Чаласаи тантанави бахшида ба Рузи геологхо
Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди касбӣ-Рӯзи геологҳо ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ҷаласа Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, сарнозири ҳифзи меҳнати Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикметалл) Кароматулло Холиқзода, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шарикони ҳамкор иштирок доштанд.
Ба муносибати таҷлили Иди касбӣ -Рӯзи геологҳо барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда як зумра кормандон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.