Таҳлили ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи дуюми соли 2021 бақайдгирифташуда

Хадамоти

назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

БЮЛЛЕТЕНИ АХБОРОТӢ

№ 021-2

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи дуюми соли 2021 бақайдгирифташуда

Душанбе  –  2022

 

 

Ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармо тибқи тартиб ва шартҳое, ки дар қонунгузорӣ ва шартномаи коллективӣ (созишнома) пешбинӣ гардидаанд, ба суѓуртаи ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар сабабҳои носолимии вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд.

 

Боби 2 моддаи 19 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-июли соли 2016, №1329

 

Зери роҳбарии:

Раҳим Санъат Асо – сардори Хадамот.

Таҳияи:

Аламзода И. Б. – муовини якуми сардори Хадамот. Мирзозода А. А. – муовини сардори Хадамот.

Олимӣ З. – садори раёсати илмию техникии Хадамот.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои зериназоратӣ ва корбарии кормандони мақомотҳои зерсохтории Хадамот пешниҳод мегардад.

Дар бюллетени ахборотии мазкур ҳодисаҳои нохуши рухдода дар корхонаҳо таҳлил карда шудаанд, ки иншооти истеҳсолии хатарнокро истифода мебаранд.

Дар таҳияи бюллетен маълумотҳои бахшҳо ва нозиротҳои Хадамот, инчунин маводҳои комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохуш истифода шудааст.

 

ИСТИЛОҲОТ

Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣназорати давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ мақоми ваколатдор мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ доранд:

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок дароянд;

-бо ҳуҷҷатҳое, ки барои тафтиши аз тарафи ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок иҷро намудани талаботи бехатарии саноатӣ заруранд, шинос шаванд;

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ҷиҳати рафъи вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи бехатарии саноатӣ нишондодҳо диҳанд;

-дар доираи ваколатҳои худ оид ба бехатарии саноатӣ, аз ҷумла, нисбати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии биноҳо ва иншооти воқеъ дар объектҳои хатарнок нишондодҳо диҳанд;

-шахсони дар вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ гунаҳкорро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, инчунин барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони зикршуда ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристанд.

Бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок

(ё худ бехатарии саноатӣ) – ҳолати ҳимоявии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз садамаҳои хатарноки иншооти истеҳсолӣ ва оқибатҳои садамаҳои номбаршуда.

 Садама – вайроншавии иншоотҳо ва (ё) таҷҳизоти техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда ва (ё) ба ҳаво хориҷ шудани моддаҳои хатарнок, инчунин вайронкунии ҷараёни технологӣ, расонидани зарар ба механизму таҷҳизотҳо ва иншооте, ки боиси ҳалокати одамон, зарар ба саломатии онҳо, муҳити зист ва хароб кардани объектҳои хоҷагидорӣ, зарари калони моддӣ, вайрон шудани шароити фаъолияти зиндагии одамон гардидаанд, ё боиси он гардида метавонанд.

Ҳодиса – аз кор баромадан ё вайрон шудани таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, баромадан аз тартиби ҷараёни технологӣ, вайрон намудани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии муайянкунандаи қоидаҳои пешбурди кор дар иншооти истеҳсолии хатарнок.

Иншооти истеҳсолии хатарнок – корхона, сех, қитъа, майдончаҳои онҳо, инчунин дигар иншоотҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки дар онҳо моддаҳои хатарнок (даргиранда, оксидшаванда, сӯзанда, тарканда, заҳрнок, заҳрнокиашон баланд ва моддаҳои барои муҳити зист хатарнок) истеҳсол менамоянд, истифода мебаранд, аз нав коркард мекунанд, ба вуҷуд меоранд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, нобуд месозанд. Инчунин механизмҳо, таҷҳизотҳо ва ҷараёни истеҳсолии технологии зерин мансуб аст:

-таҷҳизоте истифода бурда мешуд, ки таҳти фишори зиёда аз 0,07 мегапаскал ё ҳангоми зиёда аз 115 дараҷа селсий гарм шудани об кор мекунад;

-механизмҳои сайёр ва доимӣ васлшудаи борбардор, экскаваторҳо, лифтҳо, роҳҳои танобӣ, фуникулёрҳо истифода мешаванд;

-гудохтаҳои металлҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳое, ки дар асоси ин гудохтаҳо истеҳсол мешаванд;

-корҳои куҳӣ маъдантозакунӣ, инчунин корҳои зеризаминӣ гузаронида мешаванд;

-иншооти гидротехникӣ. **

Бехатарии мехнат – маҷмӯи чорабиниҳо, ки барои таъмини ҳифзи кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равона шуда, таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолиро истисно мекунанд.

Ҳифзи меҳнат – низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иштимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирӣ ва барқароркунӣ, ки мутобиқи кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кори инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунад;***

Шароити бехатарии меҳнат – шароити меҳнате, ки дар он таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истисно карда шудааст ё дараҷаи таъсири онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд набошад.***

*   Моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»

** Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»

** Моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»

*** Моддаи 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳлили

ҳодисаҳои нохуши истеҳсолии рухдода дар корхонаҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2021.

Дар корхонаҳои зериназоратии Хадамот 20 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши рухдода 13 нафар ба ҳалокат расида, 8 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ки аз онҳо 10 нафар шахсони ба ҳалокат расида шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Аз шахсони ҷароҳатбардошта бошад 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар шаҳрвани Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон мебошанд.

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдода вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ (вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) чунин аст:

 

р/т Ҳодисаҳои нохуши рухдода Ҳамагӣ ВМКБ Вилояти

Суѓд

вилояти

Хатлон

НТҶ Шаҳри

Душанбе

1. Миқдори умумӣ 20 2 15 1 1 1
2. Дар онҳо зарар диданд: (нафар) 21 2 15 2 1 1
аз ҷумла:
2.1 Ҳалок гардиданд: 13 2 8 2 1 0
2.2 Ҷароҳат бардоштанд: 8 0 7 0 0 1

Вилояти МКБ:

Дар ташкилоту корхонаҳои зериназоратии Хадамот дар ВМКБ, 2 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 2 нафар ба ҳалокат расидааст.

Вилояти Суѓд:

Дар вилоят 15 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 15 нафар зарар дидаанд, ки аз онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида ва 7 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Вилояти Хатлон:

Дар ташкилоту корхонаҳои зериназоратии Хадамот дар Вилояти Хатлон, 1 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари онҳо 2 нафар ба ҳалокат расидааст.

Шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ:

Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 1 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расидааст.

 Шаҳри Душанбе:

Дар ташкилоту корхонаҳои зериназоратии Хадамот дар шаҳри Душанбе 1 ҳодисаи нохуш рух дода, бар асари он 1 нафар ҷароҳат бардоштааст.

Таҳлили ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ  рухдода вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ (вилояти Суѓд, ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ба ҳисоби фоиз чунин аст:

Аз 100 фоизи умумӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10%, Вилояти Суѓд 75 %, Вилояти Хатлон 5%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5 % ва ба шаҳри Душанбе 5 % рост меояд. (ниг. ба расми 1). Аз ин рӯ масъулини назоратӣ ва ташкилоту корхонаҳои дахлдор барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш бояд тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Расми 1.

Тавсифи

мухтасари ҳодисаҳои нохуш вобаста ба санаи рух додан чунин аст:

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 19 апрели соли 2021 соати 10-00 дақиқа бо Азизова Хосият, соли таваллудаш 1955, истиқоматкунандаи ш. Душанбе хиёбони Ҳ. Шерозӣ, хонаи №10, ҳуҷраи №20, рух додааст.
  2. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 26 июни соли 2021 соати 11 – 18 дақиқа дар ҶДММ ТА КМ «Анзоб» дар байни уфуқҳои 2195 -2155 метри байни гузаргоҳи амудии паҳлуи чоҳи мошини болорав бо механики минтақаи №2 кони маъдани «Анзоб» бо Мавлонов Муллоҷон Салихович, соли таваллудаш 1965 рух додааст.
  3. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 13 июли соли 2021 соати 17 – 55 дақиқа дар ҶДММ «Сахи Хуҷанд» ҳангоми ба деги оҳангудозии индуксионӣ партофтани оҳанпораҳо бо коргари ҷамъият Чабборов Ҳусан Нормуродович, соли таваллудаш 1985, рух додааст.
  4. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 24 июли соли 2021 соати 15 – 30 дақиқа дар ҶСК «Сохтмони Шуроб» дар кони зеризаминии ангишт, зерқабати №1, нақби моилӣ тамоилии №4, ҳангоми иҷрои корҳои нақбкани дар натиҷаи ҳосилшавии гази СО оксиди карбон бо сардори ҳавзаи ҷамъият Тошбоев Абдуманон Қаюмович., соли таваллудаш 1960 рух додааст.
  5. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 18 августи соли 2021 тақрибан соати 14 10 дақиқа ҳангоми иҷрои кор дар қитъаи оташдони шахтавӣ ногаҳон дасти рости боркаши клинкери гарми басти №3 ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Б. Самадов» Ҳомидов Беҳруз Ҳомидҷонович., соли таваллудаш 1993, рух додааст.
  6. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 25 августи соли 2021 соати 09 20 дақиқа ҳангоми иҷро намудани корҳои пармакунӣ дар даромадгоҳи 4, блоки 203, нимқабати 945, уфуқи 12-и кони Зарнисори шимолӣ аз қисмати тарафи чапи сақви нақб ногаҳон резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷа нақбкани Филиали ҶДММ «Гурӯҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фан Вен Жо, соли таваллудаш 1973 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Хитой рух додааст.
  7. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 27 августи соли 2021 соати 0245 дақиқа ҳангоми кашонидани ҷинсҳои кӯҳӣ дар мавзеи Садиқа, қитъаи Сариоб назоратчии иҷрои корҳои ҶДММ КМ «Таком Голд» Абдуллоев Давлатали Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1993 рух додааст.
  8. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 29 августи соли 2021 соати 11 30 дақиқа дар роҳи технологии мавзеи Кумарѓи болои ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи аз баландии 12 метр сарозер гардидани боркунаки тамѓаи ХСМG 500 бо рақами қайди давлатӣ 1438 ТА 01 TG идоракунандаи боркунаки ҶДММ «Зафар Чинг Кай» – корхонаи зерпудратии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Абдураҳмонов Наврӯзбек Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 1993 рух додааст.
  9. Ҳодисаи нохуши ҳолати гуруҳии марговар санаи 30 августи соли 2021 соати 21 10 дақиқа дар натиҷаи лаѓжидани қабати сангу шаѓал ва гилхок бо посбонони хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи КМҚДҶ «Тиллои Тоҷик» Камолов Восеъ Қосидович., соли таваллудаш 1989 ва Орзуи Маҳмадюсуф., соли таваллудаш 2002 рух додааст.
  10. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 23 сентябри соли 2021 соати 03-10 дақиқа бо пармагари ФШДММ «С.А. Минералз» У Маодан, соли таваллудаш 1968, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, рух додааст.
  11. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 03 октябри соли 2021 соати 05 50 дақиқа ҳангоми иҷрои корҳои пармагарӣ дар нақби G3R-и иншооти НБО «Роѓун» дар натиҷаи ба амал омадани резиши ҷинсҳои кӯҳӣ бо пармагари ҶСК «ТГЭМ» Каримов Шодихон Абдуалиевич., соли таваллудаш 1976, рух додааст.
  12. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 1 октябри соли 2021 соати 20 – 20 дақиқа дар ҶДММ КМ «Зарафшон» ҳангоми фаровардани контейнери бордор бо ёрдамчии ронанда Саидҷалолов Абдухалоқ, соли таваллудаш 1970, рух додааст.
  13. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ дар ҶСК «ШКСТХ» санаи 26 сентябри соли 2021 соати 20 – 00 дақиқа дар кони Зарнисори Шимолӣ, дар устохонаи таъмирии уфуқи 11 ҳангоми бурдани корҳои таъмирӣ дар автомашинаи боркаши №7 бо челонгари ҷамъият Бан Юн., соли таваллудаш 1966, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой рух додааст.
  14. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 1 ноябри соли 2021 тақрибан соати 07 30 дақиқа бо шаҳрванд Зарипов Зариф, дар бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар суроѓаи ш. Хуҷанд, маҳалаи 19, бинои 16 а, ҳангоми аз лифти мусофиркаш истифода бурдан, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
  15. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 11 ноябри соли 2021 соати 02 37 дақиқа ҳангоми холӣ кардани бор дар анбори ҷинсҳои куҳи уфуқи 1865м кони Ҷилави ҶДММ КМ «Зарафшон» бо ронандаи мошини тамғаи Тонгли №26 Холов Зокир соли таваллудаш 1977, рух додааст.
  16. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 19 ноябри соли 2021 соати 18 00 дақиқа дар ҳавзаи тамоили шарқии ҳаводиҳии кони №8-и ҶСК «Ангишт» бо коргари ҷамъият – Турганов Турган Қурбонович, соли таваллудаш 1976 ҳангоми истихроҷи ангишт ва иҷрои корҳои зеризаминӣ, рух додааст
  17. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 7 декабри соли 2021 соати 12 30 дақиқа дар ҳавзаи №1-и кони №8-и ҶСК «Ангишт» бо челонгари барқии зеризаминӣ, Ѓафоров Икром Ҳасанович, соли таваллудаш 1965, ҳангоми корҳои таъмирии таҷҳизотҳои барқӣ дар уфуқи +990, рух додааст.
  18. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 13 декабри соли 2021 соати 16 30 дақиқа бо Болтабоев Ҷумъабой Асомадинович соли таваллудаш 1999, ронандадаи ҶДММ «Муҳандиси сохтмони Ҷон Ҷиен» – пудратчии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ҳангоми дар роҳи технологӣ идора намудани техникаи боркунандаи тамѓаи SEM 652 D, рух додааст.
  19. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 17 декабри соли 2021 тақрибан соати 13 50 дақиқа ҳангоми кушодани қисми эҳтиёти аз автомашинаи боркаши дар ҳолати корношоям қарордоштаи тамѓаи «GBS» дар нимқабати 987 метри уфуқи 11-и кони Зарнисори Шимолӣ, бо таъмиргари бригадаи №3-и Филиали ҶДММ «Гурӯҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Чжо Чи Бо., шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, соли таваллудаш 1985, рух додааст.
  20. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 19 декабри соли 2021 соати 21 10 дақиқа дар ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» бо коргари зеризаминии қитъаи №7, Шерҳусейни Ризо., соли таваллудаш 1975, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон рух додааст.

Дар корхона ва ҷамъиятҳои зерин, ҳодисаҳои нохуш рух додааст:

 

1 Сохтмони иншооти НБО «Роѓун» -1 ҳодиса
2 Бо шаҳрванд Азизова Хосият -1 ҳодиса
3 ҶММ ТА КМ «Анзоб» -1 ҳодиса
4. ҶДММ «Сахи Хуҷанд» -1ҳодиса
5. ҶСК «Сохтмони Шӯроб» -1 ҳодиса
6. ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Б. Самадов» -1 ҳодиса
7. ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой» -3 ҳодиса
8. ҶДММ КМ «Таком Голд» -1 ҳодиса
9. ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» -2 ҳодиса
10. КДКДҶ «Тиллои Тоҷик» -1 ҳодиса
11. ФШДММ «С.А. Минералз» -1 ҳодиса
12. ҶДММ «Зарафшон» -2 ҳодиса
13. Бо шаҳрванд Зарипов Зариф -1 ҳодиса
14. ҶСК «Ангишт» -2 ҳодиса
15. ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» -1 ҳодиса

 

Яъне 20 ҳодисаи нохуш дар 15 корхона ва ҷамъиятҳо рух додааст.

Дар ҶСК «НБО-и Роѓун» 1 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 1 нафар ҳалок гардидааст.

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдода вобаста ба корхонаҳои зертобеъ ва зериназоратии Вазорату идораҳо ва дигар иншоотҳо чунин аст:

 

 

1 Сохтмони иншооти НБО «Роғун» -1 ҳодиса

 Вазорати саноат ва технологияҳои

нави Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 

1 ҶММ ТА КМ «Анзоб» -1 ҳодиса
2. ҶДММ «Сахи Хуҷанд» -1ҳодиса
3. ҶСК «Сохтмони Шӯроб» -1 ҳодиса
4. ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Б. Самадов» -1 ҳодиса
5. ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой» -3 ҳодиса
6. ҶДММ КМ «Таком Голд» -1 ҳодиса
7. ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» -2 ҳодиса
8. КДКДҶ «Тиллои Тоҷик» -1 ҳодиса
9. ФШДММ «С.А. Минералз» -1 ҳодиса
10. ҶДММ «Зарафшон» -2 ҳодиса
11. ҶСК «Ангишт» -2 ҳодиса
12. ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» -1 ҳодиса

 

Яъне дар 12 корхонаю ҷамъиятҳои дар боло зикргардидаи зертобеи Вазорат, 17 ҳодисаи нохуш рух додааст, ки дар натиҷа 18 нафар зарар дидаанд, аз онҳо 12 нафар ҳалок гардида ва 6 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Маълумот оид ба ному насаби зарардидагон, номи корхонаҳо, синну соли онҳо, маҳалли зисти онҳо, вазъи оилавӣ ва шумораи шахсон ва ноболиѓони дар таъминоти онҳо буда.

  1. Санаи 19 апрели соли 2021 соати 10 00 дақиқа, дар бинои истиқоматии бисёрошёна воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳ. Шерозӣ – 10, бо мақсади аз лифти мусофиркаш истифода бурдан, бо шаҳрванд Азизова Хосият, соли таваллудаш 1955 рух додаст.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 19 апрели соли 2021 ҳангоми таъмири лифти мусофиркаши бинои истиқоматӣ рух додааст. Аз баёноти Бобоев Комил – таъмиргари лифт бармеояд, ки тахминан соати 09 00 дақиқа ӯ барои таъмири лифт шуруъ менамояд. Ӯ мебоист ду адад таноби пулодини лифтро, ки дар онҳо нуқсонҳо пайдо шуда буданд, иваз намояд. Барои ин таъмиргар Бобоев К. аз ошёнаи якум кабинаи лифтро ба ошёнаи аз ҳама боло равон карда, бо калиди махсус дари чоҳи лифтро кушода ба «приямкаи» чоҳи  лифт мефарояд ва аз ҷойи бо мурватҳо дар сангҳои мувозинатии лифт маҳкам шудани танобҳо, танобҳоро ҷудо менамояд.

Баъд бо мақсади танобҳои ҷудокардашударо ба боло кашида баровардан ба хонаи мошинолоти лифт, ки дар боми бино ҷойгир аст, ба боло мебарояд. Дар ин ҳолат дарҳои чоҳи лифт дар ошёнаи якум кушода мемонад, онҳоро бо ду адад чубҳои арра кардашуда (рейка) аз пӯшидашавӣ боз медорад. Таъмиргар Бобоев К. танобҳоро ба боло кашида, боз ба ошёнаи якум мефарояд. Ҳангоми фаромадан овози фарёди касеро мешунавад. Бобоев К. сурати ҳаракаташро тезонида ба ошёнаи якум ба назди дари чоҳи лифт расида меояд. Ба поён назар карда мебинад, ки ҳамсояашон Азизова Хосият ба «приямка»-и чоҳи лифт афтидааст ва аз дард нолиш мекунад. Бобоев К. дарҳол ба поён фаромада ҷабрдида Азизова Хосиятро барои аз «приямка» баровардан ҳаракат менамояд. Дар ҳамин вақт дигар шахсони дар он ҷой ҷамъ шуда, аз он ҷумла, фурушандаи маѓоза Зардаков К. аз боло аз дастони ҷабрдида дошта, ӯро ба боло мебардоранд. Азизова Х. ба ҳуш буда ва гап зада метавонистааст. Дарҳол ба рақами ёрии таъҷилии тиббӣ занг мезананд. Мошини ёрии таъҷилӣ  баъд аз 30-40 дақиқа омада расидааст ва Азизова Хосиятро ба он ҷой карда, ба МД «Макази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» – «Шифобахш» (Қарияи Боло) бурданд. Баъд аз азназаргузаронӣ ва ташхиси ҷароҳатҳо, муайян карда шудааст, ки устухонҳои пойҳои рост ва чапи Азизова Х. шикастанд. Баъд аз расонидани ёрии тиббӣ, ҷабрдидаро барои давом додани муолиҷа дар беморхона бистарӣ намуданд.

Аз баёноти ҷабрдида Азизова Х. бармеояд, ки ҳангоми ба даромадгоҳи бино даромадан, даҳлези назди дарҳои лифт торик буда, дари шахтаи лифт дар ҳолати  кушода будааст. Равшаннокии чоҳи лифт низ таъмин нашуда будааст. Дар ҳамин ҳолат кабинаи лифт ба ошёнаи боло бардошта шуда будааст. Бинобар сабаби торик будан ва набудани ягон лавҳачаи огоҳикунанда, ҷабрдида ба чоҳи лифт афтидааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

Сабабҳои техникӣ:

-хӯрдашавии таноб ва ниёз доштан ба иваз намудани танобҳои пулодини лифт.

Сабабҳои ташкилӣ:

-истифодабарии лифти мусофиркаши бино, бе бастани шартнома бо корхонаи махсусгардонидашуда оиди хизматрасонии лифтҳо ва роҳ додан ба хизматрасонии лифт ба шахси тасоддуфӣ, ки ҳуҷҷатҳои тахассусии электромеханикии лифтро надорад;

-бо рӯшноӣ таъмин накардани чоҳи лифти бино.

 

  1. Ҳодисаи нохуш бо талафоти ҷонӣ санаи 25 июни соли 2021, тахминан соати 11 18 дақиқа, бо Мавлонов Мулоҷон Солиҳович механики минтақаи 2, дар байни уфуқи 2195 – 2155 метр, байни гузаргоҳи амудии паҳлӯи чоҳи мошини болорави кони маъдани «Анзоб», ҶДММ ТА КМ «Анзоб», рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Мавлонов Мулоҷон Солиҳович – санаи таваллудаш 16.10.1965, механики минтақаи №2 кони маъдани Анзоб.

-собиқаи кории умумӣ – аз 12.07 соли 1988;

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур -6 солу 4 моҳ;

-гузаштан аз дастури муқаддимавӣ – 25.02 с. 2015;

– гузаштан аз дастури навбатӣ – 27. 02 соли 2015.

Вазъи оилавӣ, оиладор – соҳиби 3 фарзанд:

ҳамсараш – Қудратова Шарифа, соли таваллудаш 1966, писараш – Солеҳов Муҳаммад, соли таваллудаш 1992;

духтараш – Солеҳова Маҳрия, соли таваллудаш  1996;

духтараш – Шаҳнозаи Муллоҷон, соли таваллудаш 1999.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 25 июни соли 2021 тахминан соати 06 00 дақиқа сардори минтақаи №2-и кони маъдани «Анзоб» Маҳмудов Қаюм, устоҳои минтақа ва Мавлонов Мулоҷон механики минтақа ба кормандони минтақа супориши корӣ медиҳанд. Мавлонов Мулоҷон ба челонгарон Лоиқов Ҷаҳонмурод, Ашуров Ашур ва Ашуров Одина – кафшергари кони маъдани «Анзоб» супориши корӣ оиди таъмири таҷҳизотҳои механикӣ медиҳад. Баъди гирифтани супориши корӣ кормандони минтақа ба ҷойҳои кории худ мераванд. Сипас Сафаров Неъматулло –сармеханики кони маъдани «Анзоб» бо ҳамроҳии Мавлонов Мулоҷон – механики минтақа баъд аз иваз намудани либосҳои корӣ ва гирифтани чароѓ ва худмуҳофизаткунак ба сехи таъмири таҷҳизотҳои корхона рафта, таҷҳизотҳои таъмирталабро мебинанд ва баъд ба даромадгоҳи нақби асосии кони маъдани «Анзоб» баромада, ба қатора савор шуда, вориди нақб мешаванд. Пас аз он ба мошинаи болорав нишаста ба нақби №4, уфуқи 2235 метр орти 402 мераванд, ҳолати кории техникаҳоро аз назар гузаронида, баъдан аз онҷо баргашта, бо воситаи нақби амудии гузаргоҳи тарафи чапи чоҳи мошинаи болорав ба нақби №5 уфуқи 2195 метр мефароянд. Сипас онҳо тахминан соатҳои 10 00 дақиқа ба сероҳаи гузаргоҳи марказии уфуқи 2195 метр меоянд. Сафаров Н. ба самти роҳи баромадгоҳи нақби №5 меравад, Мавлонов М. ба нақби №5 орти 506 шимолӣ ба ҷойҳои кории кормандон ва барои азназаргузаронии ҳолати кории таҷҳизотҳо меравад. Сафаров Н. ба беруни нақб баромада, бо роҳи беруна ба нақби №6 уфуқи 2155 метр медарояд ва нуқтаҳои кории кормандонро аз назар мегузаронад. Тахминан соати 12 00 дақиқа ба даромадгоҳи назди мошини болорав меояд. Дар ҳамин вақт аз нақбҳои болоӣ мошини болорав ба назди Сафаров Н. меояд ва садодиҳандаи мошинаи болорав Маҳмудов Ҳ. истода оиди ҳодисаи нохуши бо Мавлонов М. рухдода ба ӯ хабар медиҳад.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

Сабабҳои техникӣдида намешавад.

Сабабҳои ташкилӣ:

-эҳтимолияти аз саросемагӣ ва беаҳамиятӣ афтидани ҷабрдида ҳангоми фаромадан аз зинапоя;

-тибқи талаботи лоиҳаи корӣ зинапоя бояд аз таҳпоя (полок) се зина болотар бошад, аммо дар асл талаботи лоиҳавӣ таъмин нагардидааст;

-тибқи талаботи лоиҳаи корӣ баландии байни таҳпояҳо 4,168 метр пешбинӣ шудааст, аммо дар ҷое, ки ҳодисаи нохуш рух додааст, аз таҳпояи болоӣ то поёнӣ 6,4 метрро ташкил медиҳад.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 13 июли соли 2021 соати 17 – 55 дақиқа дар ҶДММ «Сахи Хуҷанд» ҳангоми ба деги оҳангудозии индуксионӣ партофтани оҳанпораҳо бо коргари ҷамъият Чабборов Ҳусан Нормуродович, соли таваллудаш 1985, рух додааст.

 

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Ҷабборов Хусан Нормуродович, соли таввалудаш -01.02.1985, дорои шиносномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро намебошад.

-вазифааш: дар сехи оҳангудозии ҶДММ «Сахи Хуҷанд» ба тариқи ѓайрирасмӣ, бе бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, ба тариқи шифоҳӣ ҳамчун коргари– рехтагари оҳангудоз кор кардааст;

-собиқаи корӣ: дар корхонаи ҶДММ «Сахи Хуҷанд» – 1 рӯз;

– собиқаи кории умумӣ: маълумот оиди собиқаи кории умумӣ ба ҳайати комиссия пешниҳод карда нашуд;

-гузаронидани дастурдиҳиҳо;

– дастури муқаддимавӣ: нагузаштааст;

– дастури аввалин дар ҷойи кор: нагузаштааст;

– вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 3 фарзанд;

-ҳамсараш – Тухлибоева Малика, соли таваллудаш 1985;

-писараш – Ҷабборов Сунатулло, соли таваллудаш 2012;

-духтараш – Ҷабборова Мадинабону, соли таваллудаш 2015;

-духтараш – Ҷабборова Мафтуна, соли таваллудаш 2016.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти шоҳидон – кормандони сехи оҳангудозӣ бармеояд, ки санаи 13 июли соли 2021 чун ҳар вақта дар сехи оҳангудозӣ корҳоро оѓоз намуда, дар ҷойҳои кории худ кор мекарданд. Худи ҳамон рӯз Ҷабборов Х. барои дидани додараш Ҷабборов Тоҳир омадааст. Ҷабборов Т. ба додараш гуфтааст, ки ӯ монда шудааст, сипас Ҷабборов Ҳ. ба додараш пешниҳод намудааст, ки ба ҷойи ӯ кор карда метавонад. Қаблан Ҷабборов Ҳ., дар корхонаи оҳангудозии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҷрибаи кори доштанаш Ҷабборов Туда, ба деги оҳангудозӣ оҳанпораҳоро партофта кор кардааст. Аз сабти навори видеои маълум гашт, ки соати 17 35 дақиқа ҳангоми ба деги оҳангудозӣ партофтани оҳанпораҳои гуногун ногаҳон таркиш ба вуҷуд омада, аз дохили деги гудозиш лахчаи оҳанпора Ҷабборов Ҳ. ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ мебардорад. Дар ин муддат кормандон аз ҳодисаи ба амал омада воқиф шуда, чабрдидаро дарҳол бо нақлиёти директори корхона Джан Делонг ба беморхонаи шаҳри Бӯстон бурдаанд ва дар беморхонаи мазкур фавти ӯро тасдиқ менамоянд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

Сабабҳои ташкилӣ:

-бе шартномаи меҳнатӣ ба кор роҳ додани ҷабрдида ва ба кор дар иншооти истеҳсолии хатарнок роҳ додани шахси бегона;

-бе гузаронидани дастурдиҳии муқаддимавӣ ва аввалия оиди техникаи бехатарӣ роҳ додани ҷабрдида барои кор дар иншооти истеҳсолии хатарнок;

-бе тайёрии касбӣ, омӯзиши бехатарона бурдани корҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба кор ҷалб намудани ҷабрдида;

-корфармо барои ҷабрдида либосҳои махсуси корӣ ва муҳофизатиро таъмин накардааст.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 24 июли соли 2021 соати 15 – 30 дақиқа дар ҶСК «Сохтмони Шуроб» дар кони зеризаминии ангишт, зерқабати №1, нақби моилӣ тамоилии №4, ҳангоми иҷрои корҳои нақбкани дар натиҷаи ҳосилшавии гази СО оксиди карбон бо сардори ҳавзаи ҷамъият Тошбоев Абдуманон Қаюмович., соли таваллудаш 1960 рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Ташбаев Абдуманон Қаюмович, соли таваллудаш 01.04.1960, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Шӯроб, кӯчаи Олимпӣ, хонаи  №201;

– маълумот:- миёнаи махсус;

– ихтисос: коркарди  зеризаминии  конҳои ангишт;

– вазифааш:  сардори ҳавза;

– собиқаи кори умумӣ: – 10 сол;

– аз рӯйи касб дар ҶСК «Ангишт»: аз 18.03 соли 2013 , яъне 9 солу 6 моҳ;

– дар ҶСК «Сохтмони Шуроб» аз 01. 02 соли  2021;

– вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби ду фарзанд:

-ҳамсараш, Тошматова Холиса – соли таваллудаш  21.04.1965, истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Пӯлотон, кӯчаи Равотӣ №139, омӯзгори МТМУ №12 ба номи Ҳ. Қузиев.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш:

Аз баёноти кормандони басти 2 ҳавзаи №4А ҶСК «Сохтмони Шуроб» бармеояд, ки санаи 23. 07 соли 2021 кормандони басти 2 ҳангоми иҷрои кор тахминан соатҳои 23 30 дақиқа дар зерқабати нақб бӯйи ѓализи турушшударо ҳис менамоянд. Устои кӯҳӣ Наимов Раҳмонали ҳолати зерқабатҳо ва ҷойҳои кориро аз назар гузаронида дар назди штреки вентиляционии зерқабати ѓарбии №2 бӯйи ѓализи туршшударо ҳис намуда, ҳамаи коргаронро барои аз нақб баромадан супориш медиҳад. Коргарони басти 2 ҳама аз нақб берун мебароянд ва устои кӯҳӣ Наимов Р. ба роҳбари корхона Шарипов М. оид ба ин ҳолат хабар медиҳад. Роҳбари корхона Шарипов М. ба ҳавза омада бо ҳамроҳии устои кӯҳии басти 2 Наимов Раҳмонали ҳолати нақбро аз назар гузаронида дар зерқабат ҷойи пайдоиши бӯйи ѓализи туршшударо муайян менамоянд. Сипас коргарони басти 2 бо супориши роҳбар Шарипов М. дар зерқабатҳои №2 ва №1 девори муҳофизати месозанд. Баъд соатҳои 4-и пагоҳии санаи 24. 07 соли 2021 аз кор мераванд.

Пагоҳи санаи 24.07с.2021, сардори ҳавза Ташбаев Абдуманон ба коргарони басти 1 оид ба истихроҷ ва баровардани ангишт супориши корӣ дода, коргаронро оид ба риояи талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ дастур дода, ба кормандон гуфтааст, ки то ба ҳавза омадани ӯ интизор шаванд. Ташбаев А. ба ҳавза омада бо ҳамроҳии кормандони басти 1 ҳолати нақбро аз назар гузаронида, дар зерқабати №2 ба кормандон Шарипов М., Маҷидов А., Қаюмов Б., Мамадҷонов М., Ҳаитов Р., Ашӯров А., Ҷалолов А., Наимов А., Тиллоев Н., Бозоров С. оид ба гузоштани девори муҳофизатӣ супориши шифоҳӣ додааст. Пас аз гузоштани девори муҳофизатӣ дар зерқабати №2 хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдан сардори ҳавза Ташбаев А. ба устои кӯҳӣ Шарипов М. ва ду корманди баст Ашӯров В. ва Ҷалолов А. барои андова кардани девори муҳофизатӣ супориш дода, худ бо кормандон Маҷидов А., Наимов А., Раҳмонов Ҷ., Тиллоев Н., Бозоров С. ба назди зерқабати №1 мебарояд. Раҳмонов Ҷ. дар саршавии зерқабати 1 назди қуттии ангиштбарор меистад, Наимов А., Тиллоев Н., Бозоров С. барои тайёр кардани лой ва ҷамъ кардани қум ба боло рӯи замин мебароянд. Сардори ҳавза Ташбаев А. бо Маҷидов А. ба зерқабати 1 медароянд. Ташбаев А. дар назди саршавии штреки вентилятсионӣ қубури ҳаводиҳиро дарронда ба тарафи штреки вентилятсионӣ (нишебии гузаргоҳи эҳтиётӣ) рост намуда, барои задани пардаи муҳофизатӣ ба Маҷидов А. супориш додааст, ки рафта аз синакор табар биёрад, ҳамзамон ба Маҷидов А., ҳуштак дода гуфтааст, ки ҳангоми ҳис кардани норасогии ҳаво ҳуштак кашад. Маҷидов А. ба синакори ҷойи кориашон рафта хостаст, ки табарро гирад, дар ин ҳолат ӯ норасогии ҳаворо ҳис намуда ба оқиб мегардад ва дар роҳ аз ҳуш рафтааст. Раҳмонов Ҷ. аз ин ҳодиса бохабар шуда, кормандони дар зерқабати №2 коркарда истодаро барои ёрӣ фарёд мекунад ва ба Маҷидов А. ёрӣ расонида, ӯро бо қуттии ангиштбарор ба беруни нақб мебарорад. Тақрибан соати 1530 дақиқа аз ин ҳолат роҳбар Шарипов Муҳаммад, ки дар ҳавза қарор дошт, дарҳол ба ҳама хабар диҳед гӯён ба тамоил медарояд. Кормандони дар боло қарор дошта дигар кормандони ҳавзаҳоро барои ёрӣ расонидан хабардор менамояд. Шарипов Муҳамад дар саршавии зерқабати якум Ҷалолов Абдурасулро вохӯрда ҳамроҳ ба тарафи зерқабати №1 медарояд ва дар роҳ Ашуров Абдувоҳид ва Шарипов Мирзоѓафурро мебинад, ки дар ҳолати бемадорӣ ва гаранги оҳиста- оҳиста омада истодаанд. Онҳо ба Шарипов Муҳаммад мегӯянд, ки сардори ҳавзаро газ бурдааст ва ба штреки ҳавокашӣ (вентилятсионный штрек) афтидааст. Шарипов Муҳаммад арѓамчини муҳофизатиро бар камар баста худмуҳофизаткунакро ба даҳон гузошта барои наҷот додани сардори ҳавза Ташбаев А. ба штрек медарояд ва хостаст ӯро барорад, лекин ӯ ҳам заҳролуд шуда ба Ҷалолов А. гуфтааст, ки аргамчинро бикашад. Ҷалолов А. бо арѓамчин Шарипов Муҳамадро кашида ба қуттии ангишбарор бор карда, ба боло мебарорад. Дар ин муддат соати 16 25 дақиқа кормандони Қисми ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии шаҳраки Шӯроб ва кормандони ҶСК «Ангишт» ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба дохили тамоил ворид шуда, Ташбаев Абдуманонро аз штреки ҳаводиҳи ба берун мебароранд. Кормандони ҚҲНК ҳавои тамоили № 4А ҳавзаи «Сохтмони Шуроб»-ро чен карда, аз сабаби аз меъёр зиёд будани консентратсияи гази карбон даромадгоҳи тамоилро бо тахта махкам карда, даромаданро ба тамоил манъ намуданд. Дар баромадгоҳи тамоили № 4А   нақлиётҳои ёрии таъҷилии шаҳри Исфара ва шаҳраки Шӯроб ҳозир шуда буданд, бо ҳамроҳии ҳамшираи шавқати ҶСК «Ангишт» Тӯхтаева М. бадани Ташбаев Абдуманонро маҳс намуда, ҳавои сунъӣ медиҳанд ва баъд аз чанд дақиқа ҳамшираи шавқати беморхонаи шаҳраки Шӯроб марги Ташбаев А-ро тасдиқ менамояд ва ҷасади маҳрум Ташбаев А-ро бо воситаи нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи шаҳраки Шӯроб мебаранд.

Бояд қайд намуд, ки гази турши карбон СО2 ранг ва мазза надорад. Гази мазкур аз ҳаво 1,5 баробар вазнинтар мебошад ва аз ин сабаб дар нишебиҳои нақб ҷамъ мешавад, нафаскашӣ ва сӯзишро дастгирӣ надорад. Гази турши карбон дар муҳити фазои нақб дар натиҷаи пӯсидани чӯбу тахтаҳои нақб мустаҳкамкунӣ, вайроншавии обҳои ишқордори ҷинсҳои кӯҳӣ ва ангишт, нафаскашии одамон, бурдани корҳои таркишӣ пайдо мешавад, инчунин метавонад аз рахна ва ҷойҳои холигии қабатҳои ангишт ва ҷинсҳои кӯҳии паҳлӯӣ ҷудо мешавад. Таркиби гази СО2 дар ҷойҳои корӣ на зиёда аз 0,5 % бо ҳаҷм бошад. Дар нақбҳои кӯҳӣ, ки дар он фавраи ҳавои умумии баромада истода мегузарад таркиби СОто 0,75%, ҳангоми гузаронидани корҳои барқароркунии нақб дар ҳолати фуруравӣ то 1% рухсат дода мешавад.

Cабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

Тибқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судии шаҳри Исфара аз 30 июли соли 2021, №28, марги Ташбаев А.К., дар натиҷаи заҳролудшавӣ бо гази карбон ба вуҷуд омадааст, ки аз он аломатҳои зерин: хунрезиҳои нуқтамонанд дар зери пардаҳои шуш ва дил, пурхунщавии ковокиҳои дил бештар аз тарафи рост, пурхуншавии узвҳои дохила ва суюқии хун мавриди ташреҳ, дарёфт гардидани карбоксигемоглобин дар хуни ӯ дар натиҷаи тадқиқоти тиббӣ судии кимиёвӣ ва дигар аломатҳои марги зудфарорасида шаҳодат медодааст.

Тибқи хабарномаи взводи №3 алоҳидаи наҷотдиҳии кӯҳии Шӯроб аз 24 июли соли 2021, №16 соати 16 45 санаи 24 июли соли 2021 намунаи ҳаво гирифта шуда,  дар наздикии ҷойи ҳодиса бо воситаи асбобҳои ченкунии навъи ГХ-5 ва МХ ташхиси таркиби ҳаво гузаронида шуд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар долони ҷойи садама таркиби гази CO – 0,05% ва гази карбон CO2 – 11%-ро ташкил медиҳанд, ки аз меъёри муқаррагардида зиёд мебошад ва сабаби марги Ташбаев А. дар натиҷаи аз меъёр зиёд будани гази карбон ба амал омадааст. Тибқи талаботи банди 156 «Қоидаҳои бехатарӣ дар шахтаҳои ангишт ва варақсанг» меъёри консентратсияи газҳои хатарнок дар шахтаҳо: CO – 0,0017%, CO2 – 0,5 % муқаррар карда шудааст.

Сабабҳои ташкилӣ:

нақшаи бартарафсозии садамаҳо бо дарназардошти позитсияи ихроҷи ногаҳонии газ таҳия ва тасдиқ нагардидааст;

– бе лоиҳаи махсус гузаронидани корҳои нақбканӣ ва истихроҷӣ дар наздикии минтақаҳое, ки хавфи ихроҷи газҳои зараровар доранд;

– бе лоиҳаи махсус гузоштани девораи муҳофизатӣ (перемычка);

– саривақт даъват накардани қисми наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҶСК «Ангишт» барои бартараф намудани садама.

  1. Санаи 18 августи соли 2021 тақрибан соати 14 10 дақиқа ҳангоми иҷрои кор дар қитъаи оташдони шахтавӣ ногаҳон дасти рости боркаши клинкери гарми басти №3 ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Б. Самадов» Ҳомидов Беҳруз Ҳомидҷонович., соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи вилояти Суѓд, шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, кӯчаи Боѓдорӣ хонаи №96, зери тасмаи транспортерӣ монда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

-собиқаи умумии корӣ 3 моҳу 26 рӯз;

-дар ташкилоти мазкур 3 моҳу 26 рӯз;

-вазъи оилавӣ – муҷаррад.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 18 августи соли 2021 тақрибан соати 14 10 дақиқа ҳангоми иҷрои кор бо сабаби риоя накардани талаботҳои техникаи бехатарӣ аз тарафи боркаши клинкери гарми басти №3  чамъият Ҳомидов Беҳруз Ҳомидҷонович дар сатҳи +21,00 метри ошёнаи 5-и заводи сементбарорӣ байни ѓарѓараи даврашакли оҳанин ва тасмаи транспортери хатти конвейрии интиқоли омехтаи ашёи қитъаи оташдони шахтавӣ руст мондааст, ки дар натиҷа дасти рости ҷабрдида аз тан ҷудо гардида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар баёноти хатии худ аз 25.08 соли 2021 ҷабрдида – боркаши клинкери гарми басти №3  Ҳомидов Б. чунин шарҳ медиҳад, ки ӯ санаи 18. 05 соли 2021 соати соати 7 45 дақиқа ба қитъаи корӣ ба ошёнаи 5-и оташдони шахтавӣ ҳозир шудааст. Соати 8 00 дақиқа ба кори ҳаррӯзаш машѓул шудааст, яъне басти кориро қабул намуда бо корҳои ба танзим даровардани таъмини ашёи хом аз қабили омехтаи оҳаксанг, гилхок, хокаи ангишт ва об ба дохили оташдон машѓул шудааст. Ҳамин тариқ корҳои мазкурро то соати 12 00 дар қитъаи мазкур идома дода, соати 12 30 дақиқа ӯ бо ҳамроҳи пуркунандаи оташдони ҷамъият Қосимов Д. барои истеъмоли хӯроки нисфирӯзи ба ошхонаи корхона рафтанд. Баъди истеъмоли хӯроки нисфирӯзӣ соати 13 00 дақиқа ба қитъаи корӣ омада ба идомаи корҳои худ машѓул шудаааст, яъне хатти конвейрӣ, ки омехтаи ашёи аз омехтаи оҳаксанг, гилхок, хоки ангишт ва об иборат мебошад, фаъол намудааст. Тақрибан соати 14 00 дақиқа бо мақсади тоза намудани ғарғараи даврашакли оҳанин аз лойоба дар қисмати ниҳоии хатти конвейрии мазкур қарордошта машғул шудааст. Ҳангоми тоза намудани ғарғара аз лойоба дар дасти ӯ арматураи қутраш 14 мм бо дарозии 40-50 сантиметр мавҷуд будааст ва ногаҳон дасти росташ дар байни ғарағараи оҳанини қутраш 400 миллиметра бо дарозии 70 сантиметр ва лентаи резинии бо ғафсии 10 сантиметр бо паҳноии 65 сантиметра дар мондааст ва дар натиҷа дарди бисёре ҳис намудаааст. Бинобар сабаби фаъол будани хатти конвейрӣ, дасти ӯро лентаи резинин ва ғарғараи оҳанин ба боло кашида зер намуааст ва касе дар назди ӯ, яъне дар ошёнаи 5 набудааст ва ӯ ёри расонида намешудааст. Баъдан ӯ аз ҳис намудани дарди зиёд ба тамоми овози баландаш фарёд задааст, ки ба ӯ кӯмак расонанд, аммо бо сабаби баланд будани тачҳизоти компрессорӣ оташдон, муҳаррики лойшӯрак ва ѓарѓараҳо ӯро касе намешунвад ва ӯ дар ҳолати шок қарор доштааст. Баъдан мутаассифона аз танаш ҷудо шудани дасти росташ ӯ аз ҷойи мазкур раҳо ёфтааст ва тақрибан 3-4 метр ба самти рост ҳаракат намуда, фаъолияти хатти конвейрро боз доштаааст. Баъдан кормандони дар атрофаш бударо ба ёрӣ даъват намудааст ва онҳо ӯро ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара овардаанд. Ҳангоми машѓул шуданаш ба ин кор хатти конвейри мазкури коркарда истодаро хомӯш накардааст ҳол он, ки ӯ дарк менамудааст, ки иҷрои ин корҳо дар ҳолати фаъол будани хатти конвейрӣ басо хатарнок будааст. Аз тарафи роҳбарияти завод гоҳе ба ӯ ва коргарон гуфта мешудааст, ки ба бехаратӣ аҳмият диҳанд, аммо бо дастурамали бехатарии иҷроиши корҳо то ҳол шинос нашудааст ва онро надидааст. Инчунин ӯ дар баёноташ қайд менамояд, ки тоза намудани ғарғараи даврашакли оҳанин аз лойоба ба воситаи арматураи қутраш 14 миллиметра бо дарозии тақрибан 40-50 сантиметр бо иқдоми худаш иҷро гардида будааст. Ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш дар тани ӯ либосу пойафзоли махсуси корӣ ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ набудааст. Ӯ дар ин ҳолат майкаи остиндарози рангаш сиёҳ ва пойафзоли рангаш сафеду кабуттоб дошта, дар сараш низ тоскулоҳи ҳимоявӣ надоштааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш:

Сабабҳои техникӣ: – дида намешавад.

Сабабҳои ташкилӣ:

-иҷро намудани корҳои нигоҳдорӣ аз ҷониби боркаши клинкери гарми басти №3 Ҳомидов Б. дар ҳолати корӣ қарор доштани хатти конвейрӣ;

-дар заводи сементбарорӣ иҷроиши корҳо тибқи супоришнома-иҷозатномаи иҷроиши корҳои хатарнокиашон баланд ба роҳ монда нашудааст;

-аз ҷониби роҳбарияти чамъият ба ҳайси масъули корҳо таъин намудани шахсоне, ки маълумоти тахассусии соҳавӣ надоранд:

-аз ҷониби масъулини чамъият ба боркаши клинкери гарми басти №3 Ҳомидов Б. гузаронида нашудани омӯзиши ҳифзи меҳнати такрорӣ, ғайринақшавӣ, мақсаднок ва омӯзиши махсус дар ҳаҷми барномаи тайёрӣ бо назардошти ҳифзи меҳнат ва талаботҳои техникии заводи истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиётӣ оиди бехатарона истифодабарии онҳо;

-ҳангоми иҷроиши кор риоя накардани талаботҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз ҷониби боркаши клинкери гарми басти №3 Ҳомидов Б.;

-ҳангоми иҷроиши кор боркаши клинкери гарми басти №3 Ҳомидов Б. дар тан надоштани либосу пойафзоли махсуси корӣ, тоскулоҳ ва дигар воситаҳои инфиродии муҳофизатӣ.

 

  1. 6. Санаи 25 августи соли 2021 соати 09 20 дақиқа ҳангоми иҷро намудани корҳои пармакунӣ дар даромадгоҳи 4, блоки 203, нимқабати 945, уфуқи 12-и кони Зарнисори шимолӣ аз қисмати тарафи чапи сақви нақб ногаҳон резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷа нақбкани Филиали ҶДММ «Гурӯҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фан Вен Жо, соли таваллудаш 1973 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Хитой, истиқоматкунандаи Вилояти Шаанси, шаҳри Анкан, шаҳраки Чанган, кӯчаи Пенгли, деҳаи Ҷангҷиадиен 2 ба ҳалокат расидааст.

-собиқаи умумии корӣ 21 (бисту як) сол;

-дар ташкилоти мазкур 8 (ҳашт) моҳу 3 (се) рӯз;

-вазъи оилавӣ–оиладор, соҳиби 2 фарзанд, аз ҷумла,

-завҷааш – Ту Ися., соли таваллудаш 1977;

-духтараш – Фан Юэ , соли таваллудаш 1997;

-писараш – Фан Вень У, соли таваллудаш 2002.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар 25 августи соли 2021 соати 09 20 дақиқа, ҳангоми иҷро намудани корҳои пармакунӣ дар даромадгоҳи 4, блоки 203, нимқабати 945, уфуқи 12-и кони Зарнисори шимолӣ дар натиҷаи афтидани санги калонҳаҷм бо андозаи 1,32х0,88х0,83=0,96 м3 аз баландии 2,5 метр рух додааст.

Дар баёноти хатии худ аз 31.08 соли 2021 пармагари Филиали ҶДММ «Гурӯҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Тоҷикистон» Ванг Хай Ҷун чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 25.08 соли 2021 соати 08- 20 дақиқа ӯ бо ҳамроҳии нақбкани Филиали ҶДММ «Гурӯҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фан Вен Жо ба қитъаи кории даромадгоҳи 4, блоки 203, нимқабати 945, уфуқи 12-и кони Зарнисори шимолӣ ҳозир шудаанд. Дар қитъаи кории мазкур ѓайр аз ӯ ва Фан Вен Жо касе набудааст. Дар қитъаи мазкур онҳо аз санаи 24.08 соли 2021 бо супориши шифоии сардори қитъаи ҷамъият Ҷанг Донг Ҷун бо парма намудани сангҳои боқимондаи калонҳаҷми баъди корҳои таркишии гузаронидашуда машѓул будаанд. Ҳангоми ҳозир шудан онҳо қитъаи кориро ҷиҳати бехатарӣ аз назар гузаронида, муайян кардааст, ки ҳамон санги калонҳаҷми афтидани бо андозаи 1,32х0,88х0,83=0,96 м3 тақрибан дар баландии 2,5 метр ва дар масофаи 4 метр аз онҳо қарор дошта, дар қисмати девори нақб дар ҳолати номустаҳками хавфнок қарор доштааст. Ванг Хай Ҷун ба Фан Вен Жо гуфтааст, ки санги мазкур дар ҳолати хавфнок қарор дорад ва ногаҳон афтидани он мумкин мебошад. Фан Вен Жо, ба ӯ гуфтааст, ки санги мазкур дар ҳолати бехавф қарор дорад ва корҳоро дар қитъаи мазкур оѓоз намоянд. Баъдан онҳо тақрибан соати 8-30 дақиқа бо корҳои омодагӣ, яъне қубурҳои обгузар ва ҳавогузарро ба дастгоҳи пармагарӣ пайваст намуда, ба оѓози корҳои пармагарӣ машѓул шудаанд. Дар ин ҳолат Фан Вен Жо аз тарафи чапи ӯ дар масофаи 1 метр ва дар баландии 0,8 метр қарор дошта бо доштани коронка дар пармачоҳ машѓул будааст. Тақрибан соати 09-20 дақиқа аз қисмати тарафи рости сақфи нақб ногаҳон резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омадааст ва ӯ аз ҷойи истодааш ба ҷойи бехавф фирор намуда, ба ҷойи истодаи Фан Вен Жо, нигоҳ кардааст, ки аз байни қисмати сақфи нақб санги калонҳаҷм ба қисмати поён лаѓжида Фан Вен Жо,-ро аз болояш пахш намуда ба масофаи 20 – 30 саниметр гузашта рафтааст. Баъдан ӯ зуд ба назди ҷабрдида рафта дидааст, ки аз пойи чапи ӯ хун ҷорӣ шуда, дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст. Фан Вен Жо ҷабрдидаро аз ҷойи ҳодиса бардошта ба масофаи 4-5 метр ба тарафи рост ба ҷойи ҳамвор гузошта, барои расонидани кӯмак ба тарафи рости нақб ҳаракат намудааст. Тақрибан дар масофаи 800 метр бо корманди шӯъбаи техникаи бехатарии ҷамъият Шу Гонг Лин вохӯрдааст ва ба ӯ оиди ҳодисаи мазкур хабар додааст. Баъдан ӯ ба ҷойи ҳодиса баргаштааст ва тақрибан баъди 2-3 дақиқа ба ҷойи ҳодиса тавассути автомашинаи сабукрави тамѓаи Муссо таҳти идораи ронанда Давлятов Дилшод Туйчиевич корманди шӯъбаи техникаи бехатарӣ Шу Гонг Лин, ва сардори қитъаи Филиали ҶДММ «Гурӯҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷанг Донг Ҷун ҳозир шудаанд. Дар ин ҳолат ҷабрдида аллакай нафас намекашидааст. Онҳо якҷоя Фан Вен Жо,-ро ба автомашинаи мазкур бор намуда, ба беморхонаи шаҳраки Зарнисор интиқол додаанд. Дар беморхона табибон ӯро аз назар гузаронида, фавтидани Фан Вен Жо- ро тасдиқ намудаанд. Баъан онҳо ҷасади ӯро тавассути автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ба яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд равон кардаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

Сабабҳои техникӣ: – дида намешавад.

Сабабҳои ташкили.

  1. Номукаммал гузаронидани дастурдиҳӣ дар ҷойи корӣ аз ҷониби шахсони масъули техникӣ ба коргарони қитъа.
  2. Дар қитъаи корӣ иҷроиши корҳо тибқи лоиҳаи иҷроиши корҳои (ППР) ба роҳ монда нашудааст.
  3. Қитъаҳои кории дохили нақбҳо бо равшаннокии кофӣ таъмин карда нашудааст.
  4. Дар қитъаи корӣ, китоби азназаргузаронии ҳолати коркард ва мустаҳкамкунии нақб ҷорӣ карда нашудааст.
  5. Аз ҷониби роҳбарияти Филиал ба ҳайси масъули корҳои кӯҳӣ-техникӣ дар сохтмони иншооти зеризаминӣ таъин намудани шахсоне, ки маълумоти тахассусии соҳавӣ надоранд:
  6. Беэҳтиётӣ ва риоя нагардидани талаботҳои техникаи бехатарӣ аз тарафи кормандони Филиал Фан Вен Жо ва Ванг Хай Ҷун.
  7. Иҷроиши корҳо дар қитъаи кории зеризаминӣ тибқи супоришнома-иҷозатномаи барои иҷрои корҳои хатарнокиашон баланд ба роҳ монда нашудааст.
  8. Дар қитъаи корӣ иҷро намудани корҳои пармакунӣ бе мустаҳкамкунии муваққатии ҷинсҳои кӯҳӣ.
  9. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 27 августи соли 2021 соати 02 45 дақиқа ҳангоми кашонидани ҷинсҳои кӯҳӣ дар мавзеи Садиқа, қитъаи Сариоб назоратчии иҷрои корҳои ҶДММ КМ «Таком Голд» Абдуллоев Давлатали Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1993 рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Абдуллоев Давлаталӣ Саъдуллоевич – соли  таваллудаш 1993, нозири иҷрои корҳо;

– собиқаи  кори умумӣ – 3 моҳу 9 рӯз;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур  3 моҳу 9 рӯз;

– дастури муқаддимавӣ: гузаронида нашудааст;

– дастури навбатӣ: – 02. 07 соли 2021;

– вазъи оилавӣ – муҷаррад.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 27. 08 соли 2021 соати 19 00 дақиқа баъди гирифтани супориши корӣ аз Абдуллоев У.- сардори шӯъбаи истеҳсолию техникии ҶДММ «Таком Голд», ронандагон Шарифов Сулҳиддин, Хоҷаев Тоҷиддин ва идоракунандаи борбардор (мехлопата) Гулаков Н. машинисти экскаватор Таѓоев Г. назоратчи Абдуллоев Д. оиди кашонидани ҷинсҳои кӯҳӣ ва ҳамвор кардани паи харсангҳо ба кор шурӯъ менамоянд. Вазифаи назоратчӣ Абдуллоев Д. аз он иборат буд, ки мошинҳои аз ҷинсҳои кӯҳӣ боркардашударо, ки барои холӣ кардан меоянд, ба танзим дароварда, холӣ кардани мошинҳоро дар ҷойи муқарраршуда назорат мекард. Ронандаи автомашинаи Хова, Хоҷаев Тоҷиддин дар баёноти худ қайд менамояд, ки тахминан соати 02 45 дақиқа ӯ барои мошинро холӣ кардан ба мавзеи корӣ меояд ва назоратчӣ Абдуллоев Давлаталӣ чароѓак дар даст барои холӣ кардани мошин ишора менамояд. У мошинро холӣ намуда, барои рейси навбатӣ ба назди экскаватор меояд. Дар ҳамин вақт назоратчии дигар Амонов Маҳмадулло ба назди мошин омада мегӯд, ки дигар бор нагирад, чунки Давлаталиро мошини Сулҳиддин пахш кард. Ва ӯ зуд ба ҷойи борхоликунӣ меояд, мебинад, ки кормандон Маҳмадулло, Сулҳиддин, Наврӯз Давлаталиро гирд карданд ва ҳамин вақт мошини Юнус РАВ-4 расида меояд ва онҳо Давлаталиро бор карда якҷоя ба беморхонаи Сағирдашт мебаранд.

Аз баёноти ронандаи автомошинаи Хова рақами Шарипов С. бармеояд, ки ӯ тахминан соатҳои 1 мошини пур аз ҷинсҳои кӯҳиро ба ҷойи борхоликунӣ оварда холӣ кардааст ва назоратчӣ -Давлаталиро дидааст, ки гуё росто дар ҷойи кор хобаш бурда истодааст ва таклиф кардааст, ки биёяд дар кабинаи мошин хоб равад. Вале ӯ қабул накардааст ва гуфтааст, ки пас аз омада рафтани устои баст баъд хоб мекунад. Дар рейси сеюм ҷинсҳои кӯҳиро бор намуда, барои холӣ кардан ба ҷойи борхоликунӣ равон мешавад. Дар наздикии ҷойи борхоликунӣ ба мошине, ки борашро холӣ карда (Хова рақами қайди давлатиаш 51-89 нн 07  Хоҷаев Тоҷиддин) омада истода буд, роҳ дода, худ барои холӣ кардани бор ба тарафи қафо ба ҷойи борхоликунӣ мошинаро равон менамояд. Ҳангоми рондани автомашина ба қафо назоратчӣ – Абдуллоев Давлаталиро ва  чароѓаки онро намебинад ва гумон мекунад, ки Давлаталӣ дар даруни мехлопата хоб аст ва ҳаракати худро давом медиҳад. Ҳангоми ҳаракат ба қафо дар масофаи тахминан 70-80 м нохост фарёди Давлаталиро мешунавад ва автомашинаро дар ҷояш боз медорад. Аз кабина фаромада давон ба қафои автомашина меравад ва мебинад, ки Давлаталӣ дар қисми рости автомошина дар паси балон афтидааст ва зуд ӯро аз замин бардошта, ҳамкорони худ Навруз ва Маҳмадуллоро ҷеѓ мезанад ва онҳо Алиев Юнусро фарёд карда Давлаталиро ба мошини Юнус – RAV4  бор карда, ба беморхонаи деҳаи Саѓирдашт равон менамоянд.

Аз маълумотномаи духтур Хуҷаназаров Ш. А., бар меояд, ки санаи 27 августи соли 2021 соати 06 30 дақиқа шаҳрванд Абдуллоев Давлат Саъдуллоевич соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи ноҳияи Дарвоз, деҳаи Сағирдашт бо мошини шахсии тамѓаи Опел рақами қайди давлатиаш 8055НР01 ба беморхонаи марказии ноҳияи Сангвор шӯъбаи ҷарроҳӣ оварда шудааст. Ҳолати умумии бемор ниҳоят вазнин, ҳуши бемор тира (соппорӣ), ба саволҳо пурра ва дуруст ҷавоб намедодааст, аз дард дар мавзеи эпигастрия ва қисмати поёни бадан шикоят доштааст. Ба бемор ба таври таъҷилӣ маводҳои дорувории лозима гузаронида шудаанд, аммо натиҷае набахшидааст. Ҳамаи амалҳои эҳёгарӣ ба бемор гузаронида шуданд, аммо бенатиҷа, дар натиҷаи норасогии шадиди узвҳои ҳаётан муҳим соати 08 40 дақиқа фавти бемор бақайд гирифта шудааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

-муҷаҳҳаз набудани автомашинаи тамғаи Хова рақами давлатиаш 8581 ВК 03 бо сигналҳои огоҳкунанда ҳангоми ҳаракат ба қафо;

-назорати суст аз тарафи кормандони  муҳандисию техникии ҷамъият ва шахсони паймонкор вобаста ба иҷрои корҳои кӯҳӣ;

-ба қадри кофӣ таъмин набудани рушноӣ дар мавзеи корӣ;

-риоя накардани интизоми меҳнат аз ҷониби ронанда Абдуллоев Давлаталӣ, яъне хоб рафтан дар ҷойи кор.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 29 августи соли 2021 соати 11 30 дақиқа дар роҳи технологии мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи аз баландии 12 метр сарозер гардидани боркунаки тамғаи ХСМG 500 бо рақами қайди давлатӣ 1438 ТА 01 TG идоракунандаи боркунаки ҶДММ «Зафар Чинг Кай» – корхонаи зерпудратии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Абдураҳмонов Наврӯзбек Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 1993 рух додааст.

Маълумот дар  бораи ҷабрдида:

-Абдураҳманов Наврӯзбек Зиёдуллоевич – санаи таваллудаш 27 марти соли 1993, ронандаи техникаи боркунаки тамѓаи XСMG500;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 14 рӯз;

– аз рӯӣ касб дар корхонаи мазкур – 14 рӯз;

– дастури муқаддимавӣ: гузаронида нашудааст;

– дастурдирӣ дар ҷойи кор: гузаронида нашудааст;

-вазъи оилавӣ – оиладор.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёнот ва протоколи пурсиши шоҳидон маълум гардид, ки корхонаи мазкур дар асоси шартнома аз санаи 27 июли соли 2021 барои иҷро намудани корҳои омодасозӣ ва ҳамворнамоии зербинои фабрика дар мавзеи Кумарѓ воқеъ дар ноҳияи Айнӣ фаъолият менамояд. Ҷабрдида аз санаи 13 августи соли 2021 ба кор шурӯъ намудааст, вале бо сабаби он ки техникаи боркунак чандин маротиба қисмҳояш корношоям мешаванд ва бисёри вақт дар таъмиргоҳ будааст аз тарафи корфармо расман ба кор қабул карда нашуда, шартномаи меҳнати баста нашудааст. Техникаи боркунаки тамѓаи XСMG500 соли бароришаш 2014 рақами қайди давлатиаш 1438 ТА 01 TJ мансуб ба шаҳрванд Каримов Ф. Мебоша, аз гуфтаҳои директори ҷамъият ва соҳибмулк бармеояд, ки техникаи боркунак санаи 15 августи соли 2021 ба мавзеи Кумарѓ аз тарафи соҳибмулк оварда шуда, ҳамон рӯз нуқсони техника дар системаи боздоранда пайдо шудааст. Ҳамчунин директори ҷамъият қайд менамояд, ки чанд маротиба дигар қисмҳои техникаи боркунак корношоям гардиданд, ӯ ба соҳибмулк хабар расонидааст. Соҳибмулк гуфтааст, ки техникаро худаш таъмир менамоя. Аз баёноти хатии бригадари ҶДММ «Зафар Чинг Кай», Ми Юнг Чун бар меояд, ки ӯ шахси масъул дар минтақаи корӣ мебошад. Ӯ ба коргарон ҳамарӯза супориши корӣ медиҳад ва онҳоро кор мефармояд. Ба гуфтаи ӯ марҳум Абдураҳманов Н. санаи 2 августи соли 2021 ба минтақаи кории онҳо меояд ва ӯ ронанда ҳастам гуён ба тарафи техникаи боркунак меравад. Бригадир аз ӯ мепурсад, ки кадом шахс туро инҷо барои кор равон кард, марҳум бо тариқи телефон бо касе сӯҳбат доштааст ва телефонро ба бригадир медиҳад ва бригадир бо телефон суҳбат намуда, шахси бо телефон гап задаро нашинохтааст. Он шахс худро муаррифи намуда мегуяд, ки тарҷумони корхонаи ТВЕА мебошад. Он шахс ба бригадир гуфтааст, ки ин шахс, яъне марҳум ронандаи хуб аст бо техника кор кардан метавонад. Санаи рух додани ҳодиса кормандони ҷамъият дидаанд, ки марҳум ба таъмири техника машѓул буда аз Маъруфҷони С равѓани моеъи системаи боздоранда пурсидааст. Ӯ равѓани моеъро дода пурсидааст, ки чӣ кор мекунад, марҳум ҷавоб додааст, ки системаи боздорандаи техникааш вайрон шудааст ба поён меравад ва рафта техникаро таъмир карда меорад. Маъруфҷони С., гуфтааст, ки агар системаи боздорандаи техника корношоям бошад наравад. Маъруфҷони С. ҳангоми аз роҳи технологӣ ба самти минтақаи корӣ рафтан мебинад, ки кормандони ТВЕА дар сари роҳ истода нигоҳ мекарданд, ки як техникаи боркунак дар дохили сойчаи канори роҳи технологӣ афтидааст. Баъдан ӯ низ ба ҷойи ҳодиса рафта мебинад, ки ҷабрдидаро ҳар дуи пойҳояш аз кабина берун намоён буданд. Ӯ дарҳол ин ҳодисаро дида ба минтақаи корӣ меравад ва барои кӯмак кормандонро хабардор менамояд. Кормандон ба ҷойи ҳодиса меоянд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

Сабабҳои техникӣ ва ташкилӣ:

-корношоям будани системаи боздорандаи техникаи боркунак;

-назорати суст аз тарафи шахсони масъули ҷамъият, яъне бе шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул кардан, ҳамчунин бе дастури бехатарии меҳнат, омӯзиши бехатарона истифодабарӣ ва иҷрои кор, рухсат додани коргар;

-беаҳамияти зоҳир кардан аз тарафи марҳум дар ҳолати корношоям будани техникаи боркунак, яъне худсарона ба ҳаракат даровардан, зеро истифодаи мошин ва механизмҳои вайрона манъ аст.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати гуруҳии марговар, ки санаи 30 августи соли 2021 соати 21 10 дақиқа дар натиҷаи лаѓжидани қабати сангу шаѓал ва гилхок бо посбонони хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи КМҚДҶ «Тиллои Тоҷик» Камолов Восеъ Қосидович соли таваллудаш 1989 ва Орзуи Маҳмадюсуф соли таваллудаш 2002 рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдидагон:

Камолов Восеъ Қосидович – санаи таваллудаш 27. 05 соли 1989 – посбони хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи КМҚДҶ «Тиллои Тоҷик».

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур –7 моҳу 15 рӯз;

– дастури муқаддимавӣ: санаи 28.07 соли 2021 гузаронида шудааст;

– дастури муқаддимавӣ дар ҷойи кор: – 30.07 соли 2021.

Вазъи оилавӣ – маълумот оиди вазъи оилавӣ пешниҳод нагардид, аммо дар маълумотномаи ҳайати оила Камолов Восеъ соҳиби 2 фарзанд мебошад.

Маълумот дар бораи ҷабрдида Орзуи Маҳмадюсуф:

Орзуи Маҳмадюсуф – санаи таваллудаш 17.08 соли 2002 – посбони хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи КМҚДҶ  «Тиллои Тоҷик».

– собиқаи кори умумӣ – 14 рӯз;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 14 рӯз;

– дастури муқаддимавӣ: гузаронида шудааст аз 16. 08 соли 2021;

– дастури муқаддимавӣ дар ҷойи кор: – 16.08. 2021;

Вазъи оилавӣ – муҷаррад.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 30 августи соли 2021 соати 18 00 дақиқа баъди гирифтани супориши корӣ аз Тоиров А. посбонон Раҷабов Р., Назиров А., Камолов В. ва Орзуи М. ба нуқтаҳои назоратии худ тақсим шуданд.

Сардори басти хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ Тоиров Абдузоир дар баёноти худ қайд менамояд, ки санаи 30 августи соли 2021 соати 18 00 посбононро ба нуқтаҳои назоратиашон дар мавзеи «Соуни» тақсим намуда, баъд ба назди дастгоҳи заршӯӣ (ППМ) меравад. Барои аз назар гузаронидани посбонҳо тахминан соати 20 10 дақиқа ба болои кони кушод  меравад ва дар назди тақсимкунандаи барқ (якно) посбонон Камолов В. ва Орзуи М-ро мебинад ва ба онҳо таъкид мекунад, ки нуқтаи назоратиашонро хуб назорат кунанд ва ӯ ба назди дастгоҳи заршӯӣ бармегардад. Тақрибан соати 21 00 аз даҳони коргарон мешунавад, ки дар кони кушод (лаѓжиши сангу шаѓал ва гилхок) чаппа шудааст ва ӯ зуд ба ҷойи ҳодиса меравад ва дар ҳақиқат мебинад, ки ҳаҷми зиёди сангу шаѓал ва гилхок лаѓжида шудааст.

Аз баёноти Азимов Амирҷон – посбони баст бармеояд, ки дар вақти рух додани ҳодисаи нохуш, ӯ дар минтақаи №2 вазифаи хизматиро адо мекардааст. Ба Азимов А. соати 20 50 посбони дигар Назиров А. занг зада ҳодисаи нохушро хабар медиҳад ва баъд мефаҳмад, ки дар зери бора Камолов Восеъ ва Орзуи Маҳмадюсуф мондааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

Тибқи хулосаи геологи калони қитъаи №1 – Азизов Р. аз 08.09 соли 2021 ҷинсҳои дар масдуди 23-С1 ҷойгирбуда ба категорияи III дохил буда, лӯласангҳо 20%, сангҷолӣ 20%, регу шаѓал 50% ва гилхок 10%-ро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии ҷинсҳои лаѓжидашуда 2-3 метр ҷинсҳои хок ва решаҳои дарахтон иборат мебошад. Ҳаҷми ҷинсҳои лаѓжидашуда дар асоси ҳисоботҳои шӯъбаи маркшейдерии корхона, дар масдуди 23-С1 – 9200м3-ро ташкил дода, аз ин 4200 м3 гилхок ва 5000 м3 лӯласанг, регу шаѓал ва сангҷолӣ мебошад.

Сабабҳои лаѓжиши ҷинсҳои кӯҳӣ тибқи хулосаи геологи калон Азизов Р:

– паст будани категорияҳои ҷинсҳои кӯҳии масдуди мазкур (категорияи III);

  • пайдо гардидани обҳои зеризаминӣ ва намнокии зиёд шудан дар қабатҳои зинаҳои корӣ;
  • зиёд шудани қабатҳои линзашакле, ки аз ҷинсҳои гилӣ иборатанд, сабабгори ѓеҷиши ҷинсҳои дар боло хобида боис мегардад.
  • – назорати суст вобаста ба зинаҳои корӣ ва бермаҳо дар ҳудуди кони кушод, ки дар натиҷаи пайдоиши обҳои зеризаминӣ, боришоти пай дар пай ва заминларза ба зинаҳои корӣ таъсири манфӣ расонидааст ва корҳои кӯҳӣ-истихроҷӣ мушкил гардидааст.
  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар санаи 23 сентябри соли 2021 соати 03 10 дақиқа бо пармагари ФШДММ «С.А. Минералз» У Маодан, соли таваллудаш 1968, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

У Маодан санаи таваллудаш 03.11с.1967, коргар;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 3 моҳ;

– аз рӯи касб дар корхонаи мазкур – 3 моҳ;

– дастури муқаддимавӣ: санаи10.06 с.2021 гузаштааст;

– дастурдиҳӣ дар ҷойи кор санаи 10.06 соли 2021 гузаштааст;

-вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби  2 фарзанд;

-завҷааш -Ян Юпин,санаи таваллудаш 07.12с 1971;

-духтараш-Ву Цзенсияо, санаи таваллудаш 20.10 соли 1993;

-писараш-Ву Цзенсин, санаи таваллудаш 23.07 соли 2002.

Ҳолати рух додани ҳодиса.

Аз баёноти пармагарон муайян карда шуд, ки онҳо бо марҳум У. Маодан санаи 23 сентябри соли 2021 саҳарӣ бо муҳандиси техникаи бехатарии ширкат вохӯрӣ карда, дар дафтар оиди риояи талаботҳои техникаи бехатарӣ имзо гузоштанд. Баъди хӯроки нисфирӯзӣ якҷоя тақрибан соати 14 00 ба кор баромадаанд ва соати 14 25 ба ҷойи кор расидаанд. Пармагарон бояд дар набқи №6 дар нақби одамфаро дар баландии 30 метр корҳои пармакуниро ба анҷом мерасониданд. Пармагарон Дон Гуан ва Ху Шуеҷун дар поён барои омода намудани баъзе таҷҳизотҳо ба кор шуруъ карданд ва марҳум У. Маодан бо зинапояи оҳанин ба боло баромад ва ба ҳамкоронаш гуфтааст, ки ман ба ҷойи кор расида ба шумо хабар мекунам. Баъди 5-6 дақиқа онҳо садои одамро шуниданд ва дидаанд, ки У. Маодан аз боло афтидааст.  Пармагарон ба назди ӯ давидаанд, Ху Шуеҷун ҳамроҳаш истодааст ва Дон Гуан барои хабаркунии дигар коргарон рафтааст. Вақте ки У Маоданро ба берун бароварда дидаанд, ки вай алакай ҷон додааст ва роҳбариятро аз ҳодисаи нохуши ҳолати марговар хабардор кардаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

-ба таври дахлдор таҳия накардани лоиҳаи иҷроиши корҳо барои гузаштани нақби моили одамфаро (наклонный восстающий);

-ҷабрдида – У. Маодан барои иҷрои корҳои пармагарӣ дорои шаҳодатномаи тахассусӣ намебошад;

-назорати суст аз ҷониби кормандони муҳандисиву техникии нақби №6 вобаста ба ҳолати нақби моили одамфаро (восстающий);

-беэҳтиётии худи ҷабрдида ҳангоми баромадан аз зинапояи нақби моили одамфаро (восстающий). Ҳангоми азназаргузаронии нақби мазкур маълум гардид, ки дар зинапояҳо ях ва ифлосиҳо ҷамъ шудаанд, ки барои бехатарона баромадан монеагӣ эҷод мекунад.

 

  1. Санаи 3 октябри соли 2021 соати 05 50 дақиқа ҳангоми иҷрои корҳои пармагарӣ дар нақби G3R-и иншооти НБО «Роѓун» ногаҳон резиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷа пармагари колоннаи №8-и корхонаи нақлиётии автомобилии раёсати сохтмони истеҳсолии ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Каримов Шодихон Абдуалиевич., соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ш. Шоҳин, ҷамоати деҳоти Доѓистон, деҳаи Дараи Об, ба ҳалокат расидааст.

Собиқаи умумии корӣ 25 (бисту панҷ) солу 7 (ҳафт) моҳу 5 (панҷ) рӯз.

Дар ташкилоти мазкур 1 (як) моҳу 3 (се) рӯз.

Вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 6 фарзанд, аз ҷумла:

Завҷааш – Давлатбӣ Ҷумъаи Қадамзода, соли таваллудаш 1977;

Духтараш – Мавҷудаи Шодихон, соли тавал. 1996;

Духтараш – Сафарбии Шодихон, соли тавал. 1999;

Духтараш – Саварбии Шодихон, соли тавал. 2000;

Духтараш – Муҳаёи Шодихон, соли тавал. 2003;

Писараш – Каримов Абдуалӣ Шодихонович, соли таваллудаш 2006;

Духтараш – Шукронаи Шодихон, соли тавал. 2010.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 3 октябри соли 2021 соати 05 50 дақиқа дар натиҷаи ногаҳон ба амал омадани резиши ҷинсҳои кӯҳӣ мошинкори дастгоҳи пармагари дараҷаи 3-и колоннаи механиконидашудаи №8-и Корхонаи автомобилии Раёсати сохтмони – истеҳсолӣ дар шаҳри Роѓун ба ҳалокат расидааст.

Аз санади тадқиқоти тиббӣ – судии шӯъбаи байниноҳиявии муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббӣ – судӣ» Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат таҳти №477 (мк) аз 05. 10 соли 2021 бар меояд, ки ҷароҳатҳои ҷисмонии бадани ҷасади шаҳрванд Каримов Шодихон Абдуалимович, соли таваллудаш 1976 дар шакли харошаҳо, захми латхӯрда, шикасти хатии устухони тори сар, шикасти пӯшидаи қабурѓаҳо аз чап, шикасти кушодаи устухонҳои соқи пойи рост мансуб ба зарари дараҷаи вазнин ба саломатӣ буда бо аломатҳои барои ҳаёт хатарнок буданашон шояд, ки сабаби марги ӯ гардидаанд. Хусусияту аломати ҷароҳатҳои зикргардида (харошаҳои рангашон сурхи хушк, захми латхӯрда бо канорҳои ноҳамвор, кунҷҳои кунд ва шикасти устухонҳо бе аломатҳои ширагирӣ) аз он шаҳодат медодааст, ки ин ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисмҳои кунду сахт шояд, ки дар ҳолатҳои корӣ дар мактуб зикргардида, бардошта шудаанд. Пайдоиш ва дараҷаи инкишофи аломатҳои баъдимаргии ҷасад (пусти баданаш ҳангоми ламс нимгарм, доѓҳои ҷасад дар давраи гипостаз, кашишхурӣ ва шахшавии мушакҳои баданш дар аввали марҳилаи инкишоф қарор дошта ва набудани аломатҳои пӯсиши ҷасад) аз он шаҳодат медодааст, ки ҷасади шаҳрванд Каримов Ш. А., дар муҳлати 3-5 соат қабл аз вақти азназаргузаронии зоҳирии ҷасад, ки рӯзи 03.10 соли 2021 аз соати 1130 дақиқа то соати 12 06 дақиқа гузаронида будааст, фаро расидааст.

Дар баёноти хатии худ пармагари корхонаи нақлиёти автомобилии раёсати сохтмони истеҳсолии ҶСК «ТГЭМ» Раҳимов Ҳ. аз 06.10 соли 2021 чунин шарҳ медиҳад, ки ӯ санаи 02. 10 соли 2021 дар басти 2 корҳоро соати 19 00 дақиқа оѓоз намуда бо ҳамроҳии пармагар Каримов Ш, дастурдиҳии оид ба техникаи бехатариро аз устои қитъа Довудов Р. гирифтаанд. Тақрибан соати 3 00 дақиқа ба ӯ устои қитъа Довудов Р. дастур додааст, ки рафта корҳои пармагарии синакорро дар ПК 0+48-0+45 шурӯъ кунад. Ӯ бо ҳамроҳии пармагар Каримов Ш. рафта ба корҳои пармакунӣ шурӯъ намудаанд. Тақрибан соати 5 40 дақиқа онҳо корҳои пармагариро ба анҷом расонидаанд, ӯ мошини пармагариро аз синакор ба масофаи 6-8 метр ба самти қафо ронда дар зери аркҳо дар ҷойи бехайф мондааст. Баъдан ба ҷамъ намудани шохаҳои мошини пармагарӣ машѓул будааст, Каримов Ш. дар масофаи 5-6 метр дуртар дар наздикии синакор истода будааст. Тақрибан соати 5 50 дақиқа дар синакор резиши ногаҳонии ҷинсҳои кӯҳӣ аз сақфи нақб ба амал омадааст. Ӯ нигоҳ кардааст, ки Каримов Ш. бо шикам дар замин афтида пойҳояш то зону дар зери ҷинсҳои кӯҳии рехташуда мондааст. Ӯ зуд аз мошини пармагарӣ фаромада давида Каримов Ш-ро аз китфаш гирифта аз зери ҷинсҳо кӯҳӣ кашидааст ва бо ҳамроҳии Воҳидов Ш. ҷабрдидаро ба масофаи 40-50 метр аз назди синакор ба ҷойи бехавф бурда, баъдан устои қитъаро оиди ҳодиса огоҳ намудаанд. Тақрибан пас аз 20-25 дақиқа автомашинаи хизматии механики пармагарон омада, ҷабрдидаро савор намуда тақрибан ба масофаи 200 метр бурдаанд, ки автомашинаи ёрии таъҷилии ҷамъият омада Каримов Ш-ро бор намуда бурдаанд.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

-ногаҳон ба амал омадани резиши ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҳаҷми 1,99 м3;

-кафомонии рӯдаҳои ҳаворасони системаи ҳавотаъминкунии нақб ба самти синакор;

– беэҳтиётии мошинкори дастгоҳи пармагари дараҷаи 3-и колоннаи механиконидашудаи №8-и Корхонаи автомобилии Раёсати сохтмони – истеҳсолӣ дар шаҳри Роѓун Каримов Шодихон Абдуалиевич, яъне ҳангоми ба амал омадани резиши ҷисҳои кӯҳӣ беасос қарор доштани ӯ дар ПК 00+45 – ПК 00+48-и нақби G3R-и иншооти НБО «Роѓун»;

– лоиҳаи иҷроиши корҳо (ППР) дар иншооти G3R-и иншооти НБО «Роѓун» бо Фармоишгар ё намояндаи Фармоишгар мувофиқа карда нашудааст.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 1 октябри соли 2021 соати 20 – 32 дақиқа дар ҶДММ КМ «Зарафшон» ҳангоми фаровардани контейнери бордор бо ёрдамчии ронанда Саидчалолов Абдухалок Мулимович, соли таваллудаш 1970, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида

Саидчалолов Абдухалок Мулимович – санаи таваллудаш 13 апрели соли 1970, ёрдамчии ронандаи автомашинаи тамѓаи Дулан рақами қайди давлатиаш TJ 5474 EC 01;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – корманди корхона нест;

-вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёнот ва протоколи пурсиши ронандаи автомашинаи боркаши тамѓаи Дулан рақами қайди давлатиаш TJ 5474 EC 01 Муродов М. С., маълум мешавад, ки ӯ борро аз Кулма сарҳади байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад ва ба самти шаҳри Панҷакент равона мегардад. Ӯ санаи 30 сентябр ба шаҳри Душанбе мерасад ва барои ҳамроҳӣ намудан рафиқаш Саиджалолов А-ро мегирад, онҳо маслиҳат кардаанд, ки борро бурда ба ҶДММ КМ «Зарафшон» мефароранд ва ҳангоми бозгашт аз корхонаҳои ноҳияи Айнӣ ангиштсанг бор карда ба шаҳри Душанбе меоранд. Онҳо санаи 1 октябри соли 2021 тахминан соати 12 00 дақиқа ба назди дарвозаи даромади корхона мерасанд ва ҳуҷҷатҳои борро ба посбонон медиҳанд. Посбонон ҳуҷҷатҳоро мегиранд ва ба роҳбарият мерасонанд. Аз баёноти Юсуфов Баён – сардори басти шӯъбаи посбони корхона, Раҳимов Амонулло – сардори басти калони шӯъбаи посбонӣ ва Муминов Умедҷон – посбони корхона маълум мешавад, ки автомашинаи Дулан бо иҷозати муовини директори генералӣ оид ба тартибот Камолов И. вориди корхона мешавад. Автомашинаи мазкур соати 14 41 дақиқа аз дарвозаи асосии корхона мегузарад, ба назди дарвозаи анбори марказӣ рафта меистад. Аз суханони ронанда муайян мешавад, ки ӯ аз шахсони масъул оиди ворид шудан ва фаровардани контейнер пурсон мешавад, онҳо мегӯянд, ки то бегоҳ интизор шаванд, зеро кранҳои борбардор дар объектҳои корӣ ба кор машѓуланд. Соати 19 48 дақиқа онҳо ба анбори марказӣ барои фаровардани контейнер медароянд. Аз гуфтаҳои ронандаи кран тросҳо дар ҳолати коршоям буданд ва ӯ доимо бо ёрии борбандчиҳо ба корҳои борнамудану фаровардан машѓул мешудааст. Ронандаи кран ба ронандаи автомашинаи Дулан гуфтааст, ки баромада ҳалқаҳоро дар болои контейнер бандад, ӯ ҳалқаҳоро пайваст менамояд ва ронандаи кран контейнерро ба боло мебардорад, ронандаи автомашинаи Дуланро мегӯяд, ки ман борро 25-30 см мебардорам, автомашинаатонро аз зери контейнер гиред. Ронандаи автомашина тахминан 5-10 м автомашинаро пеш бурда, аз автомашина мефарояд, ки якбора борбандҳо мекананд ва контейнер ба замин меафтад. Дар ин вақт Саиджалолов А., Мурод гуфта фарёд кардааст. Ронандаи автомашинаи Дулан зуд ба назди Саиджалолов А. омада дидааст, ки ӯ дар замин афтидааст. Пойи чапаш ва панҷаҳои дасти чапаш зери қуттии контейнер мондааст, ӯ зуд ба ронандаи кран гуфтааст, ки контейнерро бардорад. Баъдан ҷабрдидаро ба мошини ёрии таъҷилии корхона, тамѓаи Ланд Ровер рақами қайди давлатии 531ZK02 савор намуда, ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент фиристониданд, баъд аз гузаронидани ташхиси тиббӣ ба ӯ ташхиси шикасти кушодаи бисёрқисмаи устухони рони чап дар сеяки миёна 4В, шикасти кушоди бисёрқисмаи устухонҳои соқи пойи чап дар сеяки миёна 4В, шикасти кушоди устухонҳои пешкафи 3 ва 4 кафи дасти чап 2В, шоки омехта монда шуда, инчунин пас аз муоинаи тиббӣ ба бемор таҳти беҳискунии умумӣ, амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

-кандашавии як тори борбанд бинобар сабаби нодуруст бастани борбандҳо;

-дар чангаки борбанди қулфаки эҳтиётӣ (предохранительный замок) мавҷуд набуд;

-ба ҳудуди объекти истеҳсолии хатарнок роҳ додани шахсони бегона (аз ҷумла, ҷабрдида);

-роҳ додани шахсоне (ронандаи мошини боркаш ва ҷабрдида), ки аз дастурдиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат нагузаштаанд;

-барои бастани бор (строповка) роҳ додани шахси бегона, ки ҳуқуқи борбандӣ ва фармони корхона барои иҷрои ин корро надорад (Муродов Муродалӣ – ронандаи мошини боркаши дулан);

-истифодаи занҷираҳои борбандӣ (стропы), ки аз муоинаи техникӣ нагузаштаанд.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ дар ҶСК «ШКСТХ» санаи 26 сентябри соли 2021 соати 20 – 00 дақиқа дар кони Зарнисори Шимолӣ, дар устохонаи таъмирии уфуқи 11 ҳангоми бурдани корҳои таъмирӣ дар автомашинаи боркаши №7 бо челонгари ҷамъият Бан Юн., соли таваллудаш 1966, шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Бянь Юн – санаи таваллудаш 20.03 1966, челонгар;

-собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур –1 солу 1 моҳу 2 рӯз;

– дастури муқаддимавӣ: 03. 06 соли 2021;

– дастурдиҳӣ дар ҷойи кор: 03. 06 соли 2021;

-вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 1 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 26 сентябри соли 2021 Чжэн Цзюн У директори бригадаи истихроҷи маъдан №3 ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» дар минтақаи саноатӣ ба кормандон Чу Чжао Юй – устои устохонаи таъмири бригадаи №3 ва Бян Юн – челонгар супориши корӣ оиди таъмир намудани мошинҳои ба таъмир ниёз доштаи бригадаи №3-и дар уфуқи 11, сатҳи 970 метр медиҳад ва дастхати онҳоро дар китоби супориши корӣ мегирад. Бян Юн соати 18 00 дар китоби даромад ва баромади нақб дастхат гузошта бо тариқи таҷҳизоти борбардори зеризаминии уфуқи №5 ба нақби зеризаминӣ ба сехи таъмирӣ ба масофаи 3990 метр медарояд, дар он ҷо ба корҳои кафшергарӣ машѓул мешавад. Тақрибан соати 20 00 Бян Юн бо корҳои кафшергарӣ дар бордони автомашинаи боркаши маъдани №7 машѓул мешавад. Бян Юн штангаҳои кӯҳнаро дар кузови автомашина бо тарзи кафшергарӣ пайваст менамояд. Якто штанга дарозӣ кард ва Бянь Юн қисми зиёдатии онро бо автоген мехост бурад. Канали обгузари штанга бо ҷинсҳои майда пур шуда, дар вақти кор бо автоген фишори канали обгузари штанга зиёд шуда, сангпораҳои майда аз даруни штанга парида ба дасти чапи Бян Юн мезанад, ки дар натиҷа ҷароҳат мебардорад. Бян Юн бо тариқи телефони нақб ба Чжэн Цзюн У. директори бригадаи истихроҷии маъдани №3 занг зада ҳолаташро мефаҳмонад, Бян Юн бо ҳамроҳии Чун Ли Сун пиёда ба масофаи 400 метр ба зерэтажи 995 метр мераванд ва бо тариқи таҷҳизоти борбардори зеризаминӣ аз дохили нақб ба уфуқи №5 мебароянд. Ҷабрдидаро дарҳол Чу Чжао Юй, ки дар уфуқи №5 интизор буд, ба хобгоҳ бурда ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расонида ба нақлиёти тамѓаи Ланд Крузер Прадо бо рақами қайди давлатиаш 900 ZN 02 савор намуда, ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд бурда дар онҷо дасташро гаҷбандӣ карда, баъдан ба беморхонаи чиноӣ бурда бистарӣ мекунанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

– истифодабарии асбобҳои равѓанолуд ҳангоми корҳои кафшергарии газӣ, ки қатъиян манъ аст;

– ба корҳои кафшергарӣ ҷалб намудани ҷабрдида, ки шаҳодатномаи тахассусии кафшергарӣ надорад;

– таъмин накардани иштироки шахсони назоратчии техникӣ ҳангоми гузаронидани корҳои кафшергарӣ;

  • ба пуррагӣ таъмин накардани ҷабрдида бо сару либоси корӣ ва муҳофизатӣ (костюми брезентӣ, дастпӯшакҳои брезентӣ).
  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 1 ноябри соли 2021 тақрибан соати 07 30 дақиқа бо шаҳрванд Зарипов Зариф Ҷумаевич, дар бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар суроѓаи ш. Хуҷанд, маҳалаи 19, бинои 16а, ҳангоми аз лифти мусофиркаш истифода бурдан, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

      Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Зарипов З. истиқоматкунандаи  ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Овчӣ, санаи таваллудаш 14.08.1971, оиладор-соҳиби 5фарзанд, муваққатан бекор.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти ҷабрдида Зарипов З. бармеояд, ки тахминан соати 0730 дақиқа ӯ барои фаромадан аз ошёнаи 5 ба ошёнаи 1 аз лифт истифода намудааст. Барои ин ӯ дар ошёнаи 5 дари чоҳи лифтро ба тарафи худ кашидааст, ки дар кушода шудааст ва ба даруни чоҳи лифт пойи росташро даровардааст, то ки ба дохили лифт савор шавад.          Дар ин ҳолат хоначаи (кабина) лифт дар ошёнаи якум қарор доштааст ва ӯ ба поён афтида, баъди лаҳзае фаҳмидааст, ки аз ошёнаи панҷум дар болои хоначаи лифт афтида пойи росташро шикастааст. Баъдан бо дастонаш дари чоҳи лифтро зада бо садои баланд, кӯмак пурсидааст. Баъди чанд дақиқа аз боло садои Қодиров А-ро шунида ба ӯ гуфтааст, ки ба болои хоначаи лифт афтидааст ва ба ӯ кӯмак расонанд. Тақрибан баъди 30-40 дақиқа Қодиров А. бо ҳамроҳии наберааш Қодиров Ф. дари чоҳи лифтро аз ошёнаи 2 бо калид кӯшода ӯро ба берун баровардаанд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

– аз кор баромадани қулфаки дари чоҳи лифт (яъне дари чоҳи лифт пеш аз дур шудани хоначаи (кабина) лифт аз сатҳи фарш ба масофаи 150мм қулф шавад);

– риоя накардани талаботҳои истифодабарии лифт аз тарафи истифодабарандагон, ҳангоми истифодабарии лифти мусофиркаши бино.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 11 ноябри соли 2021 соати 02 37 дақиқа ҳангоми холӣ кардани бор дар анбори ҷинсҳои куҳи уфуқи 1865 метри кони Ҷилави ҶДММ КМ «Зарафшон» бо ронандаи мошини тамѓаи Тонгли №26 Холов Зокир Муҳаммадиевич., соли таваллудаш 1977, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Холов Зокир Муҳаммадиевич – соли таваллудаш 1977 – ронандаи нақлиёти боркаши тамѓаи «Тонли»;

– собиқаи умумии корӣ – 26 сол

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 14 солу 8 моҳу 9 рӯз;

– дастури  муқаддимавӣ: 15. 02 соли 2006;

– дастури навбатӣ: 29. 09 соли 2021;

– дастури ѓайринавбатӣ: 17. 10 соли 2021;

-вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 3 фарзанд;

-ҳамсараш – Адҳамова Саноат, соли таваллудаш 1982;

-писараш – Холов Равшанҷон, соли таваллудаш 2004;

-духтараш – Холова Муниса, соли таваллудаш 2008;

-духтараш – Холова Мижгона, соли таваллудаш 2010.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 11 ноябри соли 2021 соати 18 00 дақиқа устои басти 1, Ҷалилов Наимҷон ба ҷойи корӣ омада, супориши кориро аз муовини сардори сехи кӯҳӣ Усмонов Баҳодур қабул кардааст. Баъди қабули нақлиётҳо аз басти 2, кормандон аз муоинаи тиббӣ ва нақлиётҳои худро аз муоинаи техникӣ гузаронида ба назди танзимгар Рустамов Ю. рафтаанд. Рустамов Ю. бинобар мавҷуд будани имзои духтур ва механики баст дар роҳхатҳои ронандагон барои оѓози кор иҷозат додааст. Тахминан соати 19 00 дақиқа кормандони баст аз устои кӯҳӣ Ҷалилов Н. супориши корӣ ва дастур оид ба техникаи бехатарӣ гирифтаанд. Ҷалилов Н. онҳоро ба ҷойҳои корӣ равон кардааст. Ба ронандаи автомошинаи боркаш тамѓаи «Тонли» Холов Зокир оиди кашонидани ҷинсҳои кӯҳӣ аз кони Ҷилав ва холи намудани он ба партовгоҳи №2 супориш додааст. Нақлиётҳои боркаши баст ҷинсҳои кӯҳиро аз кон оварда дар партовгоҳи №2 холӣ менамудаанд. Устои баст Ҷалилов Н. ҷойҳои кории кормандони бастро аз назар гузаронидааст. Тахминан соати 20 00 дақиқа ва соати 1 30  дақиқа ба партовгоҳи №2 омада дидааст, ки ҳолати партовгоҳ хуб будааст, баъдан ба кон рафтааст. Тахминан соати 2 30 дақиқа нақлиёти боркаши тамѓаи «Тонли» таҳти идораи ронанда Холов Зокир ҳангоми маротибаи 11 кашонидани ҷинсҳои кӯҳии холӣ аз кони Ҷилав ба анбори партовгоҳи №2 овардан, ба тарафи поён сарозер шудааст. Баъди чанд дақиқа ронандаи нақлиёти тамѓаи «Тонли» бо рақами қайди дохилии №30 Тураев Улуѓбек ба партовгоҳ омада мушоҳида намудааст, ки ягон нақлиёти боркаш дар анбор дида намешавад ва ҳангоми гардондани нақлиёт, ҷойи пайи чархҳоро мушоҳида намудааст. Нақлиётро боз дошта фаромада дидааст, ки дар ҷойи партовгоҳ чангу ѓубор аст. Ӯ фаҳмидааст, ки нақлиёти боркаш ба садама дучор шудааст ва доду фарёд задааст. Ронандаи нақлиёти боркунак Нодиров А., ки тақрибан 50 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса ба кори тоза намудани ҷинсҳои кӯҳӣ машѓули кор будааст, доду фарёди ӯро шунида, омада пурсон шудааст, ки чӣ гап аст. Тураев У. ба ӯ оиди ҳодиса хабар додааст. Дар ҳамин вақт ронандаи нақлиёти тамѓаи Хова Ҳамроев ҳозир шудааст. Тураев У. ба ӯ низ оиди ҳодиса хабар додааст. Ҳамроев Ҳ. дарҳол ба ҷойи ҳодиса рафта, ронандаашро кофта ёфта дидааст, ки ӯ ҳалок шудааст. Нодиров А. ба устои басти кӯҳӣ Ҷалилов Н. бо тариқи телефон занг зада оиди ҳодисаи нохуш хабар додааст.

Сабабхои рух додани ҳодисаи нохуш.

– таъмин накардани равшании кофӣ дар майдончаи кории хоктӯдаи №2 кони Ҷилав;

– дар хоктӯдаҳо нақшаи ҳаракати автомобилҳо гузошта нашудааст. Маҳалли борфарорӣ аз ду тараф бо аломати тасвири автосамосвал бо кузови болокардашуда ва нишон додани самти борфарорӣ ишора карда нашудааст.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ санаи 19 ноябри соли 2021 соати 18 00 дақиқа дар ҳавзаи тамоили шарқии ҳаводиҳии кони №8-и ҶСК «Ангишт» бо коргари ҷамъият – Турганов Турган Қурбонович, соли таваллудаш 1976 ҳангоми истихроҷи ангишт ва иҷрои корҳои зеризаминӣ, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида:

Турганов Т. санаи таваллудаш 12.10 соли 1976, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ихтисосаш ҳуқуқшинос, вазифааш – коргари зеризаминӣ;

– собиқаи кори умумӣ аз рӯйи варақаи шахсӣ 3 солу 10 моҳ, аз рӯи касб дар ҶСК «Ангишт» аз 23.01 соли 2018, яъне 3 солу 10 моҳ;

– дастури муқаддимавӣ санаи  23. 01 соли 2018;

– дастури ѓайринавбатӣ санаи 11. 01 соли 2021.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти шоҳидони ҳодиса бармеояд, ки санаи 19. 11 соли 2021 кормандон Фаёзов А., Бегимов Б. ва Турганов Т. ба басти 2 ба кор омада супориши кориро аз сардори ҳавза гирифта ба ҷойи корӣ фаромаданд. Тибқи супориши корӣ вазифаи онҳо иборат аз роҳкушои дар нақб, истихроҷ ва баровардани ангишти истихроҷшуда будааст. Онҳо ба ҷойи корӣ омада, бо воситаи дастгоҳи пармагарӣ тахминан 1,5 – 2 тонна ангишт канда барои бор карда баровардани он машгуланд. Дар ҷойи корӣ Бегимов Б. даҳони халтаҳои ангиштро баста ба қуттии ангиштбарор бор кардан машѓул шудааст. Дар ин муддат Турганов Т. ҳангоми бор кардани ангишт ногаҳон бо бели дар дасташ буда ба тӯдаи ангишт бархурда лаѓжида ба пойи чапаш зада мӯзаи резиниашро бурида ҷароҳат бардоштааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

– беэҳтиёти зоҳир намудан аз тарафи Турганов Турган ҳангоми кор, яъне бо бел бор кардани ангишт.

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати марговар, ки санаи 7 декабри соли 2021 соати 12 30 дақиқа дар ҳавзаи №1-и кони №8-и ҶСК «Ангишт» бо челонгари барқии зеризаминӣ, Ѓафоров Икром Ҳасанович, соли таваллудаш 1965, ҳангоми корҳои таъмирии таҷҳизотҳои барқӣ дар уфуқи +990, рух додааст.

Маълумот дар бораи шахси ҷабрдида:

Ѓафоров Икром Ҳасанович, соли таваллудаш 20 июни соли 1965, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, кӯчаи Лангари Ҳоҷиён, хонаи б/р, миллаташ тоҷик;

-вазифааш – механики ҳавзавӣ, муовини сардори ҳавзаи №1 ҶСК «Ангишт»;

-маълумоташ: касбии-техникӣ, омӯзишгоҳи касби техникии ш. Шӯробро аз рӯи касби челонгари электрики зеризаминӣ соли 1984 хатм намуда, техникуми технологии ш.Конибодомро соли 1989 бо ихтисоси электромеханики кӯҳӣ хатм намудааст;

-вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 3 фарзанд;

-собиқаи корӣ дар ташкилоти мазкур 38 (сиву ҳашт) солу 3 (се) моҳу 8 (ҳашт) рӯз;

-собиқа умумии корӣ 38 (сиву ҳашт) солу 3 (се) моҳу 8 (ҳашт) рӯз.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёноти кормандони басти 1-и ҳавзаи №1 кони №8 бармеояд, ки санаи 07. 12 соли 2021 кормандон Амаков Ф., Мухторов Н., Аноров Х. ва Ҳошимов Д. соати 7 00  ба басти 1 ба кор омада супориши кориро аз сардори ҳавза Қаюмов Э. гирифта ва бо қоидаҳои техникаи бехатари шинос шуда ба уфуқи 990 метр ба ҷойи корӣ фаромадаанд. Тибқи супориши корӣ вазифаи онҳо иборат аз нақбканӣ дар зерқабати шарқии нақб, истихроҷ ва баровардани ангишти истихроҷшуда мебошад, корҳоро оѓоз намудаанд. Тахминан соатҳои 12 30 дақиқа механики ҳавза, муовини сардори ҳавза Ғафоров И. ба зерқабати шарқӣ назди коргарон омадааст. Аноров Х., ки бо метини барқии маъданкан (отбойный молоток) кор мекардааст гуфтааст, ки перфоратор (метини барқии маъданкан) як кор мекунад ва яке кор намекунад, якбора бубинед. Акрамов Ф. ба Ғафоров И. гуфтааст, ки ноқили перфараторро (метини барқии маъданкан) дуруст кунед ва боз гуфтааст, ки ноқили барқро хомӯш намояд. Ғафоров И., ҳазломез гуфтааст, ки маро ток намезанад ва дар 10 дақиқа таъмир мекунад. Кормандон ба халтаҳо бор намудани ангишт машғул шудаанд. Аз байн чанд дақиқа нагузашта, якбора овози Ғафоров И. баромадааст. Дар ин муддат Амаков Ф. овози Ғафоров И-ро шунида бинад, ки дар дасти ӯ ноқили қуваи барқ мавҷуд буда, ӯро ларзонида истодааст. Дарҳол Амаков Ф. аз дасти Ғафоров И. ноқили барқиро канда дуртар партофтааст ва ҷабрдидаро хобонида бо ҳамроҳии сардори ҳавза ёрии аввалин, яъне нафаси сунъӣ ва маҳси дил расонидаанд. Вале ҷабрдида хеҷ ба худ намеомадааст. Сипас сардори ҳавза Қаюмов Э., Амаков Ф., Мухторов Н. ва дигар кормандон ҷабрдидаро ба берун ба сатҳи замин баровардаанд. Дар назди чоҳи амудӣ директори ҷамъият Каримов Н. сармуҳандис Зоиров Ҳ. ва сардори ҳавзаи №1 Қаюмов Э. ҷабрдидаро ба мошинаи ёрии таъҷилӣ бор намуда, ба беморхонаи №4 шаҳраки Шӯроб бурдаанд. Дар беморхона пизишки минтақавӣ фавти Ғафоров И-ро тасдиқ намудааст.

Cабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

– истифодабарии ноқилҳои барқии барои кони ангишт номувофиқ;

– истифодабарии метини барқии маъданкан (отбойный молоток) бе истифодаи васлак (розетка);

– назорати суст аз ҷониби шахсони масъули ҳавзаи №1 кони №8 – сардори кони №8 ва сардори ҳавзаи №1, яъне бояд пеш аз оѓози кор ҳолати бехатарии ҳавзаро санҷида баъдан иҷозати кор медоданд;

– истифодабарии метини барқии маъданканӣ (отбойный молоток электрический), ки дар лоиҳаи коркарди кон пешбинӣ нагардидааст;

– истифода набурдани дастпӯшакҳои махсус;

– риоя нагардидани талаботи бехатарӣ аз ҷониби худи ҷабрдида, аз он ҷумла, ҷабрдида бояд пеш аз таъмири ноқили барқӣ, бояд ҷараёни барқиро аз автомат хомӯш намуда, дар назди автомат овезаи огоҳкунанда гузошта, сипас ба кор шурӯъ мекард. Аммо аз ҷониби ҷабрдида талаботи мазкур риоя карда нашудааст.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 13 декабри соли 2021 соати 16 30 дақиқа бо Болтабоев Ҷумъабой Асомадинович соли таваллудаш 1999, ронандаи ҶДММ «Муҳандиси сохтмони Ҷон Ҷиен» – пудратчии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ҳангоми дар роҳи технологӣ идора намудани техникаи боркунандаи тамѓаи SEM 652 D, рух додааст.

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Болтабоев Ҷ. санаи таваллудаш 9 апрели соли 1999, ронандаи техникаи боркунаки (мехлопата, погрузчик) тамѓаи SEM 652D;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур – 7 моҳу 13 рӯз;

– дастури муқаддимавӣ: гузаштааст;

– дастурдиҳӣ дар ҷойи кор:  гузаштааст;

-вазъи оилавӣ – муҷаррад.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Аз баёнот ва протоколи пурсиш ва посухи ҷабрдида муайян карда шуд, ки ӯ аз санаи 4 декабри соли 2021 дар ҶДММ «Муҳандиси сохтмони Ҷон Ҷиен» – пудратчии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ба ҳайси ронанда кор менамудааст. Ӯ бо сабаби набудани супориши корӣ санаи рух додани ҳодиса соати 9 30 дақиқа аз хоб хеста дар ошхонаи хобгоҳ наҳорӣ кардааст. Тахминан нимаи рӯз ба ӯ Макс ном тарҷумон бо тариқи телефони мобилӣ занг зада гуфтааст, ки дар объекти корӣ аз автомашинаи Дулан қубурҳои оҳанинро фаровардан даркор аст. Ботабоев Ҷ. ба автомашинаи сабукрави корхона савор шуда ба ҷойи корӣ рафта, бо ҳамроҳии коргарон хӯроки нисфирӯзиро истеъмол намуда баъдан бо техникаи боркунандаи экскватор тамѓаи CAT қубурҳои оҳанинро аз автомашинаи Дулан фаровардааст ва ба хобгоҳ баргаштааст. Ӯ дар саҳни хобгоҳ ба тарҷумони ҷамъият Муҳаммад гуфтааст, ки ӯ ба поён яъне назди дарвозаи даромадгоҳи корхона барои бурда мондани асбобҳои таъмирӣ ба дохили экскватори тамѓаи SANY465 мефарояд. Дар ин вақт директори ҷамъият Ван Бен Ҷун ба Муҳаммад гуфтааст, ки аз Болтабоев Ҷ. пурс агар тавонад техникаи боркунаки тамѓаи SEM 652D –ро, ки дар гардиши 2-и роҳи технологӣ истодааст ба объекти корӣ барорад. Тарҷумон аз Болтабоев Ҷ., ин дархостро пурсидааст ва ӯ гуфтааст, ки бале метавонад техникаро идора намуда ба боло барад. Сипас ӯ ба автомашинаи сабукрави ҷамъият асбобҳояшро бор карда ба поён мефарояд ва ба назди техника меравад. Техникаро равѓан ва обашро хабар гирифта дидааст, ки дар ҳолати хуб мебошад ва муҳаррики онро ба кор дароварда, тахминан 20 дақиқа дар ҷояш кор карда баъдан ҳаракат намудааст. Баъдан техникаи мазкур тахминан 1 км ҳаракат намуда якбора газ кор накарда ба самти қафо ҳаракат кардааст. Ӯ дар ин ҳолат самти ҳаракатро ба тарафи кӯҳ гардонидааства ба қабати кӯҳ бархӯрда ба тарафи чап ба рӯйи роҳи технологӣ чаппа шудааст. Дар ин ҳолат Болтабоев Ҷ. хостааст худро аз дохили техника ба берун партояд, аммо пойҳояш зери чамбарак дармондааст, баъди чаппа шудани техника ӯ дидааст, ки пояш шикастааст ва имкони баромадан аз дохили кабинаро надорад ва баъдан муаррикро хомуш намудааст. Тахминан пас аз 5 дақиқаи ҳодиса, як автомашинаи сабукрави ширкати ТВЕА омада, барои ёрӣ ба дигарон хабар расонидааст.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш:

– ба расмият надаровардани супориши кории ҳаррӯза аз ҷониби корфармо;

– бе иҷозатномаи намуди фаъолият оид  ба истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок фаъолият намудани ширкат;

– аз санҷиши дониш оид ба техникаи бехатарӣ нагузаштани кормандони муҳандисиву техникии ҷамъият дар Хадамот;

– истифодабарии мошини боркунанда бидуни бақайдгирӣ дар феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок;

– аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромадани худи ронанда Болтабоев Ҷумъабой Асомиддинович.

 

  1. Санаи 17 декабри соли 2021 тақрибан соати 13 50 дақиқа ҳангоми кушодани қисми эҳтиёти аз автомашинаи боркаши дар ҳолати корношоям қарордоштаи тамғаи «GBS» дар нимқабати 987 метри уфуқи 11-и кони Зарнисори Шимолӣ, ногаҳон ба болои таъмиргари бригадаи №3-и Филиали ҶДММ «Гурӯҳи илмӣ – техникии Хуайе Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Чжо Чи Бо., шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, соли таваллудаш 1985, автомашинаи боркаши мазкур афтидааст, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои вазнин бардошта, баъдан ба ҳалокат расидааст.

        Собиқаи умумии корӣ – маълумот мавҷуд нест.

– дар ташкилоти мазкур 2 (ду) моҳу 4 (чор) рӯз;

– вазъи оилавӣ – оиладор, соҳиби 1 фарзанд, аз ҷумла:

-завҷааш – Ли Дин Сон, соли таваллудаш 1989;

-писараш – Чжоу Йи, соли таваллудаш 2006.

        Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 17 декабри соли 2021 тақрибан соати 13 50 дақиқа ҳангоми кушодани қисми эҳтиёти аз автомашинаи боркаши дар ҳолати корношоям қарор доштаи тамѓаи «GBS» дар нимқабати 987 метри уфуқи 11-и кони Зарнисори Шимолӣ, ногаҳон ба болои таъмиргари бригадаи №3-и Филиал Чжо Чи Бо., шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, соли таваллудаш 1985, автомашинаи боркаши мазкур афтидааст, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои вазнин бардошта, баъдан ба ҳалокат расидааст .

Дар баёноти хатии худ аз 21.12 с.2021 мошинисти машинаи боркунанда ва дастраскунандаи (ПДМ) Филиал Чю Сонг., чунин шарҳ медиҳад, ки санаи 17. 12 соли 2021 соати 07 30 дақиқа ӯ ба қитъаи кории нимқабати 987 метри Зарнисори Шимолӣ ҳозир шуда, машинаи боркунанда  ва дастраскунандаи №19-ро ба кор дароварда баъдан бо мақсади иваз намудани равғани дохили муҳҳарик ва равғанмолии системаи он, машинаи мазкурро ба таъмиргоҳ воқеъ дар нимқабати 987 метри кони Зарнисори Шимолӣ бурда мондааст. Баъдан ӯ ба таъмиргари бригадаи №3 ширкат Чжо Чи Бо гуфтааст, ки равѓани дохили муҳҳарики машинаро иваз намуда, равғанмолии системаи онро иҷро намояд. Дар ин ҳолат дар таъмиргоҳ ѓайр аз ӯ ва Чжо Чи Бо касе набудааст. Калиди машинаи мазкурро бо худ гирифта, ягон хел ҳуҷҷат оиди дар таъмир мондани машинаи мазкур тартиб надода, аз таъмиргоҳ баромада рафтааст. Баъдан тақрибан соати 08 00 дақиқа аз таъмиргоҳ ба масофаи 100 метр ба самти нимқабати 987 метр рафта, машинаи боркунанда ва дастраскунандаи №16-ро гирифта, ба корҳои кашонидани маъдан машғул шудааст. Инчунин ӯ дар баёноташ қайд менамояд, ки барои идора намудани мошинҳои боркунанда ва дастрасткунанда аз тарафи роҳбарияти ҷамъият ба ӯ роҳхат ё ягон ҳуҷҷат оиди идораи мошинҳо дода намешудааст. Баъди нисфирӯзи, соаташро гуфта наметавонистааст, дар назди таъмиргоҳ қарор доштааст, ки ӯро барқчии ҷамъият Юэн Ш Сиянг., саросемавор давида омада ба ӯ гуфтааст, ки дар нимқабати 987 метри уфуқи 11 ба болои таъмиргари бригадаи №3 ҷамъият Чжо Чи Бо ҳангоми кушодани қисми эҳтиёти аз автомашинаи боркаши дар ҳолати корношоям қарордоштаи тамѓаи «GBS» ҳодисаи нохуш рух додааст ва автомашинаи мазкур ба болои Чжо Чи Бо афтидааст ва ба ӯ кӯмак расонанд. Баъдан ӯ ва Юэн Ш Сиянг ба ҷойи ҳодиса рафта дидаанд, ки дар ҳақиқат Чжо Чи Бо., дар зери автомашинаи боркаши дар ҳолати корношоям қарордоштаи тамғаи «GBS» қарор дошта, машинаи боркунанда ва дастраскунандаи №19 аз ҷойи қарордоштаи Чжо Чи Бо тақрибан дар масофаи 1 – 2 метр дуртар ба самти роҳ қарор доштааст. Баъдан ӯ ба машинаи боркунанда ва дастраскунандаи №19 савор шуда, бо калиди дар дасташ дошта, машинаи мазкурро ба кор дароварда, аз бордони автомашина ба баландии тақрибан 1 метр бардоштааст. Баъдан худи ӯ дар дохили машина мондааст ва кормандони ҷамъият барқчӣ Юэн Ш Сиянг ва ронанда Тан Вен Ҷие ҷабрдидаро аз ҷойи қарордоштааш кашида гирифтаанд. Баъдан ӯ ковши машинаи боркунанда ва дастраскунандаи №19-ро ба замин гузошта, муҳаррикашро хомӯш намуда, ба назди ҷабрдида рафта дидааст, ки ӯ ҳоло зинда буда аз даҳон ва бинияш хун ҷорӣ мешудааст. Баъдан ӯ ва Тан Вен Ҷие ҷабрдидаро дар дастояшон нигоҳ доштаанд, Юэн Ш Сиянг барои дастрас кардани автомашина барои интиқол додани ҷабрдида ба беморхона давида рафтааст. Тақрибан 2-3 дақиқа пас ба ҷойи ҳодиса автомашинаи сабукрави тамғаи Муссо бо рақами қайди давлатӣ 0227 ВR таҳти идораи Давлатов Наҷмиддин., расида омадааст ва ҷабрдидаро ба автомашинаи мазкур бор намудаанд ва ӯро бо ҳамроҳии Юэн Ш Сиянг ба беморхонаи шаҳраки Зарнисор интиқол додаанд. Дар беморхонаи мазкур ҷабрдидаро ба табибон супорида, худи ӯ ва Юэн Ш Сиянг ба ҷойи хобашон рафтаанд. Баъдан ҳамон шаб аз кормандони ҷамъият хабардор шудааст, ки Чжо Чи Бо аз олам гузаштааст.

Сабабҳои ҳодисаи нохуш.

  1. Ҳангоми гузаронидани корҳои таъмирӣ риоя нагардидани талаботҳои техникаи бехатарӣ аз тарафи таъмиргари Филиал Чжо Чи Бо, яъне бар хилофи талаботҳои амалкунанда амалӣ гардидани бардоштани автомашинаи боркаши дар ҳолати корношоям қарордоштаи тамѓаи «GBS» истифодаи машинаи боркунанда ва дастрасткунанда ба ҷойи домкрат.
  2. Механизмҳои сайёри ҷамъият ба шахсони муайян вобаста карда нашудааст.
  3. Ҳангоми қабул ба кор аз муоинаи тиббии пешакӣ нагузаштани Чжо Чи Бо ба ҳайси таъмиргари Филиал.
  4. Гузаронидани корҳои таъмирӣ аз тарафи таъмиргари бригадаи №3-и Филиал Чжо Чи Бо., дар ҷойи хавфнок, ҷавобгӯ набуда ба равиши технологӣ ва талаботҳои санитарӣ.
  5. Худсарона ва бе ҳуҷҷати ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани машинаи боркунанда ва дастраскунандаи №16 аз тарафи таъмиргари бр. №3-и Филиал Чжо Чи Бо.
  6. Ҳангоми гузаронидани корҳои хизматрасонии машинаи боркунанда ва дастраскунандаи №16, аз тарафи масъулини ҷамъият таҳия карда нашудани нақшаи иҷроиши таъмир.
  7. Аз ҷониби роҳбарияти Филиал ба ҳайси масъули корҳои кӯҳӣ-техникӣ дар иншооти зеризаминӣ таъин намудани шахсоне, ки маълумоти тахассусии соҳавӣ надоранд:
  8. Дар қитъаи корӣ иҷроиши корҳо тибқи супоришнома-иҷозатнома барои иҷрои корҳои хатарнокиашон баланд ба роҳ монда нашудааст.
  9. Аз тарафи мошинисти машинаи боркунанда ва дастраскунандаи №16 Филиал Чю Сонг дар вақти басти корӣ бе асос дар ҳолати бе назорат гузоштани машинаи боркунанда ва дастраскунандаи №16.

 

  1. Ҳодисаи нохуши ҳолати ҷароҳатбардорӣ, ки санаи 19 декабри соли 2021 соати 21 10 дақиқа дар ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» бо коргари зеризаминии қитъаи №7, Шерҳусейни Ризо., соли таваллудаш 1975, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон рух додааст.

 

Маълумот дар бораи ҷабрдида.

Ризои Шир Ҳусайн, санаи таваллудаш 30.12 соли 1975, коргари зеризаминӣ:

– собиқаи кори умумӣ – маълум нест;

– собиқаи корӣ дар корхонаи мазкур 6 моҳу 22 рӯз;

– дастури мукаддимавӣ: нагузаштааст;

– дастури навбатӣ: нагузаштааст;

-вазъи оилавӣ, оиладор, соҳиби 11 фарзанд.

Ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш.

Санаи 12 декабри соли 2021 соати 13 00 дақиқа дар басти 2-и корӣ, сардори минтақаи истихроҷи нақби №5 қитъаи зеризаминии №7-и Департамент Аҳмади Бумон ба коргарони минтақа Ризои Шир Ҳусайн, коргари зеризаминӣ ва дигар коргарон супориши шифоҳӣ оиди ба вагонеткаҳо бор кардани ангишти истихроҷшуда дар қитъаи зеризаминии №7 додааст. Аз баёнот, протоколи пурсиш ва посухи коргарон муайян гардид, ки онҳо баъд аз гирифтани супориши корӣ ба нақб дохил шуда, ба ҷойи кориашон мераванд. Ҳамчунин аз посухи Исҳоқ Ховарӣ – нақбкани қитъаи №7 маълум мешавад, ки онҳо 7 нафар дар як баст кор мекардаанд, аз ҷумла 5 нафар дар қитъаи №7 барои бор кардани ангишти истихроҷшуда ба вагон ва оварда холи намудан ба чоҳи ангиштфаро, ки ба нақби №5 мерезад машғул мешаванд ва 2 нафар коргарони дигар дар нақби №5 барои кашонидани ангишт ба беруни нақб машѓул будаанд. Коргарон дар қитъаи мазкур ба кор соати 13 30 дақиқа оғоз намудаанд. Ризои Шир Ҳусайн бо ҳамроҳии Ҳасани Ҳусейн Алӣ ва Исҳоқ Хаварӣ ба вагонеткаҳо, ки шумораашон 2 адад будааст, ангишт бор карда ба чоҳи ангиштфаро бурда мерехтанд. Коргарон то вақти рух додани ҳодиса 18 адад вагон ангишт бор намударо бурда ба чоҳи ангиштфаро рехтанд. Аз баёноти Ҳасани Ҳусейн Алӣ ва Исҳоқ Хаварӣ бар меояд, ки тахминан соати 15 00 дақиқа онҳо вагонро аз ангишт пур мекунанд ва ба ҳаракат медароранд, дар ин вақт Ҳасани Ҳусейн Алӣ ва Исҳоқ Хаварӣ ба корҳои ҷамъкунии ангишт машғул шудаанд ва Ризои Шир Ҳусайн вагони аз ангишт пур бударо ба самти пайванди релсҳо тахминан 7 метр интиқол медиҳад ва дар ин вақт бо сабабҳои номуайян ба замин ба тахтапушт меафтад. Аз суханони шоҳидон маълум мешавад, ки ӯ ҳангоми афтидан фарёд мезанад, ки поям шикаст, коргарон бошад ба назди ӯ меоянд ва ӯро аз замин мебардоранд. Коргарон ҷабрдидаро бо ёрдами ҳамдигар ба беруни нақб мебароранд ва ба автомашинаи сабукрави корхона тамғаи Муссо рақами қайди давлатиаш 5038RS01 савор намуда, ба хобгоҳ мебаранд. Баъдан барои ташхису табобат ҷабрдидаро ба беморхонаи шаҳри Душанбе бурда, бистарӣ менамоянд.

Сабабҳои рух додани ҳодисаи нохуш.

-назорати суст аз тарфи шахсони масъули қитъа дар ҷойи кор, яъне сардори қитъа;

-беэҳтиёти зоҳир намудан аз тарафи Ризои Шир Ҳусайн ҳангоми машѓул шудан ба корҳои зеризаминӣ.

 Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бар асари ҳодисаҳои нохуши дар нимсолаи дуюми соли 2021 рухдода 13 нафар ба ҳалокат расидааст, ки аз онҳо 10 нафар шахсони ба ҳалокат расида шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Дар таъминоти шахсони ба ҳалокатрасида 36 нафар аъзоёни оила буда ва аз онҳо, ки 10 нафар фарзандони ноболиѓи то синни 18 соларо ташкил медиҳанд, бесаробон мондаанд. Масъулон бояд дарк намоянд, ки акнун барои 10 нафар фарзандони ноболиѓи бесаробонмондаи нафарони бар асари ҳодисаҳои нохуш фавтида, дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бесаробон монданашон то ба синни 18 солагӣ расиданашон нафақа таъин менамояд, ки ин дар баробари дастгирии иҷтимоӣ зарари иқтисодӣ ба давлат низ мебошад. Корхонаҳо низ ба оилаҳои ҷабрдида, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳои моддӣ расонида, вобаста ба маъюбӣ ва фавти корманд ҷуброни зарарро пардохт менамоянд. Ҳамаи ин бинобар риоя накардани талаботҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарии корҳо буда, албатта дар баробари дастгирӣ зарар ба худи ин корхонаҳо низ мебошад.

Яъне ҳодисаҳои нохуш дар баробари зарари маънавӣ ба оилаҳои ҷабрдида, ба корхонаҳо ва давлат низ зарари иқтисодӣ меоварад. Инчунин шахсони масъули корхонаҳо ва дигар кормандон бинобар қонун ва қоидавайронкуниҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд, ки ба корхона зарари молиявӣ мерасонад. Агар роҳбарони корхонаҳо, масъулин ва кормандони корхонаҳо ба қоидаҳои бехатарона бурдани корҳо аҳамияти хосса дода ва талаботҳои ҳифзи меҳнатро риоя намоянд, чунин зарарҳо ба тарафҳои зикргардида ба миён наомада ва дигарон низ осеб намедиданд. Аз ин рӯ роҳбарон ва дигар масъулини корхонаҳоро зарур аст, ки барои ҷамъбасти фаъолиятҳои кории корхонаҳо бе рух додани ҳодисаҳои нохуш ва садамаи истеҳсолӣ ва бе фавти ба чунин ҳодисаҳои истеҳсолӣ алоқаманд, ҷиҳати риояи қоидаҳои бехатарона бурдани корҳо чораҳои доимӣ андешида, инчунин барои ба чунин натиҷаҳои хуби бе рухдиҳии ҳодисаҳои нохуш ва бе садамаи истеҳсолӣ пеш бурдани истеҳсолот масъулинро дар ҷамъбастҳои фаъолияти кории корхона ҳавасманд намоянд.

Фаъолияти комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохуши рухдода, аз тарафи 20 комиссияи Хадамот барои гузаронидани тафтишоти ин ҳодисаҳо ташкил карда шуда, чорабиниҳо иборат аз 276 банди умумӣ таҳия гардида, мӯҳлати иҷрои ҳар як банд ва иҷрокунандаи ҳар як банд муайян карда шудаанд, ки тибқи фармоиши сардори Хадамот дар асоси ваколатҳои муқарраргардида ва «Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014, № 462 тасдиқ шудааст, барои гузаронидани тафтишоти ҳодисаҳои нохуш ва садамаи рухдода, комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохуши рухдодаи ҳар як ҳодиса ва садамаи истеҳсолӣ сари вақт ташкил карда шудааст. Комиссияҳо дар асоси тартиби мазкур амал намуда, тафтишот бурда, ҳолат, сабабҳои асосии техникӣ ва рух додани ҳодисаҳо ва садамаро муайян намуда, инчунин дигар маълумотҳои зарурии алоқаманд ба ҳодисаҳои нохуш ва садамаро ҷамъ оварда, санадҳоро доир ба ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва парвандаҳои онҳоро тартиб дода, дар мӯҳлатҳои муайянгардида ба Хадамот, тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудаанд. Дар рафти тафтишотҳо нисбати шахсоне, ки бо амали худ беамалӣ зоҳир карданашон ба вайрон кардани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вайрон кардани талаботҳои бехатарии корҳо роҳ додаанд, тибқи Қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда чораҳои дахлдор, яъне ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст. Инчунин тибқи қонунҳои амалкунанда нисбати чунин кормандон муҷозоти интизомӣ низ татбиқ гардидааст. Барои иҷрои чорабиниҳои қабулнамудаи комиссияҳо корхонаҳо чораҳои бартараф намудани камбудиҳоро андешида, ба Хадамот тибқи талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маълумот пешниҳод намудаанд. Аз ин рӯ роҳбарияти ин корхонаҳо ва дигар масъулини бехатарии саноатии онҳоро зарур аст, ки иҷроиши бандҳои чорабиниҳо, ки ба онҳо мӯҳлати «доимӣ» ва ё «фавран» навишта шудааст, доимо зери назорат гирифта, ба такроршавии чунин ҳодисаҳои нохуш роҳ надода, саломатии кормандонашонро ҳифз намоянд. Ҳамчунин маводҳои ҷамъовардаи комиссияҳо дар асоси ваколатҳои Хадамот дар ҷаласаҳои ҳайати Мушовара мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардидааст. Хадамот ва мақомотҳои дахлдори он, инчунин кумитаҳои иттифоқҳои касабаи дахлдор парвандаҳои дахлдори ҳодисаҳои нохушро дар асоси ҳуқуқҳои муайянгардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудаанд.

Хадамот оиди ба истеҳсолот вобаста будани ҳодисаҳои нохуш ва дар бораи кори комиссияҳои тафтишотии ҳодисаҳои мазкур дар ҷаласаҳои ҳайати Мушовара қарорҳои дахлдор қабул намудааст, ки онҳо дар бюллетени ахборотӣ оварда шудааст. Комиссияҳо тавре дар боло қайд гардидааст, барои бартараф кардани сабабҳои сар задани ҳар як ҳодисаи нохуш ва ҷиҳати пешгирии такроран ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаҳо чорабиниҳо таҳия ва мӯхлатҳои иҷрои онҳоро муайян намуда, назорат бурдааст. Нозирони дахлдори Хадамотро зарур аст, ки иҷроиши бандҳои мӯҳлати иҷрояшон «доимо» муайянгардидаро назорати доимӣ баранд.

ХУЛОСА:

Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдодаи дар нимсолаи дуюми соли 2021 нишон медиҳад, ки бинобар риоя накардани дастурамалҳои вазифавӣ ва дигар талаботҳои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ оиди бехатарии меҳнат роҳ додаанд. Дар баробари сабабҳои техникии рухдиҳии 20 ҳодисаи нохуш сабабгор шудаанд. Комиссияҳои тафтишотӣ ва маъмурияти корхонаҳо дар баробари кӯмаку дастгириҳо ба онҳо ҳамчун ҷабрдида, дар рафти бурдани тафтишот ҳангоми муайян кардани сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуш нисбати баъзеи онҳо тибқи талаботҳо чораҳои лозимӣ, яъне ҷазои маъмурӣ ва муҷозотҳои интизомӣ татбиқ намудааст. Бинобар ин комиссияҳои тафтишотӣ дар баробари фахмондадиҳии ҳуқуқҳои онҳо нисбати онҳо муҷозотҳои интизомӣ ва ҷазои маъмуриро низ сазовор донистааст. Дар баробари ин дар байни худи зарардидагон ба қоидавайронкуниҳо роҳ дода, баъзе шахсони бар асари ҳодисаҳои нохуш фавтида низ ба қоидавайронкуниҳо роҳ додаанд, ки ҳаёти худро зери хатар монда, боиси сар задании ҳодисаҳои нохуш гардидаанд. Ҳамин тариқ дар нимсолаи дуюми соли 2021 нисбати 5 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, инчунин нисбати 7 шахси ҳуқуқӣ, 18 шахси мансабдор ва 2 шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, яъне ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблаѓи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиқгардида 144600,0 сомониро ташкил додааст.

Ба 21 нафар зарардидагон (аз ҷумла 9 нафар фавтидагон) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеъӣ ба ҷабрдидагон, дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 36 моддаи 343, ҷуброни зарар кумакпулии яқвақта ва барои гузаронидани маросимҳои дафн, маъракаҳо барои ҷароҳатбардоштагон, барои гирифтани табобат кӯмакҳои пулӣ ба маблаѓи 2279158,0 сомонӣ, инчунин кӯмакҳои молӣ расонида шуд.

Ба 10 нафар фарзандони ноболиғи кормандони дар ин ҳодисаҳои нохуш ҳалокгардида давлат, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдампулии барои то синни 18-солагӣ расиданашон муқаррар менамояд, ки ин дар баробари дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар ба буҷаи давлат низ мебошад.

Агар масъулин қоидаҳои техникаи бехатариро худ риоя мекарданд ва риоя кардани онҳоро аз нафарони ҳалокгардида талаб мекарданд ва фаҳмондадиҳиро дар байни онҳо пурзӯр мекарданд ва барои риояи бехатарии саноатӣ чораҳои зарурии саривақтӣ меандешиданд, чунин ҳодисаҳои нохуш рух намедод, зарарҳои моддӣ ба тарафҳои зикргардида намешуд ва боиси зарари маънавӣ оилаҳои нафарони зарардида низ намегардид. Ҳатто баъзе корхонаҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи риояи бехатарии саноатӣ, талаботҳои ҳифзи меҳнат ва барои ҳифзи меҳнат набудани маблаѓро пеш меоранд. Ҳол он ки маблағгузории ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо бояд, ки мувофиқи талаботҳои моддаи 24 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад. Дар урфият низ мегӯянд, ки «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ».

Аз ин рӯ роҳбарон ва масъулини бехатарии саноатии корхонаҳо ва тамоми кормандони онҳоро зарур аст, ки баҳри ҳифзи саломатиашон дар истеҳсолот қоидаҳои бехатарии меҳнатро бояд доимо риоя намоянд, зеро бехатарӣ дар истеҳсолот ин кори ҳамаи иштирокчиёни истеҳсолот аст. Техникаи бехатарӣ бошад ин олоти пешгирии ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор бо воситаҳои техникӣ мебошад.

Иҷроиши бандҳои чорабиниҳои таҳиянамудаи комиссияҳои тафтишоти ҳодисаҳои нохушро, ки мӯҳлати иҷрои онҳо ба таври «доимо» ё «ҳар сол» нишон дода шудаанд, роҳбарону масъулини корхонаву ташкилотҳои дахлдор бояд ба таври доимӣ зери назорат гиранд, то ки чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар корхонаҳои зериназоратии Хадамот ҳодисаҳои нохуши рухдода ва нафарони ҳалокшудаю ҷароҳат бардошта ба қайдгирифта шуда, барои солҳои оянда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ барои пешгирии ин ҳодисаҳои нохуш пурзӯр намудан зарур шуморида шавад.

Нозиротҳои давлатии Хадамотро низ зарур аст, ки назорати давлатии бехатарона бурдани корҳои саноатиро дар корхонаҳои зериназоратӣ пурзӯр намоянд.

Роҳбарону масъулини корхонаву иншоотҳои зериназоратӣ ва дигар корҳои зери назорати Хадамот қарордоштаро зарур аст, ки дастуру нишондодҳои нозирон ва дастуру супоришҳое, ки дар семинар машваратҳои техники аз тарафи Хадамот баргузоршаванда ҷиҳати риояи бехатарии саноатӣ ва доир ба ҳифзи меҳнат дода мешаванд, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш сари вақт иҷро намуда, саломатии худ ва дигар кормандонро дар истеҳсолот эҳтиёт намоянд. Фаромӯш низ набояд сохт, ки ҳамаи кормандонро дар хона аҳли оила ва бахусус фарзандон интизоранд.

 

Ба матбаа 25. 01 соли 2022 супорида шуд.

Ба чопаш 10. 01 соли 2022 имзо шуд.

Андозаи 60х84 1/16. Ҷузъи чопӣ 9.

Адади нашр 120. Супориши №……….

 

734018, ш. Душанбе, хиёбони

Саъдии Шерозӣ, 16.

Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.