Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии «Ситора» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳритус боздид намуданд

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Ситора” шинос шуда, аз намоиши дастовардҳои меҳнаткашон боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Ситора” дар ихтиёри худ 5,45 гектар замин дорад, ки аз он 5,30 гектарашро замини корами обӣ ва 0,50 гектарашро боғ ташкил медиҳад.

Дар заминҳои хоҷагӣ деҳқонон дар кишти асосӣ гандум, ҷуворимаккаи дон, картошка, пиёз, карам ва қаланфури булғорӣ ва дар кишти такрорӣ бошад, чормағзи заминӣ, сабзӣ, қулфинай, шалғам, ҷуворимаккаи дон, картошка ва пиёз мекоранд.

Зимни ташриф ба хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва кишти такрории зироати кишоварзӣ шинос шуда, бо деҳқонон суҳбати самимӣ доир намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи деҳқонони хоҷагиро асосан ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду се ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока ва таъмини бозорҳои кишвар бо маводи ниёзи аввали босифат ҷалб карданд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии меҳнаткашони ноҳияи Шаҳритус ва фестивал озмуни- анор боздид намуданд. Дар ин намоишгоҳ кишоварзон номгӯи зиëди маҳлулоти истеҳсолнамударо ба тамошо гузоштанд. Обу ҳавои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои парвариши ҳамагуна маҳсулоти кишоварзӣ ва меваю сабзавот бахусус анор мусоид аст ва бо истифода аз ин имконият сокинон хоҷагиҳои анорпарварӣ ташкил намуда, ҳаҷми истеҳсоли ин навъ маҳсулоти серталабро бештар менамоянд. Дар фестивал-озмуни анор боғдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар гӯшаҳои алоҳида беш аз 15 намуд анори аз боғҳои фаровонҳосил ҷамъовардаашонро пешниҳод карданд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар вилояти Хатлон то сол майдони анорбоғ зиёд гардида, кишоварзон ҳамасола истеҳсолро низ афзоиш медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом дода, мусъулонро муваззаф намуданд, ки барои боз ҳам васеъ намудани масоҳати анорбоғ, бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли он ва ҳамчунин содироти анор ба хориҷи мамлакат ба кишоварзон шароит фароҳам оваранд. Мавриди зикр аст, ки Хатлон яке аз калонтарин вилояти кишоварзӣ дар мамлакат ба шумор рафта, ҳамасола кишоварзон дар натиҷаи самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам ва бо гирифтани то се ҳосил дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.