Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Риши Сунак барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Риши Сунак барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ табрик намоям.
Тайи сӣ соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро ба роҳ монда, имрӯзҳо пайгирона пеш мебаранд.
Ҷониби Тоҷикистон ба рушди шарикии минбаъдаи ду кишвар ҳамеша аҳаммияти хосса медиҳад ва мо алоқаманди таҳкими фарогири ҳамкориҳоямон бо кишвари Шумо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем. Омодаем, ки ҷиҳати пешбурди ин раванд дар сатҳҳои мухталиф саъйю талошҳои муштарак ба харҷ диҳем.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар фаъолияти сермасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Подшоҳии Муттаҳида некӯаҳволӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».