғ., бар меояд, ки ҳамин рӯз тахминан соати 18-00 ҷабрдида аз партовгоҳ аз назди экскаватор тариқи роҳи технологӣ ба поён ҳаракат менамудааст, мушоҳида карда шудааст, ки суръати ҳаракати мошини боркунак зиёд шудан гирифтааст. Дар ҳамин ҳолат Шарипов М., қайд намудааст, ки мошини Гадоев Д., аз ҷое ки ӯ қарор дошт ноаён гаштааст ва Шарипов М., бо автомашинаи боркаш каме пеш ҳаракат намуда дидааст, ки мошини боркунанда чаппа шудааст. Аз баёноти шоҳид Каримов Р., бармеояд, ки мошини боркунанда ба девори канори роҳ бархӯрда, якпаҳлӯ чаппа шудааст. Дар вақти чаппа шудани мошини боркунанда Гадоев Д., хостааст худро аз даруни кабина партояд, аммо дар вақти паридан ба мошини боркунанда бархӯрда, дар зери он мондааст. Сипас ӯ оиди ҳодисаи мазкур ба сардори минтақа хабар расонида, ронандаи экскаватор  Кузмин Д.,-ро фарёд карда бо ёрии экскаватор мошини боркунандаро бардоштанд ва Гадоев Д.,-ро аз зери мошин гирифта ба автомашинаи мансуб ба сардори минтақа тамғаи Муссо савор намудаанд, ки дар ин ҳолат дар ӯ нишонаи ҳаёт дида намешудааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-корношоям шудани системаи боздорӣ, бинобар сабаби шикаста шудани қубури фулузии чархи қафои мошини борбардор;

-тартиб дода нашудани дафтари қабул ва супоридани баст дар таҷҳизоти нақлиёти кӯҳӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 5 ноябри соли 2022 тахминан соати 17-25 дақиқа дар сехи коркарди регу шағали ҶДММ «Самрати Нурулло» бо корманд Бегматов Камолиддин Умбарович, соли таваллудаш 1988, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Бегматов Камолиддин Умбарович., санаи таваллудаш 03. 02 соли 1988, танзимгар (оператор);

-дастури муқаддимавӣ – гузаронида нашудааст;

-дастури навбатӣ – гузаронида нашудааст;

-вазъи оилавӣ  – оиладор, соҳиби 4 фарзанд;

-ҳамсараш Шаҳнозаи Раҳмоналӣ., соли таваллудаш 1992;

-духтараш Бегматова Марҷона Камолиддиновна., соли таваллудаш 2011;

-духтараш Бегматова Шукрия Камолиддиновна, соли таваллудаш 2013;

-писараш Бегматов Абубакр Камолиддинович., соли таваллудаш 2015;

-духтараш Бегматова Муҳайё Камолиддиновна., соли таваллудаш 2018.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти шоҳидон Тоштемиров М., Шониёзов М., бармеояд, ки тахминан соати 16-30 дақиқа дар майдончаи саноатӣ ҷабрдида Бегматов К.,-ро мебинанд, ки ӯ ба тарафи бункери қабулкунанда мерафтааст. Онҳо тахминан 30 дақиқа бо ҳам сӯҳбат намуда, бар нагаштани Бегматов К.,-ро пай бурдаанд, ки ӯ дар ҷойи кори асосиаш (ҳуҷраи танзимгарон) низ нест ва ба ҷустуҷӯӣ ӯ шурӯъ намуда ба роҳбари корхона Тоштемиров М., хабар додаанд. Баъд аз 10-15 дақиқаи кофтукоб онҳо мебинанд, ки дар зери бункери қабулкунанда миқдори зиёди қуму шағал ҷамъ шудааст ва ба тоза намудани он шурӯъ менамоянд. Баъди каме тоза намудани зери бункери мазкур дар онҷо пойи марҳум Бегматов К., менамояд. Дар ҳамин вақт Тоштемиров М., низ ба ҷойи ҳодиса расида меояд ва онҳо якҷоя тоза намудани зери бункерро идома дода, баъди пурра тоза намудан як дасти марҳумро дар байни лента ва барабан дар ҳолати дармонда мебинанд. Худи ҷабрдида бошад дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст. Онҳо дар якҷоягӣ лентаро бо корд буррида, боқимонда қуму шағалро тоза намуда, ҷабрдидаро аз ҷойи ҳодиса озод намуда ба автомашинаи худи ҷабрдида тамғаи Опел бо рақами қайди давлатӣ 0617 бор намуда, ба беморхонаи марказии ноҳияи М. С. А. Ҳамадонӣ интиқол додаанд. Дар беморхона табибони шӯъбаи қабул марги ӯро тасдиқ менамоянд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

Таъмин накардани талаботҳои бехатарӣ аз ҷониби корфармо.

Худсарона тарк намудани марҳум ҷойи кории худ ва ба дигар кор машғул шудан.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 6 ноябри соли 2022 тахминан соати 12 10 дақиқа бо Шодиев Икром Нодирович., соли таваллудаш 1960, нақбкани шӯъбаи назорати чангу ҳавои кони маъдани ҶДММ ТА КМ «Анзоб», рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

        Шодиев Икром Нодирович., санаи таваллудаш 15. 12 соли 1960, нақбкани шӯъбаи назорати чангу ҳавои кони маъдани ҶДММ ТА КМ «Анзоб».

          -собиқаи умумии корӣ – аз 01. 11 соли 1986;

          -собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 18 солу 6 моҳу 16 рӯз;

          -дар таҷҳизоти пармакунии дастӣ – аз соли 2016 то инҷониб;

-гузаштан дастурдиҳии муқаддимавӣ санаи 08. 04. 2004;

-гузаштан аз дастурдиҳии аввалия санаи 18. 10. 2016;

-гузаштан аз дастурдиҳӣ дар ҷойи корӣ санаи 11.07.2022,

-супориши ҳаррӯза (баст) санаи 06.11.2022.

Вазъи оилавӣ, оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

          Санаи 6 ноябри соли 2022 тахминан соати 5-20 дақиқа нақбкани ҶДММ ТА КМ «Анзоб» аз устои кӯҳӣ Маҳмудов А., супориши корӣ барои мустаҳкам намудани долонии скреперии уфуқи 2115 метр, блоки 732, камераи №1-и ҷанубӣ гирифта бо ҳамроҳи бригадаи мустаҳкамгарон бо тариқи нақлиёт ба нақби асосӣ баромадаанд. Бо воситаи қатораи маъданкаш ба дохили нақб ворид шуда, тариқи мошинаи болорав (лифт) ба нақби №8 баромадаанд. Тахминан соати 8-30 дақиқа Шодиев И., бо ҳамроҳии Ғафуров Б., лавозимотҳои кориро гирифта ба нақби №7, уфуқи 2115 метр, блоки 732, камераи №1-и ҷанубӣ омада ба ҷойи корӣ расидааст. Устои кӯҳии навбатдор Маҳмудов А., ҷойи кориро аз назар гузаронида, баъдан иҷозати кор додааст. Шодиев И., бо ҳамроҳии Ғафуров Б., лулаҳои ҳавогузарро бо ҳам васл намуда, таҷҳизоти пармагариро ба кор омода намудаанд. Тахминан соати 11-15 дақиқа Шодиев И., таҷҳизоти пармагарии тамғаи УТЕ-28-ро барои парма омода намуда, ба кор шурӯъ менамояд. Ҳангоми парма намудани як адад рахнак бо қутри 42 мм тақрибан 15-20 см парма менамояд, ки тахминан соати 12-00 дақиқа ногаҳон пояи таҷҳизоти пармагарӣ аз ҷояш беҷо шуда, штангаи таҷҳизоти пармагарӣ аз даруни рахнак баромада, ба болои қисми рони пойи чапи Шодиев И., афтидааст. Шодиев И., аз зарбаи таҷҳизоти пармагарӣ ба тарафи чап ба болои ҷинсҳои кӯҳӣ афтида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. Ғафуров Б., ки дар назди ӯ қарор доштааст, ӯро бардошта ба ҷои бехатар гузошта, дарҳол дигар кормандонро хабардор кардааст. Устои кӯҳӣ Маҳмудов А., бо ҳамроҳии коргарон омада ҷабрдидаро ба болои замбари тиббӣ бор намуда ба беруни нақби №5 баровардаанд. Сипас тавассути нақлиёти навбатдори тамғаи Хундай Портер савор намуда ба бунгоҳи тиббии минтақаи саноатии корхона оварда, дар беморхонаи шаҳраки Зарафшон№1 бистарӣ намудаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Беаҳамиятӣ зоҳир намудан аз тарафи ҷабрдида ҳангоми иҷрои корҳои пармагарӣ.
  2. Ба танзим надаровардани ҳуҷҷатҳои меъёриву техникии таҷҳизоти пармагарии тамғаи YT28.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 19 ноябри соли 2022 соати 19-10 дақиқа дар ПК 11+79 то 11+81 нақби Т-39 -и иншооти НБО «Роғун» бо саркори қитъаи иншоотҳои сохтмони зеризаминии Раёсати минтақаи сохтмони НБО «Роғун»-и ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Шарипов Сайфулобек Файзуллоевич., соли таваллудаш 1988, рух додааст.

Маълумот дар бораи шахси ҷабрдида:

Шарипов Сайфулобек Файзуллоевич., санаи таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ховалинг, ҷамоати деҳоти Ғ. Мирзо, деҳаи Ёқсуобод, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи ш. Шоҳин, ҷамоати деҳоти Доғистон, деҳаи Дараи Об.

Тибқи фармони ҶСК «ТГЭМ» №1208-к аз 19. 10 соли 2022 – Шарипов Сайфулобек Файзуллоевич, ба ҳайси бригадири қитъаи сохтмони иншоотҳои зеизаминии Раёсати сохтмони – истеҳсолӣ дар шаҳри Роғун ба кор қабул гардидааст.

Собиқаи умумии корӣ 5 (панҷ) солу 3 (се) рӯз.

Дар ташкилоти мазкур 5 (панҷ) солу 3 (се) рӯз.

Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 19 ноябри соли 2022 соати 19-10 дақиқа ҳангоми васл намудани қолаби оҳанин дар ПК 11+79 то 11+81 нақби Т-39-и иншооти НБО «Роғун» бинобар риоя нагардидани талаботҳои техникаи бехатарӣ, ҳангоми васл намудани қолаби оҳанин бо экскаватори тамғаи «SANY» бо андозаи 5,0х3,15 метр, вазни умумӣ 979,0 килограм ба қисмати пойи чапи бригадири қитъаи иншоотҳои сохтмони зеризаминии Раёсати минтақаи сохтмони НБО «Роғун»-и ҶСК «ТГЭМ» Шарипов С. Ф., афтидааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар баёноти хатии худ ҷабрдида – саркори қитъаи иншоотҳои сохтмони зеризаминии ҶСК «ТГЭМ» Шарипов С. Ф., чунин шарҳ медиҳад, ки ӯ дар ҷамъияти мазкур аз моҳи июни соли 2022 ба ҳайси коргар кор карда, аз санаи 19.10 соли 2022 то инҷониб ба ҳайси саркор фаъолият менамудааст. Оиди ҳодисаи нохуши мазкур чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 19. 11 соли 2022 тахминан соати 18 30 дақиқа дар басти дуюм ба нақби Т-39 А барои иҷрои корҳо омадааст. Баъди гирифтани дастур оиди техникаи бехатарӣ ва супориши корӣ аз устои қитъа Маҷидов А., ҷиҳати васли қолаби оҳанин дар пикети ПК-11+79 корҳоро оғоз кардааст. Тақрибан соати 19 10 дақиқа бо ҳамроҳии кафшергар Қурбонов А., васли қолаби оҳанинро оғоз намудаанд. Дар минтақаи кории онҳо, яъне дар ПК-11+79 барои қолабмонӣ экскаватори тамғаи «SANY» бо рақами қайди дохилӣ 363Д вобаста шуда будааст. Ӯ ба мошинкори экскаватор Нуралиев Т., гуфтааст, ки бо пушти ковши экскаватор қолаби оҳанинро як тарафашро каме бардорад. Мошинкори экскаватор бо пушти ковши экскаватор як тарафи қолаби оҳаининро тахминан 1 метр аз замин боло бардоштааст. Ӯ аз як тарафи қолаб истода хостааст тасмаи борбардорро дар қолаб гузаронад. Дар ҳамин ҳолат ногаҳон қолаб аз ковши эксковатор лағжида ба болои пойи чапаш зада зер карда, пойи чапаш дар зери қолаб мондааст. Ӯ ба мошинкори эксковатор гуфтааст, ки қолабро каме аз замин бардорад. Дар ҳамин ҳолат коргароне, ки дар яруси дуюм кор мекардаанд давида ба назди ӯ омада ёрӣ расонидаанд. Саркор Собитов Б., ки дар яруси дуюм будааст, баъди расонидани ёрии аввалия дарҳол ба роҳбарият ва ба бунгоҳи тиббӣ ба табиби ширкат занг задааст. Дар вақти дуюмбора аз болои пойи ӯ бардошта ба замин мондани қолаби оҳанин як кунҷи қолаб ба пойи чапи кафшергар Қурбонов А., бархурда пояш лат хурдааст. Тақрибан баъди 10-20 дақиқа ба ҷойи ҳодиса бародари тиббӣ ҷамъият бо мошини ёрии таъҷили омада ба ӯ ёрии аввалии тиббӣ расонида ба беморхонаи шаҳри Роғун бурда, пояшро гаҷбандӣ намудаанд. Тахминан соати 21-20 дақиқа ӯро тавассути автомашинаи ёрии таъҷилии беморхонаи шаҳри Роғун бо ҳамроҳи ҷарроҳи беморхонаи шаҳри Роғун Сотиров А., ба беморхонаи марказии шаҳри Душанбе Қарияи боло оварда бистарӣ намуданд ва баъди ташхиси рентгенӣ пояшро ҷарроҳи намуда барои табобат бистарӣ намудаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

-дар ҷойи хавфнок беасос қарор доштани саркори қитъаи иншоотҳои сохтмони зеризаминии Раёсати минтақаи сохтмони НБО «Роғун»-и ҶСК «ТГЭМ» Шарипов С. Ф., ҳангоми васл намудани қолаби оҳанин;

-ҳангоми иҷрои корҳо ба инобат гирифта нашудани омилҳои бехатарии афтидани қолаби оҳанин дар бардоштан ва гузоштани он;

-беэҳтиётии саркори қитъаи иншоотҳои сохтмони зеризаминии Раёсати минтақаи сохтмони НБО «Роғун»-и ҶСК «ТГЭМ» Шарипов С. Ф., ҳангоми васл намудани қолаби оҳанин;

– аз тарафи идоракунандаи экскаватори тамғаи «SANY SY155H»-и ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Нуралиев Т. Д., кӯшиш намудан оиди васл намудани қолаби оҳанин бо механизми борбардор набуда.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 20 ноябри соли 2022 соати 00 30 дақиқа дар нақби Т-18 «F»-и иншооти НБО «Роғун» бо идоракунандаи экскаватори ФҶСП «Хокруд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Пираҳмад Сафарович., рух додааст.

Маълумот дар бораи шахси ҷабрдида:

Мирзоев Пираҳмад Сафарович, санаи таваллудаш 07 июли соли 1966, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи М. Назаршоев, хонаи 122 ҳуҷраи №6.

Тибқи фармони ФҶСП «Хокруд» дар ҶТ №67 аз 18. 10 соли 2021 – Мирзоев Пираҳмад Сафарович, ба ҳайси идоракунандаи экскаватор ба кор қабул гардидааст.

Собиқаи умумии корӣ 25 (бисту панҷ) солу 7 (ҳафт) моҳу 5 (панҷ) рӯз.

Дар ташкилоти мазкур 1 (як) солу 1 (як) моҳу 22 (бисту ду) рӯз.

Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

  1. Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 20 ноябри соли 2022 соати 00-30 дақиқа, идоракунандаи экскаватори ФҶСП «Хокруд» дар ҶТ Мирзоев Пираҳмад Сафарович., баъди истеъмоли хӯроки шабона аз вагони оҳанин берун баромада, дар ҷойи хавфноки бо равшаннокии нокифоя, аз ҳоҷатхонаи мавҷудбуда дар масофаи 11,2 метр, тарозаи 1171,72 метри ПК 0+06,0 нақби нақлиётии Т-18 «F» хостааст қазои ҳоҷат намояд. Аммо ногаҳон аз қисмати чапи шифти нақб аз баландии 4,7 метр ногаҳон резиши ҷинсҳои куҳӣ бо ҳаҷми тақрибан 0,17 м3 ба амал омада ба қисмати пойи рости номбурда афтидааст, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Оиди ҳодисаи нохуши рухдода дар баёноти худ ҷабрдида – идоракунандаи экскаватори ФҶСП «Хокруд» Мирзоев П. С., аз 21. 11 соли 2022 чунин шарҳ медиҳад, ки аз санаи 20. 11 соли 2022 чун ҳарвақта соати 19-00 дақиқа ба шахтаи №1 ба ҷойи кораш ҳозир шуда то соати 23-30 дақиқа ба самти ошхона, ки тақрибан дар масофаи 200 метр ҷойгир будааст роҳсипор шудааст. Баъди тановули хӯроки шабона тақрибан соати 00-20 дақиқа барои қазои хоҷат ба тарафи ҳоҷатхона равон шудааст, аммо бинобар сабаби пури лой будани роҳи самти ҳоҷатхона, ӯ дар нимароҳ барои қазои ҳоҷат нишастааст. Ҳангоми аз ҷой бархестанаш ногаҳон як овози сангрезиш ба гушаш расидааст ва аз дарди ҷонкоҳ ба замин афтидааст, баъдан ӯ ба овози баланд ҳамкоронашро барои ёрӣ чеғ задааст, дарҳол 6-7 нафар кормандони ширкат барои ёрдам омада ӯро ба автомашинаи сабукрави тамғаи «Муссо» савор намуда, ба тарафи бунгоҳи саломатӣ оварда, дар онҷо ёри авалияи тиббӣ расонидаанд. Тақрибан соати 130 дақиқа ӯро бо воситаи ҳамин автомашина бор намуда ба беморхонаи шаҳри Роғун интиқол доданд. Духтури навбатдорӣ беморхона боз ёрии тиббӣ гузаронида, субҳи санаи 20 ноябри соли 2022 ӯро аз беморхонаи марказии шаҳри Роғун ба беморхонаи қарияи болои шаҳри Душанбе интиқол додаанд. Ӯро аз ташхиси ренгенӣ гузаронида муайян намудаанд, ки устухони росташ аз зону боло ба шакли пӯшида шикастааст, инчунин тарафи рости сараш бо панҷаи дасти росташ ҷароҳати сабуки харошида гирифтааст Айнӣ ҳол табобати ӯ дар бинои №4, утоқи №6-и беморхонаи мазкур дар шӯъбаи осебшиносӣ идома доштааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

  1. Бар хилофи талаботи лоиҳаи RH-SA-C-100/T8F-001 иҷро кардани корҳои мустаҳкамии муваққатӣ дар ПК 0+06,0 нақби нақлиётии Т-18 «F»-и иншооти НБО «Роғун» дар соли 2019 аз тарафи ҶСП «ЗТМ»-и шаҳри Норак.
  2. Аз ҷониби роҳбарияти ФҶСП «Хокруд» дар ҶТ ба ҳайси масъули корҳои кӯҳӣ-техникӣ дар сохтмони иншооти зерзаминӣ таъин намудани шахсоне, ки маълумоти тахассусии соҳавӣ надоранд:
  3. Бо равшаннокии кофӣ таъмин карда нашудани қитъаи кории дохили нақб.
  4. Беэҳтиётии идоракунандаи экскаватори ФҶСП «Хокруд» дар ҶТ Мирзоев П. С., яъне ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш бе зарурият қарор доштани ӯ дар дар ПК 0+06,0 нақби нақлиётии Т-18 «F».
  5. Ҳудуди қитъаҳои кории зеризаминӣ аз ҳар гуна партовҳо тоза карда нашудааст.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 21 ноябри соли 2022, тахминан соати 9-30 дақиқа бо кафшергари барқии сехи аркасозии устохонаи таъмири электромеханикии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой» Холов Наимҷон Ҳусейнович., соли таваллудаш 1987, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Холов Наимҷон Ҳусейнович., соли таваллудаш 30. 03 соли 1987, кафшергари барқии устохонаи таъмири электромеханики сехи аркасозии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой».

-собиқаи умумии корӣ аз 12. 12 соли 2019;

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 3 сол;

-дастурдиҳии муқаддимавӣ санаи 12.12 соли 2019; -дастурдиҳӣ дар ҷойи корӣ санаи 06. 09 соли 2022;

-вазъи оилавӣ – муҷарад.

Ҳолати рух ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти ҷабрдида Холов Н., ва кормандони устохонаи таъмири электромеханикии сехи аркасозӣ бар меояд , ки санаи 21 ноябри соли 2022 соати 8-00 дақиқа ба кор ҳозир шуда, супориши кориро аз устои қитъа Ли Ҷун Шен., шаҳрванди мардумии Чин гирифта барои ба дохили сех даровардани профилҳои пӯлодини арксозӣ, ки андозааш 15х20 см, дарозиаш 12 метрро ташкил медодааст ба миқдори 7 ададӣ бо воситаи Электрокара, ки кафшергари газу барқӣ таҳти идораи Ахмедов А., ба дохили сех медаровардаанд. Ҳамин тавр 3 маротиба хамин амалро иҷро намуда, тахминан соати 9-30 дақиқа маротибаи 4-ум баъд аз бор кардани профилҳо ба шохаи Электрокара, Холов Н., ки тақрибан дар масофаи 10 метр дуртар рафта истода будааст, ки дар ин ҳолат ҳангоми ҳаракати Электрокара ба самти қафо ба пушти Холов Н., бархӯрдааст, ки дар натиҷа Холов Н., ба замин афтида қисми қафои пойи чапаш зери чархи Электрокара мондааст. Дар ин ҳолат Холов Н., дод задааст ва кормандони сех бо овози баланд ба ронанда гуфтаанд, ки ба самти пеш ҳаракат кунад ва Ахмедов А., Электрокараро ба пеш ҳаракат намудааст. Сипас устои сехи мазкур Ли Ҷун Шен., аз ин ҳодиса хабардор гардида бо ҳамроҳии кормандони сех Ахмедов А., Обидов М., ва Умарбеков З., ҷабрдидаро ба дохили утоқи либосивазкунии сехи истеҳсоли арка дароварда ёрии аввалияи тиббӣ расонидаанд. Баъдан тавассути автомашинаи тамғаи Спринтери корхона бо ҳамроҳии Умарбеков З., ба беморхонаи Зарнисор бурдаанд. Дар беморхона ба ҷабрдида Холов Н., ёрии тиббӣ расонида, баъдан ӯро ба беморхонаи марказии ноҳияи Масчоҳ бурда бистарӣ намудаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Надоштани сигнали огоҳкунандаи овоздор ҳангоми ҳаракати электрокара ба қафо.
  2. Аз ҷониби кафшергари газу барқ Ахмедов Аҳмад бе ҳуҷати ронандагӣ ва ба ӯ таалуқ надошта истифода намудани электрокарае, ки аз муоинаи техникӣ гузаронида нашудааст.
  3. Иҷроиши корҳои хавфнок бе иштироки шахси масъул.
  4. Назорати суст аз ҷониби муҳандисию техникии сех оид ба истифодабарии механизмҳои борбардор дар ҷои кор.
  5. Истифода набурдани воситаҳои муҳофизати фардӣ (сарулибоси корӣ ва пояфзоли махсус).

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 08 ноябри соли 2022, тахминан соати 09-00 дақиқа бо пармагари бригадаи иктишофӣ ва пармагарии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой» Ван Ченг Чи., соли таваллудаш 1985, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

            Ван Ченг Чи., санаи таваллудаш 02. 08 соли 1985, пармагари бригадаи иктишофӣ ва пармагарии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой»;

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 3 сол;

-дастурдиҳии муқаддимавӣ-санаи 21. 11 соли 2019;

-дастурдиҳии аввалия- моҳи ноябри соли 2019;

-дастурдиҳӣ дар ҷойи корӣ – санаи 26. 09 соли 2022

-вазъи оилавӣ – муҷаррад.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

            Аз баёноти пармагари бригадаи иктишофӣ ва пармагарии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой» Ванг Ченг Чи., бар меояд, ки ӯ санаи 08 ноябри соли 2022 тахминан соати 9-00 дақиқа аз хобгоҳ ба корхона ба назди ҳуҷраи корӣ омада, дар даромадгоҳи бино, яъне дар зинапоя аз сабаби боридани барф ва ях будани замин дар назди даромадгоҳи бино аз зинапоя пояш лағжида ба замин афтида ҷароҳат бардоштааст. Ӯ ҳис намудааст, ки ҷои ҷароҳати бардоштааш дард намуда истодааст. Тақрибан соати 10-00 дақиқа ба роҳбари бригадаи иктишофӣ ва пармагарӣ  Ен Фу Жонг., оиди ҳодиса хабар додааст. Роҳбари бригада ба ронандаи корхона Юлдошев У., супориш додааст, ки то ҷабрдидаро барои муоина ба беморхона баранд. Юлдошев У., ҷабрдидаро ба автомошина савор намуда ба беморхонаи клиникавии вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бурдаанд. Онҳо тахминан соатҳои 14-00 дақиқа ба беморхона расидаанд. Духтур ҷабрдидаро муоина намуда, маслиҳад додааст, ки дар беморхона табобат  гирад. Ванг Ченг Чи., санаи 09 ноябри соли 2022 барои табобат ба беморхона баргашта табобатро идома додааст ва санаи 15 ноябри соли 2022 рухсатӣ шуда ба ҷойи кор бар гаштааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

  1. Беэҳтиётӣ зоҳир намудан аз тарафи ҷабрдида Ванг Ченг Чи., ҳангоми роҳрафтан дар муҳити барфдор.
  2. Тоза накарани зинапоя, майдонча ва роҳравҳо аз барф.

            3.Даромадгоҳи бино бо айвонча муҷаҳҳаз карда нашуда, дар фарши сементини он панҷараи тахтагин гузошта нашудааст.

  1. Назорати сусти кормандони муҳандисиву техникӣ вобаста ба ҳолати бехатарӣ дар ҳудуди коргоҳ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 04 декабри соли 2022 тахминан соати 10-03 дақиқа бо кафшергари фабрикаи ғанигардонии ҶСП «Талко Голд» Раҳимов Алиназар Азимҷонович., дар минтақаи Канчочи ноҳияи Айнӣ., рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Раҳимов Алиназар Азимҷонович., санаи таваллудаш 2 майи соли 1992, кафшергари фабрикаи ғанигардонии ҶСП «Талко Голд».

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 7 моҳу 25 рӯз;

-гузаштан аз дастурдиҳии аввалия санаи 26. 04 соли 2022;

-гузаштан аз дастурдиҳӣ дар ҷойи корӣ санаи 14. 11 соли 2022;

-вазъи оилавӣ, оиладор – соҳиби 2 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш;

Аз баёноти ҷабрдида Раҳимов А., бармеояд, ки ӯ санаи 04. 12 соли 2022 тахминан соати 06-30 дақиқа аз хобгоҳ ба ҷои кор рафта ба китоби техникаи бехатарӣ имзо гузошта, супориши кориро аз сардори коргоҳ Ван Ёнг Ҷун., барои таъмир намудани осиёб дар фабрикаи маъданшӯӣ гирифтааст. Тахминан соати 08-00 дақиқа бо ҳамроҳии кафшергар Гадоев Ф., ва як кафшергари хитойи ба дохили осиёб даромада, барои иваз намудани қисмҳои эҳтиётии дохили осиёб (футеровка) ба кор шурӯъ намудаанд. То соати 10-00 дақиқа қисмҳои эҳтиётии дохили осиёбро бо дастгоҳи кафшергарӣ кафшер намудаанд. Дар ҳамин ҳолат бе огоҳӣ сардори коргоҳи таъмирии фабрикаи ғанигардонӣ Ван Ёнг Ҷун., ба идоракунандаи осиёб супориш додааст, ки осиёбро каме давр гардонанд. Аз баёноти Гадоев Ф., кафшергари фабрикаи маъдантозакунӣ бар меояд, ки онҳо осиёбро тахминан 0,5 метр давр мегардонанд, то ки футеровкаҳоро бо воситаи дастгоҳи кафшергарӣ ҷудо намоянд. Дар ҳамин ҳолат қисми эҳтиётие, ки онро кафшер намуда буданд аз танаи осиёб ҷудо шуда ба тахтапушти Раҳимов А., бар хӯрдааст, ки дар натиҷа ӯ ба руйи дастони Гадоев Ф., афтидааст. Гадоев Ф., ки бо ҷабрдида дар дохили осиёб кор менамудааст, ӯро дошта фарёд задааст, ки осиёбро нигоҳ доранд. Дар ин вақт ӯ аз ҳуш рафтааст ва ба ӯ об пошида ӯро ба ҳуш овардаанд. Кормандон Раҳимов А., бо автомошинаи ширкат ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон-1 бурда барои ташхису табобат бистарӣ намудаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-тоб додани осиёб ҳангоми дар дохили он будани одамон.

-барои истифодабарии осиёб тартиб дода нашудани дастури истифодабарӣ, шиносномаи техникӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 28 ноябри соли 2022 тақрибан соати 02-30 дақиқа бо Бобоёров Офарин Оқиловичёвари пармагарӣ кони кушоди Тарори ҶДММ КМ «Зарафшон» соли таваллудаш 2000 рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Бобоёров Офарин Оқилович., санаи таваллудаш 02 ноябри соли 2000, корманди ҶДММ КМ «Зарафшон»

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 01. 06 соли 2022;

-дастури муқаддимавӣ – гузаштааст;

-дастурдиҳӣ дар ҷойи кор – гузаштааст;

-вазъи оилавӣ – оиладор,  соҳиби 1 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

            Аз баёноти пармагар Саъдуллоев Ҳ., бармеояд, ки санаи 28. 11 соли 2022 тақрибан соати 19-30 дақиқа бо ҳамроҳии ҷабрдида ба ҷои кор рафта, аз устои кӯҳӣ Маҳмадов М., оиди корҳои пармагарӣ дар кони кушоди Тарор, уфуқи 1530 метр, супориши корӣ гирифтаанд. Устои кӯҳӣ Маҳмадов М., бо ҳамроҳии Саъдулоев Ҳ., ва ҷабрдида бо нақлиёти навбатдор ба уфуқи 1530 метр рафта ҷои кориро аз назар гузаронида, қисми эҳтётии қубури ҳаводиҳандаро ба таҳҷизоти пармагарии тамғаи SUIIAR EIQ1000RH насб намуда ба кор омода намуда, ба корҳои пармагарӣ шурӯъ намудаанд.  Устои кӯҳӣ аз уфуқи 1530 метр ба уфуқи 1550 ва 1640 метр барои гузаронидани назорат рафтааст. Пармагарон Саъдуллоев Ҳ., ва ҷабрдида дар уфуқи 1530 метр то соати 00 00 дақиқа, 10 адад пармачоҳ бо дарозии 12 метр бо қутри 165 мм, парма намуда баъдан барои истеъмоли хӯрок, таҷҳизоти пармагариро хомуш намуда то соати 01-20 дақиқа хӯроки шабона истеъмол намудаанд. Сипас соати 01-20 дақиқа барои парма намудан корҳоро идома додаанд. Пармагар Саъдулоев Ҳ., баъди ба итмом расонидани пармачоҳи 11 мушоҳида намудааст, ки ҷабрдида дар назди таҷҳизоти пармагарӣ ба назар намерасидааст. Ӯ аз даруни таҷҳизот баромада номи ҷабрдидаро гирифта фарёд намудааст, ки ӯ ҷавоб надодааст. Саъдулоев Ҳ., баъдан дидааст, ки ҷабрдида аз таҷҳизот тақрибан дар масофаи 4 метр дуртар бо шикам хобидааст. Ӯ рафта ҷабрдидаро аз китфаш бардошта мебинад, ки рӯяш пур аз хун будааст. Ӯро ба ҷояш монда дарҳол рафта таҷҳизоти пармагариро хомӯш намуда, рафта об оварда ба рӯи ҷабрдида пошидааст. Дар ҳамин ҳолат автомашинаи боркаши тамғаи Хова бо рақами дохилии №40 таҳти идораи ронанда Имомов А., барои кашонидани ҷинсҳои кӯҳӣ ҳозир шудааст. Қаноатов А., бо ӯ ба назди ҷабрдида рафта якҷоя ҷабрдидаро бардошта ба автомашина бор намуда ба бунгоҳи тибби кони Тарор бурдаанд. Духтури навбатдор Усмонов Қ., ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ расонида, баъдан ба беморхонаи шаҳри Панҷакент бурда бистарӣ намудаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-истифода накардан саркулоҳи муҳофизати ҳангоми корҳои кӯҳӣ бо тарзи кушод.

-эҳтимолияти бархурд намудани таҷҳизоти пармагарӣ ба сари ҷабрдида ва афтидани ӯ ба болои ҷинсҳои кӯҳӣ дар заминбуда.

-назорати суст оид ба риояи техникаи бехатарӣ аз тарафи кормандони муҳандисони техникӣ дар кони кушоди Тарор.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 29 ноябри соли 2022 соати 23 00 дақиқа дар тарозаи 1258 метри шахтаи дарвозаи обқабулкунаки доимии №2-и иншооти НБО «Роғун» бо коргари иншоотҳои кӯҳӣ ва зеризаминии ҶСП «Заводи таҷрибавӣ механикӣ»-и шаҳри Норак Саидов Қурбонбек Раҷабович, соли таваллудаш 1987, рух додааст.

         Маълумот дар бораи шахси ҷабрдида:

         Саидов Қурбонбек Раҷабович, санаи таваллудаш 01 августи соли 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, ҷамоати шаҳраки 30 солагии Истиқлол, деҳаи Заркамар, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби 3 фарзанд.

            Собиқаи умумии корӣ 4 (чор) солу 8 (ҳашт) моҳу 22 (бисту ду) рӯз .

            Дар ташкилоти мазкур 13 (сенздаҳ) рӯз.

            Маълумоташ миёна – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Файзободро соли 2005 хатм намудааст.

            Тибқи фармоиши ҶСП «Заводи таҷрибавӣ механикӣ»-и шаҳри Норак таҳти №613 аз 17. 11 соли 2022 ба ҳайси коргари иншоотҳои кӯҳӣ ва зеризаминӣ таъин гардидааст.

            Ҳолати рух додани ҳолдисаи нохуш:

            Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ дар сохтмони иншооти НБО «Роғун» санаи 29 ноябри соли 2022 соати 23-00 дақиқа дар сатҳи 1258 метри дохили обқабулкунаки доимии №2 ҳангоми иҷро намудани корҳои пармакунӣ ва шикастани харсангҳои калон, дар натиҷаи ногаҳон аз кор боз мондани асбоби пармакунии перфоратори дастии тамғаи S-82 ва дар ҷуқурии тақрибан 20 сантиметр дармондани исканаи (долото) ва худсарона гузаронидани корҳои таъмирӣ дар ҳолати зери фишори баланд қарор доштани дастгоҳи пармакунии дастӣ, ки ба компрессори сайёри дизелии тамғаи LGCY-22/8 «Kaishan» бо рақами қайди дохилии №1 пайваст гардида буд, бо коргари ҶСП «ЗТМ»-и шаҳри Норак Саидов Қ. Р., рух додааст.

Дар баёноти хатии худ ҷабрдида – коргари ҶСП «Заводи таҷрибавӣ механикӣ»-и шаҳри Норак Саидов Қ. Р, чунин шарҳ медиҳад, ки ӯ санаи 29 ноябри соли 2022 ба басти дуюми корӣ бо ҳамроҳии коргарони ҷамъият тариқи автомашинаи одамкаш соати 19-00 дақиқа ба қитъаи корӣ, яъне ба тарозаи 1258 метри шахтаи дарвозаи обқабулкунаки доимии №2-и иншооти НБО «Роғун» ҳозир шудаанд. Ба ӯ ва дигар коргарони дар онҷо қарордошта саркоргари ҷамъият Раҷабов З, оиди риояи бехатар иҷро намудани корҳо дастурдиҳӣ гузаронида, баъдан саркоргар Раҷабов З, ба ӯ ва Камолов Д, супориши корӣ додааст, ки ба нуқтаи 1258 метри дохили обқабулкунаки доимии №2 даромада харсангҳои калони дар онҷо мавҷудбударо пармаи дастӣ намоянд. Тақрибан соати 20-00 дақиқа ӯ бо Камолов Д, тариқи сабади оҳанини дар крани маноравии дар онҷо мавҷудбуда аз сатҳи 1289 метр ба сатҳи 1258 метр фаромадаанд. Бадан дар қитъаи мазкур ӯ бо Камолов Д, ба иҷро намудани корҳои пармакунӣ ва шикастани харсангҳои калон машғул шудаанд. Тақрибан соати 22 50 дақиқа ногаҳон асбоби пармакунӣ аз кор монда, инчунин исканаи (долото) асбоб низ дар ҷуқурии тақрибан 20 см дар мондааст. Дар ин ҳолат ӯ ба Камолов Д, гуфтааст, ки биё илоҷе карда дастгоҳи мазкурро ба кор дароранд, вале Камолов Д, ба ин розӣ нашуда, гуфтааст корҳоро қатъ намуда, саркоргари ҷамъият Раҷабов З,-ро ба қитъаи корӣ даъват намуда ҳолати мазкурро фаҳмонанд. Аммо ӯ ба гуфтаҳои Камолов Д, гӯш надода худсарона хостааст исканаи асбобро аз дохили санг кашида гирад, дар ҳамин ҳолат баъди 2-3 маротиба ҷумбондани асбоби пармакунии дастӣ рӯдаи ҳаводиҳии асбоби мазкур аз ҷойи пайвастшавияш бо фишори баланд канда шуда, рӯда бо симтанобҳои печонидашуда ба сару рӯйи ӯ сангпораҳоро задааст, аз дарди ҷонкоҳ ӯ ба замин бо тахтапуш афтидааст. Ӯ дар ҳолати нимбеҳушӣ фақат ҳаминро дар ёд доштааст, ки дар гириди ӯ одамон бо овози баланд барои ёрӣ якдигарро даъват менамудаанд ва ӯро бо сабад бор намуда тариқи автомашина ба беморхона бурдаанд. Ҳангоми ба беморхона интиқол додан ӯ ҳамаи овозҳоро мешунидааст, вале мадори гап заданро надошта ба ягон савол ҷавоб дода наметавонистааст. Дар беморхонаи шаҳри Роғун азбаст, ки аз зарба чашмҳо ва лабу лунҷи рости ӯ дарида будааст, лаби поёнии тарафи росташро духтаанд. Баъди ин амалиёт ӯ ба ҳуш омадааст, ки ӯ аллакай дар беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе қарор доштааст. Инчунин Саидов Қ. Р, дар баёноти худ қайд менамояд, ки ҳангоми ҳозир шудан ба қитъаи корӣ ба онҳо айнаки муҳофизати дода шуда будааст, аммо ӯ дар ҳолати рух додани ҳодиса айнаки муҳофизатиро дар болои сараш нигоҳ медоштааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-кушода шудани хомути пармакунаки дастӣ.

-коргари ҶСП «ЗТМ»-и шаҳри Норак Саидов Қ. Р, барои хизматрасонии зарфҳои зери фишор коркунанда аз омӯзиш ва атестатсия нагузашта ва дорои шаҳодатномаи хизматрасонии зарфҳои зери фишор коркунанда намебошад.

-пеш аз оғози корҳои пармакунӣ аз тарафи шахсони масъули ҷамъият ба кормандон гузаронида нашудани дастурдиҳии мақсаднок.

-худсарона гузаронидани корҳои таъмирии перфоратори дастии тамғаи S-82 аз тарафи коргари ҶСП «ЗТМ»-и шаҳри Норак Саидов Қ. Р.

-аз тарафи коргари ҶСП «ЗТМ»-и шаҳри Норак Саидов Қ. Р., ҳангоми иҷроиши корҳо истифода набурдани айнаки муҳофизатӣ.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳoлати марговар, ки санаи 10 декабри соли 2022 тақрибан соати 12-36 дақиқа бо механики кони кушоди Ҷилави ҶДММ КМ «Зарафшон» Ҷалилов Олимҷон Муродович., соли таваллудаш 1978, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Ҷалилов Олимҷон Муродович., санаи таваллудаш 20 феврали соли 1978, корманди ҶДММ КМ «Зарафшон»;

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур аз 26. 01  соли 2011;

-дастури муқаддимавиро гузаштааст;

-дастурдиҳӣ дар ҷойи кориро гузаштааст;

-вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 3 фарзанд;

-ҳамсараш Наврузова Озода., соли таваллудаш 1979;

-духтараш Розияи Олимҷон., соли таввалудаш 2001;

-писараш Қобилҷони Олимҷон., соли таваллудаш 2003;

-духтараш Сулҳияи Олимҷон., соли тавалудаш 2005.

  1. Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

            Аз баёноти ёрдамчии пармагар Сангинов Мубинҷон бар меояд, ки санаи 10. 12 соли 2022 тақрибан соати 6-30 дақиқа ба ҷои кор рафта, аз устои кӯҳии кони кушоди Ҷилав, оиди корҳои таъмири таҷҳизоти пармагарӣ супориши корӣ гирифтааст. Ӯ ба сехи таъмири омада, механики кони кушоди Ҷилав, ҷабрдида барои насб намудани қисмҳои таҷҳизоти пармагарӣ дар майдончаи назди зеристгоҳи барқии фабрикаи заршуии №2 равон намуда, баъдан Ҷалилов О., бо ҳамроҳии ёрдамчии пармагар Асроров Бахтиёр бо тариқи нақлиёти сабукрави тамғаи Isuzu таҳти идораи ронанда Саидов С., соати 10-00 дақиқа ба назди таҷҳизоти пармагарӣ, тахминан расидаанд. Онҳо якҷоя асбобҳои кориро аз нақлиёти сабукрав холӣ намуда, ронандаи Саидов С., барои хӯрок овардан ба ошхонаи шаҳраки Суғдиён рафтааст. Баъдан бо ҳамроҳии Сангинов М., ва Асроров Б., барои насб намудани қисмҳои таҷҳизоти пармагарии тамғаи SUIIAIR шурӯъ кардаанд. Онҳо то соати 11-30 дақиқа қисмҳои таҷҳизоти пармагариро насб карда, дар назди таҷҳизоти пармагарӣ хӯроки нисфирӯзиро якҷо истеъмол намуда, корҳоро идома додаанд. Онҳо барои бардоштани қисми таҷҳизоти пармагарӣ аз автокрани тамғаи XLJ5430JQZ70K бо иқтидори борбардориаш 70 тонна таҳти идораи  ронанда Бозоров Т.,-ро истифода намудаанд. Ҳангоми бардоштан дар болои таҷҳизот насб намудан, ҷабрдида бо ҳамроҳии Сангинов М., ва Асроров Б., ба болои таҷҳизот баромадаанд. Ҳангоми ҷобаҷо гузоштанӣ кисми таҷҳизот, мувозинати бор гум шуда ҷабрдидаро тела додааст. Ӯ аз болои таҷҳизоти пармагарӣ, ки баландиаш 2.9 метр буд, бо қисми сар ба замин афтида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Дар ҳамин вақт ронанда Саидов С., аз даруни нақлиёт садоеро шунавида мебинад, ки як нафар дар зери таҷҳизоти пармагарӣ бо шикам хобидааст. Ӯ дарҳол омада сари Ҷалилов О.,-ро аз замин бардошта мебинад, ки ӯ ҷароҳат бардошта руяш пур аз хун аст. Коргароне, ки ҳамрояш кор мекардан омада ҳолати ӯро дида ба нақлиёти сабукрави тамғаи Isuzu бо рақами қайди давлатӣ 349 бор намуда ба бунгоҳи тиббии корхона бурдаанд. Духтури навбатдори корхона Тошев М., ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ расонида, баъдан ба автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ бор намуда, ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бурда, дар шуъбаи эҳё бистарӣ намудаанд. Аммо ҷабрдида аз ҳисоби ҷароҳатҳои бардошта санаи 17 декабри соли 2022 дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-пеш аз корҳои васлу насби таҷҳизоти пармагарӣ ба кормандон ба таври хаттӣ супориш-иҷозат дода нашудааст;

-пеш аз иҷрои корҳои васлу насби таҷҳизоти пармагарӣ тоза накардани сатҳи болои боми таҷҳизоти пармагарӣ аз барф аз тарафи марҳум, эҳтимол меравад, ки ӯ ҳангоми иҷрои кор пойҳояш лағжида ба замин афтида бошад;

-ҳангоми иҷрои кор дар балании зиёда аз 1,3 метр майдони корӣ бо панҷараи муҳофизатӣ ва зинапояи чӯббанди мустаҳкам таъмин набуда ва дар баландии 3 метр аз камарбанди муҳофизати истифода нашудааст;

-беэҳтиётӣ зоҳир намудани аз тарафи ҷабрдида, ҳангоми корҳои васлу насб;

-назорати суст оид ба риояи техникаи бехатарӣ аз тарафи кормандони муҳандисони техникии сехи таъмирии кони кушоди Ҷилав.

 

        Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бар асари ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи дуюми соли 2022 рухдода 11 нафар ба ҳалокат расидааст, ки аз онҳо 7 нафар шахсони ба ҳалокат расида шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Дар таъминоти шахсони ба ҳалокатрасида 40 нафар аъзоёни оила буда ва аз онҳо, ки 22 нафар фарзандони ноболиғи то синни 18 соларо ташкил медиҳанд, бесаробон мондаанд. Масъулон бояд дарк намоянд, ки акнун барои 22 нафар фарзандони ноболиғи бесаробонмондаи нафарони бар асари ҳодисаҳои нохуш фавтида, дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бесаробон монданашон то ба синни 18 солагӣ расиданашон нафақа таъин менамояд, ки ин дар баробари дастгирии иҷтимоӣ зарари иқтисодӣ ба давлат низ мебошад. Корхонаҳо низ ба оилаҳои ҷабрдида, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳои моддӣ расонида, вобаста ба маъюбӣ ва фавти корманд ҷуброни зарарро пардохт менамоянд. Ҳамаи ин бинобар риоя накардани талаботҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарии корҳо буда, албатта дар баробари дастгирӣ зарар ба худи ин корхонаҳо низ мебошад.

Яъне ҳодисаҳои нохуш дар баробари зарари маънавӣ ба оилаҳои ҷабрдида, ба корхонаҳо ва давлат низ зарари иқтисодӣ меоварад. Инчунин шахсони масъули корхонаҳо ва дигар кормандон бинобар қонун ва қоидавайронкуниҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд, ки ба корхона зарари молиявӣ мерасонад. Агар роҳбарони корхонаҳо, масъулин ва кормандони корхонаҳо ба қоидаҳои бехатарона бурдани корҳо аҳамияти хосса дода ва талаботҳои ҳифзи меҳнатро риоя намоянд, чунин зарарҳо ба тарафҳои зикргардида ба миён наомада ва дигарон низ осеб намедиданд. Аз ин рӯ роҳбарон ва дигар масъулини корхонаҳоро зарур аст, ки барои ҷамъбасти фаъолиятҳои кории корхонаҳо бе рух додани ҳодисаҳои нохуш ва садамаи истеҳсолӣ ва бе фавти ба чунин ҳодисаҳои истеҳсолӣ алоқаманд, ҷиҳати риояи қоидаҳои бехатарона бурдани корҳо чораҳои доимӣ андешида, инчунин барои ба чунин натиҷаҳои хуби бе рухдиҳии ҳодисаҳои нохуш ва бе садамаи истеҳсолӣ пеш бурдани истеҳсолот масъулинро дар ҷамъбастҳои фаъолияти кории корхона ҳавасманд намоянд.

Фаъолияти комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохуши рухдода, аз тарафи 23 комиссияи Хадамот барои гузаронидани тафтишоти ин ҳодисаҳо ташкил карда шуда, чорабиниҳо иборат аз 286 банди умумӣ таҳия гардида, мӯҳлати иҷрои ҳар як банд ва иҷрокунандаи ҳар як банд муайян карда шудаанд, ки тибқи фармоиши сардори Хадамот дар асоси ваколатҳои муқарраргардида ва «Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014, № 462 тасдиқ шудааст, барои гузаронидани тафтишоти ҳодисаҳои нохуш ва садамаи рухдода, комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохуши рухдодаи ҳар як ҳодиса ва садамаи истеҳсолӣ сари вақт ташкил карда шудааст. Комиссияҳо дар асоси тартиби мазкур амал намуда, тафтишот бурда, ҳолат, сабабҳои асосии техникӣ ва рух додани ҳодисаҳо ва садамаро муайян намуда, инчунин дигар маълумотҳои зарурии алоқаманд ба ҳодисаҳои нохуш ва садамаро ҷамъ оварда, санадҳоро доир ба ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва парвандаҳои онҳоро тартиб дода, дар мӯҳлатҳои муайянгардида ба Хадамот, тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудаанд. Дар рафти тафтишотҳо нисбати шахсоне, ки бо амали худ беамалӣ зоҳир карданашон ба вайрон кардани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вайрон кардани талаботҳои бехатарии корҳо роҳ додаанд, тибқи Қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда чораҳои дахлдор, яъне ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст. Инчунин тибқи қонунҳои амалкунанда нисбати чунин кормандон муҷозоти интизомӣ низ татбиқ гардидааст. Барои иҷрои чорабиниҳои қабулнамудаи комиссияҳо корхонаҳо чораҳои бартараф намудани камбудиҳоро андешида, ба Хадамот тибқи талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маълумот пешниҳод намудаанд. Аз ин рӯ роҳбарияти ин корхонаҳо ва дигар масъулини бехатарии саноатии онҳоро зарур аст, ки иҷроиши бандҳои чорабиниҳо, ки ба онҳо мӯҳлати «доимӣ» ва ё «фавран» навишта шудааст, доимо зери назорат гирифта, ба такроршавии чунин ҳодисаҳои нохуш роҳ надода, саломатии кормандонашонро ҳифз намоянд. Ҳамчунин маводҳои ҷамъовардаи комиссияҳо дар асоси ваколатҳои Хадамот дар ҷаласаҳои ҳайати Мушовара мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардидааст. Хадамот ва мақомотҳои дахлдори он, инчунин кумитаҳои иттифоқҳои касабаи дахлдор парвандаҳои дахлдори ҳодисаҳои нохушро дар асоси ҳуқуқҳои муайянгардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудаанд.

Хадамот оиди ба истеҳсолот вобаста будани ҳодисаҳои нохуш ва дар бораи кори комиссияҳои тафтишотии ҳодисаҳои мазкур дар ҷаласаҳои ҳайати Мушовара қарорҳои дахлдор қабул намудааст, ки онҳо дар бюллетени ахборотӣ оварда шудааст. Комиссияҳо тавре дар боло қайд гардидааст, барои бартараф кардани сабабҳои сар задани ҳар як ҳодисаи нохуш ва ҷиҳати пешгирии такроран ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаҳо чорабиниҳо таҳия ва мӯхлатҳои иҷрои онҳоро муайян намуда, назорат бурдааст. Нозирони дахлдори Хадамотро зарур аст, ки иҷроиши бандҳои мӯҳлати иҷрояшон «доимо» муайянгардидаро назорати доимӣ баранд.

ХУЛОСА:

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдодаи дар нимсолаи дуюми соли 2022 нишон медиҳад, ки бинобар риоя накардани дастурамалҳои вазифавӣ ва дигар талаботҳои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ оиди бехатарии меҳнат роҳ додаанд. Дар баробари сабабҳои техникии рухдиҳии 23 ҳодисаи нохуш сабабгор шудаанд. Комиссияҳои тафтишотӣ ва маъмурияти корхонаҳо дар баробари кӯмаку дастгириҳо ба онҳо ҳамчун ҷабрдида, дар рафти бурдани тафтишот ҳангоми муайян кардани сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуш нисбати баъзеи онҳо тибқи талаботҳо чораҳои лозимӣ, яъне ҷазои маъмурӣ ва муҷозотҳои интизомӣ татбиқ намудааст. Бинобар ин комиссияҳои тафтишотӣ дар баробари фахмондадиҳии ҳуқуқҳои онҳо нисбати онҳо муҷозотҳои интизомӣ ва ҷазои маъмуриро низ сазовор донистааст. Дар баробари ин дар байни худи зарардидагон ба қоидавайронкуниҳо роҳ дода, баъзе шахсони бар асари ҳодисаҳои нохуш фавтида низ ба қоидавайронкуниҳо роҳ додаанд, ки ҳаёти худро зери хатар монда, боиси сар задании ҳодисаҳои нохуш гардидаанд. Ҳамин тариқ дар нимсолаи дуюми соли 2022 нисбати шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст.

Ба 32 нафар зарардидагон (аз ҷумла 11 нафар фавтидагон) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеъӣ ба ҷабрдидагон, дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 36 моддаи 343, ҷуброни зарар кумакпулии яқвақта ва барои гузаронидани маросимҳои дафн, маъракаҳо барои ҷароҳатбардоштагон, барои гирифтани табобат кӯмакҳои пулӣ ба маблағи 2145077,0 сомонӣ, инчунин кӯмакҳои молӣ расонида шуд.

Ба 22 нафар фарзандони ноболиғи кормандони дар ин ҳодисаҳои нохуш ҳалокгардида давлат, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии барои то синни 18-солагӣ расиданашон муқаррар менамояд, ки ин дар баробари дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар ба буҷаи давлат низ мебошад.

Агар масъулин қоидаҳои техникаи бехатариро худ риоя мекарданд ва риоя кардани онҳоро аз нафарони ҳалокгардида талаб мекарданд ва фаҳмондадиҳиро дар байни онҳо пурзӯр мекарданд ва барои риояи бехатарии саноатӣ чораҳои зарурии саривақтӣ меандешиданд, чунин ҳодисаҳои нохуш рух намедод, зарарҳои моддӣ ба тарафҳои зикргардида намешуд ва боиси зарари маънавӣ оилаҳои нафарони зарардида низ намегардид. Ҳатто баъзе корхонаҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи риояи бехатарии саноатӣ, талаботҳои ҳифзи меҳнат ва барои ҳифзи меҳнат набудани маблағро пеш меоранд. Ҳол он ки маблағгузории ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо бояд, ки мувофиқи талаботҳои моддаи 24 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад. Дар урфият низ мегӯянд, ки «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ».

Аз ин рӯ роҳбарон ва масъулини бехатарии саноатии корхонаҳо ва тамоми кормандони онҳоро зарур аст, ки баҳри ҳифзи саломатиашон дар истеҳсолот қоидаҳои бехатарии меҳнатро бояд доимо риоя намоянд, зеро бехатарӣ дар истеҳсолот ин кори ҳамаи иштирокчиёни истеҳсолот аст. Техникаи бехатарӣ бошад ин олоти пешгирии ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор бо воситаҳои техникӣ мебошад.

Иҷроиши бандҳои чорабиниҳои таҳиянамудаи комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохушро, ки мӯҳлати иҷрои онҳо ба таври «доимо» ё «ҳар сол» нишон дода шудаанд, роҳбарону масъулини корхонаву ташкилотҳои дахлдор бояд ба таври доимӣ зери назорат гиранд, то ки чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар корхонаҳои зериназоратии Хадамот ҳодисаҳои нохуши рухдода ва нафарони ҳалокшудаю ҷароҳат бардошта ба қайдгирифта шуда, барои солҳои оянда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ барои пешгирии ин ҳодисаҳои нохуш пурзӯр намудан зарур шуморида шавад.

Нозиротҳои давлатии Хадамотро низ зарур аст, ки назорати давлатии бехатарона бурдани корҳои саноатиро дар корхонаҳои зериназоратӣ пурзӯр намоянд.

Роҳбарону масъулини корхонаву иншоотҳои зериназоратӣ ва дигар корҳои зери назорати Хадамот қарордоштаро зарур аст, ки дастуру нишондодҳои нозирон ва дастуру супоришҳое, ки дар семинар машваратҳои техники аз тарафи Хадамот баргузоршаванда ҷиҳати риояи бехатарии саноатӣ ва доир ба ҳифзи меҳнат дода мешаванд, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш сари вақт иҷро намуда, саломатии худ ва дигар кормандонро дар истеҳсолот эҳтиёт намоянд. Фаромӯш низ набояд сохт, ки ҳамаи кормандонро дар хона аҳли оила ва бахусус фарзандон интизоранд!.

Ба матбаа 20. 01 соли 2023 супорида шуд.

Ба чопаш 21. 01 соли 2023 имзо шуд.

Андозаи 60х84 1/16. Ҷузъи чопӣ 9.

Адади нашр 120. Супориши №……….

734018, ш. Душанбе, хиёбони

Саъдии Шерозӣ, 16.

Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.