Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст ҳисоботи муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» шунида шуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ шуда, барои таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби рушди саноати сабук муҳим мебошад.
Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018, №34 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» таҳия карда шудааст.
Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар давраи амалишавии Барнома сол ба сол тамоюли афзоиш дошта, аз 2,7 млрд сомонии соли 2018 соли 2021 ба 4,1 млрд сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2018 1,5 маротиба зиёд гардидааст.
Аз ҷумла, дар давраи амалигардонии Барномаи соҳа яъне солҳои 2018-2021 ва 8 моҳи соли 2022 нишондиҳандаи дурнамои ресмони пахтагин 103,5 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 115,3 фоиз, маснуоти ҷӯробу пайпоқ 209,5 фоиз, маҳсулоти кешбофӣ 141,4 фоиз, пойафзол 101,1 фоиз, мебел 216,8 фоиз ва матои адрас 167,1 фоиз иҷро гардиданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ аз 1 млн 128 ҳазор дона дар соли 2018 соли 2021 ба 2 млн 670 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш 2,4 маротиба зиёд мебошад. Дар ҳашт моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ ба 3 млн 18 ҳазор дона расонида шуд, ки суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли гузашта 20,0 фоиз зиёд таъмин гардидааст.
Дар давраи амалишавии Барномаи мазкур дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 245 корхонаю коргоҳ бо 3872 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, 38 корхонаю коргоҳ бо 730 ҷойи корӣ дар соли 2018, 50 корхонаю коргоҳ бо 820 ҷойи корӣ дар соли 2019, 32 корхонаю коргоҳ бо 534 ҷойи корӣ соли 2020, 87 корхонаю коргоҳ бо 1326 ҷойи корӣ соли 2021 ва 38 корхонаю коргоҳ бо 462 ҷойи корӣ давоми моҳҳои январ-августи соли 2022 ба истифода дода шудаанд. Самти фаъолияти корхонаю коргоҳҳои болозикр ба коркарди пахта, нахи пахта, пӯст, истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб, маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроб, халтаҳои полипропиленӣ, пойафзол ва мебел равона карда шудаанд.
Амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имконият фароҳам овард, ки дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълимӣ — истеҳсолӣ таъсис ёфта, раванди омӯзиши рушди ҳунарҳои мардумӣ тақвият ёбад.
Айни замон, 8 корхона ба намуди фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ва дар 38 шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзишию истеҳсолии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, мунтазам фаъолият доранд. Аз ҷониби корхонаю марказҳои ҳунармандӣ матои атласу адрас, курпаю курпача, рахти хоби ороишӣ, болишти гулдӯзӣ, тоқӣ, сӯзанӣ, ҷома, куртаи чакан ва дигар номгӯи маҳсулоти ҳунармандӣ истеҳсол карда шуда, дар ҳисоботи оморӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» баъди муҳокима барои баррасӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат ҳамчунин Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2023, Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дастуру супоришҳои дигар доир ба дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи зимистони солҳои 2022-2023, таъмини аҳолӣ ва иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти тирамоҳӣ, захираи маҳсулоти хурока ва маводи сузишворӣ ва дар ҳолати мутобиқ ба талабот нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт дода шуд.