ТАЛАБОТ ОИД БА ИДЕНТИФИКАТСИЯИ ИНШООТИ ИСТЕХСОЛИИ ХАТАРНОК
Бо фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кўхкории назди Хукумати Чумхурии Точикистон аз «____»_________ соли 2022, №______
тасдик карда шудааст.
ТАЛАБОТ ОИД БА ИДЕНТИФИКАТСИЯИ ИНШООТИ
ИСТЕХСОЛИИ ХАТАРНОК
- МУКАРРАРОТИ УМУМИ
- Талаботи мазкур оид ба идентификатсияи иншооти истехсолии хатарнок (минбаъд – Талабот) дар асоси мукаррароти моддаи 2 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии саноатии обеъктхои истехсолии хатарнок» ва банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва соњаи кўхкории назди Хукумати Чумхурии Точикистон тахия гардида, талабот оид ба идентификатсияи иншооти истехсолии хатарнокро муайян менамояд.
- Ба иншооти истехсолии хатарнок иншооте дохил мешаванд, ки аломат ва хусусияти онҳо дар моддаи 2 Қонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектхои истехсолии хатарнок», инчунин дар замимаи 1 Талаботи мазкур пешбинӣ гардидаанд.
- Тачхизоти техникии хатарноке, ки ба иншооти истехсоли хатарнок мансубият доранд, тибќи моддаи 2 Қонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектњои истехсолии хатарнок» бо параметрхо ва тавсифхои техникие, ки дар шиносномаи техникии тачхизот нишон дода шудаанд, муайян карда мешаванд.
- ИДЕНТИФИКАТСИЯИ ИНШООТИ ИСТЕХСОЛИИ ХАТАРНОК
- Идентификатсияи иншооти истехсолии хатарнок аз чониби ташкилоте, ки ин иншоотро истифода мебарад, амали карда мешавад. Хангоми идентификатсияи иншооти истехсолии хатарнок, мансубияти иншоот ба категорияи иншооти истехсолии хатарнок тасниф карда шуда, муайянкунии ном, алохои хатарноки ва навъи он мутобики талаботи Ќонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектхои истехсолии хатарнок» амалӣ карда мешавад.
- Дар ташкилот бояд фармоиш (супориш) оид ба муайянкунии мухлати гузаронидани идентификатсия, мухлат ва тартиби ба маќоми баќайдгиранда (Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) пешниход намудани маълумоте, ки барои баќайдгирии иншоот дар фехристи давлати заруранд, ворид намудани тағйирот ба фехристи давлати, шахс (шахсон), масъулони гузаронидани идентификатсия ва пешниходкунандаи маълумот, мавчуд бошад. Ба ғайр аз хуччатхои пешниходшуда, ки дорои маълумоти зарури мебошанд, ташкилот метавонад ба маќоми баќайдгиранда нусхахои электронии онхоро пешниход намояд.
- Идентификатсия дар асоси таҳлили ҳуҷҷатҳои зерини ташкилот анҷом дода шавад:
– сохтори ташкилот;
– наќшаи генералии чойгиршавии бино ва иншооти ташкилот;
– маълумот дар бораи технологияхои истифодашаванда, истехсолоти асоси ва ёрирасон;
– мушаххасоти тачхизоти насбшуда;
– ҳуччатхои тачхизоти техникие, ки дар иншооти истехсолии хатарнок истифода мешаванд;
– маълумот дар бораи миќдори моддахои хатарноке, ки дар чои кор коркард мешаванд;
– хуччатхои таъсисии ташкилот;
– хуччатҳое, ки хуќуќи амали намудани намуди фаъолияти ичозатномадодашавандаро тасдик мекунанд ва барои истифодаи тачхизоти дахлдор ичозат медиханд.
- Дар натичаи идентификатсия тавсифоти миќдор ва сифати иншооти истехсолии хатарнок ва дигар маълумоти тавсифкунандаи он муайян карда мешаванд.
- Дар раванди идентификатсия намудан хамаи иншооти истехсолии хатарнок, тамоми аломатхои хатарноки ва навъи ягонаи хар як иншооти истехсолии хатарнок, ки ташкилот истифода мебарад, бо дар назар доштани талаботи ќонунгузори ва дигар санадхои меъёрии хуќуќи дар самти бехатарии саноати ва дар асоси тахлили таркиби ташкилот (комплекси молумулкӣ), хуччатхои лоихавӣ, эъломияхои бехатарии саноатӣ, регламентҳои техникӣ ва дигар хуччатхои марбут ба истифодаи иншооти истехсолии хатарнок муайян карда мешаванд.
- Њангоми идентификатсияи иншооти истехсолии хатарнок хамчун аломати муттахидкунанда истифода мешавад:
– майдони истехсоли (ќитъаи замин) ва бинои истехсоли, ки дар он моддахои хатарнок гирифта, истифода, коркард, ташкил, нигохдори, интиќол ва несту нобуд карда мешаванд;
– тачхизотхое, ки бо фишори зиёда аз 0,07 МПа ё дар харорати чўшиши об, ки зиёда аз 115оС дарача истифода мешаванд, механизмхои борбардори корашон мунтазам, эскалаторхо, роххои таноби, фуникулерхо;
– гудохтахо ва лўлахои металлхои сиёх ва ранга ба даст овардашуда.
- Агар ташкилот якчанд иншоотро истифода барад ва танхо яке аз онҳо аломатхои хатарнок дошта бошад, пас на тамоми ташкилот, балки танхо хамин иншоот хамчун иншооти истехсолии хатарнок эътироф карда мешавад.
- Номхои иншоот аз рўйи натичахои идентификатсияи онхо, тибќи навъхои номгўйи намудхои иншооти истехсолии хатарнок бо маќсади ба ќайд гирифтан дар фехристи давлатие, ки аз чониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ шудааст, муќаррар карда мешавад.
- Идентификатсияи иншооти истехсолии хатарнок барои баќайдгирии онхо дар фехристи давлати бо маќсади муайян кардани иншооти истехсолии хатарнок аз чониби ташкилоти истифодашаванда амали карда мешавад.
- Гузаронидани дурустии идентификатсияи иншооти истехсолии хатарнокро маќомоти баќайдгири назорат менамояд.